Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Озмуни “Бонуи кишоварз” ҷамъбаст шуд

Иҷтимоъ 10.03.2019 13:06

4 марти соли 2019 Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» озмуни “Бонуи кишоварз”- ро, ки барои намояндагони ВАО роҳандозӣ карда буд, ҷамъбаст кард.

Ба озмун 13 матлаб пешниҳод шуд, ки 5 довари соҳибтаҷриба ва кордон онҳоро баҳогузорӣ карданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти овозҳо матлаби Аҳмадшоҳ Комилзода, Хуршеди Атоулло, Низомиддин Исоев, Орзуи Карим, Мижгона Ҳалимова, Амонҷон Муҳиддинов ва Аҳлиннисо Маҳмадносирова аз беҳтаринҳо дониста шуда соҳиби диплом ва туҳфаҳои технологӣ: Ноутбук, планшет ва аксбардор шуданд.

“Барои мо, доварон интихоби беҳтарин аз беҳтаринҳо бисёр мушкил буд. Мавзуе, ки барои озмун интихоб шудааст барои Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад. Тоҷикистон кишвари аграрӣ аст ва ҳама чизе, ки барои рушди ин соҳа равона шудааст, барои мардуми он муҳим аст. Ҳамаи 13 мавод самимона ва бо дарки амиқи мавзуъ таҳия шудаанд. Хамчунин, бояд қайд кард, ки озмун хеле шаффоф буд ва доварон аз ҷумлаи мутахассисони ҳирфаӣ интихоб шуда буданд” - мегуяд Ҷефф Раденауэр, Мудири бахши иттилооти сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва яке аз доварони озмун.

Ҳамчунин дар маросими ҷамъбасти озмуни “Бонуи кишоварз” баҳрагирандаи фаъоли лоиҳа, мудирон ва намояндагони сохторҳои мухталиф ширкат карда миёнашон мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97