"Ҳар кӣ кори хдша кунад"... Абдураҳмон ҳам кори худашро кард

Иҷтимоъ 10.04.2019 13:06

Абдураҳмони Раҳмон, рӯзноманигор субҳгоҳӣ дар масири роҳ бо вазъи ногувори нақлиёти мусофирбарӣ дучор шуд. Аммо ин вазъияти ногувор кулбори рӯзноманигории ӯро пурбор карда:

Абдураҳмони Раҳмон дар сафҳаи фейсбуки хеш менависад: “Ин бори аввал нест ва албатта охир ҳам нахоҳад буд, ки ҳар субҳ вақти ба кор ва ё дарс рафтан, мардум дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ба чӣ мушкиле рӯ ба рӯ мешаванд.

Ин аксҳо, ки ин субҳ 10-ум апрел бардошта шуд, танҳо як мисол аз мушкили мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ аст! Ҳар мусофири ба танг омада аз ронанда ва контролёр мепурсид, ки чаро ҳар сари қадам меистед  чаро дар истгоҳ намеистед, чаро рӯи ба рӯ одам мегиред...охир мо аз кор, аз дарс дер монда истодаем??? Ронанда бепарво, ба саволи мусофирон посух медиҳад: “Ҳар кӣ кори хдша куна... ”

Хуб, ронандаи муҳтарами автобуси хатсайри 13 (11) ту кори худро кардиву ман кори худамро кардам. Акс гирифтам!

Пас ин ҷо кори "Душанбенақлиётхадаматрасон” чи буда метавонад?"

Ҳоло мунтазири посухи "Душанбенақлиётхадаматрасон" мемонем....

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97