Аз сил шарм надоред, бо он мубориза баред!

Иҷтимоъ 30.08.2018 11:16

Чанд сол пеш як дӯсти наздикам аз бемории сил дар гузашт. Барои муолиҷааш хуб диққат накарданд, зеро аввал ин ки волидонаш ба шифо ёфтанаш бовар надоштанд ва дигар ин ки намехостанд овозаи гирифтори сил будани фарзандашон паҳн шавад.

 Хушбахтона, солҳои охир мушкили нобоварии мардум коҳиш ёфтаасту беморон ба доруву дармон бештар рӯ овардаанд, аммо мутаассифона, тарс аз “муҳри сил” ҳанӯз ҳам миёни ҷомеа вуҷуд дорад. 

Навобаста ба пешрафти илму техника ҷомеаи тоҷик ҳамоно ҷомеаи суннатӣ боқӣ мондааст. Гапи ҳамсоя, назари дӯстон, афкори ҷомеа барояшон арзиши зиёд дорад, то ҳадде ки омодаанд аз саломативу таълим даст бикашанд. 

Аммо бармегардем сари бемории сил. Аз чанд нафар бемор суол кардам, ки чаро аз бемориатон шарм медоред, дар посух мегуянд: “Ин бемории камбағалҳост”. Воқеан, ҳам ин нуқтаи назар зиёд ба чашм мерасад. Ҳатто худи табибон аксаран ба ин назар зикр мекунанд. Масалан, чанде пеш як мусоҳибаи духтури бемориҳои силро хондам, ки бо таъкид мегуяд: “Ба ин беморӣ бештар одамони шароити зисташон душвор гирифтор мешаванд.”  Воқеан, ҳам ҳолат чунин аст? Омилҳои дигар ҳам вуҷуд дорад, вале аксаран маҳз ҳамин нуктаро зикр мекунанд. Беҳтар аст, ин назарияро ба тарзе дигар баён кунанд, то ба иззати нафси дигарон нарасад. Ин дар ҳолест, ки мутобиқ ба иттилои Ожонси омори кишвар ҳудуди 30% аҳолии Тоҷикистон зери хати фақр ба сарр мебаранд. 

Дар ҳамин росто назари Надежда Скринник, як табиби Беларусро хондам, ки дар ин маврид чунин ибрози ақида кардааст. «Сил — бидуни баҳс бемории иҷтимоист, ки аз сатҳи зиндагӣ ва сифати ғизо вобастагии зиёд дорад. Сатҳи пасти зиндагӣ, стресс, мушкилоти иҷтимоӣ – ҳамаи ин омилҳо боиси афзоиши хатари гирифторӣ ва ё рушди беморӣ мешаванд. Аммо назаре, ки гуё мансабдорону, сарватмандону онҳое, ки хуроки хуб истеъмол мекунанду дар лаби баҳр истироҳат мекунанд, гирифтори сил намешаванд, бовари комилан бардуруғ аст”

Вақте ман дар бораи бактерия, чубаки Коха, ки барангезандаи аслии сил аст мутолеа кардаму ошно шудам фаҳмидам, ки барои Коха унвону мартаба ҳеҷ фарқе надорад, у бо мувафақияти бузурге ҳам сарватманд ва ҳам камбизоатро ба сил гирифтор мекардааст. Суръати девонавори зиндагии муосир, фишори итилоотӣ, норасоии вақт дар пайи дарёфти комёбӣ ва табиист дар ин гиру дор хуроки номунтазаму зарарнок ба заифии бадан мерасонад, ки организм дигар муқовимат карда наметавонаду дар кутоҳтарин муддат метавонад гирифтори ин бемори шавад. Маъмулан одами солим ба воситаи одами бемор, дар аксар маврид аз роҳи қатраҳои ҳавоӣ муб  тало мешавад. Имкони гирифор шудан дар ҳар ҳолат имконпазир аст, дар мағоза, дар нақлиёти ҷамъиятӣ, дар меҳмонӣ ва ҳатто дар гаронтарин меҳмонхона ва ё осоишгоҳ. Ҳатто китоб ва ё як буса метавонад воситаи интиқоли сил шавад. 

Тибқи тадқиқоти кафедраи фитизиатрияи ТИППМК аз 2027 мусоҳибони гирифтори сил дар Тоҷикистон 73% сокинони деҳот ва 27% шаҳрнишинон мебошад. Аз ин миқдор 5,8% ходимон, 76 (3,7%) тоҷир, 441 (21,7%) кормандон,  1071 (52,8%) бекорон ва 321 (15,8%) нафар нафақахурон мебошанд. Яъне аз ин нишондод бар меояд, ки шумораи гирифторони беморӣ аз ҷумлаи нафарони фақиру бе ҷои кор на камтар аз нафарони сарватманду донишмандон аст. Ин дар ҳолест, ки мутобиқи омори расмии Созмони Ҷаҳонии Тандурсти 1/3 аҳолии саёра ки баробар ба 2 млрд нафар аст гирифтори бемории сил ҳастанд. Тоҷикистон аз ҷумлаи 30 кишварест, ки дорои баландтарин нишондодҳои гирифтори сил мебошад. 

Мутобиқи қонуни ҶТ “оид ба ҳимояи аҳоли аз бемории сил” аз 22.12.2006 банди 4 модаи 15 муолиҷаи беморон ройгон ба роҳ монда шуда барои шахсони бе ҷои кор ба муҳлати як сол нафақапули дода мешавад. Ҳамасола беш аз 800 нафар ба сил гирифтор мешаванд, ки дорои муолиҷа мебошанд. Бо дар назардошти ин дар оғози соли 2018 Ожонсии ИМА оид ба рушди байнулмиллаи (USAID) бо тавсияи СҶТ барномаи муолиҷаи кутоҳмудат ба воситаи доруҳои тобоварро ба роҳ мондааст. Чунин иқдомҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки сил табобатшаванда аст.

Масалан агар соли 2012 1463 нафар муолиҷа шудааст, пас соли 2015 шумораи онҳо ба 1511 нафар расидааст. Соли 2012 шумораи бемороне, ки пас аз табобат сиҳат нашудаанд  ба 267 нафар расидааст аммо хушбахтона ин рақам дар соли 2015 ба маротиб поин рафтааст аз 2172 бемор танҳо 70 нафарашон сиҳат нашудаанд. 

Пас вобаста ба услуби зиндагии инсони асри 21 бар меояд ки хатари мубтало ба сил барои ҳама қишри ҷомеа баробар аст. Фурсати он расида то ин стреотипро аз байн бурд.  Имруз, бо шарофати пешрафти илму техника бемории сил на танҳо табобатшаванда ҳатто муҳлати муолиҷааш кутоҳ шудааст. Бино бар ин аз сил шарм надореду сари вақт аз пайи муолиҷааш шавед. Мувофиқи Барномаи миллии мубориза зидди бемории сил  табобат ва доруҳои зидди сили ройгон аст!

Хонандаи азиз шумо кай охирон бор шушҳои худро аз ташхис гузарондаед? 

Шаҳноз Комилзода

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97