Сеюмин ҷашни Қатар дар Душанбе

Иҷтимоъ 02.02.2015 14:32

Qatar jashnҲамасола 18 декабр рӯзи истиқлолияти давлатии Қатар ҷашн гирифта  мешавад. Дар Тоҷикистон соли сеюм аст, ки ин сана ҷашн гирифта мешавад.  136 сол пеш  Шайх Ҷосим бин Муҳаммад Оли - Сонӣ (18декабри соли 1878)  барои истиқлолият ба даст овардани ин кишвар саъю талоши зиёде ба харҷ дода буд. Маҳз  мустақилият ва рӯҳияи озодихоҳии ин мардум буд, ки имрӯз Қатар бо доштани ҳамагӣ 300 ҳазор аҳолӣ ва масоҳати 11, 5 ҳазор километр, яке аз давлатҳои бойтарини ҷаҳон маҳсуб меёбад. Ин давлат бо инфрасохтори хеле рушдкардаи ҳозиразамон диққати бисёр мамлакатҳоро ба худ ҷалб кардаст.

Пас, сирри муваффақияти ин кишвари кучак дар чист. Барои посух ёфтан ба ин суол ба сайри иқтисодии ин сарзамин мебароем. Асосии иқтисодиёти Қатарро  нафту газ ташкил медиҳад.  Ин соҳа 55% Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)- ро ташкил дода, 85 % даромади давлат аз ҳисоби содироти нафт аст. Захираи нафти ин кишвар 3, 3 миллиард баррелро дар бар гирифта,аз рӯи дурбинӣ ба 25  соли дигар мерасад. Айни замон мамлакат  солона 140 миллион баррел нафт истеҳсол   мекунад.  Қатар аъзои ОПЕК(ташкилоти мамлакатҳои содиркунандаи нафт) мебошад.

Spectacular-Cityscapes-at-night-in-QatarДаромад аз нафт имкон фароҳам овардааст, ки ҳифзи иҷтимоии мардум баланд бардошта шуда, қисми зиёди хизматрасониҳо бепул, ё аз тарафи давлат маблағгузорӣ шаванд.  Аслан, даромади аҳолӣ ба ҳисоби  миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон баландтарин ҳисобида  мешавад. Дар ин росто дар баробари рӯз ба рӯз қимат шудани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ширкатҳои бузурги нафтистеҳсолкунанда, чун фоидаи зиёд ба даст меоранд, соҳоти гуногунро маблағгузорӣ мекунанд. Масалан, фонди соҳибихтиёри Қатар тими футболи  Paris Saint-Germain ва  универмаги Harrods дар Лондон, фонди соҳибихтиёри  Абу-Даби бошад, осмонбуси  Time Warner дар Нью-Йоркро маблағгузорӣ намудааст. 

Аммо бояд қайд намуд, ки иктишоф ва коркарди гази табиӣ ҳоло  пурра ба роҳ монда нашудааст. Масалан, гази табиӣ мавзеи "North Dome Field" - дар ҷаҳон дар ҷойи саввум қарор дорад. Чун Қатар 15 фисади захираи гази табиӣ ҷаҳонро дорост, давлатдорони он  мақсад доранд, ки Қатарро ба яке аз кишварҳои бузурги тавлиди энергияи барқӣ табдил диҳанд. Барои пиёда кардани ин лоиҳа нақшаҳои зиёде рӯи кор омадаанд.  Дар маҷмуъ,  аз ҷиҳати захираи гази табиӣ Қатар баъди Русия ва Ирон дар ҷойи саввум меистад. Ба ғайр аз нафту газ истеҳсоли нуриҳои маданӣ, семент дар ин ҷо хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳарчанд хоҷагии кишоварзӣ на он қадар рушд карда бошад ҳам бахши моҳидорӣ ва таъмини аҳолӣ бо меваю сабзавоти худӣ рӯ ба афзоиш овардаст. Дар як сол зиёда аз 7000 тонна моҳӣ ва харчанг   истеҳсол мешавад. Ба ғайр аз ин, қисмати ками аҳолӣ  ба дарёф кардани марворид аз қаъри баҳр машғул ҳастанд. Оқилона  истифода бурдани захори дохилӣ боиси баланд шудани дараҷаи зиндагии аҳолӣ гашта, шароити иқтисодии аҳолии ин кишвар ба давлатҳои пешқадами Ғарб  баробар аст. Дар солҳои авали асри 21 Қатар ба яке аз давлатҳои асосии содиркунандаи гази табиӣ табдил ёфт. Дар баробари ин барои боз ҳам баланд шудани сатҳи зиндагии мардум ва рушди босуботи давлат, ба тамоми соҳаҳо диққати зиёд равона карда мешавад. Чун роҳ дар иқтисодиёти давлат ҷойгоҳи асоси дорад, роҳҳи автомобилгард масофаи 1230 километро дар бар гирифта, бо Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб ҳамлу нақли бор бо ин роҳ суръат мегирад. Аммо роҳи баҳрӣ дар иқтисодиёти Қатар мавқеи намоёнро ишғол намудааст. Бор асосан ба воситаи роҳӣ баҳрӣ кашонда шуда, тавассути бандарҳои  УММ - Саид ва Доха ба роҳ монда шудааст.

Барои рушди саноат кушиши  зиёд  ба харҷ дода  шуда, дар ин самт низ муваффақ гаштаанд. Тавре гуфтем, саноати мамлакат истеҳсоли семент, нуриҳои маданӣ ва маҳсулоти нафтиро дар бар мегирад. Рушди саноат ва дигар соҳаҳои хизматрасонии ин кишвар дар ҳоле таъмин гашт, ки  давлат ширкатҳои хориҷиеро, ки ба иқтисодиёти Қатар сармоягузорӣ мекунанд, аз пардохти андоз барои 12 сол озод намуд.

Дар нақша аст, ки соли 2022 дар Қатар  чемпионаи ҷаҳон доир мегардад. Барои омодагӣ ба ин санаи муҳим  ва дар сатҳи баландтарин қабул намудани варзишгарон ва меҳмонон варзишгоҳи  нав  барои 40 ҳазор тамошобин сохта мешавад. Сохтмони ин варзишгоҳ бояд соли 2018 хотима ёбад.

Diyr doshanbe QatarБарои рушди туризм дар мамлакат маблағҳои зиёд сарф карда шуда, дар баробари ин аз ин соҳа нафъи зиёд мебинанд. Раёсати сайёҳии Қатар  шаклҳои нави туризмро  ба роҳ монда, аз рӯи лоиҳаи Samana (Осмони мо),  сайёҳат бо чархболро ба роҳ мондааст, ки ҳамасола даромади зиёд ба даст меорад. Барои  рушди туризм сафи меҳмонхонаҳои дар сатҳи олӣ қарор дошта дар кишвар рӯз ба рӯз меафзояд. 

Барои дарёфти зиндагии хуб муҳоҷирони зиёде ба ин кишвар муроҷиат мекунанд. Ҳукуматдорони Қатар ният доранд, ки то 20 ҳазор муҳоҷирони фаластиниро  аз Газа ба кор фаро гиранд.

Вақтҳои охир Қатар сиёсати дарҳои кушодро хуб ба роҳ мондаст.Ин аст, ки бо бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда ба ин васила мавқеи худро мустаҳкам месозад.

 Ҳарчанд равобити Тоҷикистон ва Қатар солҳои наздик шуруъ шуда бошад ҳам,  дар ин фурсати кӯтоҳ тавонистаанд, ки  онро дар сатҳи намоён муаррифӣ созанд. Роҳбарони ин ду кишвари ба ҳам дӯст аз кишварҳои ҳамдигар диан намуда, бо фарҳанг, маданият, иқтисодиёти ҳамдигар аз наздик ошно шуданд. Баъди ин сафарҳо давлати Қатар хоҳиши сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистонро пайдо намуд. Ифтитоҳи сафоратхонаҳо дар Тоҷикистон ва Қатар амалӣ шуд. Лоиҳаи калонтарин масҷиди Осиёи Миёна бо сармоягузории Қатар дар Тоҷикистон сохта мешавад,  инчунин лоиҳаи дигар Қатар ин сохтмони манзил дар Тоҷикистон "Диёри Душанбе" мебошад, ки ба ин восита   давлати Қатарро  дар Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.  Дар баробари ин Қатар ба давлатҳои бузурги Ғарб маблағгузорӣ мекунад. 

Масалан, ҳоло Қатар хоҳиши миллардҳо доллар маблағгузорӣ ба инфрасохтори Англияро дорад. 

Инчунин, Қатар шартномаи дарозмӯҳлати интиқоли ашёи хомро бо Британияи Кабир, Фаронса, Белгия,Итолиё дорад. Байни Қатар ва Чин хамкориҳо дар самти коркарди нафту газ ба имзо расидаанд. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97