Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

«Ҷанг»-и эълоннашудаи ноболиғон дар пойтахт боз ду қурбонӣ гирифт

Иҷтимоъ 04.01.2017 17:50

Бар асари муноқишаи гуруҳӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ду ҷавони ноболиғ кушта шудаанд. Аз рӯи гуфтугузори сокинони Душанбе, ҳодисаи мазкур миёни мактаббачаҳо шаби 2 ба 3 январ дар яке аз интернет-кафеҳо, воқеъ дар маҳаллаи 103 рух додааст.

 Ҳанӯз сабаби муноқиша маълум нест, аммо дар пайи ин моҷаро ду тан аз ҷавонони навхат кушта шудаанд. Ду рӯзи қабл ҷасади Сомон Шарипов ба хок супурда шуд.

Гумон меравад, задухурд миёни мактаббачаҳои синҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумии № 43, 54 ва 101-и ноҳияи Сино сурат гирифта ва собиқ хатмкунандагони ин муассисоти таълимӣ низ дар он саҳм доштаанд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри баёнияе гуфтааст, ки гумонбарони ин муноқиша ҷуз яке дигар ҳеч кадом талабаи мактаб набудаанд, балки онҳоро пас аз хатми синфи 9-ум аз мактаб рухсат кардаанд.

Дар номае, ки Эҳсон Хушвақтов, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расонаҳо ирсол кардааст, омадааст: «Бояд махсус қайд кард, ки тибқи моддаи 16, банди 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» «Бо қарори мақоми идоракунии муассисаи таълимӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии идоракунии маориф барои мунтазам содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ ва риоя накардани оинномаи муассисаи таълимӣ хонандае, ки ба сини 16 расидааст, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад». Аз ин рӯ, аз иштирокчиёни муноқиша 4 нафар тибқи моддаи 16, банди 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бинобар сабаби «мунтазам содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ ва риоя накардани Оинномаи муассисаи таълимӣ, иштирок накардан дар дарсҳо» аз 30.11.2016 аз сафи хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 хориҷ карда шудаанд ва ба муассисаи таълимӣ ягон алоқамандие надоранд.»

Дар пойни ин нома омадааст, «Дар ҳақиқат, аз иштирокчиён танҳо як нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101 буда, дигар иштирокдорон хонандаи мактаб набуда, ба мактаб иртибот надоранд.»

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ карда ва иддае аз ширкаткунандагони ин ҳодисаро боздошт ва мавриди бозҷӯӣқарор додаанд.

Ин барои бори аввал нест, ки миёни ноболиғон муноқиша (мусаллаҳ бо яроқи сард) сурат мегирад. Аз ҷумла дар моҳи октябри соли гузашта бар асари ҳамчунин муноқишае миёни мактаббачаҳо дар яке аз муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт, як нафар ҷароҳат бардошта ва ба бемористон интиқол ёфта буд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон он замон 4 нафар хонандагони синфи 11-и яке аз мактабҳои пойтахтро ба гумони авбошӣ боздошт карда буд.

Дар гузашта борҳо ва борҳо нашрияи «Миллат» дар пайи ҳамчунин муноқишаҳои хунбор ҳушдор дода буд, то ба ин масъала ҷиддӣ расидагӣ шавад. Аммо ба назар мерасад, ки хунукназарӣ ба ин гуна ҳодисаҳо боиси сари ҳар чанд вақт такрор шудани он мегардад. Ва тифлакони маъсум кушта мешаванд. Хуб ё бад, ин бачаҳо ҳамагӣ фарзанди инсонанд ва барои ба камол расонидани онҳо волидайн хуни ҷигар шудаанд.

Ёд дорам, ҳанӯз дар мактаби миёна таҳсил мекардам, ки як талабаи синфҳои поёнии мактаби №10-и ноҳияи Восеъ берун аз соати дарсӣ дар истгоҳи барқии мактаб бо зарби нируи барқ қурбон шуд. Ин солҳои 80-90-и асри гузашта буд ва ҳанӯз Ҳокимияти советӣ пойбарҷо. Ин қадар тафтишгару комиссия ба мактаби мо рехт, ки ҳисобаш гум буд. Муаллим Ҷон Аскари худобиомурз он замон директори мактаби мо буд. Дар давоми тафтишот ба назар мерасид, ки муаллим хеле пиру афсурда шуда буд ва пайваста сигор бар лаб ӯро атрофи саҳни мактаб мушоҳида мекардем, ки ҳар рафтуомадкунандаро пурсу пос мекард. Шояд барои он ки ҳамчунин ҳодисаи нохуше дигар рух надиҳад. Он ҳодиса то ҳол дар хотираи мо ҳамчун доғ боқӣ мондааст.

Аммо ҳоло ҳар сол аз «мактабҷанг» ва «лашкаркаши»-и ноболиғон хабар нашр мешаваду хоби касе парешон намегардад ва шояд ҳам торҳои шабранги мӯйи сари масъуле ҳам ранг иваз намекунад.

Агар мо мехоҳем аз марги иҷбории бачаҳои навхат ҷилавгирӣ кунем, бояд як иқдоми саросарӣ бо иштироки ҷомеаи маданӣ, матбуот ва масъулини Ҳукумат ташкил шавад ва аз ин «ҷанг»-и эълоннашуда ҷилавгирӣ шавад. Зеро фардо дер хоҳад буд.

 Сардабир

 

 

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97