Поккории ризокорон дар пойтахт ба муносибати Рӯзи замин

Иҷтимоъ 22.04.2019 21:37

Ба муносибати Рӯзи замин Ассотсиатсияи маъюбони ҷумҳурӣ бо ёрии гуруҳе аз таълимгирандагони ризокорон курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши забони англисӣ ба тоза кардани муҳити зист пардохтанд.

 Дар ин бора Асадулло Зикрихудоев яке аз ташаббускорони ин иқдом хабар дод.

Акси нашршуда, ҳосили ним соат поккории ин ризокорон аст, ки дар яке аз гулгаштҳои пойтахт анҷом додаанд.

Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон тарҳи омӯзишии забони англисӣ барои маъюбон ва кӯдакони хонаводаҳои ниёзмандро рӯи даст дорад, ки ҳамзамон бо баргузории дарсҳои забони англисӣ иқдомҳои хайрхоҳонаро ҷиҳати тарбияти эҳсоси шаҳрвандӣ анҷом медиҳанд.

Ин ризокорон тариқи сафҳаҳои иҷтимоӣ аз меҳмонон ва сокинони пойтахт хостаанд то партовҳоро рӯйи роҳ напартоянд ва барои озода нигоҳ доштани атроф саҳим бошанд.

Ин иқдом дар Рӯзи замин ба хотири наҷоти сайёра аз партов ва покии муҳити зист аз сар гирифта шудааст.

Заррин Давлатзода,

маҷаллаи онлайнии "Ҳавво"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97