Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Дидор дар ғурбат

Иҷтимоъ 03.08.2015 13:45

Didor

       

       Дар меҳмонхонаи «Ориёно» дар Кобул мезистем. Як рӯз баъди маҷлисҳо ба меҳмонхона омадам, ки навбатдор номаеро бароям дод: «… Бегоҳӣ ба хона биё, суҳбат мекунем. Иброҳим Усмонов.»

Ростӣ хело хиҷолат шудам, хабар доштам, ки дӯстам дар Афғонистон аст, вале дар куҷост, дақиқ намедонистам. Аҷиб ин ки мо қариб 15 сол боз шинос будем, таҳсиламон дар Маскав бо дидору суҳбатҳои мунтазам гузашт. Ӯ аспиранти Универститети ба номи Ломоносов буд. Дар мавзӯи таърихи матбуоти тоҷик диссертатсия менавишт. Маҳз бо тавсияи ӯ ба мутолиаи матбуоти солҳои сиюм машғул шуда будам. Ҳоло медидам, ки ҳамон мутолиаи ман беҳуда набудааст.

Дар Афғонистон ҳамаи хаттоҳое такрор мешуданд, ки солҳои сиюм дар ҳаёти комсомол содир шуда буданд. Аз ҷумла дурӣ ҷустан аз руҳониён ва масҷид, гоҳҳо беэҳтиромӣ нисбат ба онҳо, «рӯмолсурхакон»- и Шӯравӣ (красно-косиночки), албатта дар шакли дигар, ин ҷо низ вуҷуд доштанд, такрор мешуданд.

Дилам мехост, ки ӯро ҳарчӣ зудтар бубинам. Мулоқотҳову корҳои ҳамонрӯзаро ба вақти дигар гузошта, сӯи хонаи Иброҳим Кенҷаевич раҳсипор гаштам. Сайфулло бо дили нохоҳам маро ҳамроҳӣ мекард. Ин мулоқоти маро ба вақти дигар гузаронидан мехост…

Вай дар биное зиндагӣ мекард, ки тамоман нав буд ва нисфи бошандагонаш шӯравиҳо, муаллимони донишгоҳи Кобул буданд. Ӯ низ. Хонаи ӯ дар яке аз блокҳои микрорайони нав дар табақаи сеюм қарор дошт. Хона бӯи Тоҷикистон мекард. Ӯ моро дар дами дар пешвоз гирифт, аз бӯйкашии ҳавои хона рамӯз гирифта гуфт: – Ин мардум палави тоҷикии моро «қобилӣ» меноманд. Онро хуб ҳам мепазанд, сирф тоҷикона. Вале хонагиҳои мо фикр карданд, ки мазаи палови Душанбе дигар аст.

Он рӯз мо дӯстони дерин дуру дароз суҳбат кардем, мавзуъҳои гуфтанию нотамом зиёд доштем. Вақте суҳбати мо рӯи шахсиятҳои сиёсии Афғонистон омад, Сайфулло аввал бепарвоёна ва баъдтар хеле ҷиддӣ диққат кард, ҳатто барои дақиқ кардани андешаҳову лаҳзаҳо ба саволу луқмаҳо ба суҳбат шарик мешуд. Зеро баъзе гапҳое буданд, ки гарчи ӯ ҳамроҳи ман дар вилоятҳо аз забони афғонистониҳо шунида буд, нобоварона гӯш мекард ва иғроқ меномид. Акнун эҳсос мекард, ки гапи кӯча ва чойхона не, балки ҳақиқати воқеии Афғонистон будааст.

Аз даҳони ман баромад, ки бисёри онҳоеро, ки дар Тоҷикистон таҳсил карданд, дар Афғонистон мансаб надоданд, баъзеашонро ҳатто ҷосус хонда ба зиндони Пули Чархӣ андохтанд ва як қисматашонро дар чархболу ҳавопаймоҳои низомӣ савор карда, дар болои куҳу пушта «кориданд». Шунидам, ки аслан исёни Аҳмадшоҳи Масъуд аз ҳамин ноҳақиҳо сарчашма мегирад.

                Иброҳим ҷиддӣ ва оромона гуфт: – Намедонам ҷангу қиёми Аҳмадшоҳ то кадом андоза ангезаи милливу қавмӣ дорад, аммо он қисмати сухани Шуморо нисбати давраи Ҳукумати Таракӣ ва Амин дар моҳи майи соли 1979 то декабри ҳамон сол нисбати тоҷикони Афғонистон, аз ҷумла афғонистониҳои дар Тоҷикистон таҳсилдида, ман ҳам шунидаам. Ҳатто шахсони баландмартабаву амалдор гуфтанд, ки Амин аз Ҳукумати Шӯравӣ хоҳиш мекард, ки ба Афғонистон тарҷумони даризабон не, балки паштузабон фиристад. Муҳассилини афғонистонӣ, ки ба Шӯравӣ барои таҳсил меоянд, дар Тоҷикистон не, дар Ҷумҳуриҳои дигар таҳсил кунанд.

– Амалдорон гуфта,  киҳоро дар назар доред, дар кадом сатҳ?

– Ёд дорӣ, Наврӯзи соли 1975- ро дар Маскав. Сари дастурхони мо ду ҷавон ва як духтар омада буданд, ки мову Шумо баъдтар ҳам бо онҳо вохӯрдем. Чеҳраҳояшон ба ёдатон мондааст?

-– Маҳмудро ду бор дидам, ба фикрам ӯ ҳам маро шинохт.

–  Ҳо, Маҳмуд  яке аз онҳо буд, ки имрӯз узви бюрои сиёсии Ҳизби халқӣ демократии Афғонистон (ҲХДА) ва додари Бабрак Кормал аст. Он хонум Ҷамила, ҳамсари вай ва духтари Аноҳита Ратибзод аст. Аммо ман зиёдтар ба сеюмашон доктор Ҳайдари Масъуд, ки замони аспирантии мо дар як факултет будем, вомехӯрем. Ӯ низ чеҳраи муҳими сиёсӣ, номзад ба аъзогии бюрои ҲХДА ва Вазири радиову телевизиони Афғонистон аст. Вай ба факултети мо- улуми  иҷтимоӣ бисёр кумак мерасонд. Ҳатто чун Раиси Иттифоқи журналистони Афғонистон маро ба узвияти фахрии ин иттиҳодия қабул кард. Моҳе ду-се бор вомехӯрем.         

– Муаллим, ҳеҷ гумон намекардам, ки Шумо дар ин мавзуҳо, махсусан худшиносии миллӣ ин қадар ҷиддӣ машғул шуда бошед. Ҳатман баъди сафаратон ба ин кишвар таваҷуҳатон бештар шуд,- гуфт Сайфулло.

– Не, хушбахтона ин касал маро аз бачагӣ ёр аст, хона, мактабу донишгоҳ, хулоса ҳама роҳ,- гуфт Усмонов. Баъд ба сӯи ман нигоҳ карда суханашро давом дод:

– Ҳадди ақал бо ин домулло, 15 сол боз дар ҳар вохӯрӣ дар ин мавзӯъ суҳбат мекунем. Узр, ки имрӯз навбати сухан ба шумо нарасид, ҳатман гуфтании зиёде доштед. Охир, Шумо нависанда- инженери руҳи одамизод. Аммо чун бо Саидҷалол бештар аз як сол боз во нахӯрда будем, дилҳо пур шуданд аз гап, ногуфтаҳо зиёд монда буданд. Дар суҳбатҳои оянда иншоалоҳҳ шуморо шарик бигирем.

 Ман ҳам тасдиқ кардам.

– Ҳамдигарро хуб медонистаед, маълум, ки эҳтироми якдигарро  қоилед.

Баъди дидору суҳбати 4-5 соата бо дӯсти қарин вақтам хуш шуда буд. Он кас моро то роҳи калон гусел кард. Намедонам чаро, вале ҳар вақт, ки бо Иброҳим менишастам, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ ба ёдам меомаду маҳфилҳои адабие, ки ӯ дар ин китоб қисса мекунад. Гӯё мо ду тан дар ҳамон гуна маҳфилҳо нишастаем, дигарон гӯш медиҳанду мо сӯҳбат мекунем. Ҳоло дар сари пирӣ фикр мекунам, ки дар ҳақиқат суҳбатҳои мо доим хосаанд. Баҳс нест, муколама низ. Шояд жанри нави гуфтугӯе бошад, ки номашро ҳанӯз намедонам. Вале бо як нишасте монанд аст. Мардуми Ӯротеппа маҳфиле доранд, ба номи «Гап». Ҳар касе фикре дорад, баён мекунад, гӯш мекунад. То маҳфили дигар ҳар кас андешаашро ҷамъбаст ва нав мекунад. Мо низ. Аз ин рӯ сару садову хафагӣ рӯх намедиҳад.

Он рӯз суҳбат ба самте рафт, ки ман мушовири созмони ҷавонони Афғонистон дар хусуси ташаккули самти нави фаъолияти ҷавонон дар маҳалҳо, амалҳои неку бад дар ин бобат сухан гуфтам. Орзу намудам, ки мехоҳам ҳама чизи неки ҷавонони Тоҷикистон ин ҷо бошаду камбудиҳои мо такрор нашаванд. Гуфтам, албатта мо барои руҳияи ягонагии халқи Афғонистон меҳнат мекунем, демократияи онро ҳимоя менамоем, аммо албатта халқи ҳамзабони худро эҳтиёт мекунем. Он рӯз ҳамфикр будем, ки: Инқилоби Саври Афғонистон ба манфиати бедорӣ ва худшиносии ҳаммилатони Афғонистониамон замина ба миён овард, дар айни вақт бо таъсири тоҷикон, ки дар он ҷо кор мекунанд, тозашавии забони матбуоти Тоҷикистон низ оғоз ёфт.

Дар Афғонистон будани мо муҳим аст. Медонед, ман аз шогирдонам фаҳмидам, ки пештар ба эҳсоияи Афғонистон ҳиротиҳо ҳамчун тоҷик не, балки чун «ҳиротӣ» ё «форс» дохил мешуданд. Шукри худо, акнун аз тоҷик будани худ  ифтихор доранд…

Раҳораҳ дар бораи маҷлиси имрӯза фикр мекардам. Чи гуфтем, чӣ монд нагуфта, саҳве аз ман гузашт, суханҳои навтарини Иброҳимҷон кадомҳо буданд?

Вақте ки ба меҳмонхона расидему ба рӯи катҳо дароз кашидем, Сайфулло гуфт:

– Олӣ, беҳтарин корро карданд, устод Иброҳим Кенҷаевич, дар кафедраи журналистикаи мо ба забони тоҷикӣ ягон адабиёт нест. Донишҷӯён аз китобҳои русӣ истифода мебаранд. Ҳаминҳоро ҳадди ақал бо ҳарфҳои кирилӣ чоп кунанд, барои донишҷӯёни мо беҳтарин кор мешавад.

– О, Иброҳим худаш гуфт, ки ин ду ҷилд китоб асосан аз лексияҳои дарсии мананд, бо мисолҳо ва вақту шароити имрӯзаи Афғонистон. Онҳо наметавонанд барои донишҷӯи тоҷик китоби дарсӣ бошанд. Ҳамин гуна лексияҳо дар Университети худамон ҳаст, онҳоро гирифта дар шакли китоб чоп кардан беҳтар аст.

– Дар донишгоҳи онҳо талабот аз мо дида сахттар аст, чоп кунанд, ба фоида аст.

– Оре, ба фоида аст, барои муқоиса ва чун адабиёти иловагӣ, на китоби дарсӣ.

– Ба ҳар ҳол ин ҷо олим қадр доштааст, дар Тоҷикистон барои чоп кардани як китоб кас хуни ҷигар мешавад.

– Ин гапи дигар. Оре, ҳатто дар матбааҳои донишгоҳ ба ҷои монографияҳои худ ҳамин гуна китоби дарсӣ чоп кунанд, ба фоида бештар аст. Касе ба илм сару кор дорад, монографияро рафта дар Китобхонаи марказӣ ҳам меёбад.  

– Баъзе устодони мо соатҳо лексияҳои пучу бемағзи худро дикта мекунанд, ки бефоида аст. Чаро дар ин бора ман боре ҷиддӣ фикр накардаам,- сарашро хорида гуфт Сайфулло. Дар як сол студент 14-15 фан мехонад ва имтиҳон месупорад. Хуб фарз кардем 20 предмет, яъне 20 китоб. Ин гуна китобҳо аз як- якуним рубл бештар қиммат надоранд, бигузор 2 с.м. Дар як сол ин маблағ ҳангуфт нест, донишҷӯ албатта хариддорӣ мекунад.

– Дуруст аст, - гуфтам ба Сайфулло, – вале касе моро гӯш намекунад. Хулосаи Усмонов аз мушоҳидаҳояш бароям ҷолиб буд: «Саъю талоши донишҷӯёни Афғонистон аз мо дида бештар аст. Худашонро заҳмат медиҳанд.»

– Дар мо ҳам донишҷӯёни заҳматкаш кам нестанд. Вале бо айби тағобозӣ ба ҷои бачаҳои лаёқатманд «бачаҳои худӣ»-ро мепазиранд, ба ихтисосҳои ҳуқуқ, журналистика ва шарқшиносӣ асосан хешбачаҳои «калонҳо» дохил мешаванд…

Ин мавзӯи баҳси доимӣ буд, барои ҳамин чашмонамро пӯшида тайёрии хобро дидам, зуд хобам бурд.

Бо Иброҳим чанд бори дигар вохӯрдем, суҳбатҳоямон тӯлонӣ буд. Дар ин 5-6 моҳ андешаҳои ман дар бораи мардуми Афғонистон дигар шуда буд. Медидам, ки ӯ дар ин бора аз ман фарсахҳо пеш рафтааст.

– Дар байни намояндагони ҳамаи халқҳо одамони баду нек ҳастанд. Ин ҷо як чизро ҳатман бояд ба назар бигирем, ки мардуми нохонда бисёртаранд, аксарият имконияти хондан надоранд. Вале агар пушти коре рафт, таҳсилоташро хело боло мебарад. Ҳамон профессионализме, ки мо мегӯем, дар инҳо болотар аст.

                Дӯсти ман ба Кобул бо тавсияи Донишгоҳи ба номи Ломоносови шаҳри Маскав рафта буд ва чанд кори некро анҷом дод, ки баъзеашро аз худаш, дигарашро аз ҳамкорони тоҷику афғонаш шунидаам. Ӯ барои донишҷӯён китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ навишт. Калимаи «жанр»-ро нафақат шогирдон, балки устодони кафедра низ аз ӯ шуниданд. Вале ҳамроҳи устодони кафедра китоби «Жанрҳои васоили иртиботи ҳамагонӣ»- ро чоп кард. Ба барномаи таълим таҷрибаомӯзиро дохил карда, бо истифодаи он ки ҳамкурси давраи аспирантиаш доктор Ҳайдари Масъуд, номзад ба узви бюрои сиёсии ҲХДА, Раиси радио ва телевизиони Афғонистон буд, омӯзиши амалии донишҷӯёнро дар редаксияҳо ба роҳ монд. Бо мудири кафедра   профессор Козими Оҳанг, устоди ҷавони Донишгоҳ- шогирдаш Довуди /умбиш хатти тоҷикиро ёд дода буд. Ба донишҷӯён ду китоби тоҷикӣ «Одина»-и  Устод Айнӣ ва «Гирдоб»- и Абдумалик Баҳориро чун намунаи ду давраи адабиёти тоҷик омӯзонд. 

                Кори хело муҳиме, ки вай иштирок кард, баргардонии китоби устод Бобоҷон Ғафуров ба алифбои дарӣ буд. Китоби алломаро ба Кобул академик Муҳаммад  Осимӣ оварда, барои баргардонӣ ба К. Олимов, ки дар гуруҳи тарҷумонҳои Шӯрои Инқилоб кор мекард ва Иброҳим  Усмонов  супурда буд. Онҳо бо маслиҳат баргардонроба дӯши профессори донишгоҳи Кобул Ҷалолиддин Сидиқӣ, ки донишманди бузурги таърих буд, тоҷик ва тоҷикпарасти шинохташудае мансуб мешуд, супурданд. Аммо Сидиқӣ хати тоҷикиро намедонист (баъдтар омӯхт), бинобар ин тарҷумони муаллимони Шӯравӣ Равшан Раҳмоновро вобаста карданд, ки ӯ матнро хонаду Сидиқӣ нависад. Китоб ҳамин хел тайёр шуд ва онро дар матбааи донишгоҳи Кобул бо ҳамкории устодон ва шогирдони кафедраи журналистика ва ҳатто факултаҳои дигар, чоп карданд.

                Ман чизи дигарро ёд меорам. Чанд нафар аз шогирдони факултети журналистикаи Донишгоҳи Кобул дар рӯзномаи «Дарафши ҷавонон» таҷриба меомӯхтанд. Ман аз рӯи зарурияти кориам чанд бор ба ин редаксия рафтам. Боре чун диданд, ки ман мушовири тоҷикистониям, омаданд, аҳволпурсӣ карданд ва дар бораи устод Усмонуф бо самимият ва эҳтироми хоса сухан мегуфтанд. Шод мешудам. То ин вақт агар сухан дар бораи маданият (култур) равад, Меҳрубон Назаровро ба ёд меоварданд, агар дар бораи таъриху сиёсат дар Афғонистон сухан оғоз гардад, аз Ҳақназар Назаров ёд мешуд. Дар бораи Савлатшоҳ Мерганов ва Маҳмадулло Лутфуллоев низ ба некӣ ном мебурданд. Дар вақтҳои охир шермардиву ҷасурии мушовири Бабрак Кормал дар Шӯрои Инқилобӣ Султон Раҷабовро ба гуруҳи тоҷикони бонуфӯз дар Афғонистон дохил карда будем, акнун ба ин рӯйхат Иброҳим Усмонов ворид мешуд.

                Баъдҳо шунидам, ки аксарияти шогирдони устод дар матбуоту воситаҳои ахбори ҷаҳонӣ кор мекунанд, барои кор ба кишварҳои хориҷӣ фиристода ё даъват шудаанд. Гап дар бораи устодон равад, муаллими Иброҳимро ба ёд меоранд. Ман аз дӯстам шунидам, ки иддае аз онҳо дар радиоҳои «Би-Би-Сӣ» ва «Озодӣ» кор мекунанд, дар Кобул дарс медиҳанд.

                Аз суҳбату воқеаҳое, ки инҷо овардам бештар аз 30 сол гузашт. Бо овардани онҳо гуфтаниям, ки сиву чанд сол пеш мо  на танҳо мактабу маориф ва илму фарҳанги худро обод кардем, балки ба бародарони афғонистониямон низ дасти дӯстӣ дароз кардем. Шӯравӣ ба Афғонистон танҳо «одамкушӣ» нарафт, тавре имрӯз баъзеҳо мегӯянду менависанд. Балки мардуми зиёде, аз ҷумла ҳазорҳо муаллим, духтур, кормандони давлатӣ, муҳандис, агроном, кормандони мақомоти қудратӣ, эҷодкорон, ки тарҷумонӣ мекарданд, ба кишвари дӯст ва ҳамзабон бо меҳри дил, бо нияти нек рафта буданду софдилона кор карданд.

         Ифтихор мекунам, ки дар байни онҳо ман ва дӯстам Иброҳим низ будем. Мо дар Афғонистону афғонистониҳо акси ҷамоли ватану миллати худ Тоҷикистону тоҷикистониҳоро медидем.

Бояд гӯям, ки вай чанд сол дар Кобул кору зиндагӣ кард, баъдтар борҳо ба Ирон ҳам рафтанд, аммо гуфтораш ва вожаҳои истифода мебурдааш, форсӣ ё дарӣ нашуданд, тоҷикӣ монданд.

Саидҷалол Саидов, узви ИНТ ва ИЖТ

 

 

 

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97