Натиҷаи як таҳқиқ: вақтгузаронӣ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ба афсурдагӣ меанҷомад

Иҷтимоъ 15.11.2018 10:52

Натиҷаи як таҳқиқи ҷадид нишон медиҳад, ки вақтгузаронии зиёд дар шабақаҳои иҷтимоъӣ метавонад инсонро ба афсурдагӣ рӯбарӯ кунад.

Равоншиносони донишгоҳи Пансиловия дар Омрико барои аввалин бор муваффақ шуданд робита иллат ва маълулии байни вақтгузаронии зиёд дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ва эҳсоси танҳоӣ ва афсурдагиро муайян кунанд.

Пажӯҳишгарон ба муддати се ҳафта истифодаи 143 донишомӯз аз шабакаҳои иҷтимоъиро баррасӣ карданд. Онҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд: як даста аз назари замонии дастрасии маҳдуде ба шабакаҳои иҷтимоӣ доштанд ва гурӯҳи дигар метавонистанд ба тури номаҳдуд аз ин шабакаҳо истифода кунанд.

Дар ин пажӯҳиш истифодаи донишомӯзон аз се шабакаи иҷтимоъии фейсбук, инстаграмм ва скайп чат мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба натоиҷи ин таҳқиқ эҳсоси танҳоӣ ва афсурдагӣ дар гурӯҳе, ки дастрасии маҳдуд ба шабакаҳои иҷтимоъӣ доштанд нисбат ба гурӯҳи дигар коҳиши чашмгире дошт.

Тибқи натиҷаи ин пажӯҳиш маҳдудсозии истифода аз шабакаҳои иҷтимоъӣ ба муддати 30 дақиқа дар рӯз ба беҳбуди эҳсоси тандурустии инсон кӯмак мекунад.

Таҳқиқҳои пешин танҳо ҳамбастагии омории байни истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва афсурдагиро нишон дода буд. Пажӯҳиши донишгоҳи Пансиловия аввалин таҳқиқе аст, ки робитаи иллат ва маълулӣ дар ин мавридро нишон медиҳад. 

Донишмандон аз ду омил ба унвони далоили эҳтимолии таъсири шабакаҳои иҷтимоъӣ ба афсурдагӣ ёд мекунанд. Муқоисаи иҷтимоъӣ дар ин шабакаҳо ва нигаронӣ барои аз даст додани охирон рӯйдодҳо ду омили эҳтимолии муассир бар афзоиши эҳсоси танҳоӣ ва афсурдагӣ дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97