Тағйири зиндагӣ дар Ворух: баъди муноқиша доду гирифти сокинони наздимарзӣ кам шуд

Иҷтимоъ 02.04.2019 09:58

Муноқиша дар минтақаи марзии Исфара ва ноҳияи Ботканди Қирғизистон, ки ахиран сурат гирифт, Таҳмина Раҷабова - як сокини маҳаллаи Сангтӯдаи ҷамоати деҳоти Ворухро ба ваҳм овардааст. Вай мегӯяд, пас аз сардшавии муносибатҳо ҳатто кӯдаконашро барои бозӣ ба кӯча иҷозат намедиҳад. Ин зан умедвор аст, ки хатти марз рамзгузорӣ шавад ва низоҳои марзӣ комилан хотима ёбанд. 

 

20190327_164759Чанде аз сокинони минтақаи марзии Исфара мегӯянд, бо ҳамсояҳои қирғизи худ, ки дар наздики ҳам зиндагӣ доранд, муносибати хуб ва рафту омади доимӣ доштанд. Аммо ҷанҷоли охир байни онҳо тафриқа андохт.

Тоҷироне, ки дар манотиқи марзии Исфара ва Ботканд тиҷорат доранд, дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, ки баъди ҳар нофаҳмиву ҷанҷол доду гирифти маҳсулот байни аҳолии наздисарҳадии Тоҷикистон бо Қирғизистон суст мешавад. Низое ки санаи 13 март дар марз оғоз шуд, Ғолибҷон Носиров, фурӯшандаи маҳсулоти сохтмониро, ки дар маркази ҷамоати Ворух ба соҳибкорӣ машғул аст, нигарон кардааст.

Ин соҳибкор мегӯяд, пеш аз муноқиша аҳолии минтақаҳои наздисарҳадии Қирғизистон аз маркази савдои ӯ маҳсулоти ниёзашонро харидорӣ менамуданд. Инак чанд рӯз аз низои марзӣ ва музокирот сипарӣ шуд, вале ягон нафар аз ҳамсоямиллат ба харидории маҳсулот намеоянд.

“Хариди маҳсулот натанҳо аз ҷониби миллати ҳамсоя, балки аз тарафи худи ворухиён низ баъди ин муноқиша поён рафтааст. Мардум ба корҳои ободонӣ танҳо дар ҳамон ҳолат аҳамият медиҳанд, ки агар оромӣ бошад”, - мегӯяд ӯ.

20190328_100329

Аксари соҳибони ошхонаҳо дар сӯҳбат бо мо аз кам шудани мизоҷонашон баъди ин бархӯрд изҳори нигаронӣ намуданд. “Ҳангоме ки муносибатҳо нарм буд, тоҷикону қирғизҳо ҳатто гирди як миз нишаста таом мехӯрданд, аммо баъди ҳодисаҳои марзии ахир умуман қирғизҳоро дар ошхона намебинам”, - гуфт соҳиби як ошхона дар минтақаи Чоркӯҳ, ки аз ифшои номаш худдорӣ намуд.

Муноқиша дар минтақаи марзии Исфара ва ноҳияи Ботканд, ки санаи 13 – 14 март рух дод, 2 қурбонӣ ва беш аз 20 маҷруҳ, аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон, бар ҷо гузошт. Бино ба хабарҳои расмии мақомоти Қирғизистон, дар пайи ин муноқиша 3 тан аз шаҳрвандони он кишвар маҷрӯҳ шудаанд.

Музокироти ҳайати комиссияи ҷонибҳо оё мушкилро ҳал мекунад?

Аз 14 то 18 март дар пайи музокироти ҳайати Тоҷикистон бо ҳамтоёни қирғизи худ анҷом ёфт. Бар асоси тавофуқ роҳҳои Исфара – Ворух ва Ботканд – Лайлак аз нав кушода мешавад. Ҷонибҳо дар мавриди бунёди роҳи Оқсой-Тамдиқ ва роҳи нави Исфара–Ворух низ ба созиш расиданд. Зарофиддин Пӯлодов, сокини рӯзгордидаи ҷамоати Ворух гуфт, муноқиша сари тақсими обу замину роҳ аст.

20190328_084700“Мардуми кишвари ҳамсоя мехоҳад, минтақаҳоеро соҳиб шавад, ки барои чанд маҳаллаи тоҷикнишин нақши калидӣ доранд. Додани роҳ аз заминҳои Тоҷикистон метавонад, замина барои низоъҳои нав бошад. Таҷрибаҳо нишон дод, ки қирғизҳои ҳамсоя аввал роҳро мегиранд, бо ин васила оҳиста оҳиста ҳудуди минтақаҳои тоҷикнишинро тангтар мекунанд”, - гуфт Зарофиддин Пӯлотов.

Вай афзуд, дар ҳолати саргаҳи обро соҳиб шудани аҳолии наздисарҳадии Қирғизистон чанд минтақаи Исфара ва қисман Конибодом ба масъалаи норасоии об мувоҷеҳ мешавад. "Агар қирғизҳо ҳудудҳои талабкардаи худро гиранд, ин боис намегардад, ки муноқишаҳои дар минтақа хатм шаванд” - афзуд Зарофиддин Пӯлодов.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, зидди бунёди роҳи Оқсой - Тамдиқ ҳастанд. Зеро он аз минтақае мегузарад, ки замини ворухиён аст. Абдунӯъмон Ҳакимов, раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии “Ворух-2015” мегӯяд, низоъ асосан сари масъалаи роҳ, об ва замин сар задааст. Ба гуфти ин мусоҳиби мо, ҳамсояҳои қирғиз, ки ахиран сохтмони роҳи Оқсой –Тамдиқро оғоз намуданд, бо ин васила мехоҳанд саргаҳи дарёи Карафшанро соҳиб шаванд. 

Дар пайи муноқишаҳои марзие, ки сар аз солҳои 70-уми асри гузашта ба ин сӯ идома доранд, Қирғизистон як қисми замини ҳудуди Тоҷикистонро соҳиб шуда, минтақаи Ворухи Исфараро ба анклав ё ҷазирақаламрав табдил додааст. Ҷаноби Ҳакимов гуфт, ягона роҳи ҳалли масъаларо дар он мебинад, ки бояд харитаи солҳои 20-уми асри гузашта ба инобат гирифта шавад. Иддае аз сокинони минтақаи Ворух аз он нигарон ҳастанд, ки торафт танг гаштани заминҳои чарогоҳ барои аҳолии минтақаҳои Ворух ва Чоркуҳ муаммои камшавии шумораи чорпоро ба миён оварда, барои таъмини маҳсулоти озуқавории аҳолии минтақа бо дар назардошти мавқеи ҷойгиршави ҷуғрофиёӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Бино ба маълумоти сокинон, феълан ҳудуди муайяни қитъаҳои замин аз ҳисоби ҳудуди ҷамоати деҳоти Ворух дар истифодабарии ҷониби Қирғизистон қарор дорад. Бо назардошти пайдоиши эҳтиёҷ баргардонидани чарогоҳҳои Шахси сафед, Заминон, Хоҷаи Ғор, Сари бел, Лар, Кех, Тушқилиқ, Чечилик, Шарқарама, Фатҳқулӣ, Нови ағба, Қиллайловро сокинони минтақаҳои марзии Исфара зарур мешуморанд.

DVoruhМуҳаммад Муҳиддинзода, муовини раиси шаҳри Исфара оид ба соҳаи кишоварзӣ зимни сӯҳбат бо мо қайд кард, ки масъалаи чарогоҳҳо яке аз заминаҳои баҳсбарангез дар минтақаҳои марзии Исфара ба шумор меравад.

“Феълан 78 ҳазор гектар замину чарогоҳҳо, ки дар марзи Исфара ва Вилояти Ботканди Қирғизистон мавҷуд аст, ба таври дақиқ марзбандӣ нашудаанд, ва ҳудудҳои баҳсӣ ба шумор меравад. Мо дар асоси муроҷиат талаб дорем, ки ҳадди ақал 18 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои баҳсӣ пурра ба ихтиёри заминҳои ҳудуди Исфара дода шавад. Аммо ҷониби Қирғизистон инро қабул надорад”, - гуфт вай.

Душанбеву Бишкек тасмим доранд, рӯзи 4 апрел сари масъалаи марзии минтақаи Исфара ва Ботканд гуфтушунид барпо намоянд, аммо то куҷо тавофуқи ҷонибҳо мушкили марзиро ҳал мекунад, ҳамоно маълум нест.

Мирсалимов Ҷаҳонгир,
махсус барои маҷаллаи  онлайнии "Ҳавво",

вижаномаи "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97