“Миллат”, Хайрулло ва “Фароз” тавонистанд, дигарон низ метавонанд...

Иҷтимоъ 23.02.2017 17:15

Аз замони мавҷудияти деҳаи Сафедорак то даҳсолаи аввали қарни ХХ1санги азими кӯҳие дар миёнҷои роҳи ҳаракати мошинҳо, дар наздикии масҷиди деҳа қарор дошт.

 

Дар тамоми даврони мавҷудияти Ҳокимияти Шӯравӣ, солҳои 1924 то 1991 дар баробари идомаи зиндагии мардуми деҳа ин санги бузургҷусса чун “нозири” ҳаракати одамону нақлиёт побарҷою бовиқор буд.

Бо гузашти айём ва тақозои замон бунёди базаи лижаронии “Сафедорак” дар солҳои 1970уми қарни гузашта оғоз гардид. Сокинони деҳаи Сафедорак ва дигар деҳоти атрофи иншооти дар ҳоли бунёд, иқдоми ҳукумати он замонаро хуш пазироӣ намуда, бисёриҳо дар корҳои сохтмонии он иштирок мекарданд.

Ҳаёти осоиштаи мардум идома дошту дар баробари он овозаю гуфтугуҳои зиёде низ ҳамқадаму ҳамнафаси одамон буд.

Ман аз падари шодравону хушгумонам шунида будам, ки “Сафедорак” хеле ободу зебо ва диққатҷалбкунандаю сермеҳмон хоҳад шуд.

Он кас мегуфтанд, ҳукумат ният ва нақша дорад, ки бо мақсади хуш гузаронидани мавсими сайру саёҳат ва истироҳату табобати одамон, роҳи ҳавоие (канад) бунёд намояд то, ки тавассути он сайёҳон аз мавзеи “Сафедорак” то мавзеи “Хоҷа Оби Гарм” тавассути мавзеҳои Зуманд – Пошум сафар карда, якбора ҳам табобат мегиранду ҳам истироҳат мекунанд.

Солҳо дар гузар буданду ҳаёти одамон низ. Базаи лижаронии “Сафедорак” бо иқтидор ва имкониятҳои васеъ ба фаъолият оғоз кард. Роҳи автомобилгард аз базаи лижаронӣ то гардиши деҳаи Пуғуз асфалтпӯш шуда, қувваи барқ шабонарӯзӣ мавриди истифодаи мардумқарор гирифт. Бо ин сабаб одамон то ҳадде соҳиби ҷойи кор ва маоши хуби ҳармоҳа гардиданд.

Ҳанӯз ҳамаи нақшаҳои корию армонҳои мардум амалӣ нагардида, давлати Шӯравӣ аз миён рафту Тоҷикистони акнун ба истиқлол расида, ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Тамоми сохтмонҳои хурду бузурги ҳудуди мамлакат аз фаъолият боз монданд, ки базаи лижаронии “Сафедорак”низ истисно набуд.

Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣфазои беҳокимиятӣ, хараҷу мараҷ ва тороҷи моликияти давлатӣ идома дошт. Дар он айём барои мардум фурсат ва ҳоҷати дар бораи истироҳату саёҳат андеша кардан набуд.Ҳар кас барои то фардо зинда мондан кору андеша мекарду халос.

Шукронаи Худованд, ки бо азму талоши тарафайн пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуду бо мурури замон ва тақозои зиндагӣ, корхонаю ташкилот ва муассисаҳои аз фаъолият боз монда, аз нав ба кор шурӯъ намуданд.

Дар базаи лижаронии “Сафедорак” ҳам тамоми шароиту имкониятҳои дошта мавриди истифода қарор дода мешуд ва дар ҳар мавсим андак – андак барои шароиту имкониятҳояшро беҳтар намудан фаъолият мекард.

Вале мутассифона мушкилиҳои зиёде мавҷуд буданд, ки садди роҳи амалӣ гардидани ҳамаи орзую ормонҳои маъмурияти “Сафедорак”ва ҳукумату миллат мегардид. Набудани роҳи дуруст, қувваи барқ, шароити хуби ҷойи хобу хӯрокхурӣ, нақлиёти мусофирбару имкониятҳои шабонарӯзии дамгирӣ, монеъаи ҷалби сайёҳону дӯстдорони лижаронӣ мегардид.

Бо гузашти рӯзу солҳо раисони ҷамоату ноҳия ва маҳаллаю муассисаҳо иваз мешуданд.Дар ин миён чанд маротиба сарварони базаи лижаронӣ низ иваз шуданд, аммо вазъияти кору фаъолияти базаи лижаронӣ беҳтар нагардид.

Санги бузурги байни роҳи деҳа, поёнтар аз масҷиди маҳалла ҳанӯз мустаҳкаму бовиқор аз ҳолати рафту омади одамон ва нақлиёти боркашу мусофирбар назора мекард.

Боз чанд соле сипарӣ гардид. Чун як шаҳрванди қатории кишвар ва сокини ҳамин ҷамоат ман низ ҳар соле 1-2 маротиба ба аёдати ёру дӯстон ва хешу таборон ба ин деҳа омада, ҳамчунин бо орзую умед ва хушгумонию боварии ҳатмӣ, ки рӯзе “Сафедорак” ободу зеботар шуда, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо хоҳад кард, ба тамошои ҳолати он мерафтам.

Боре вақти сафари навбатӣ мушоҳида кардам, ки “Нозири роҳ”-санги азими миёни роҳ дар ҷояш нест. Ҳолати хушу ғайриоддие маро фаро гирифту баъди пиёда шудан аз сокинони деҳа дар бораи санги миёни роҳ пурсон шудам. Ҳама бо қаноатмандию хушҳолӣ мегуфтанд, ки ҳиммату ғайрат ва кӯшишу талошҳои сокини деҳа Хайрулло Собиров, сангро аз миёнаи роҳ бардошт.

Ба ростӣ, чанд лаҳзае бо худ дар мунозира шудаму ин ҳолат чанд шабонарӯзи дигар маро фаро гирифт. Хоҳу нохоҳ ба худ суол мекардам, ки чаро зиндагӣ чунин таззоду муаммоҳо дорад? Шояд барои санҷиши одаму одамгарӣ ва ё мушоҳидаю заруриятҳои дигари саҳнаи зиндагӣ бошад?

Дар ин муддате, ки деҳа обод шуду сокинонаш сол то сол ба маротиб зиёд мешаванд, чандин раисони маҳаллаю колхоз, ҷамоату ноҳия ва вазорату муассисаҳои роҳсозӣ собиқаи кору таҷрибаҳои худро зина ба зина боло бурдану аз чи бошад, ки боре ҳам ягон нафарашон дар ин бора андеша накарданд, камари ҳиммат набастанд?

Охир онҳо фурсат, имкониятҳо аз қабили; маблағ, воситаҳои техникӣ, қувваи коргарӣ ва чандин имконияту воситаҳои иловагие доштанду чаро як сангро аз миёни роҳ бартараф карда натавонистанд? Чаро як нафар сокини оддии деҳа, коргари техникии мактаби деҳа, бе ягон техникаю маблағ ва ёрию мадади иловагӣ тавонист, ки як кӯҳпораи азими миёни роҳро дар фурсати начандон тӯлонӣ (4 рӯз) бе ному нишон гардонад.

Баъд аз ин ҳар гоҳ андеша мекунам, ки барои чӣ Фирдавсии бузургвор 30 сол заҳмат кашида “Шоҳнома”навиштааст. Ва пайваста фикр мекунам, ки бобати ватану ватандорӣ “Шоҳнома”-хонию “Шоҳнома”-донӣ барои ҳар як фарди ҷомеа фарз будааст. Андешаҳои риштаи меҳри ватан ва муқаддасоти он маро маҷбур месозад, ки то бигӯям.

Оре зиндагӣ майдони озмоиши одаму одамгарии мо меҳмононаш аст, ки дар миёни ин ҳама лаҳзаю фурсатҳои талху ширин, пастию баландиҳо, гармию сардиҳо, некию бадӣ, камбағалию дороӣ ва соҳибмансабу бевазифагиҳо, ки чӣ гуна будани аъмоли худро ошкор менамояд.

Зиндагӣ фурсату муҳлатест, ки бо меъёру лаҳзаҳои зарурии худ садои қалбу ҳаракатҳои ҷисмонӣ, набзи ботину ҳирси ниҳони ҷисми ҳар яки моро мушаххасан ташхис намуда, баҳои аъмоли ҳар яки моро дар саҳифаҳои дафтари таърих бидуни мансабу вазифа қайд менамояд. Аз ин лиҳоз таърихи зиндаи ҳаёти мо чунин мешуморад ва қайду сабт ҳам менамояд, ки Хайрулло Собиров ва ҳазорон нафарони дигар дар саросари хоки ватани арҷмандамон Тоҷикистони соҳибистиқлолу тараққихоҳ,қаҳрамонони “Шоҳнома”-и имрӯзаи Ватан мебошанд.

Хайрулло бидуни супориши ягон мансабдору амалдор ба иҷрои ин кори хайру савоб даст зад. Ӯ амри дилу виҷдони худро иҷро кард. Чун медид, ки ҳар гоҳе каму беш саёҳони ватанию хориҷӣ ба ин мавзеъ ташриф меоварданд, ба худ раво надонист, ки дар миёни роҳи дохили деҳа чунин як санги бузургҷусса мавҷуд бошад. Аз ин рӯ бо сарфи чанд литр сӯзишвории моеъ ва чархҳои (балонҳои) аз кор баромадаи мошинҳо корро оғозу анҷом бахшид. Баъди чанд муддати бо гармии гулхан тафсонидани ҷисми санг, чанд сатил оби сардро мерехту пораҳои санги аз тафси гармию сардӣ кафидаро бо зарби путк майдаю пора карда, аз миёни роҳ ба канора мекашонид.

Муддати 4 рӯз ӯ ин усули корро давом доду ниҳоят санги азимҷуссаи миёни роҳро, абадан ба ҷойи дигар “кӯчонида” аз касе тамаъҷӯӣ накард. Дар ин хусус боре ҳам “ман манӣ” накарду касеро ҳам барои дар ин кор ёрӣ нарасонидан таънаю маломат накард.

Баъди чунин як амали хайрро ба анҷом расонидани Хайрулло Собиров ҳамеша фикр мекунам, ки агар ҳар як шаҳрванди ҳудуди ҷумҳурӣ дар маҳалли зисти худ 2-3 рӯз баҳри ободии ҷойҳои ноободу таъмирталаб заҳмат кашанд, он гоҳ саросари ҳудуди кишвари азизу зебоманзари мо ба гулистону бӯстонҳои афсонавӣ табдил меёфт. Агар ҳар як амалдори тамаъҷӯю худкома ба маблағҳои дар ихтиёраш гузоштаи ҳукумат хиёнат накарда, баҳри ободии ватан кӯшиш менамуд, он гоҳ ватани мо мисли кишварҳои пештози сайёҳӣдар ҷалби сайёҳон маълуму машҳур мешуду Душанбе яке аз марказҳои бузурги сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ мегардид.

Бо мақсади он, ки мавзеи “Сафедорак” ҳарчи зудтар обод гардида, аз ҳисоби ҷалби меҳмонони дохилию хориҷии ватан хазинаи мамлакат андаке ҳам бошад маблағдор гардад, банда низ тавассути матбуот ва дар маҷлису вохӯриҳои сатҳи ҷамоату ноҳия ва ҷаласаҳои Маҷлиси вакилони халқи ҷамоату ноҳия чандин маротиба баромаду пешниҳодҳо намуда будам.

Аз ҷумла дар саҳифаҳои ҳафтаномаи “Миллат”се маротиба бо номҳои “Сафедорак” муфидтар аз “ Талко”, “ Дар ҷустуҷӯи антивирус”, ”Чаро хазинаи тиллоии давлату миллат тиҳист?”, “Сафедорак. Мавсими наву...” дар давоми солҳои 20122013 мақолаҳо ба табъ расонида будам.

Ниҳоят дар таърихи 21.06.2013 бо рақами 7/1-534 бо имзои раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Маликшо Неъматов (ҳоло сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон), ба унвони банда, вакили Маҷлиси Ҷамоати деҳоти Деҳмалик, Имомалӣ Табарӣ номаи ҷавобӣ гардонида шуд, ки мувофиқи матлаби он нома барои таҷдиди роҳи автомобилгард, аз мавзеи Пуғуз то базаи лижаронии “Сафедорак”, инчунин барои ободию азнавсозии базаи лижаронӣ, ба маблағи 14 миллион доллари амрикоӣ, ҳуҷҷату санадҳои зарурӣ омода гардида, корҳои ободонӣ дар соли 2014 оғоз мегардад.

Баъдан хабару овозаҳое паҳн гардид, ки мувофиқи онҳо аввал кадоме аз ширкатҳои давлати Қатар, баъдан Чину Руссия ва чанде мамлакатҳои хоҳишманди дигар рафти корҳои таҷдиду барқарорсозии “Сафедорак”-ро ба ӯҳда мегирифтаанд.

Хушбахтона, дар охири соли сипаришуда ширкати “Фароз”и худамон рафти корҳои таҷдиду барқарорсозиро ба ӯҳда гирифта то оғози мавсими нави лижаронию сайёҳӣкорҳои заруриро анҷом дод.

Вақте тавассути интернет ҳамаи шароитҳои омодагардидаи ин мавзеро дидем, ба ростӣ хеле болида гардида, шукрона ҳам гуфтем, ки як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони азиз барои қабули меҳмонони хориҷию ватанӣ омода гашта, корҳои ободу зебосозӣҳанӯз идома дорад.

Мо боварӣ дорем, ки рафти корҳои таҷдиду зебокориҳо бо сифати баланд идома ёфта, танқисии роҳу қувваи барқ низ бартараф мегардад.

Акнун мардуми шарифи ҳамаи деҳаҳои атрофи ин кохи ҳунару варзиш, истироҳату фароғат, таълиму тарбия ва маҳорату қудрат, ки воқеъан номи наву зебанда “Сафеддара”ро гирифтааст, зарур аст, ки дар хонаю кӯча, ҷойи кору ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дар ҳама ҳолатҳои фаслҳои сол хушмуомилагию хушрафторӣ, ширинсуханию хирадмандӣ ва оқилу фарзонагӣ барин хислатҳои неки инсониро пеша намуда, бо чеҳраи кушодаю табассумҳои зебо дилу дидаи ҳар меҳмонро пазироӣ намуда, рисолати пурарзишу зебандаи худ, “Расми хуби тоҷиконро” гум накарда ривоҷ диҳанд.

Шайх Саъдии бузургвор дар ин бобат хеле хуб фармудаанд:

Ғарибошно бошу сайёҳдӯст,

Ки сайёҳҷаллоби номи накӯст.

Имомалӣ Табарӣ

Бознашр аз "Миллат" №5

аз 9 феврали соли 2017

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97