Даргузашти як қаҳрамонзани Иттиҳоди шӯравӣ дар Дарвоз

Иҷтимоъ 18.06.2019 16:00

      Сомонаи расмии Ҳукумати ноҳияи Дарвоз бо камоли андӯҳ аз даргузашти яке аз шахсиятҳои шинохтаи ин ноҳия, бонуи қаҳрамон хабар медиҳад.

      Ба навиштаи ин сомона, рӯзи 18 июни соли 2019 яке аз шахсиятҳои шинохтаи ноҳияи Дарвоз Фотима Сӯфихонова Қаҳрмони Меҳнати Сотсиалистӣ дар синни 91 солагї аз олам даргузашт.

      Фотима Сӯфихонова 6 октябри соли 1928 дар деҳаи Паткунови ноҳияи Қалъаихумб чашм ба олами ҳастӣ кушода, баъди хатми мактаби 7-сола соли 1942  ҳамчун колхозчӣ фаъолияти кории худро оғоз кардааст. Баъди 6 сол (1948) ғайрати ӯро ба кор ба назар гирифта, сардори звенои кирмакпарварӣ таъин мешавад. Кирмакпарвариро пешаи худ қарор медиҳад. Ҳама сола нақшаю ӯҳдадориҳои пиласупориро барзиёд иҷро карда, аз ҳар қутти тухми кирмак нисбати нишондоди нақша, 1,5-2 баробар зиёд  пила ба даст меовард. Аз рӯи маълумоти расмӣ, ӯ аз соли 1960 то  1991 ҳамасола се қуттї тухми кирмак парвариш намуда, беш аз 300 килограммӣ пилла бо сифати аъло ба хазинаи давлат месупоридааст.

     Бо ин меҳнати ҳалолу намунавии хеш Фотима Сӯфихонова дар ноҳия ва берун аз он ба обрӯю эътибори хоса соҳиб гашта буд. Бесабаб нест, ки ӯро ҳамдиёрон борҳо чун вакили худ дар зинаҳои гуногуни шӯроҳо интихоб намудаанд. Аз ҷумла, се маротиба ба деҳшӯро, ду маротиба ба шӯрои ноҳиявӣ, ду карат ба шӯрои вилоятӣ ва соли 1963 ба Шӯрои Олии ҷумҳурӣ вакил интихоб шудааст.

      Эътирофи баланду расмии заҳмати бурдборонаи устоди пила Фотима Сӯфихонова соли 1960 ба ӯ додани унвони олии ИҶШС- Қањрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ва дар оянда боз чандин ордену медал ва ифтихорномаҳои сатҳи олии давлатӣ ҳисоб меёбад. Дар зарфи 35 соли шуғли пиллапарварӣ (то соли 1991) ин қаҳрамони меҳнат ба хазинаи истеҳсолии давлат ба ҳисоби умумӣ бештар аз 13 тонна пиллаи аълосифат супорида аст.

      Фақат ба дастовардҳои истеҳсолии ин зани меҳнатқарин баҳо додан, маънии то охир ӯро нашинохтан аст. Фотима Сӯфихонова дар баробари заҳмати сангини кирмакпарварӣ, боз чун кадбонуи чира шинохта мешуд. Барои бештар аз даҳ фарзандро тарбия намудан, ӯ бо Укази Президиуми Шӯрои олии ИҶШС соли 1973 бо унвони олии ифтихори модарӣ – Қаҳрамонмодар сарфароз гардонида шудааст.

        Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ба наздикону пайвандони Фотима Сӯфихонова изҳори ҳамдардӣ намудааст.

         Равонаш шод бод!

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97