Дар Бадахшон анъанаи таҷлил аз соли нави мелодӣ, ки тӯли 70-соли Иттиҳоди Шуравӣ ба хонадони мардум раҳ ёфт, идома дорад. Гуфта мешавад, асосан аз солҳои 50-уми асри ХХ таҷлил аз соли нави мелодӣ дар ин минтақа ба як ҷашни ҳамагонӣ табдил ёфтааст.
Мушоҳида мешавад, ки аксарияти мардуми шаҳрнишини Бадахшон ба таҷлили ин ҷашн одат кардааст ва онро дар қатори идҳои миллӣ арҷ мегузоранд. Дар Бадахшон таҷлил аз соли нави мелодӣ хусусияти хос пайдо кардааст. Мардум ин ҷашнро аз 30-юми декабр бо гузаронидани консерт ва шабнишиниҳои солинавӣ оғоз карда, 31-уми декабр дар хонаҳои хеш бо аҳли оила дар сари дастурхони хос оросташуда бо соли куҳан падруд гуфта, соли навро пешвоз мегиранд. 1- уми январ, мардум ба хонаи хешу дӯстон рафта, ҳамдигарро бо фарорасии соли нав табрик гуфта, дар соли нав орзуҳои нек таманно мекунанд.
Имсол маросими аслии таҷлили Соли нави мелодӣ ба таърихи 31 декабр дар назар дошта шудааст, ки он аз соати 17:00- 21:00 дар майдони марказии ба номи Исмоили Сомонӣ бо ширкати ҳунармандони ансамбли "Навои Бадахшон" ва маркази фарҳангӣ— фароғатии шаҳри Хоруғ барномаи ҷолиби "Чароғаки солинавӣ" барпо хоҳад шуд.
Ба ин муносибат бо дастгирии Мақомоти маҳаллии шаҳри Хоруғ дар майдони марказии Исмоили Сомонӣ арчаи солинавӣ бо харҷи 12 ҳазор сомонӣ ороиш ёфтааст
Тибқи моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, соли нави мелодӣ ба ҷашнҳои расмӣ шомил аст. Сардорбек Азорабеков– раиси шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИМХД-и ВМКБ мегӯяд, дар Қонуни ҶТ дар баробари рӯзҳои ид, соли нави мелодӣ низ рӯзи истироҳат эълон шудааст ва ба муносибати ин ид идораву ташкилот ва коллективҳои меҳнатӣҳуқуқ доранд, чорабиниҳои фарҳангӣ, маҷлисҳои тантанавӣ, ё ҷамъбасти яксолаи фаъолияти худро дар дохили бинои корӣ баргузор намоянд.
Вай афзуд, ҳамчунин дар баробари дигар идҳои миллӣ дар соли нави мелодӣ низ, бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба оилаҳои камбизоати вилоят кумакҳои хайриявӣ расонида мешавад.
Дар баробари бузургсолон кӯдакон бо либосҳои хоси идона дар базмгоҳҳо хушҳолӣ мекунанд. Ба назар мерасад,ин ҷо чандон муҳим нест, ки соли нави мелодӣ марбут ба кадом қора ва ё кишвар, оин ва анъанаи мазҳабист,ва ба чӣ тариқе вориди хонаҳои мардум шудааст,балки ин иди шод ва пурнишот ба қалби мардуми дилшоду базморои Бадахшон раҳ ёфтааст ва аз он таҷлил мекунанд.
Рафоат Қудратова,
барои маҷаллаи онлайни “Ҳавво”