100 солагии шахсияти шинохтаи иҷтимоии ҷумҳурӣ Акрамбек Тошмуҳаммадов

Иҷтимоъ 24.12.2016 12:00

(Дар акс (Акрамбек Тошмуҳаммадови 96 сола (аз чап) дар маросими 100 солагии бародараш – нахустгенерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммадов (соли 2008) бо писари худ – олим ва коршиноси байналмилалӣ – Меҳралӣ Тошмуҳаммадов (дар миёна) ва муаллиф)

 Акрамбек Тошмуҳаммадов соли 1916 дар мавзеи Поршиневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Таҳсилро дар мактаб-интернати шаҳри Хоруғ оғоз намуда, онро солҳои 1930-31 дар мактаби миёнаи шаҳр идома медиҳад. Акрамбек фаъолияти меҳнатиро хеле барвақт дар сенздаҳсолагӣ аз коргари ҳуруфчини матбаа оғоз намудааст. Рӯзона дар мактаб – интернат таҳсил ва шабона дар матбааи шаҳри Хоруғ (ҳамроҳи ҳамсинни дигари худ Назаршо Додхудоев – Раиси Президиум ва Раиси Шӯрои Вазирони ояндаи Тоҷикистон) кор мекард, то модару ду бародару хоҳарашро бихӯронад…

Соли 1938 Акрамбеки 18 сола ариза навишта, ихтиёрӣ ба аскарӣ меравад. Вай ҳамроҳи чанд нафар ҷавонони бадахшонии дигар роҳи Хоруғ – Ӯш ро тайи 20 рӯз пиёда тай карда, аввалин даъватшавандаҳо ба хизмати низомӣ аз Кӯҳистони Бадахшон дар замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафтанд. Акрамбек хизматро дар дивизияи тирандозии кавалерӣкӯҳии Тоҷикистон оғоз менамояд.

Дар даврони фоҷиабори охири солҳои 30 Акрамбеки 18 сола ва бародарбузургаш Мастибек Тошмуҳаммадов (нахустгенерали ояндаи тоҷик) бо ҷурми хешу таборӣ доштан бо «душмани халқ» Шириншоҳ Шоҳтемур ба маҳбас кашида мешаванд… 

 А. Тошмуҳаммадов баъди аз озод шудан, хизмати низомиро дар шаҳри Ленинград идома медиҳад. Дар ин давра ҷанги Шӯравӣ ва Финляндия оғоз мегардад ва А. Тошмуҳаммадов боз ҳам ихтиёрӣ ба ҷанг меравад. Танҳо баъди ҷароҳати ҷиддӣ бардоштанаш дар ин ҷанг, бо тавсияи комиссияи тиббӣ ба кори мулкӣ баргардонида мешавад. 

Соли 1940 дар сохтмони шоҳроҳи Душанбе-Помир фаъолона ширкат намуда, баъдан дар сохтмонҳои азими вақт роҳҳои мошингарди «Душанбе-Зиддӣ», «Душанбе-Панҷ», роҳҳои оҳани камбари «Душанбе Панҷи поён» ва «Душанбе-Пуғус»-и ноҳияи Варзоб ба ҳайси муовини сардори Раёсати ин сохтмонҳо адои вазифа кардааст. Дар солҳои 194243 ҳамчун намояндаи ҳизбии баталёни меҳнатӣ дар маъдани ангишти Зиддии ноҳияи Варзоб ва ҳамзамон муовини сардори Раёсат оид ба истеҳсоли ангишт дар кони Зиддӣ будааст. 

А.Тошмуҳаммадов солҳои 1948-50 таҳсилро дар Мактаби ҳизбии Тоҷикистон идома дода, пас аз хатми он, ба фаъолияти ҳизбӣ мепардозад. Солҳои 1950-52 дар мақоми мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи вилоятии ҳизби коммунисти Бадахшон; солҳои 1952-1954 ба ҳайси Котиби Кумитаи ҳизби коммунисти ВМКБ оид ба тарғиботу ташвиқот фаъолият кардааст.

Дар солҳои 1954-57 дар Мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС дар шаҳри Маскав таҳсил намуда, онро бо дипломи аъло ба итмом мерасонад. Солҳои 1957-58 дар вазифаи муовини мудири Шуъбаи тарғиботу ташвиқоти КМ ҲК Тоҷикистон кор кардааст. Аммо ҳаёт – тақдир баъзан ҳукму хости худро дорад. Ин давраи зиндагии худро А. Тошмуҳаммадов дар китобашон «Тақдир» чунин ба қалам додааст: 

«Ба одамоне, ки барои соҳиби мансаб буданат, ё барои обрӯ ва ҳурмату иззат дар байни мардум доштанат нисбат ба ту кинаву адоват пеша мекунанд ва ба ту танҳо бадхоҳию бадкорӣ мекунанд, боварӣ зинҳор намемонад. Доимо дар андешаи онам, ки чаро одамон ба якдигар бахилӣ мекунанд??!!...Соли 1957 аз гуфтугӯҳои маҳрамона фаҳмидам, ки маро Раиси Кумитаи иҷроияи ВАБК таъйин карданианд…Ин хабар ба зудӣ паҳн мешавад. Аксарият хурсанд, вале баъзе «дӯстон ва ҳамватанон» ин хабарро шунида, «кайк дар пӯстинашон ҷой мегирад»…Онҳо баъд аз машваратҳо байни худ, як шахсро, ки корманди ҳизбӣ буд, вакил мекунанд ва пул ҷамъ карда, вайро бо мактуби беимзои шикоятӣ («анонимка») ба Маскав мефиристонанд ва ӯ он мактубро ба номи Н.С. Хрушев – роҳбари вақти Шӯравӣ месупорад…Як рӯз бегоҳӣ Турсунбой Улҷабоев – роҳбари онвақтаи Ҷумҳурӣ маро ба наздашон даъват карданд. Вориди утоқи корӣ шуда дидам, ки ҳамроҳи эшон Котиби дуввуми ҳизб марди рус бо номи Обносов нишастааст. Т. Улҷабоев мактуберо ба ман дода, амр карданд: -Хонед!

Ман онро кушода хондаму мӯи сарам рост хест. Ин ҳамон «анонимка» буд, ки дар холигоҳи қисми чапи он бо забони русӣ чунин дастнавис буд: «Сурово наказать! О результатах должить в ЦК КПСС! Никита Хрущев»…

Ҳамин тавр, ӯро аз кор озод мекунанд ва вай ба Зодгоҳ меравад. Баъд аз як моҳи бекорӣ, сарпарастии мактаб – интернати навташкили Хоруғро ба уҳдаи ӯ мегузоранд. Вай бо қобилияти ташкилотчигиаш дар муддати кутоҳ ин мактаб-интернатро ба муассисаи таълимии намунавии вилоят табдил медиҳад. Хизматҳои шоёну назаррасашро ба назар гирифта, ӯро аввал мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва пас аз як сол, мудири Шуъбаи маорифи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин мекунанд. Баъд аз ним сол ба аризаи вай чунин ҷавоб меояд: «Дар натиҷаи ҳамаҷониба тафтиш шудани аризаи коммунист Тошмухаммедов Акрам фактҳои зикршуда нодуруст баромад»….

 Соли 1963 ӯро ба вазифаи муовини аввали Кумитаи давлатии Кинематографияи Тоҷикистон таъин мекунанд ва дар ин вазифа тақрибан бист сол то соли 1980, то ба нафақа баромадан кору фаъолият кардааст. Тавре ки дар китоби ёддоштҳои хеш зикр намудааст, дар ин муддат бо панҷ раис кор кардааст…ва аз ҳамкорӣ бо Раис – Султоншоҳ Мирзошоев бо бисёр некию қаноатмандӣ ва самимона ёдоварӣ кардааст…

А.Тошмуҳаммадов баъди бознишаста шудан ҳам, аз кору фаъолияти иҷтимоӣ дурӣ наҷуст. Муддате чанд директории Кохи синамои Ҷомӣ дар поитахт ва баъдан, қариб 10 сол ҳамчун директори Хонаи истироҳатии кормандони синемо ва маҳалли наворгирии синемо «Симиганҷ» фаъолият кард.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон хизматҳои арзанда ва шоёни ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ Акрамбек Тошмуҳаммадовро бо се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ», 12 медал, 8 Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, 8 Ифтихорномаи Госкинои СССР, нишонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии Кинематографияи СССР», «Аълочии мудофиаи граждании Тоҷикистон» ва ғайраҳо қадр намудааст.

А. Тошмуҳаммадов дар баробари шахсияти иҷтимоӣ ва инсони бозаковату меҳрубон буданаш, шахси хеле адабиётдӯст, шеърдӯсту фарҳангпарвар ҳам буд. Девони Ҳофиз китоби рӯимизиаш буд. Аксар ашъори Носири Хусравро азёд медонист. Шеър ҳам менавишт. Тамоми роҳи паймудаи зиндагиашро – аз кӯдакӣ то солмандӣ, яъне то 97 солагиаш, бо назму наср ба риштаи таҳрир даровард. Китобаш бо номи «Тақдир» (саҳифаҳои ҳаёт, Душанбе, 2004 ва Душанбе 2008) ба нашр расид. Китоб гуфтаниҳо дар васфи волидайн, хешу табор, ҳамкорону ҳамсафону дӯстону наздикон, панду андарз барои фарзандону наберагон, насли наврас, ситоиш аз Парвардигор, ёддоштҳо аз ишқу муҳаббати ҷавониашро фаро гирифтааст.

Бо итминони комил ва бе муболиға гуфта метавонам, ки А. Тошмуҳаммадовро дар ҳар хонадон дар Бадахшон аз Мурғоб то Дарвоз мешинохтанд ва эҳтиромашро ба ҷо меоварданд. Ӯ ҳар як ваҷаби ин сарзаминро гаштааст. На танҳо дар Бадахшон, балки дар тамоми ҷумҳурӣ чи дар минтақаи Қаротегину чи дар водии Вахшу чи дар минтақаи Кӯлобу вилояти Суғд ва чи дар ноҳияҳои водии Ҳисор дӯстдору азизи ҳар хонадон буд.

Акрамбек роҳи тӯлонии зиндагиро тай карда, гармию сардии зиёди зиндагиро дида буд. Ва фикр мекунам, ки ба такомулу ташаккули ӯ чун шахсият, ба диду хислати ӯ низ таъсири акааш – генерал Мастибек зиёд буд. Баъд аз акааш то охири умр сулолаи дар ҷумҳурӣ машҳури Тошмуҳаммадовҳоро сарварӣ мекард. Ва имрӯз ин пайкро, ин масъулиятро фарзандаш Меҳралӣ ба уҳда гирифтааст, ки як шахси хоксор, амалгаро, хонаводадӯст ва дилсӯз аст, ки аз қиблагоҳаш ба ирс гирифтааст. Ва на танҳо дар суру азои хешовандону дӯстон ҳамеша ба по истодааст, балки шояд рӯзе набошад, ки ба коруфтодае, ба ниёзманде, ки аз водии Вахшу Бадахшону Қаротегину Хуҷанду Ҳисор ба наздаш меоянд, кумак накарда бошад…

 Панҷ фарзанди А. Тошмуҳаммадов ҳар яке мақоми худро дар ҷомеа доранд. Чандин набераю абера дорад. Дар ин оилаи калон, дар ин сулола намояндагони чандин миллатҳо ҳастанд. Як фарзандашон – Тошмуҳаммад, ҳамноми падарашон, мисли амакаш Мастибек унвони генералиро гирифтааст. Моҳи сентябри соли 2003 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми супоридани рутбаи генералӣ ба ӯ гуфта буд: 

Авлоди нахустгенерал бояд генерал бошанд!

Зиндагӣ барои дигарон, зиндагӣ бо дигарон, зиндагӣ барои ҷомеъа, шарики ғаму шодии дигарон будан, мадад ба касе, насиҳат ба шахсе, ҳидояти фарде ба роҳи нек, мувозибату ғамхорӣ, ташвишу тараддуд ва дилсӯзӣ дар бораи хешовандону наздикону дӯстон ва ҳатто бегонагон чунин буд фалсафаи ҳаёти Акрамбек Тошмуҳаммадов. Хушбахтии ӯ, давлати ӯ, ифтихори ӯ, сарбаландии ӯ низ аз ҳамин чиз сарчашма мегирифт.

Ва як чизи дигар, поси хотираи акааш Мастибек, зиёрати оромгоҳи ӯ, мувозибат аз манзили абадии ӯ, ҳифзи номи Неки Мастибек вазифаи дигари вай дар зиндагии ҳамарӯзааш буд…Аз он ҷумла, ин мисраъҳоро дар ҳаққи акааш гуфтааст: 

Исми ту Мастибек, санги Муҳаммад аст,

Кори ту номи нек, таманно мусаллам аст.

Монад зи ту ба олам кирдору хулқи нек,

Дар сарзамини хеш чун достон шудӣ…

 

Мирзошоҳ ВАТАНШОҲ

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97