НЕКУ БАДИ "ТОРТАНАКХОНАИ ҶАҲОНӢ"

Иҷтимоъ 06.02.2015 09:29

(ё муруре кутаҳу иҷмолӣ ба шабакаи "Фейсбук" дар соле, ки гузашт)

"Агар бихоҳӣ, ки ҷаҳон тағйир биёбад - худатро тағйир бидеҳ." 

(Мҳатма Ганди)

Tortanakhoi jahoniСолҳои 50-уми қарни гузашта. Дар синфи чор ё панҷ мехондам. Зодгоҳи ман як минтақаи кӯҳистонии дурдасттарини Тоҷикистон воқеъ дар доманаи кӯҳ аст, ки он солҳо дар он ҷо на аз барқу на аз ягон васоили иртиботӣ дараке набуд. Як писарамакам дар шаҳри Ленинакани Арманистон хидмати аскарии сесола мекард. Ва ман ҳамеша барояш нома менавиштам. Вай низ ҳамон номаи маро дар ҳошияҳояш бо қалами сурх чанд баҳои "5" нависонда, бароям пас мефиристод. Ин "амалиёт", яъне дарёфти нома аз вай ва гирифтани  номаи ман аз тарафи ӯ бештар аз як моҳ тӯл мекашид. Ва бароям як дилхушие буд…

Аммо акнун… имрӯз дар они воҳид метавонӣ ба ҳар гӯшаи ҷаҳон нома бифиристӣ, иртибот барқарор намоӣ ва муошират бикунӣ… Зеро Интернет ба ҳар дару ба ҳар дарвозаю ҳар хона ворид шудааст ва бидуни он дигар ҳаёти муосирро наметавон тасаввур кард… Дастрасии осон ба Интернет, озод будани шахс дар изҳори назар ва аз ҳар гуна назорати ҳокимият ё шахси дигар озод будан, истифодаи  онро хеле ҷолиб сохтааст…

Тибқи баъзе омор, имрӯз аз ҷумлаи беш аз 8 миллион аҳолии Тоҷикистон, 2 миллион нафари онон аз Интернет истифода мебаранд. Ҳамчунин, 6 миллион нафари соҳиби телефони ҳамроҳ, имконият доранд, ки бо Интернет пайваст шаванд…

Аввалин интиқоли маълумот тавассути шабакаи компютерӣ дар соли 1969 сурат гирифта буд. Профессори Донишгоҳи Лос-Аҷелес ҳамроҳи донишҷӯёни худ кӯшиш карданд калимаи "login" - ро интиқол диҳанд. Онҳо фақат ду ҳарфи  аввалро  тавонистанд интиқол диҳанд. Ва чун ҳарфи G - ро чоп карданд, дастгоҳи онҳо аз кор монд, бо вуҷуди ин инқилоби иттилоотӣ дар ҳамон сол рух дод. Аммо рӯзи "таваллуди" Интернетро расман 12 марти соли 1989 ҳисоб мекунанд.

Ин ки имрӯз масалан, баъзеҳо иддаъо мекунанд, ки фақат "бекорхӯҷаҳо" соатҳоро дар Интернет мегузаронанд ё иддае мегӯянд, ки "магар Рамзан Қодиров кори дигар надорад, ки ба воситаи Интернет шахсеро табрик мекунад ё ба номаи шахсе ҷавоб медиҳад ё дар бораи чизе ибрози назар мекунад", аслан даъвои беасосу бепоя аст. Гоҳҳо шабакаи телевизиони "Грозний" - ро тамошо мекунам ва яқин ҳосил кардам, ки Р. Қодиров чи гуна шахси серкору боғайрату усулӣ аст, мудофеи асили манфиати миллату ватани худ аст, ҳамеша байни мардум аст, муҳофизи воқеии дини мубини ислом дар диёри худ аст, - албатта, исломи асил, исломи Муҳаммадӣ (С), - на исломи толибию ДИИШ-ӣ. Ва ин ки ӯ аз Интернет истифода мебарад, гувоҳи шахсияти муосиру даврони худ ва бофарҳанг будани ӯ аст, на "бекор" будани вай… Ё бисёр давлатмардон имрӯз сомонаи худро доранд ва бо мардуми худ муошират мекунанд ва бад ин васила, "тапиши набзи ҷомеаи" худ ва афкори мардуми хешро эҳсос мекунанд ва мефаҳманд… Дар кишварҳои ИМА, Британия ва Эстония ҳатто дар интихоботи маҳаллӣ ва порлумонӣ истифода бурдани раъйдиҳӣ имтиҳон карда мешавад…

Касби маълумоти зарурӣ ва дониш тавассути Интернет албатта, ба ҳама маълум аст…

Ва ин чиз ҳам муҳим аст, ки солҳои охир дар баробари ҷавонон бисёр солмандон низ ба Интернет мароқ зоҳир мекунанд… Аз таҷрибаи узвиятам дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" метавонам бидуни муболиға натиҷагирӣ кунам, ки таъсири мусбату созандаи узвияти шахсони саршиносу маъруфу коршинос дар ин шабака эҳсос мешавад. Аз матолибе, ки онҳо мегунҷонанд, ҳазорон ҳазор нафар дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон баҳраи мусбат мегиранд. Ба таври мушаххас мисол меорам: Коршинос Марям Давлатова дар баробари таблиғи шеъру адабиёт, роҷеъ ба ҷанбаҳои равонии таъсири Интернет ба ҷавонон, дар бораи суду зиёни он ва дигар масоилу мушкилоти иҷтимоӣ-равонӣ матолиби хеле ҷолибу пурарзишро ба нашр мерасонанд ва аз "лайкгузори" - и хонандагон маълум аст, ки садҳо нафар матолиби ин шахсиятро мехонанду меписанданд. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Шералӣ Абдулқайсов ҳунари театрӣ ва заҳмати ҳунармандонро таблиғу ташвиқ мекунанд. Олиму забоншиноси варзида Устод Рустам Ваҳҳоб ҳазору як иштибоҳи забонии моро ислоҳ мекунанд. Шоирону шеършиносону шеърдонону шеърдӯстон - Кибриё Аҳророва, Шаҳрияи Аҳтамзод, Адиба Мирзоева, Адибаи Азиз, Исфандиёри Назар, Толиб Озарахш, Султон Ҳамад, Мағфират Юсуфӣ, Маликаи Аваз, Аъзам Хуҷаста, Илҳоми Файз, Зарифмоҳ Додмамадова, Нисо Заидова, Розия Шарофиён, Нилуфар Азизова, Сабоҳат Сафарова, Беҳрӯз Забеҳулло, Назархудо Дастамбӯев, Рустам Сорбон, Фирдавс Мадёев ва садҳо даҳҳо дигарон бемуболиға, дар ташаккули қобилияти адабиётдӯстиву шеърдонию шеърфаҳмӣ ва тарбияи маънавии ҳазорон нафар ҷавонон саҳмгузранд. Олимону шоирону коршиносон Абдуқодир Алавӣ, Умед Ҷайҳонӣ, Додхудо Бахтдавлатов, Бону Парвозова, Мадина Одилова, Гули Мурод ва садҳо дигарон аз Русия, Равшан Темуриён аз Канада, Қодиршои Мурувват аз Қирғизистон ва садҳо дигарон аз мушкилоту кору бори худу муҳоҷирон сухан мегӯянд ва бо ҳазорон ҳамдиёрони худ муошират мекунанд. Мирзошо Ватаншоев ин суханони Ҳазрати Паёмбар (С): "Ватан аз гӯшаи имон аст…" - ро шиори гурӯҳи таъсисдодаи худ қарор дода, дар ин саҳифа, ки ҳоло 1658 узв дорад, меҳр ба Ватан, ба диёру зодгоҳ ба мардуму халқи худро талқин мекунад ва мехоҳад бадин васила андаке ҳам бошад ба ҳаммиҳанони дуруфтода гармию навозиши Меҳаниро бифиристад…  Магар бад аст ҳамаи ин??!!!!

Албатта, Интернет мисли ҳар падидаи дигар, ҷанбаҳои манфиро низ ба ҳамроҳ дорад. Охир, масалан, шамшери дудама дар дасти ҷанговар василаи муҳофизатӣ ва мубориза бо душман аст, вале дар дасти кӯдак ё золиме хислати дигар пайдо мекунад!  Ва инҷо боз ҳамон қоидаи умумии зиндагӣ роиҷ аст, ки дар ҳар кор маърифати инсон, тарбияи инсон, фарҳанги инсон ва ба ифроту зиёдаравӣ роҳ надодан муҳим аст, зеро ба қавли мутафаккире "Ҳама бадбахтии инсон на аз норасоӣ, балки аз ифрот аст". Шахси бомаърифату бофарҳанг Интернетро барои кори хайру муфид истифода мебарад, нохалафу ифротӣ барои иғвоангезию шӯрандозии одамон.

Гурӯҳҳои ифротиву террористӣ низ гарчи хислати инсонӣ надоранд, вале аз кашфиёти бузурги мағзи Инсон - Интернет хеле моҳирона истифода мебаранд. Аммо ин ҷо ҳам боз ҳамон маърифату донишу заковати ҳар як шахс бакор меояд. Масалан, ман сад дар сад итминон дорам, он ҷавонони тоҷик, ки ба Ироқу Сурия рафта, ба  гурӯҳи ифротии ДИИШ пайвастаанд ва даргири  ҷангу қатлу кушторанд, агар бо матолиби дар сомонаи ин гурӯҳ  паҳншуда ошно мебуданд ва бо "тафаккур" - и ин гурӯҳакҳо шинос мебуданд, ҳеҷ гоҳ ба он намепайвастанд.

Ба таври мисол, як коршиноси огоҳ бо истинод ба сомонаи ДИИШ  навишта буд, ки ба ақидаи ин гурӯҳ, ҳар кас аз имомони чаҳоргонаи аҳли суннат пайравӣ кунад ва аз онҳо тақлид намояд, кофири мушрик ба шумор меравад. Яъне аз рӯи "фикр"- и онҳо,  99 дар сад аҳолии Тоҷикистон, ки аз мазҳаби Имом Абӯҳанифа пайравӣ мекунанд, "кофаранд" ва "рехтани хуни онҳо, хӯрдани моли онҳо, ҷудоӣ миёни онону ҳамсару фарзандон, ҳаққи робита надоштан бо дигар мусулмонон, мерос набурдан аз мусулмонон ва ба ҷой нагузоштани ирс барои онон, маҳрум шудан аз ҳаққи роҳбарӣ бар мусулмонон, ғуслу кафан накардани онҳо ҳангоми марг, нахондани ҷаноза бар онон,  дар гӯристони мусулмонон дафн накардани онҳо воҷиб аст..."

Аъзои ин гурӯҳи ифротӣ тавбаро қабул накарда, мегӯянд, ки "агар тавба кунӣ, Худованд дар қиёмат туро мебахшад, аммо вазифаи ман куштани ту аст". Инсони такфиршуда чӣ баъд аз такфир тавба кунад ва ё накунад, қатли ӯ воҷиб аст ва бозмондагонаш ҳам ғулом мешаванд ва аз тамоми ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум мегарданд.

Агар як масеҳӣ гирифтори гурӯҳҳои тундраву такфирие монанди ДИИШ шавад, ин имконро дорад, ки иқрор ба шаҳодатайн кунаду мусулмон шавад ва агар қабул ҳам накунаду ҷизя медиҳаду зинда мемонад. Аммо мусулмони такфиршуда чунин имтиёзеро надорад. Бинобар ин, дар "тафаккурашон" куштани пайравони тамоми ҷараёнҳои мусулмони мухолиф бо онҳо,  ҷузъи ҳадафҳои асосиашон аст..."

Пас кадом тоҷики андаке бомаърифату огоҳ аз дини худ ба чунин гурӯҳ мепайвандад??!! ...

Ин буд, муруре кутаҳу иҷмолӣ ба хайру шарри "Тортанакхонаи ҷаҳонӣ"....

Мирзошо ВАТАНШО

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97