Тағйирёбии иқлим ба муҳити Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?

Иҷтимоъ 12.06.2019 07:04

Масъалаҳои мушкилоти иқлим дар Тоҷикистон сол ба сол афзоиш меёбанд, ки ин мушкилот торафт таваҷҷуҳи донишмандон ва мутахассисони дохиливу хориҷиро ба ин масъалаҳо бештар ҷалб мекунад.

 Тоҷикистон як кишвари кӯҳистонӣ аст ва табиист, ки хеле аз мушкилоти иқлимиаш низ ба табиати кӯҳистонаш иртибот мегиранд. Мушкили глобалии ҷаҳон ‒ тағйирёбии иқлими сайёра тағйирот дар иқлими кишвари моро ҳам бештар аён месозад. Имрӯз дигар хеле аз сокинони кишвари мо ба хубӣ медонанд, ки дараҷаи дамои ҳаво, боришот, сатҳи об, фазо ва муҳити атроф дар муқоиса ба солҳои пешин ба тағйироти ҷиддӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки мутобиқи маълумоти Маркази омӯзиши пиряхҳои назди Академияи илмҳои Тоҷикистон, дар тули 50 соли ахир масоҳати пиряхҳои кишвари мо 1/3 кам шудааст. Ин нишондод боиси мушкилоти зиёди дохиливу минтақа шудааст ва ба ҳамин асос, ҳамсоягони поёноби мо зуд-зуд дар бобати камбуди об эътироз баён мекунанд. Тавре дида мешавад, тағйироти иқлим мушкилоти дигар аз қабили: пастшавии сифати ҳаво дар шаҳрҳо ва ифлос шудани муҳити зист, афзоиши бемориҳо, заифшавии қабати азонии атмосфера, камшавии намудҳои ҳайвоноту наботот, ифлосшавии обҳо, нобудшавии ҷангалзорҳо, мушкилиҳо дар соҳаи кишоварзиву чорводорӣ, зери об мондани баъзе минтақаҳои соҳилӣ, биёбоншавии заминҳо, вайроншавии роҳу комуникатсияҳо ва ғайраро рӯнамо кардааст.

Дар навбати худ, тағйироти иқлим дар соҳаи кишоварзӣ низ таъсири амиқ гузоштааст ва паёмадҳои он дар рӯзгори 2/3 аҳолӣ мушоҳида мешавад. Зимистони қаҳратун, тобистони ниҳоят гарм, камобӣ, хушксолӣ, нобуд шудани ҳосили киштзор ва норасоии маводди ғизоӣ ‒ аз ҷумлаи нишонаҳои тағйироти иқлим аст, ки солҳои охир кишоварзон бо он рӯ ба рӯ ҳастанд.

Бояд гуфт, ки мутахассисони мамлакат ва коршиносони хориҷӣ дар бобати коҳиш додани оқибатҳои харобиовари тағйироти иқлим барномаҳои ҷиддиро рӯйи даст гирифтаанд, ки дар сарати амалӣ кардани онҳо натиҷаҳои корсоз ба даст хоҳад омад.

Барномаи мутобиқсозии иқлим ва осебпазирии ҳавзаи баҳри Арал (CAMP4ASB) барои иҷрои тадбирҳои пешгирӣ аз оқибатҳои таъсироти тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани осори харобиовари он тадбирҳои судмандро ба роҳ андохтааст.

Тоҷикистон, бинобар муҳим будани мавқеъ ва ҷойгиршавиаш, чун макони сарчашмаҳои оби минтақа ҳанӯз дар соли 2009-ум аз тарафи созмонҳои ҷаҳонӣ ба Барномаи пилотии мутобиқсозӣ ба тағйироти иқлим ворид карда шудааст. Ҳукумати ҶТ низ моҳи майи ҳамон сол омодагии худро барои иштирок дар ин барнома эълон кард. Тавре Қурбоналӣ ПАРТОЕВ ‒ доктори илмҳои кишоварзӣ, мутахассиси барномаи CAMP4ASB мегӯяд: “Тоҷикистон манбаи 60%-и захираҳои обии Осиёи Марказӣ мебошад ва 70% гуногунии биологии минтақа дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Дар натиҷаи таъсири тағйирёбии иқлим баъзе намудҳои гиёҳҳои шифобахш, рустаниҳои хӯроки чорво, зироати кишоварзӣ аз байн мераванд. Ба ҳамин сабаб Тоҷикистон аз тарафи созмонҳои ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати пилотӣ дар мубориза барои коҳиш додани таъсироти иқлим интихоб шудааст”.

Яке аз чорабиниҳои ин ниҳод баргузории нишасти дурӯза бахшида ба масъалаҳои таъсири тағйироти иқлим дар Осиёи Марказӣ дар аввали моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди ҷумҳурии Узбекистон буд. Дар ин ҳамоиш мутахассисони Тоҷикистон мушкилоти вобаста ба тағйироти иқлим дар кишвари мо ба вуҷудомдаро баён ва барои пешгирӣ аз оқибатҳои таъсироти он пешниҳодҳои муфид ироа карданд.

 Барои иҷрои Барномаи Маркази экологии минтақавӣ, Бонки ҷаҳонӣ ва Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд барои Тоҷикистон ва Узбекистон дар тадбиқи барномаи CAMP4ASB дар солҳои 2016-2021 23 миллион доллари амрикоӣ ҷудо кардааст. Ин маблағ барои ҳалли масъалаҳои муҳимми соҳа: Бунёди платформаи маълумоти минтақавӣ; навсозии низоми обуҳавошиносӣ ва иқлим; методология, роҳҳои иҷро ва дастгоҳҳо; рушди кадрҳои касбӣ; дастгоҳҳои информатсионӣ ва донишҳои нав; фаъолияти маълумотрасонӣ-огоҳкунӣ ва мисли ҳамин тадбирҳои судманд сарф карда мешавад.

 Ҷорӣ кардани технологияи омӯзиши иқлим дар сатҳи усулҳои нав яке аз равишҳои муҳимми барномаи CAMP4ASB мебошад. Ба ҳамин асос, гурӯҳҳои ҳамоҳангсоз дар Тоҷикистон корҳои маблағгузориро дар соҳаи кишоварзӣ, ба хусус беҳгардонии замин, обёрӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо ворид кардани технологияи дорои углероди камтар пеш мебаранд.

Акнун зарурати дигар ин аст, ки дар баробари донишмандон ва мутахассисони дохиливу хориҷӣ аҳли ҷомеа ва мардуми кишвар барои амалӣ кардани ин барномаҳои корсоз ҳамкории ҷиддӣ ба роҳ бимонанд.

 Шаҳноз КОМИЛЗОДА

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97