Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Барзу дар дунё намегунҷад

Иҷтимоъ 16.04.2016 20:54

Барзу Абдураззоқов коргардони русзабони тоҷик (забони русӣ забони фаъолияти кории ин коргардон аст) аз хоки Русия ронда шуд. Вай, ки бо ҳамроҳии гуруҳи ҳунармандони қирғиз намоишномаи «Достони манкурт»-ро ба 18-умин ҷашнвораи байналмилалии театрҳои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Балтия бо номи «Встречи в России» ба Санкт-Петербург мебурд, ба хоки Русия роҳ дода нашуд.


  Дар ин ҷашнвора намоишномаи дига­ри ин коргардони тоҷик бо ҳунарнамоии қазоқҳо бо номи «Ҳамсинфон. Сабақҳои зиндагӣ» - низ ба маърази тамошо гу­зошта шуд

Худи Барзу Абдураззоқов мегӯяд, ки бо он шиноснома ба чандин кишвари дунё, аз ҷумла Русия борҳо сафар карда, аммо ин навбат марзбонҳои он кишвар гӯё дар он нуқсеро пайдо кардаву ӯро аз хоки кишварашон ихроҷ кардаанд.

Вай дар ин бора мегӯяд: «Самти парвози мо аз Бишкек ба Маскав ва аз онҷо ба Санкт-Петербург буд. Вақте ба Маскав расидем, сарҳадбонҳои рус шиноснома­амро диданд, ки дар он ҷо чандин бор ба Украина, Туркия ва Гурҷистону Ирон рафтаам. Онҳо хеле асабонӣ ба назар мерасиданд. Баъд, намояндагони ФСБ омада, шинсономаи маро гирифтанд ва нусхабардорӣ карданд. Ба ман гуфтанд, ки дар шиносномаатон хато ҳаст ва маро нигоҳ доштанд. Ҳарчанд хостам, ки ба Вазорати фарҳанги Русия занг занам, то бубинанд, ки чӣ мушкил аст, иҷоза надо­данд».

Коргардони маъруфи тоҷикро ҳудуди як соат дар фурудгоҳи «Домодедово» дар боздошт қарор дода ва пас аз он бо ҳавопаймое, ки мусофиронро аз Маскав ба Кӯлоб меовард, ба Тоҷикистон рон­данд. Барзу дар рӯзи ифтитоҳи ҷашнвора ба Душанбе мерасад, аммо ҳунараш Ру­сияро тасхир мекунад ва заршиносони ҳунар ба намоишномаи «Достони ман­курт» баҳои сазовор медиҳанд. «Достони манкур» ҷоизаи ҷашнвораро азони худ месозад.

Ҳоло ин сафири русзабони дунёи ҳунар шиносномаи нав гирифтааст ва мегӯяд, то чанд рӯзи дигар барои идомаи кори ҳунарӣ ба хориҷ аз кишвар хоҳад рафт. Боз ҳам ӯст, ки дар гӯшаҳое дур аз Русияи қудратманд, ки зӯри бозӯвонашро бо таҳқиру тавҳини ин коргардони маъ­руф ва ҳазорҳо ҳамватани ӯ ба намоиш гузоштааст, бо каломи русӣ паёми Инсон буданро мебарад.

Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Бар­зу Абдураззоқов соли 1959 дар Душанбе дар хонаводаи ду ҳунарманди шинохта Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов ва Фотима Ғуломова ба дунё омадааст. Соли 1980 риштаи коргардонии Донишкадаи санъ­ати Тоҷикистн ва соли 1987 Донишкадаи театрии ба номи Луначарский дар шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Дар соли 2009 намоишно­маи «Девонагӣ. Соли 93», ки Барзу Абдураззоқов дар театри русии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе ба саҳна гузошт, аз ҷониби мақомоти вазорати фарҳанг манъ карда шуд. Баъди он дар Тоҷикистон барои ӯ имконияти кор кар­дан фароҳам нашуд ва ӯ дар соли 2013 ба Бишкек рафт. Ду соле паиҳам коргардони беҳтарини соли Қирғизистон эътироф шуд.

Соли гузашта мақомоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълон карданд, ки ба ин коргардон дар Душанбе шароити кор фароҳам хоҳанд овард, вале худи ӯ мегӯяд, дар ниҳоят ягон пешниҳоди рас­мие аз сӯи мақомот нагирифтааст.

Нагунҷидани ӯ дар Тоҷикистон бас на­буд, ки акнун хоки паҳновари Русия низ ӯро дар худ нагунҷонд.

Вале чаро Барзу дар ин дунё намегунҷад?

Дарвоқеъ Барзу ҳанӯз ба таври ко­мил барои ҷомеаи имрӯз ошно нест. Ин воқеият аст. Агарчӣ акси ӯро ва ё чеҳраи ӯро аксарият, ки бубинанд, хоҳанд ши­нохт ва ба таври худ муаррифӣ хоҳанд кард: «Артист», «художник», «афғон» (ҷое низ худи ӯ ба ин ишора карда буд)… ва ҳоказо.

Аммо Барзу кист?

Барзу шаҳрванди шаҳри ҳунар аст. Ҳунар марз намешиносад. Ва аз ин рӯ ӯ дар ин дунё намегунҷад.

 

«Миллат»

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97