Рабуда шудани Гулрухсор ё мушкил нест, ва ё дар доираи "проект" намеғунҷад

Иҷтимоъ 31.01.2015 16:22

Ё худ курсии холии Гулрухсор дар мизи гирде дар мавзуъи мушкилоти муҳоҷирати занон дар Душанбе

RabudashudaniКишвари орзуҳои табибони тоҷик

Ба хотири пайдо кардани иттилоъе аз Гулрухсори табиб, ин гулдухтари тоҷик, ки моҳҳо боз дар кишвари Яман асир уфтодаву ҳолаш танҳо ба худашу Худо маълум аст, барои ширкат дар ҷаласае, ки "Муҳоҷирати меҳнатии занони тоҷик: мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли он", унвон дошт, раҳсипор шудам.

Гулрухсор, аз ҷумлаи он афроди ночор аст, ки муҳоҷиратро ихтиёр кардааст. Ӯ чанде боз дар асорати як гуруҳи силоҳбадасти одамрабо қарор дорад. Гулрухсор ҳамшираи шафқат аст ва бо маоши ночизи духтурон дар Тоҷикистон зиндагӣ карда натавонист ва барои хӯрондану пӯшондани ду фарзанди хурдсоли худ муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр кард. Вале ин бор на ба Русия, балки ба Яман, кишвари орзуҳои табибони тоҷик. Шунида буд, ки дар Яман духтурон аз имтиёзҳои зиёде бархурдоранду маоши хубе ҳам мегиранд. Ва ба қасди зиндагии шоиста дар Яман барои муддате, тарки Тоҷикистон намуд,  то замоне, ки…

 

Ин лаҳза ман дар бораи дар кадом ҳолат қарор доштани Гулрухсори асируфтода фикр мекардаму иштирокдорони мизи гирди мазкур дар бораи равандҳои манфии муҳоҷират ва таъсири он ба оилаҳои тоҷик баҳс мекарданд. Мунтазир мондам, то навбат ба мушкили Гулрухсор бирасад…

Оё фақат занони бемаълумот муҳоҷиратро интихоб мекунанд?

Ширкаткунандагони мизи гирд бештар ба он такя  мекарданд, ки аз сабаби надоштани касб, ҳунар ва  маълумот занони тоҷик дар ватан кор пайдо намекунанд ва маҷбур мешаванд, ки рӯ ба муҳоҷират биёваранд.  Бино ба омори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нӯҳ моҳи соли равон шумораи занони муҳоҷири тоҷик афзудааст. Масалан, дар нӯҳ моҳи соли равон 538 ҳазору 819 нафар аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки  83 ҳазору 627 нафари онҳоро  занон ташкил медиҳанд, яъне  нисбат ба соли гузашта шумораи занон 2 ҳазору 357 нафар афзудааст, аз ин 26 ҳазору 250 нафарашон ба вилояти Суғд, 12 ҳазору 761 нафар ба вилояти Хатлон ва 12 ҳазору 469 нафар ба ВМКБ рост меоянд. Ин омор далолат бар он аст, ки сари ин мавзӯъ бояд ҳамагон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ то дигар созмонҳое, ки ба масъалаи муҳоҷират сару кор доранд, амиқтар андеша намоянд.

Гулҳои хазонгашта

Ин ҷавонзанро солҳост, ки мешиносам, Гулӣ ном дорад. Дар ҳамсоягии мо бо хушдоман ва ҳамсарони бародарони шавҳараш зиндагӣ мекунад. Дар биное, ки се -чор хонаро харидаанд, якҷоя зиндагӣ мекунанд. Мардҳои ин хонадон ҳамагӣ дар Русия ҳастанд. Бино ба гуфти ҳамсояҳо барои бори охир кай ба Тоҷикистон омадани мардҳои ин хонадонро касе ёд надорад. Солҳои аввали хонадоршавияшон меомаданд, чанд моҳе зиндагӣ кардаву боз пас рафтаанд. Маълум, ки дар Русия маоши хуб мегиранд. Чунки модарашон сол дар миён ба зиёрати хонаи Худо меравад. Ду арӯси ин хонадон ду ва сетогӣ кӯдак доранд, Гулӣ як писар дорад. Мегӯяд, ки шавҳараш 7 сол боз наомадааст, дар 14 соли зиндагии якҷояашон ҳамагӣ як бор, он ҳам дар тӯйи хоҳараш омада буду халос. 

Албатта, чун Гулӣ дар Тоҷикистон хонаводаҳои зиёде ҳастанд, ки дар чунин вазъ қарор доранд. Роҳбари СҒҲ "Перспектива +" Ойниҳол Бобоназарова бар он аст, аксари мардони тоҷик дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба занҳои ғайритоҷик хонадор мешаванд. Ин рақамро бархе 10 ҳазор ва  бархе дигар манобеъ 12 ҳазор нафар, мегӯянд. Хуб, марде, ки дар муҳоҷират аст, оё занаш дар ин ҷо дучори хушунати хонаводагӣ аз сӯи модарарӯс ва хешовандонаш намешавад? Албатта, мешавад. Магар  бе шавҳар чандин солҳо бо хушдоман зистану хидмати ӯро кардан ва ба замми ин дар он хона чун хидматгор будан, хушунат нест? Ин ҷо куҷост ҳуқуқи зани тоҷик? Оё ин хидматкорӣ дар ҷое қайд мешавад ва барои ин ҳуқуқи бознишастагӣ дода мешавад? Ҷуброни гулҳои дар айёми ҷавонӣ хазонгаштаро кӣ хоҳад пардохт?

"Пусть говорят" ("Бигзор бигӯянд")

Ба ғайр аз фоҷеаи Гулрухсор, ҳамагон аз барномаи "Пусть говорят"- и шабакаи аввали телевизиони Русия хабар доранд. Аз барномае, ки зани тоҷик дар баробари чандин ноадолатиҳои аз шавҳар дида, садо баланд кард. Ин садои қалби на як зан, балки садҳазорон зан аст,  ки бояд аз сӯи ҷомеъаи маданӣ ва созмонҳое, ки имрӯз бо муҳоҷирон сару кор доранд, баланд мешуд. Аммо мутаассифона чунин нашуд. Ба иззати нафси касе намехоҳам бирасам, маъзур, аммо гузаронидани чанд семинар аз рӯи лоиҳа ва грантҳо, тайи ин ҳама сол натавонистааст мушкилоти беҳудуд ва тамомнашудании муҳоҷирзанон ва занони чашмбароҳи муҳоҷирони тоҷикро заррае кам кунад. Аксар маврид ин баҳсу мабаҳсҳо дар чордевории маҷлисгоҳҳо дарбанд мешаванд ва танҳо маззаи зери дандони ширкаткунандагони "кофе брейк"-ҳо боқӣ мемонад.

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир…

Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, воқеан дар дигар давлатҳо низ муҳоҷирати меҳнатӣ аст, аммо мисли тоҷикон, касе беҳуқуқ нест: "Дар Олмон барои корхонае коргар лозим мешавад, барои ҷалби коргарон ин давлат муроҷиат мекунад, ба дигар давлатҳо. Масалан, ба Филиппин. Аммо ногуфта намонад, ки он қувваи корие, ки дар Филиппин аст, ниёзи Олмонро бароварда наметавонад. Барои ин Олмон ба Филиппин мутахассисони худро мефиристонад, то дар он ҷо  коргаронро омӯзанд ва баъди он дар асоси шартномаи дутарафа ба кор мегиранд. Ин яке аз роҳҳои хуби ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ аст." Пас, дар Тоҷикистон чаро масъаларо чунин матраҳ намесозанд? Ва чаро Гулрухсору ҳазорон гулҳои дигар дар тарҳи ин лоиҳаҳо намеғунҷанд?

Гулӣ мегӯяд, баъзан барои ба мактаб бурдани писарам пул намеёбам, хушдоманам пул намедиҳад, шавҳарам ба ман ва писарам не, балки ба  модараш пул мефиристад. Ӯ мегӯяд: "Чун худам маълумоте надорам, дар як ороишгоҳ ҳоло шогирд ҳастам, то корро ёд бигирам. Интизорам,  ки писарам  таътил барояду бо ҳам ба Русия биравем. Албатта, шавҳарам ба рафтани ман розӣ нест, чунки дар он ҷо  зану фарзанд дорад, аммо бародаронам мегӯянд, ки ҷавон ҳастӣ ва аз пайи зиндагии худат бош."   

Имрӯз никоҳ, фардо талоқ 

Тибқи омори Раёсати сабти асноди шаҳрванди назди Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар 11 моҳи соли равон 8304 оила аз ҳам пошидааст, ки нисбат ба соли гузашта 920 маврид зиёд мебошад. Мутаассифона, агар дар ин оилаҳо як нафари кӯдак бошад, 8304 кӯдак аз меҳри падарӣ  ё модарӣ бенасиб мондаанд. Агар дар оила ду нафар ва аз ин беш кӯдак бошад, тасаввур кунед, ки чӣ қадар кӯдак дар кӯча мемонад, - мегӯяд Маҳбуба Азизова, корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ.

"Модар, чаро писарамро куштӣ?"

Бино ба ақидаи коршиносон имрӯз дар қонунгузорӣ тағйиротеро ворид кардан лозим аст, ки дар сурати фарзандони худро монда, ба Русия рафтани модарон, фарзандонашонро падару модарашон ё ягон хешу таборашон ба фарзандхонӣ ё сарпарастӣ бигиранд, то сафи кӯдакони сарҳӯйи кӯча бештар нашавад ва кӯдакон аз таълим ва тарбия дур намонанд. Аммо оё роҳи раҳоӣ аз вазъият ин аст? Кӣ кафолат дода метавонад, ки ин бибӣ ё бобо аз ӯҳдаи тарбияи фарзанди ӯ баромада метавонад?!

Гуландом, як муҳоҷирзани тоҷик чанд сол пеш баъди он ки шавҳараш бо ҷурме равонаи зиндон шуд ва хушдоманаш ӯро бо панҷ фарзандаш аз хона пеш кард, барои он ки кӯдаконаш соҳиби луқмаи ноне гарданд, фарзандҳояшро байни хешу табор тақсим карду бо  писари 10- солаи худ озими Русия шуд. Бахташ омад карду кори хуб пайдо намуд, аммо чанд вақт нагузашта модараш хабар расонд, ки писарчаи дусолааш вафот кардааст. Аз ғам чизе ба забон оварда натавонист, ҷуз ин ки пурсид:  "Модар, чаро писарамро куштӣ?" Модар, нолон посух дод, дил баста буд, баъди рафтанат чизе намехӯрд.

Чун Гуландом занҳои зиёде имрӯз фарзандони худро ба ҳукми тақдир ҳавола карда мераванд, як қисмашон фарзандонашонро бо худ мебаранд, вале чун дар муҳоҷират низ бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мегарданд, маҷбур фарзанди худро дар он ҷо ба хонаи кӯдакон месупоранд. Дар  ин росто дар Тоҷикистон низ сол аз сол шумораи хона - интернатҳо меафзояд, аммо боиси ташвиш он аст, ки чӣ қадар сафи хона - интернатҳо зиёд шавад, ҳамон қадар сафи бошандагони он меафзояд. Яъне як қисми муайяни занҳо худро аз масъулият дар назди фарзанд озод мекунанд. Бояд зикр намуд, ки имрӯз бояд сари ин мавзӯъ андеша кард ва сафи хона - интернатҳоро на зиёд, балки кам кардан ногузир аст, то занҳо роҳи осони аз масъулият дур кардани худро пайдо насозанд. Хуб, мешуд, ки ҷойи хона - интернатҳо бештар дар минтақаҳо корхонаҳои саноатӣ месохтанду занонро ба кор фаро мегирифтанд. Давлат бояд роҳи дигари ғамхорӣ дар ҳаққи кӯдакони ятим, бесарпаноҳ ва сарҳуйро ёбад, дар акси ҳол ҷинояту ҷинояткорӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш меорад. Аз 1399 ҷинояте, ки соли равон содир шудааст, асосан занон ва баъдан ноболиғоне даст задаанд, ки падару модарашон дар муҳоҷират буда, тақдири фарзанди худро ба сари касе бор кардаанд.

Моҳихурӣ на, моҳидорӣ биомӯзонед!

Маълум аст, ки Тоҷикистон бо 93 фисади сарзамини кӯҳсори худ ба соҳаи аграрӣ умед баста наметавонад. Ба ғайр аз ин соҳаи кишоварзӣ дар чанд соли охир бо ду пой мелангаду нисбати истеҳсоли ин ё он маҳсулоти кишоварзӣ омори бардуруғ пешниҳод мегардад. Бовар кунед, агар имрӯз аз мутахассисони ин соҳа пурсед, ки дар ҷумҳурӣ чӣ қадар пашму пӯст, пилла ва пахта истеҳсол шудааст, намедонанд. Ва боз ҳам намедонанд, ки аксар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ кор мекарданд ва ҳоло аз сабаби набудани ашёи хом ва мушкилоти дигар ин корхонаҳо аз фаъолият боз мондаанд. Корхонаҳое, ки ба тозагӣ ифтитоҳ шудаанд, онон низ фаъолият намекунанд. Масалан, чанд вақт пеш корхонаи ресандагӣ дар Ёвон ба кор шуруъ намуда буд, аммо имрӯз он фаъолият намекунад. Чунин як корхонае дар Ҳисор сохта шуда буд, ки он ҳам фаъолият надорад. Ва ин ҳисоб бешумор аст. Ин аҳволи саноати сабук аст, дар бораи саноати вазнин ҳоҷати гап ҳам нест. Бояд гуфт, ки имрӯз зани тоҷик дар фикри он нест, ки дар кадом лоиҳа ӯро меғунҷонанд, бо тариқи кадом лоиҳае ӯро меомӯзонанд, ки чӣ гуна бо зуроварӣ ва хушунат мубориза бубарад, чӣ гуна бо шавҳараш муносибат кунаду чӣ бихӯраду чӣ бипӯшад. Барои зани тоҷик имрӯз муҳим аст, ки корхонаҳоро дар лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногун биғунҷонанд. Ин лоиҳаҳо барномаҳое пешниҳод кунанд, ки фаъолияти муътадили корхонаҳо таъмин гардад. Агар имрӯз ба зани тоҷик маоши беҳтаре муҳайё созанд, ҳеҷ гоҳ роҳи муҳоҷиратро пеш намегирад, бо қувваи бозуи хеш фарзандони худро ба воя мерасонад. Шавҳар имрӯз дар Русия зан мегирад, вале фардо, ки пир шуд, боз ба назди зане, ки онро барои хидматгорӣ ба модари худ ва зиёд кардани насл гирифта буд,  бармегардад. Ва зани тоҷик боз ӯро қабул ҳам мекунад. Ва боз ҳам ба ёд меорем, ҳамон барномаи "Пусть говорят" -и телевизони Русияро, ки баъди ин қадар санг заданҳо ба сӯи Шаҳзода, Саид ба Тоҷикистон баргашт ва Шаҳзодае, ки аз тақдираш ҳеч боре на ягон лоиҳа ва на ягон созмоне пурсон нашуд, бо хотири вайрон нашудани оила ӯро пазируфт. Шояд ба ин хотир пазируфт, ки ҳоло дар ягон семинар оид ба ин мавзуъ иштирок накарда буд, ки шавҳари худро бозпас қабул накунад. 

Ба ҳар ҳол ин ки ин мизи гирд ва мизҳои гирди дигаре мушкилеро ҳал хоҳанд кард, шубҳа дорам, ҳамчуноне, ки ба озод шудани Гулрухсори асир дар Яман…

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97