Корзори “лентаи сафед”

Иҷтимоъ 05.03.2019 20:02

То 8 март ва баргузории маросими бузургдошти «Рӯзи ҷаҳонии зан» чанд рӯзе ба шумор боқӣ мондааст.

Шиори маросими имсол «таодул барои зиндагии беҳтар» (#balanceforbetter) аст ва ба суннати солҳои гузошта бисёре аз созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи занон аз ҳамакнун вижа барномаҳоеро дар ин росто ба иҷро гузоштаанд.

Аз ҷумлаи ин созмонҳо метавон ба корзори "лентаи сафед" ишора кард. Қарор аст ба кумаки ин корзор, мардон низ ба мавҷи густурдаи тағйироти иҷтимоӣ барои ҷилавгирӣ аз вуқуъи хушунат алайҳи занон бипайванданд.

 Корзорилентаи сафед чист?

Корзорилентаи сафед (wrc) ҷунбиши ҷаҳонӣ аст, ки тавассути мардон ва писарон роҳандозӣ шуда, ки дар талош барои поён додан ба хушунатҳо алайҳи занон ва духтарон ҳастанд.

Ин корзор нахустин бор дар ноябри соли 1991 тавассути гурӯҳе аз мардони мудофеъи ҳуқуқи занон ва дар вокуниш ба қатли оми донишҷӯёни духтари донишкадаи политехники Монреал роҳандозӣ шуд ва ба суръат ба дигар кишварҳои ҷаҳон густариш ёфт. Дар чаҳорчӯби ин ҷунбиш мардон аз саросари ҷаҳон бо дидгоҳҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоии гуногун гирдиҳам омаданд.

Омили куштори духтарони ин донишкада Марк Липин ном дошт. Ин шаҳрванди Канада, ки дар зиндагии шахсӣ бо нокомиҳои мутааддиде рӯбарӯ шуда буд ва аз мухолифонифаъолияти занон дар корҳои «ғайрисунатӣ» маҳсуб мешуд, саранҷом пас аз чанд моҳ барномарезӣ ва харидӣ як туфанг нимавтоматӣ, баъд аз зуҳри 6 декабри 1989 вориди донишкада политехник шуд, занон ва мардонро дар яке аз синфҳо аз якдигар ҷудо кард ва дар ҳоле ки фарёд мезад «аз феминистҳо мутанаффирам» тирандозӣ ба самти занонро оғоз кард ва дар ниҳоят низ худро кушт. Дар ҷараёни ин ҳамла 14 зан кушта ва 10 зану 4 мард низ захмӣ шуданд.

Даҳшати ин воқеа саросари Канадаро фаро гирифт ва корзорилентаи сафед”-ро низ асос гузошт.

Ин корзор, ки дар ҳоли ҳозир дар беш аз 60 кишвари ҷаҳон фаъол аст, дар талош барои боло бурдани огоҳиҳо дар бораи афзоиши хушунатҳо алайҳи занон, тарвиҷи равобити солим миёни занон ва мардон, омӯзиши мардон ва тарвиҷи баробарии ҷинсиятӣ аст.

Намоди аъзои ин корзор лентаи сафеде аст, ки мардон бар либоси худ меовезанд ва ба ин тартиб тааҳҳуди худро ба мубориза бо хушунат алайҳи занон, ба ҳамагон эълом мекунанд.

Корзори «лентаи сафед» ба думболи он аст, ки дар ниҳоят дар ҷомеаи ҷаҳонӣ имконе бавуҷуд ояд то тамоми занон битавонанд дар амнияти хотир ва ба дур аз ҳар гуна хушунат ва суистифода зиндагӣ кунанд.

 Корзори “лентаи сафед дар бахшҳои гуногуне фаъол аст, аз ҷумла:

 - пешгирӣ аз бурузи хушунат, ки ин корро бо омӯзиши писарон ва мардон дар макотиб ва маҳали кор анҷом медиҳад.

 - ҳамроҳӣ бо занони қурбонӣ пас аз вуқуъи хушунат, кумак ба онҳо барои костан аз таъсироти манфии хушунат, бозсозии як муҳити амн барои занони қурбонӣ ва истифода аз абзорҳои давлатӣ барои ҷилавгирӣ аз вуқуъи дубораи хушунат алайҳи онҳо.

- мушорикат додани мардон дар фароҳам овардани муҳити амн барои занон, тақвияти рӯҳияи мардон барои истодан, эътироз кардан ва сукут накардан дар муқобили хушунатҳое, ки алайҳи занон рух медиҳад.

- тавсеаи ин дидгоҳ, ки аксар мардон афроде хашин дар муқобили занон нестанд балки танҳо маъдуд мардоне дар саросари ҷаҳон вуҷуд доранд, ки муқобили занон даст ба хушунат мезананд ва аксар мардон эътиқод доранд, ки хушунат алайҳи занон қобили қабул нест.

- аъзои ин ҷунбиш ба думболи он ҳастанд, ки созмонҳо ва ниҳодҳои давлатии гуногун мутааҳҳид шаванд ва созу корҳоро ба гунае тағйир диҳанд, ки фазо барои хушунат алайҳи занон фароҳам набошад ва иртибототи мутақобил бар эҳтиром ва мушорикати ҳамаҷониба мубтанӣ шавад.

- аз назари тарафдорони ин ҷунбиш агарчи заноне шуҷоъ дар саросар ҷаҳон ҳастанд, ки ҳамвора барои муқобила бо хушунати мардон ва суннатҳои қадимии хушунатбарангез ва сохторҳои қудратӣ, ки тадовуми хушунатҳоро мумкин мекунад, мубориза мекунанд ва агарчи дар бисёре аз кишварҳо қавонин дар ростои ҳимоят аз ҳуқуқи занон тағйир кардааст аммо ҳамчунон рӯзона миллионҳо зан дар саросари ҷаҳон мавриди озор ва азияти физикӣ ва ҷинсӣ қарор мегиранд ва тавассути шарикони зиндагиашон ба қатл мерасанд.

- дар брашураҳои мунташиршуда тавассути ин ҷунбиш омадааст: «Мардон табиатан хашин нестанд. Онҳо рафторҳои хушунатомез ва суистифодаро меомӯзанд. Барои онҳо хушунат роҳе барои нишон додани мардонагиашон аст; Як рафтори барқасдона барои касби қудрат ва контрол».

- ин ҷунбиш аз мардон мехоҳад бо ҳархел гуфтор ва рафтори тавъам бо нигоҳи ҷинсиятӣ бархурд кунанд, аз ҷумла бо латифаҳои тавъам бо нигоҳи ҷинсиятӣ. Зеро рафтор ва гуфторҳои тавъам бо нигоҳи ҷинсиятӣ ин фикрро ба вуҷуд меовард, ки занон мақоми поинтар аз мардон доранд ва ҳамин мавзӯъ хатари суистифода аз онҳоро афзоиш медиҳад.

- корзори “лентаи сафед” аз мардон мехоҳад, ки ҳар гоҳ хушунатеро алайҳи занон диданд, вориди амал шаванд. Бо пулис  тамос бигиранд ва аз идомаи хушунат ҷилавгирӣ кунанд. Албатта ин компайн таъкид мекунад, ки набояд дар ин роҳ, аъзо худашон даст ба хушунат бизананд ё худро ба хатар биандозанд. Компайн ба мардон мегӯяд: «Сукут накунед. Биистед, сухан бигӯед ва ба хушунати мардон алайҳи занон поён диҳед.»

- корзор аз мардон мехоҳад, ки довталабона бо созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи занон ҳамкорӣ кунанд; Аз ҷумла марказҳое, ки ба занони қурбонӣ паноҳ медиҳанд, ба онҳо мушовираҳои рӯҳӣ ва қонунӣ медиҳанд ё аз онҳо ба сурати молӣ ҳимоят мекунанд.

- корзор ба мардон ҳушдор медиҳад: «Ба рафтори худ диққат бидиҳед ва агар худи шумо низ муртакиби хушунат алайҳи занон шудаед, бо мушовирон тамос гирифта ва дар садади ислоҳи рафтори худ бароед. Ба идеале барои дигар мардон ва занону кӯдакон табдил шавед.»

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97