Рустам Латифзода: Деҳотиён ва кишоварзон ба мо эътимод доранд

Иҷтимоъ 03.02.2015 10:34

(Мусоҳибаи Алии Маҷид бо раиси навинтихобшудаи ҲАТ Рустам Латифзода)

Rustam Latifzoda-Дар оғоз Шуморо барои ба мансаби раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) таъин шуданатон табрик мегӯем. Шояд хонандагон ҳизби Шуморо шиносанд, аммо аз оғози фаъолият ё таърихи он маълумот надошта бошанд, дар ин бора мегуфтед?

-Ташаккур. Ин албатта масъулияти ниҳоят баланд аст ва меҳнати садчандро талаб менамояд. Ин боварии бузурги Анҷуман буд ва ман бо такя ба КМ ва ҳар як аъзои фаъоли ҳизб тамоми донишу малакаи худро барои сазовор гаштан ба ин боварӣ равона хоҳам кард. Дар таъсиси ҲАТ саҳми устоди бузург, академик Амир Буриевич Қарақулов, илоҳо руҳашон шод ва ҷояшон ҷаннат бошад, беандоза аст. Мо гурӯҳи ташаббускорон аз оғози соли 2005 дар андешаи таъсиси чунин як ҳизбе, ки бештар манфиати кишоварзон ва мардуми деҳотро пуштибон бошад, шудем. Албатта корҳои ташкилии зиёде анҷом додем ва таъдоди аъзо-тарафдорони мо аз 1200 гузашт. Аввали моҳи сентябри ҳамон сол, баъди омода шудани лоиҳаи Оиннома ва Барномаи ҳизб, дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи ташаббускор қарор кардем, ки 1 октябри соли 2005 Нахустанҷумани ҲАТ даъват карда шавад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Баъдан, аниқтараш 15 ноябри соли 2005 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ҳизб аз қайди давлатӣ гузашт ва мо имконият пайдо кардем, ки ҳамчун ҳизби мустақил дар фазои сиёсии кишвар пурра фаъолият намоем. Барои сайқал додани таҷриба ва пайдо кардани мақоми муайян дар фазои сиёсии кишвар мо алаккай соли 2006 дар интихоботи президентӣ, баъдан дар интихоботҳои миёнадаврӣ ба МН дар ҳавзаҳои алоҳида ширкат варзидем. Кормандон ва аъзои ҲАТ ба давлатҳои хориҷ сафарҳо карда, таҷрибаи ҳизбҳои фаъоли он давлатҳоро омӯхтанд. ҲАТ барои аъзо ва мардуми кишвар рӯзномаи худро бо номи "Меҳргон" таъсис дод. Натиҷаи меҳнати роҳбарият ва ҷонибдории мардуми кишвар буд, ки дар интихоботи МН МО ҶТ соли 2010 2 нафар намояндаи ҲАТ ба курсиҳои парламенти кишвар соҳиб гаштанд. Фикр мекунам дар зарфи 5 сол ин муваффақияти кам нест. Дар дастгоҳи КМ ҳизб имрӯз 13 нафар кор мекунанд, ки дар байни онҳо академикҳо, докторҳо ва номзадҳои илм, мутахассисон ва коршиносони таҷрибанок фаъолият менамоянд.

 

-ҲАТ дар вақҳои охир бештар фаъолияташро тарғибу ташвиқ карданист, оё ин коре дар арафаи интихоботи порлумони ҳаст?

-Ҳар як ҳизби сиёсӣ дар арафаи чунин чорабиниҳо ба монанди интихобот фаъолияти худро бо тарғиби мақсаду мароми барномавии худ бештар менамояд. Мо низ чизи наве ихтироъ накардаем ва дар арафаи маъракаи интихоботи воҳима ҳам намекунем. Албатта корҳои тарғиботиро дар чунин ҳангом бештар мекунем. Ин корро ҳама ҳизбҳо мекунанд, агар не мақоми худро бой медиҳанд. Имрӯз теъдоди аъзои Ҳизби аграрӣ ба 49 ҳазор нафар расидааст. Ин шумораи кам нест ва он дар як рӯз ба даст наомадааст. Имрӯз баъзеҳо шубҳа мекунанд, ки ин теъдод муболиға ҳаст. Аввал ин, ки дари дафтари ҳизб доимо боз аст ва касе шубҳае ба ин ё он масъалаи Ҳизби аграрӣ дорад, биёяд, мо маълумоте, ки мехоҳад, пешниҳод мекунем. ҲАТ мақсади наҷиб ва оддӣ дорад. Ҳизби мо ҳомии деҳқону деҳотиён ва ҳамаи онҳое мебошад, ки ба деҳот ва кишоварзӣ сару кор доранд ва ё сарнавишти деҳот ва соҳаи кишоварзӣ барояшон бегона нест. Мақсади асосии ҲАТ дар сиёсати давлат авлавият додан ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳ кардани шароити зиндагии мардуми деҳот арзёбӣ шудааст. Бо чунин нияту маром дар назди худ мақсад гузоштаем, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар саҳми худро гузорем.

-Шумо аз куҷо медонед, ки аксари кишоварзон ба Шумо эътимод доранд?

-Мо ба манотиқи гуногуни кишвар бисёр сафарҳо мекунем. Дар маҳалҳо кумитаҳои иҷроияи мо бо мардум ҳамкории зич дорад ва дар ҳама ғаму шодии онҳо шариканд. Масъалаҳое, ки мо дар байни мардум мебардорем, ё ин ки худи мардум ба мо арз мекунад, масъалаҳои оддӣ ва рӯзмарраи худи мардум ва кишоварзон мебошанд. Мо аз хости дили мардум гап мезанем. Бинобар ин эътимоди мардум пайдо мешавад, ва воқеист, ки аксари мардум бо мо ҳамақида ва ҳамфикр мешаванд. Супоридани ҳаққи аъзогии ҳизбӣ дар ҲАТ ихтиёрӣ аст. Албатта, шояд 5-10 ё 50 сомонӣ аъзоҳаққӣ дар як сол барои баъзан аъзои кишоварзи мо маблағи калон набошад, лекин мо намехоҳем, ки аъзои худро бо чунин ҷузъиёт вазифадор созем. Баръакс, мо худро дар назди аъзои қаторӣ ва ҳар як кишоварзи ҳамақидаи худ вазифадор ва масъул мешуморем, то кори ӯ босамартар ва зиндагиаш беҳтар шавад. Шояд ҳамин заминӣ ва ба дили мардум наздик будани мақсадҳои ҳизби мо бошад, ки мардум дар аксари ҷойҳо хоҳиши ба Ҳизби аграрӣ аъзо шуданро мекунанд. Имрӯз бештар аз 74% аҳолии кишварро деҳотиён ташгкил мекунанд, зиёда аз 3 млн аҳолӣ ба деҳоту кишоварзӣ алоқамандие дорад. Теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 160 ҳазорро ташкил медиҳад. Ин заминаи бузарг барои пайдо кардани ҳаммаслакон, ҳамақида ва аъзоёну пайравони Ҳизби аграрӣ мебошад.

- Тавре Шумо иттилоъ доред, бо фармони Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5.12.2014, №306 интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 01 марти соли 2015 таъин гардид. Омодагии Шумо дар ин ҷода?

- Чун ҳизбҳои дигари сиёсии кишвар ҲАТ, қабл аз ин, тавассути ВАО омодагии худро ҷиҳати иштирок дар интихоботи мазкур эълон намуд.  Ҳизби аграрӣ 18 декабр Анҷумани YI худро доир намуд, ки яке аз мақсадҳои асосии он пешбарии номзадҳо ба интихоботи қарибулвуқӯъ буд. Барномаи интихобтии ҳизб низ дар ин Анҷуман қабул гардид.

Яъне тасмими мо қатъӣ мебошад ва дар интихоботи қарибулвуқӯъ иштирок хоҳем кард. Иштироки мо босифаттар ва босамартар хоҳад шуд. Мо имрӯз дар порлумони кишвар соҳиби 3 ҷой ҳастем -1 ҷой дар Маҷлиси миллӣ ва 2 ҷой дар Маҷлиси намояндагон. Барои ҳизби ҷавон чун ҳизби мо ин муваффақияти калон аст. Вале тасмими қатъӣ ҳаст, мо иншоолоҳ бо мадади мардуми азизи кишвар -ҷонибдорони худ ин муваффақиятро тақвият хоҳем дод ва ҷойҳои бештарро соҳиб хоҳем гашт.

Новобаста аз ин, омодагӣ ҷиҳати иштирок дар интихобот ҳануз аз аввали сол оғоз гардида, корҳои назаррас дар ин самт анҷом дода шуд. Роҳбарият ва фаъолони ҳизб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мардум вохурию мулоқотҳо доир намуда, фаъолияти худро асосан ба тарғибот, муаррифии мақсаду мароми ҳизб ва ҷалби аъзоёни нав ба сафҳои ҳизб равона карданд. Имрӯз дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ Ҳизби аграрӣ ячейкаҳои ҳизбии худро таъсис додааст.

Интихоботи дарпешистода воқеан ҳам як навъ имтиҳони ҷиддӣ аст ва масъулияти бузурги ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо дорад. Тағйироти куллӣ низ дар қонунгузорӣ ворид карда шуда, мо қадам ба қадам ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик мешавем. Боз ҳам қайд менамоям, ки имрӯз маърифати ҳуқуқии мардум баланд гаштааст ва боварӣ дорам, ҳар як шаҳрванд бо иштироки фаъоли худ дар ин маъракаи сиёсӣ шаъну эътибори кишварро баланд мебардорад ва номзади арзандаи худро интихоб хоҳад кард. Мо ба бузургӣ ва хиради азалии мардуми шарифи Тоҷикистон эътимоди қавӣ дорем ва интихоби онро қабул хоҳем кард.

-ҲАТ дар ин  интихоботи навбати чи мехоҳад, оё тағйиротҳое ҳам дорад?

-Мақсади асосии иштироки ҲАТ дар интихобот албатта соҳиб шудан ба курсиҳои бештар дар мақомоти намояндагӣ ва ба ин васила, саҳми бештар гузоштан дар рушди ҷомеа, таҷдиду таҳкими қонунгузорӣ мебошад. Албатта ин мақсади умумӣ мебошад, вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти мо дар барномаи интихоботӣ дарҷ ёфтаанд. Ҳаҷми соҳаи кишоварзӣ дар ММД ҳамасола 22-23% -ро ташкил медиҳад, ки ин дар қиёс ба дигар соҳаҳо -сохтмон, саноат, энергетика, хизматарсонӣ ба маротиб зиёд аст. Мақсади албатта сирф аграрӣ кардани ҷумҳурӣ нест. Президенти кишвар дар Паёми имсола ба МО ҶТ дар назди Ҳукумат вазифа гузоштанд, ки мо бояд батадриҷ давлати индустриалӣ-аграрӣ созем. Ман намехоҳам ҳозир самтҳои алоҳидаи барномаи интихобтии ҲАТ гуфта гузарам, вале қайд ҷоиз аст, мақсадҳои барномавии мо бо ин дастури Президенти кишвар тавъам ҳастанд; -рушди индустрияи аграрӣ такони ҷиддие дар самти дастгирии кишоварзӣ ва деҳот, аз ин рӯ таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва баланд гаштани сатҳи зиндагии мардум хоҳад шуд. Барои ин корҳои зиёд кардан зарур аст. Имрӯз соҳаи кишоварзӣ ва деҳот ба кумаку дастгирӣ ниёз доранд. Мо дар самти дастгирии молиявии кишоварзӣ, таъминоти моддию техникии он, дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани самараи меҳнати деҳқонон ва беҳтар кардани шароити иҷтимоии мардуми деҳот, хусусан занон ва дигар масъалаҳои умда нақшаҳои мушаххас дорем, ки мехоҳем бо истифода аз ҳар роҳу воситаи қонунӣ, дар навбати аввал бо дохил шудан ба ҳайати парлумони нав онҳоро пиёда намоем.

-Имрӯз ҲАТ ро чи нигарон кардааст?

-Дар фосилаи солҳои наздики сипаришуда воридоти маводҳои ғизоӣ ба кишвар ба маротиб афзуд. Ин ҳолат бозорҳо ва истеҳсолкунандагони ватаниро ба мудохилаи шадиду хатарноки маводи хориҷӣ дучор гардонид. Дар ҷаҳони муосир содироту воридоти маводи ғизоӣ ба аслиҳаи фишори сиёсӣ табдил ёфтааст. Мисоли равшани инро дар муносбатҳои байни Иттиҳоди Аврупо ва Амрико бо Руссия дида истодаем, таъсири он ба Тоҷикистон низ ҳис карда мешавад.

Барои пешгирии чунин ҳолати нораво бояд дар кишоварзии кишвар чорабиниҳои самарабахш бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва таъмини босуботи амнияти ғизоӣ ба нақша гирифта ва амалӣ карда шаванд.

Дар Тоҷикистон ҳоло як деҳқон барои 3-4 нафар аҳолӣ маводи ғизоӣ истеҳсол мекунад. Дар Исроил 1 кишоварз 95, дар ИМА -79, дар Руссия - 15 ҳамватани худро бо маводи ғизоӣ таъмин мекунад. Теъдоди узви як оилаи деҳоти Тоҷикистон маъмулан ба 6-7 нафар мерасад. Яъне далели баҳснопазир аст, ки барои таъмини талаботи ҳатто оилаи худ, мувофиқи меъёри истеъмол, заҳмати солонаи аксарияти марди деҳқон басанда нест.

Тавре, ки дар боло қайд гардид, теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ имрӯз аз 160 ҳазор гузашта, маъмулан андозаи хурд доранд. Дар онҳо истеҳсолот ба таври оддӣ -истифодаи қувваи дастӣ ба роҳ монда шудааст. Фаъолияти аксари онҳо ба қонунияти иқтисодиёти бозорӣ ҷавобгӯ намебошад. Барои ворид намудани техника ва технологияи муосир, ҷорӣ кардани дастовардҳои инноватсионӣ, пешбурди истеҳсолоти пешқадам қудрати онҳо намерасад. Ин ба кам гаштани маводҳои ғизоии истеҳсоли ватанӣ ва тез-тез тағйир ёфтан ва боло рафтани нарху наво сабаб гаштааст.

Масъалаи дигари ташвишовар ва боиси нигаронии ҷиддӣ - теъдоди зиёди бекорон дар деҳот мебошад, ки омили асосии муҳоҷират гаштааст. Аз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ 78% ба деҳот рост меояд. Дар навбати худ, аз ин шумора 49% соҳиби саҳми замин мебошанд. Бояд чора андешид ва шароит фароҳам овард, ки муҳоҷирон ба деҳот баргарданд, ё барои беҳдошт ва самаранок истифода бурдани заминҳои худ маблағҳои аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба даст овардаашонро равона намоянд. Мисли Арманистон.

Мушкилоти дигар ва боиси таассуф ин аст, ки дар мо бо вуҷуди нерӯи бузурги ҷисмонӣ доштан қисми зиёди маҳсулоти соҳа чун ашёи хом ба содирот мераванд ва ё бо сабаби дуруст ташкил накардани нигоҳдорӣ меваю сабзавот, полезиҳо, картошка ва дигар зироат талаф меёбад. Дар хусуси коркарди маҳсулоти хоми кишоварзӣ ва тарзи нигоҳдории он мо борҳо ибрози ақида карда будем ва ин масъала актуалӣ боқӣ мемонад. Ин ва баъзе дигар омилҳо ҳастанд, ки ба ноилшавии амнияти озуқаворӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

-Ҳизби Шумо барои рушди соҳаи кишоварзию саноатии кишвар дар барномаи худ чи нақшаҳо дорад?

-Дар хусуси нақшаҳои барномавӣ дар боло қайд гардид. Ояндаи кишоварзиро танҳо бо ҷорӣ кардани дастовардҳои илмию техникӣ, истифодаи технологияи муосир ва баланд бардоштани малакаи касбии кишоварзӣ таъмин кардан мумкин аст.

Қобили қайд аст, ки даврони истиқлолият баробари эҳё ва пойдории ваҳдати миллӣ, силсилатадбирҳои судманд дар кишвар андешида шуданд. Ва барҳақ, ташаббускори онҳо Роҳбари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Сардори давлат худ деҳқонзодаанд, заҳмат ва қадру манзалати деҳқонро хуб дарк мекунанд.

Баракати беҳзистӣ ба деҳқон вобаста мебошад. Бинобар ин, Ҳизби аграрии Тоҷикистон тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва ҳизбҳои дигарро, ки барои эҳё ва рушди кишоварзӣ ва деҳот равона шудаанд, пурра ҷонибдорӣ менамояд.

Мардуми мо обу ободонӣ мегӯяд. Мо дар бораи қадри замин суханҳо мегӯем. Вале истифодаи дурусти обу замин ба кишоварз -ба деҳқон вобастааст. Бинобар ин мо ба деҳқон бояд ҳама шароитро муҳайё созем, то сарвати бебаҳои миллат -Обу Заминро дуруст истифода барад, самараи меҳнаташро дарёбад, ҳам худаш сер шавад ва ҳам дастархони мардуми кишварро ғанӣ гардонад.

Дар ҳадиси Пайғамбар (С) омадааст: Беҳтарини шумо он аст, таъом бидиҳад. Фикр мекунам, ин дар ҳаққи марди деҳқон гуфта шудааст. ҲАТ мақсади наҷиб дорад ва худо хоҳад онҳо амалӣ хоҳанд шуд.

-Ташаккур мо ба Шумо комёбиҳои бенназирро таманно менамоем.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97