Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

ДОМ

Иҷтимоъ 12.11.2015 14:05
На ҳар иронӣ, ки аз ҳавопаймо дар фурудгоҳ пойин шуд, профессор аст
Ё  чи гуна Мусавибаҳор табдил ба шогирдаш шудibnisino

 

‪‎

 

 

 
 
‪‎Бемористони Ибни Сино: Қабули эндоуролог аз Эрон имруз оғоз гардид! 
Ба диққати касоне, ки аз бемориҳои гурда ва роҳҳои пешоб азият мекашанд мерасонем, ки ба наздик
ӣ эндоурологи варзидаи эронӣ доктор Саид Ҳабибуллоҳи Мусавибаҳор ба Бемористони Ибни Сино ташриф меорад. Ин фурсати муносибро аз даст надиҳед ва аз машварат ва табобати доктори варзида истифода баред. Шумо метавонед худ ва наздиконатонро пешаки номнавис кунед ва дар вақти бароятон муносиб аз хизматрасонии табиби ҳозиқ истифода баред... http://www.ibnisino.tj/tg/narkhnoma/dushanbe/678-urologiyatg.html
Ин хабарро аз сафҳаи фейсбукии Бемористони Ибни Сино дарёфт кардам. Ҳамчунин бо телефони ҳамроҳам аз ин бемористон занг зада (номнавис карда будем) ва гуфтанд, ки метавонем беморро ба бемористон ба ҳузури доктори иронӣ биёрем.
Субҳи зуд, духтарамро, ки чанд сол боз аз беморӣ ранҷ мебарад ва ҳар бори муроҷиат ба пизишкон ба «сюрприз»-ҳои нав дучор мешавад, аз хоб бедор кардаму монеъи рафтанаш ба мактаб шудам. Ҳарчанд исрор кард, ки беҳтар аст пас аз дарс биравем, таъкиди хабарчии Бемористони Ибни Синоро гӯшзадаш кардам, ки духтури иронӣ пас аз зуҳр наметавонад беморро бипазирад, чунки ҷарроҳӣ хоҳад дошт. Ночор духтарам ҳам розӣ шуду барои супурдани «анализ» тараддуд дид. Ҳамроҳ савори таксӣ ба бемористони Ибни Сино рафтем. Гумон кардем, ки навбат зиёд хоҳад буд. Дар бахши маълумотдиҳӣ ба корманди роҳбалад гуфтем, ки назди доктори варзидаи иронӣ омадаем. Пас аз каме ҷустуҷӯ ӯ номи бемори моро дар компутераш пайдо кард ва моро ба утоқи №6 раҳнамоӣ кард. Қабл аз мо беморе дар ҳузури пизишк буд ва пас аз каме мунтазир мондан, духтараки хушахлоқи дарбон моро ба ҳузури доктор даъват кард. Вориди ҳуҷраи қабули доктор шудаму чанд ҷавонро машғули суҳбат дарёфтам. Чеҳраи яке аз ин ҷавонон, ки пушти мизи корӣ менишаст, шабеҳи ирониён буд, фикр кардам, ки шояд доктор Мусавибаҳор барои ҷарроҳӣ рафтаву шогирдаш ҷойи ӯ беморонро ташхис мекунад. Аз ҷавони хилъатпуши дигаре, ки он ҷо ҳузур дошт, суол кардам: Магар мутахассиси иронӣ ҳузур надорад? Ӯ бо ишора ба ҷавони иронӣ гуфт, ки ин кас беморонро ташхис мекунад. Бо изҳори тааҷҷуб гуфтам, ки дар торнамои бемористон каси дигаре муаррафӣ мешуд, ки ба бемористон меояд ва мо низ барои ҳамин беморро сабти ном кардем. Магар доктор Мусавибаҳор ташриф наовардаанд? Ҷавон изҳори бехабарӣ кард.  Пизишки ҷавон, ки шояд барои аввалин бор ба Тоҷикистон омада буд, чандон мутаваҷҷеҳи ҳарф задани мо намешуд ва суоломез ба ду дӯсти ҷавони тоҷикаш менигарист. «Изои бандаи муъмин ҳаром» гуфта, нахостам, ки меҳмонро дар ҳолати ногувор бимонам. Хуб, гуфтаму аз таърихи бемории духтарамон қисса кардам. Пизишки иронӣ, истилоҳоти тиббии марбут ба беморро, мутаваҷҷеҳ намешуд ва аз дӯстони тоҷикаш мепурсид, барои осон кардани кори ду мутахасиси ҷавони тоҷик, худам истилоҳҳоро шарҳ додам. Ҳанӯз мутахасиси ҷавони иронӣ сарфаҳми бемории мо нарафта, яке аз ҷавонони чолоки тоҷик аллакай коғази марбут ба беморро бо қалам сиёҳ карда чизе навишт. Ин ҳангом доктор Аминов, ки қаблан духтарамро табобат карда буд, вориди утоқи духутур шуд. Ӯ моро шинохт. Бо хиҷолат гуфтам, ки доктор, дубора бемории маризатон хуруҷ карду хостем, мутахассиси варзида ӯро муолиҷа кунад, ки ба якборагӣ аз ранҷи ин дардҳо халос шавем. Доктор Аминов бо хоксории тоҷикона гуфт, ки каме бе эҳтиётӣ боиси дубора сар задани ин маризӣ мешавад. Ин ҳангом буд, ки духтурони ҷавон коғазро ба дастамон додаву раҳнамоӣ карданд, ки бояд анализ супорем. Аз утоқи пизишк берун шудам, аз бонуи раҳбалад пурсидам, ки барои шикоят бояд ба куҷо муроҷиат кунам? Ба назди бахши маълумотдиҳӣ раҳнамоӣ кард, кормандони бахши раҳнамоӣ як шумораи телефони болои сарашонро нишон доданду гуфтанд бо ин шумора тамос бигиред. Гуфтам, ҳоло ки то ин ҷо омадам, утоқи корашон куҷост? Яке гуфт: 7-ум ошёна! Дар ошёна 7 дари чандеро кӯбидам, ки кассе ҳузур надошт. Ночор ба дафтари кормандони техникӣ рафтам. Суол кардам, ки онҳо иттилоъро аз куҷо мегиранд, ки дар торнамо ба ҷойи акси яке пизишк акси дигар пизишк нашр шудааст?! Онҳо моро ба назди бону Манзура раҳнамоӣ карданд, ки масъули маълумот он касс ҳастанд. Бону Манзура чун арзи моро шунид, шӯриду бо забони омехтаи русиву тоҷикӣ аз мо пурсид: Кӣ шуморо ба назди ман фиристод?! Гуфтам, ки аз ин дар ба он дар аз ин сӯ ба он сӯ бо раҳнамоии кормандони шумо то ин ҷо расидам. Ман фақат тавзеҳ мехоҳам, ки чаро Бемористони Ибни Сино тариқи торнамо ва фейсбук аз омадани доктор Мусавибаҳор хабар медиҳад, дар ҳоле ки доктор ба Тоҷикистон наомадааст. Бонуи масъул бо худсафедкунӣ шарҳ медод, ки инҳо се нафар ҳастанд ва бо навбат ба Тоҷикистон меоянд. Гуфтам, бале, аммо ҳар се нафар, Мусавибаҳор нестанд, не!!!...
Бону ошуфта шуду аз пойин нигаҳбон ё намедонам навбатдорро хост. Ба ӯ амр кард, ки инҳоро то назди ман роҳ додед, худатон "разбираться" кунед.
Ҷавони хушмуомила, ки барои бори аввал медидамаш, мехост, ки ба мушкили мо расидагӣ кунад. Аз ин дар ба он дар сар мезад, то масъулеро пайдо кунад. Чун дидам, ки ҳич масъуле пайдо нест, пойин шудам. Ҷавон боз ҳам хост кумак кунад ва моро назди муовини раиси бемористон раҳнамоӣ кард. Интизор шудем. Аммо гуфтанд, ки бемор доранд. Болои дарашро нигаристам, ки Ёрии таъҷилӣ навишта шуда буд. Маълум аст, ки бо беморони оҷил кор мекунад ва кораш хеле муҳим аст.  Бемористонро тарк кардам.
Духтари беморамро, ки рангаш паридаву мадор надошт савори таксӣ карда, ба дармонгоҳ овардам, бон архи арзони арзон барои таҳлил хун супурдем, духтури оилавӣ моро бо чеҳраи кушод ва бидуни ҳеч маблағе ба ҳузур пазируфту беморро ҳолпурсӣ кард. Қиссаро бароят ҳикоят кардам. Хандаи маззадоре карду коғази навиштаи Бемористони Ибни Синоро хонда гуфт, ки ин «тоҷикӣ навишта шудааст –ку». Гуфтам, бале. Аммо ин тоҷикии одӣ нест, 121 сомонӣ арзиш дорад. Доктор тааҷҷуб кард.
Албатта ҷойи тааҷҷуб дорад. На танҳо барои ин доктор, балки барои ҳама бояд ҷойи тааҷҷуб дошта бошад. Чаро бояд пазироии як бемор аз суи як шогирди доктори иронӣ 121 сомонӣ арзиш дошта бошаду духтурони солиёни зиёд заҳматкашидаи тоҷик бо маоши хеле ночиз беморонро муолиҷа кунанд?! Вақте як мутахассиси варзида аз хориҷ меояд, ҷойи баҳс надорад, харҷи роҳ дорад, иқомат ва ҳоказо. Аммо ин набояд ба он маънӣ бошад, ки ҳар касе аз Ирон буланд шавад ва бихоҳад биёяд Тоҷикистон, аз кисаи бемори тоҷик харҷаш пардохт бишавад. Дар нархномаи Бемористони Ибни Сино омадааст, ки хидматрасонии профессор 121 сомонӣ арзиш дорад. Вале ҳич ҷое пайдо накардам, ки шогирди профессор ҳам бояд 121 сомонӣ арзиш дошта бошад.
 
 А. Мирзо

 

 

 

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97