Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Маҳфили “Ҷаҳони андеша”: Сабқати вопасгароӣ ва навгароӣ: 1:0

Иҷтимоъ 14.12.2016 10:54

Рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ дар толори АИ ҶТ маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша” баргузор гардид. Мавзӯи маҳфили навбатӣ “Мушкилоти гузариши Тоҷикистон ба роҳи иноватсионии рушди иқтисод” буд. Гузоришгар академики АИ ҶТ профессор, доктори илмиҳои иқтисодӣ Қаюмов Н.Қ. буд. Бо вуҷуди шумораи ками иштироккунандагон маҳфил хуб гузашт. Гузоришгар маърузаи хубу шуниданӣ кард ва саволу ҷавобу баҳсу мунозира баргузор шуд. Дер боз дар ин маҳфил масъалаҳои иқтисодӣ мавриди муҳокима қарор нагирифта буд.

 Суфиёни маҳфилоро ва унвонҷӯёни маҳфилгурез

 Вақте маълум шуд, ки мавзӯи маҳфили навбатӣ иқтисодӣ аст ва гузоришгар академик ва доктори илмҳои иқтисодӣ, интизор мерафт, ки ба хотири баланд бардоштани савияи дониши худ ва бевосита шунидани нуқтаи назари як коршиноси ҳирфаӣ, аз донишгоҳҳо, институтҳо ва вазоратҳои ба ин масъалаҳо сарукордошта шунавандагон меоянд. Мутаасифона ин интизориҳо бароварда нашуданд ва чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ё ҳама донишҷӯву унвонҷӯҳо ва кормандони ниҳодҳои иқтисодии мо ба ҳама мартабаҳои илмӣ расида, ҳақиқатро дарёфтаанд ё умуман ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ намекунанд. Аҷиб аст, вақте дар баҳори ҳамин сол дар яке аз маҳфилҳо, ки гузоришгараш Зафар Мирзоён буд ва мавзӯъ “Суфигарӣ” буд, суфие аз хонақоҳи худ омада, дар минбар изҳори назар карда буд, аммо иқтисоддонҳо наомаданд. Ба ҳар ҳол маҳфили “Ҷаҳони андеша” бо шумораи ками иштироккунандагонаш ин бор ҳам гарм ва манфиатовар гузашт, гузоришгар тавонист масъаларо барои иштироккунандагон равшан созад.

 Иқтисоди иноватсионӣ

 Иқтисоди иноватсионӣ иқтисодест, ки дар он ҳама истеҳсолоту хидматрасониҳо бо технологияи навтарин ба роҳ монда мешавад. Маълум аст, ки ҳар технология дар асоси донишҳои нав сохта мешавад ва метавон гуфт, ки иқтисоди иноватсионӣ ба дониш такя мекунанд. Дониш ин воситаи махсуси рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳар кишвар аст. Дониш дар рақобатҳои бозориву сиёсӣ бартарӣ медиҳад ва роҳи расидан ба ҳадафҳоро ҳамвор месозад. Ин воситаи муҳиме аст, ки ояндаи як миллатро муайян мекунад. Барои гузаштан ба роҳи иноватсионии рушди иқтисод ва расидан ба иқтисоди рақобатпазир, маълум аст, ки маблағ ва дониши зиёд лозим аст. Пеш аз ҳама инҷо дониш нақши муҳим дорад. Албатта, бо доштани захираҳои зиёди табиӣ ва аз ҳисоби онҳо маблағгузории истеҳсолот ва ворид кардани технологияҳои иноватсионӣ ҳам метавонад то андозае кишварҳоро ба ҳадаф наздик кунад. Аммо агар технологияҳои иноватсионӣ дар дохил тайёр намешаванд ва дониши сохтани технологияҳои иноватсионӣ дар дохил вуҷуд надошта бошад, ҳамеша чанд қадам аз кишварҳои пешрафта ақиб мемонанд. Дар иқтисоди иноватсионӣ нақши аз ҳама муҳимро захираҳои зеҳнӣ мебозанд ва захираҳои молиявӣ ва табиӣ нақши дуюмдараҷа доранд. Имрӯз дар бозори ҷаҳонӣ бе дониши дурусти замонавӣ дар рақобат тоб овардан ғайриимкон аст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки мақсад аз коркарди ҳар як технологияи нав, ин баровардани молу маҳсулот ва хидматрасониҳои сифатан нав ва бо таносуби беҳтари сифату нарх ба бозори ҷаҳонӣ аст, ки ба истеҳсолкунандагон дар бозор бартарӣ медиҳад ва ба мақсади ниҳоии ҳар як субъекти иқтисоди бозаргонӣ, ки ба даст овардани фоидаи бештар аст, онҳоро мерасонад. Аз ин ҷост, ки кишварҳои дорои иқтидори зеҳнии сохтани технологияҳои иноватсионӣ, ба дигарон ҳаргиз технологияҳои навтаринро намедиҳанд ва танҳо технологияи нисбатан куҳнаро медиҳанд. Дар натиҷа ҳама вақт моли кишварҳои содиркунандаи технологияҳо аз воридкунандаҳо босифаттар ва бозоргиртар хоҳад буд.

Дар роҳи гузаштан ба иқтисоди иноватсионӣ мушкилот зиёданд ва норасоии маблағ, норасоии мутахассисон ва фарҳанги истифодаи технологияҳои иноватсионӣ аз мушкилоте ҳастанд, ки дар шароити мавҷуда дар ҷойи аввал меистанд. Имрӯз дар кишвари мо на маблағи кофӣ вуҷуд дорад, на мутахассис ва на фарҳанги истифодабарии дурусти ин технологияҳо. Аммо ин ба маъное нест, ки мо дигар ҳама имконотро аз даст дода бошем. Бо ба роҳ мондани як низоми дурусти корӣ дар як муддати нисбатан дарозтар метавон дар ин ҷода ба ҳадаф расид. Агар ҳам сарчашмаҳои бузурги дарёфти маблағҳои бузург набошад, метавон бо тайёр кардани мутахассисон ва фароҳам сохтани фазои мусоиди сармоягузорӣ, сармоядорони хориҷиро ба кишвар ҷалб кард ва дар як муддати муайян ба ҳадафи ниҳоӣ расид.

 Зарурати дониши замонавӣ

 Пеш аз ин, бояд фарҳанги истифодабарии технологияи навинро дар ҷомеа ҷорӣ кард. Имрӯз дар бештари маврид ба назар мерасад, ки ҳатто дар сатҳи ниҳодҳои давлатӣ мо фарҳанги дурусти истифодабарии технологияҳои навинро надорем. Барои мисол метавон истифодаи технологияи дастраси компютериро аз назар бигузаронем. Дар хидматрасониҳои давлатӣ, аз ҷумла дар қайди асноди ҳолати шаҳрвандии аҳолӣ, аз ин технологияҳо истифодаи дуруст намешавад. Махсусан дар ин шабу рӯз, ки бо қабул шудани қонуну қоидаҳои нав, эҳтиёҷи мардум ба шиносномаву шаҳодатномаҳои нав ба таври назаррас афзудааст, истифодаи дурусти технологияҳои компютерӣ, метавонад мушкили мардумро дар мудати кутоҳ ва бо сарфаи маблағҳои зиёд ҳал кунад. Аммо шӯрбахтона мебинем, ки дар ҳолати мавҷуд будани компютер, сканер, интернет ва дигар воситаҳо, мардуми эҳтиёҷманд аз дари як ниҳод ба ниҳоди дигар ва аз дари як утоқ ба утоқи дигар сарсону саргардон мегарданд. Дар дари ҳар утоқ навбат меистанд. Ин дар ҳолест, ки бештари ин маълумотномаҳо ва ҳуҷҷатҳоро метавон тариқи сканер электронӣ кард ва аз ниҳоде ба ниҳоди дигар дар муддати кутоҳ равон кард ва мушкили мардумро сари вақт ва бо сарфаи маблағ ҳал кард.

 Ширкатҳои мухобиротӣ намунаи ибрат

 Хидматрасониҳои ширкатҳои мобилӣ метавонад барои ниҳодҳои давлатии мо намунаи ибрат бошад. Ин ширкатҳо барои муштариёни худ чунин шароите сохтаанд, ки ба осонӣ мешавад мушкили пешомадаро ҳал кард. Онҳо барои роҳати муштариён аз тамоми имкониятҳои технологияҳои компютерӣ истифода мекунанд. Маълумотро метавон бо занг задан, SMS фиристодан, ба воситаи рамзи рақамӣ, аз сомонаҳои онҳо ва чандин роҳҳои осони дигар дастрас кард. Ҳамин тариқ бояд фарҳанги истифодаи дурусти технологияҳои иноватсионӣ дар ҷомеа ҷорӣ шавад. Ин метавонад дар баробари дигар омилҳо боиси ҳар чи зудтар гузаштани кишвари мо ба иқтисоди иноватсионӣ гардад.

Дар роҳи иноватсионии рушди иқтисодӣ, албатта, ислоҳоти ҷиддии пайдарпай лозим меояд. Иродаи қавӣ лозим аст, то тағйиротҳои ҷиддӣ дар фарҳанг, идораи иқтисодиёт, хидматрасониҳои давлатӣ, муносибат бо донишу мутахассис ва ғайра гузаронида шавад. Аммо ин роҳи хаёлӣ набуда, роҳест ки дар таҷрибаи чандин кишварҳо дида мешавад. Мебинем, ки кишвари Ҷопон бо вуҷуди он ки захираҳои бузурги табиӣ надорад як иқтисоди бузурги иноватсионӣ дорад. Ҳар як кишвари дигар ҳам метавонад ин таҷрибаро дошта бошад. Ба шарте ки сари вақт монеаҳои ҷойдоштаро аз миён бардорад ва имконияти дурусти рушди зеҳнии мардуми худ ва фазои солими сармоягузориро фароҳам оварад. Захираҳои зеҳнии ҳар як кишвар сармояи асосии он ба ҳисоб мераванд. Танҳо дониш аст, ки технологияҳои навро ба вуҷуд меорад ва ин технология ва маҳсулоти истеҳсолшуда аз он, ҳама вақт дар бозори ҷаҳонӣ харидор дорад. Инсон ҳама вақт талабот ба нав дорад ва навро дониш ба вуҷуд меорад.

 Меҳр Собириён,

махсус барои “Миллат”

 P.S. Аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша” тасмим доранд, то дар маҳфилҳои худ академикҳои Академияи илмҳои кишварро ҳамчун гузоришгар ба маҳфил даъват кунанд. Ин маҳфили гузашта дар доираи ҳамин нақша буд. Солҳои охир баъзе ҳолатҳое ба назар мерасад, ки шаҳрвандон аз дуруст муаррифӣ нашудани академикҳои АИ ҶТ ва корҳои илмии онҳо шикоят мекунанд. Ин тасмим барои бартараф шудани ин мушкил гирифта шудааст ва дар оянда дигар академикҳои АИ ҶТ ба ин маҳфил даъват мешаванд. Даромад дар маҳфил озод аст ва ҳар шаҳрванд метавонад ташриф биёрад ва бо академикҳои АИ ҶТ аз наздик шинос шуда, пурсишу дархости хешро дар он матраҳ бисозад.

Бознашр аз нашрияи "Миллат" №47 аз 8.12.2016

 

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97