Муаллим, котиб ва мушовир

Иҷтимоъ 17.04.2019 12:59

Дар деҳи Қоқоводи ноҳияи Ховалинг муаллими Ҳаит бо ҳамсари кадбонуи хеш умр ба сар мебурд. Зиндагии одии онҳоро 17 апрели соли 1949  таваллуди нахустфарзанд Саидҷалол ранги дигар бахшид. Ин тифли дустрӯяк зуд забон бароварду сухангӯ шуд.

 Саидҷалол, ки дар муҳити китобу дафтар ба воя мерасид, ба ҷои асбобозӣ бо пайравӣ ба падари муаллимаш ба китоб зиёд алоқа нишон медод. Дар се солагӣ бо ҳарфҳо ошноӣ пайдо кард ва дар синни чаҳорсолагӣ хондан ва ҳисобро аз худ кард.  Шавқи беандоза ба хондану навиштан ӯро дар синни 5 солагӣ ба дабстон бурд. Дар синф аз ҳама хурдакак буд ва қадаш ба тахтаи синф барои навиштан намерасид. Падари муаллимаш инро дида, барои ӯ курсии махсус сохт то битавонад писари хурдсолаш рӯи он баромада, дар тахтаи синф бинависад. Иштиёқи навиштан ӯро аз рӯи мизи чорпоя, ки барои расидан ба тахтаи синф падараш сохт, ба рӯзномаи деворӣ кашонд ва ӯ ҳанӯз дар синфи чор таҳсил дошту муаллифи фаъоли рӯзномаи девории мактаби деҳаашон буд. Ба забономӯзӣ низ шавқи беандоза дошт ва асарҳои зиёди русиро, ки он замон дастрас буд, мутолиа мекард ва дар донистани ин забон чира шуд.

Дар синни 14 солагӣ мактабро хатм кард. Зиёд мехост дар мактаби журналистикаи Маскав таҳсил кунад, аммо чун хонаводаи онҳо калон ва аз нигоҳи иқтисодӣ камдаромад маҳсуб меёфт, ва ӯ соҳиби 4 бародару се хоҳар низ буд, имкони таҳсил дар Маскав ба ӯ даст надод.

Саидҷалол Саидов соли 1963 ба факултаи забон ва адабиёти донишкадаи педагогии шаҳри Кулоб шомил шуд. Пас аз хатми донишкада ӯ ба мактаби №29 и ноҳияи Фархор ба ҳайси муаллим ба кор фиристода шуд. Бо вуҷуди хеле ҷавон будан, соле гузашта ӯро ҷонишини мудири мактаби мазкур таъин карданд.  Як сол дар ин вазифа кор кард ва ба артиш даъват шуд. Ӯро барои адои хидмат дар артиш ба Полша бурданд. Ду сол дар артиш хидмат кард ва бозпас ба Фархор омад, ва дар мактаби №2 и ин ноҳия машғул ба тарбияти насли нав шуд. Дар соли 1973 орзуи таҳсил дар Маскав ба муаллим даст дод ва ӯ дар Мактаби олии комсомол дар назди КМ “ВЛКСМ” дар факултаи журналистика таҳсил карда соли 1975 онро бо дипломи аъло хатм намуд.

Соли 1976 -1978 донишгоҳи Марксизм Ленинизмро хатм намуда, дипломи аъло гирифт. Соли 1980 ба бахши ғоибонаи Донишкадаи хоҷагии қишлоқ дар шаҳри Душанбе дохил шуд ва соли 1986 онро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кард.

Соли 1981 ба ҳайси мушовир ба Афғонистон рафт ва ду сол онҷо фаъолият кард.

Ба ҳайси котиби дуюми Кумитаи Марказии комсомоли ноҳияи Фархор, мудири шуъбаи рӯзномаи бонуфузи “Комсомоли Тоҷикистон”, котиби бахши таблиғоти комсомолии вилояти Кулоб, котиби кор бо донишомӯзони ҷавони кумитаи комсомолии вилояти Кулоб, котиби Шӯрои машваратӣ оид ба дину оини назди Совети вазирони СССР дар вилояти Кулоб, сармуҳаррири рӯзномаи “Коммунисти Ховалинг”, Раиси ноҳияи Ховалинг кору фаъолият кардааст.

 Бо шуруъи ҷанги дохлӣ ба Ашқободи Туркманистон рафт ва ба ҳайси муовини раиси “НОЗТ ЗАМ Транс” шуруъ ба кор кард. Соли 2005 ба Тоҷикистон баргашт ва бо навиштани мақолаҳои таҳлилӣ дар матбуоти кишвар идома дод. Соли 2006 дар Тоҷикфилм ба ҳайси муҳаррири калон ба кор шуруъ кард ва соле баъд Раиси киностудияи “Тоҷикфилм” таъин шуд. Баъдтар ба Кумитаи Р ва ТВ ба ҳайси ёвари раиси ин кумита ба кор гузашт. Чанд соли охир мудири шуъба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси ноҳияи Сино кор карда, бознишаста шуд.

Саидҷалол Саидов аз ҷумлаи насли қалам бар дастест, ки шоҳиди таърихи ним асраи Тоҷикистони азиз мебошад. Дар бисёре аз тасмимгириҳои Маскав дар ҷанги Афғонистон ширкат дошта ва аз ҷумлаи тоҷиконест, ки дар Кремл ба ӯ бовар мекарданд ва масъулияти муҳиммеро бар уҳдаи ӯ вогузор карда буданд.

Рӯзноманигорони ҷавон метавонанд аз ӯ ба унвони як манбаъи зиндаи таърих дар таҳияи гузоришоту мақолоти худ истифода кунанд ва ба суолоти зиёди таърихи кишвар посух дарёфт намоянд.

Зодрӯз муборак ҳамқалам ва ҳамалами аҳли қалам!

"Миллат"

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97