Барои сохтани як тими қавӣ чӣ кореро бояд анҷом дод?

Иҷтимоъ 11.12.2018 08:28

Ширкатҳо ҳамеша мегӯянд коркунон арзишмандтарин дороии онҳо мебошанд. Аммо Райан Куинн мудири иҷроияи ширкати “DoubleClick” ба ин ақида аст, ки як қисмати каме аз онҳо ба ин гуфта амал мекунанд. Ӯ ақида дорад муҳимтарин вазифаи як мудири кулл (директори генералӣ), мудирияти нухбагон(элита) аст. 

Вақте дар мавриди шурӯъи як касбу кор фикр мекунам, дидгоҳам ин аст, ки худи идеяи чизе дар ҳадди сифр меарзад. Бисёре аз ширкатҳои ҷадид дар ҳангоми таъсис, рақибоне доранд ва агар ҳам надошта бошанд, ба зудӣ хоҳанд дошт.

“DoubleClick” (дар соли 1996 таъсис шуда яке аз бузургтарин сайтҳо дар миёни шарикони худ мебошад) ширкате, ки аз соли 1996 то 2005 мудири кулли он будам, тайи як сол пас аз таъсис теъдоди зиёде рақиб дошт. “Gillette Group” нахустин ширкати фурӯши ҳофизаи флеш набуд ва бе ҳич тардиде “Google” ҳам аввалин мотори ҷустуҷӯӣ набуд.

 Чаро ин касбу корҳо ба муваффақият расиданд? Ин ба хотири идеяи онҳо нест, ба хотири афрод аст. Ончи муҳим аст иҷро кардан аст ва иҷро бар истеъдоди инсонӣ такя дорад. Ширкатҳо фикр мекунанд ба шакли хубе, афроди худро мудирият мекунанд, ҳамаи онҳо мегӯянд: коркунони мо муҳимтарин дороии мо ҳастанд. Аммо аксар ширкатҳо, дар иҷро ба ин гуфта амал намекунанд. Ин озмуни соддаро дар назар бигиред: аз раисе бипурсед бештар замони худро сарфи истихдом ва мудирият бар коркунон мекунад ё дигар фаъолиятҳои ширкат? Ин як ҷумлаи хеле ифротӣ аст, пас бигузоред онро каме беҳтар тавҷеҳ кунам. Фикр намекунам ин озмун дар ширкатҳои кӯчак (бо ҳудуди бист корманд) корбурд дошта бошад. Ҷое, ки раис одатан бисёре аз фурӯшҳоро худ анҷом медиҳад ё мустақиман корҳоро сарпарастӣ мекунад. Аммо дар касбу корҳое, ки беш аз панҷоҳ кормандро ба хидмат мегиранд, беҳтарин истифода аз замони мудири иҷроия, овардани афроде олӣ ба ширкат, мудирияти хуби онҳо ва итминон ҳосил кардан аз ин аст, ки ширкат тиме аз коркунони дараҷаи якро сохта ва ҳифз мекунад.

Озмуни дигаре аз ишқи ширкат ба нухбагонашро дар назар гиред: оё мудири манобеъи инсонӣ яке аз муҳимтарин афроди ширкат шумо аст? Ман ба ҳамон мизон, ки замоне худро бо мудири аршади молии ширкат мегузаронам, ба мудири манобеъи инсонии ширкат ҳам вақт ихтисос медиҳам ва ҳаргиз намехоҳам ӯ ба касе ғайр аз мудири иҷроия посухгӯ бошад. Ин нақш ба рости стратегӣ аст ва лозим аст ҳатман ҷое даври миз дошта бошад. Барои ҳамкорони ман равшан аст, ки бештари вақт дар мавриди нухбагони худ меандешам. Вақте сари ҷаласа менишинем, мураттаб аз мудирон мехоҳам дар мавриди зердастони худ мустақим сӯҳбат кунанд. Ҳамчунин ба унвони мудир таъкид мекунам, ки метавонам ҳар замон, ки бихоҳам бо ҳар фарде дар ширкат сӯҳбат кунам. Бархе аз мудирон тарҷеҳ медиҳанд раисони олӣ қабл аз сӯҳбат бо афродашон, бо онҳо ҳамоҳанг кунанд. Ин иттифоқ дар ин ширкат намеафтад. Мехоҳам коркунонамонро беҳтар бишносам ва истеъдод ва зарфиятҳои онҳоро арзёбӣ кунам. Ҳамчунин мехоҳам бидонам, ки мушкиле бо мудиронашон доранд ё на. Ман ҳамвора дар ҳоли арзёбии нухбагон ҳастам. Беҳтарин истифода аз замони мудири иҷроия, овардани афроде олӣ ба ширкат, мудирияти хуби онҳо ва итминон ҳосил кардан аз ин аст, ки ширкат тиме аз коркунони дараҷаи якро сохта ва ҳифз мекунад. 

 Афзудан аз тариқи ихтисор

Омӯхтани ин ки ташхис диҳем чӣ замоне афрод кор кардан намехоҳанд ва бояд бигузорем аз мо ҷудо шаванд, бахши муҳиме аз фароянди сохтани як тими олӣ аст. Ба таври куллӣ, мудирон дар ин маврид ба ҳадди кофӣ дақиқ нестанд. Ин як мушкил аст, зеро беҳтарин гузина барои боз кардани роҳ барои бозигарони беҳтар ин аст, ки бозигарони заъифтар, ташкилотро тарк кунанд. Албатта хеле муҳим аст, ки афрод эҳсос кунанд ин бархӯрд мунсифона аст. Аммо бояд дар сӯҳбат бо корманде, ки амалкарди поин дорад роҳат бошед. Мисли ин ки бигӯед, «шумо дар арзёбии амалкард байн даҳ нафар даҳум шудаед. Шумо мумкин аст корманди олӣ бошед, аммо ин шуғл, муносиби шумо нест. Мумкин аст мо ширкати муносибе барои шумо набошем. Ман медонам, ки шумо намехоҳед дар мавқеъияте бошед, ки дигарон фикр кунанд шумо аз ҳама заъифтар ҳастед”.

Мо метавонем дар ширкат мансаберо биёбем, ки мувофиқати бештаре бо фард дорад. Бешак, кормандон қазовати маро зери савол хоҳанд бурд. «Ман ба ростӣ заъифтарин нестам”. Он вақт ман мегӯям, «арзёбии истеъдод як дониши дақиқ нест. Аммо бисёр номуҳтамал аст, ки чандин мудир фикр кунанд, ки шумо байни даҳ нафар даҳум ҳастед, дар ҳоле, ки дар воқеъ дуввум бошед. Шояд, албатта нафари нӯҳум бошед. Аммо нуктаи аслӣ ин аст, ки ман мехоҳам шумо муваффақ бошед ва фикр намекунам ин мавқеъият ё кор роҳи дурусте барои шумо бошад”.

 Бархе вақт ба фард мегӯям, ки метавонад барои ду моҳ дар ширкат бимонад ва ҳамзамон думболи шуғли наве бошад. Дар ин муддат ӯ кам-кам нигариши беҳтаре пайдо мекунад ва ба ҳамкорияш идома медиҳад. Бархе вақт ҳам фард нороҳат шуда ва ҳиси манфӣ дорад ва лозим аст ҳарчӣ зудтар ширкатро тарк кунад. Вақте аз мудиронам мехоҳам як тим бисозанд, ҳамин стандартҳоро барои онҳо муқаррар мекунам. Чанде пеш яке аз мудирони аршад, нақши ҷадидеро ба ӯҳда гирифт. Ба ӯ гуфтам: «аз ҳоло то панҷ моҳ, лозим аст як тими олӣ бисозӣ. Ҳарчи зудтар беҳтар, аммо панҷ моҳ ҳадафи ниҳоӣ аст. Барои ин кор лозим аст моҳи ояндаро сарфи арзёбии афроде кунед, ки акнун дорӣ, умедворам хуб бошанд. Аммо агар ин тавр набуд барои ҷойгузин кардани онҳо тағйироте анҷом хоҳем дод. Агар лозим медонӣ афроди даруни ташкилотро рушд диҳӣ, мо онро анҷом хоҳем дод. Агар лозим медонӣ нерӯҳоятро аз хориҷи созмон таъмин кунӣ, онро ҳам анҷом хоҳем дод. Ҳамчунин лозим аст аз ҳифзи беҳтарин афродат итминон ҳосил кунӣ. Агар бубинам афроде, ки мо мехоҳем дар ширкат ҳифз кунем шурӯъ ба тарки қисмати ту кардаанд, ба ростӣ ошуфта хоҳем шуд”.

 Дар ин маврид, ман ҳама нишонаҳоеро, ки дӯст надоштам бубинам, дидам. Тайи чаҳор моҳ ӯ ҳанӯз ду пости калидиро пур накарда буд ва ду тан аз афроди хуби мо ширкатро тарк карда буданд. Мо бо ҳам гуфтугӯе доштем ва ба ӯ гуфтам: «ба мо бигӯ чӣ коре метавонем барои кумак анҷом диҳем. Агар мехоҳӣ манобеъи истихдоми туро ду баробар кунем, ин корро хоҳем кард”.Тайи шаш моҳ, ӯ ҳанӯз як тими олӣ насохта буд. Бинобарин ба ӯ гуфтам: «кор тамом аст”. Пас аз ин ки ӯ рафт, афрод шурӯъ ба наздик шудан ба ман карданд ва гуфтанд кор барои онҳо чи қадар ангезакаш буда ва онҳо ҳам дар остонаи тарки ширкат будаанд.

Ду дарс аз ин ҳикоят метавон гирифт: нахуст, иҷоза надиҳед як мавқъеияти бад, бадтар шавад. Мудири заъиф метавонад рӯҳияҳоро заъиф карда ба ширкат садама ворид кунад. Дувум, сарфи назар аз тасаввуроти шумо дар мавриди ин ки чӣ қадар хуб созмони худро мешиносед, агар ба нодуруст будани чизе шак доред, эҳтимолан он чизи бадтар аз тасаввури шумо аст. Наметавонед иҷоза диҳед чунин вазъият идома ёбад, чаро, ки бисёр харобовар аст.

 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97