Шаҳбози Кабир!

Иҷтимоъ 19.01.2015 10:50

Shahboz Kabirov va JurabegМедонӣ, ки ба ту ва хонадони ту, хоса ба хоҳари меҳрубонам - шоираи меҳрвару меҳровар Меҳриниссо, фарзандакони хубу нозанинат Парвинабону, Хуршеду Фаридун эҳтироми беандоза дорам. Нону намак ва меҳрубониҳои апаи азизам Савсанбону (дар муҳити хонаводагӣ ва ҳаққу ҳамсоя Шавсанбону мегуфтанд) ва акаи ҳабибам Ҳабибуллоҳро, ки бешак хидмати падару модариро барои ту карда буданд, наметавон фаромӯш кард. Таваҷҷуҳ ва меҳрубониҳои эшон ба банда низ хеле бисёр буд. Худоро шокирам, ки дар шахси ту чунин дӯсту бародару рафиқи шафиқ дорам.

Беш аз ним аср аст, ки ҳамдигарро мешиносем. Аввал ошно шудему баъд ёру бародар, ки гӯё дирӯзакак буд ва ин дӯстӣ хушбахтона то имрӯз идома дорад. Вақте ҳолдонҳо гуфтанд, ки ту ба синни мубораки камолот расидаӣ, боварам наомад. Қариб бо баъзеи ин қосидон "ҷанг" эълон кунам. Вале… Худро дар ойина дидаму назарам дигар шуд, байти Абулмаонӣ ёдам омад, ки ману ту ва ҳама оламиёнро ҳушдор додаасту хуб фармудааст:

Ғофил машав зи умр, ки чун киштии дар об

Истода менамояду чун тир меравад.

Афсӯс, ки шабобу ҷавонӣ мегузарад, зуд мегузарад, то хабар мешавӣ, мебинӣ, ки аз умр чизе боқӣ намондааст. Пас маънии зиндагӣ бо одаму олам, хоса бо дӯстони хуб хубу тозаву содаву озода зистан аст, ки бешубҳа ту таҷассумгари ҳамин хислатҳои ҳамидаӣ. Дар ин ҷода  яқин аз ту пайравӣ мекунам ва чашм нарасад, беш аз панҷоҳу ду сол аст, ки ману ту қонуну қоида ва расму русуму оини дӯстиву рафоқатро хуш нигаҳ медорем, ки дар ин рӯзгор, рӯзгоре, ки ба қавли Бедили Деҳлавӣ "Вафо рафту муҳаббат мурду бераҳмӣ таваллуд шуд" кори андак нест. Дар ин маънӣ ҳарфи Муиззӣ аст, ки фармудааст:

Шабобу ёри мусоид хуш аст ҳар ду ба ҳам,

Мабур зи ёри мусоид ба рӯзгори шабоб.

Ва мебинӣ, ки ману ту ҷавониро ба сӯи пирӣ мебарем ва дӯстиро низ, ки кори хайр аст. Ва боз медонию медонам, ки дар зиндагӣ "нооромиҳо"-е доштию дорӣ ва ҳаракатҳое низ, ки рамзи зиндадилӣ ва шодмонии туст, ки ҳалолат бод! Ва агар хоҳари азизам Меҳриниссои гул нафаҳмаду надонаду нашунаваду ҳарфи мо боиси малолату маломати эшон нагардад ба қавли Одамушшуаро гӯш кун ва ман ҳам аз ту пайравӣ хоҳам кард, ки гуфтааст:

Шод зӣ бо сияҳчашмон шод,

Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод.

З-омада шодмон бибояд буд

В-аз гузашта накард бояд ёд.

Ману он ҷаъдмӯйи ғолиябӯй,

Ману он моҳрӯйи ҳурнажод.

Некбахт он касе, ки доду бихӯрд,

Шӯрбахт он ки ӯ надоду нахӯрд.

Боду абр аст ин ҷаҳон, афсӯс,

Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо, бод! 

Шод будаст аз ин ҷаҳон ҳаргиз

Ҳеч кас, то аз ӯ ту бошӣ шод!

Шаҳбози азиз, нашавад, ки ҳарфи маро иштибоҳ фаҳмию роҳатро дигар кунию ба сӯи нофаҳмӣ биравӣ. Барои ту он сияҳчашми ҷаъдмӯйи ғолиябӯйи моҳрӯйи ҳурнажод хоҳари азизи ман Меҳриниссои нозанин аст.

Рафиқ Шаҳбоз, аз диди банда ту ҳамон Шаҳбозӣ, ки панҷоҳу ду соли пеш будӣ, ҷавони лоғарандоми болобаланди ҳалвомӯйи дидадаро, баъзан бадқаҳр ва қаҳрат шояд аз мӯи зардат бошад. Зӯрат гӯё танҳо ба ман мерасид, ки баъзан ҳуҷум мекардӣ, амр мефармудӣ ва банда низ аз рӯи эҳтироми зиёде, ки ба ту доштаму дорам супоришатро иҷро мекардам.

Вақте ба донишгоҳ омадем, гӯё ман шаҳрӣ будаму ту деҳотӣ. Дар асл мушоҳида мекардам ва медидам, ки ту шаҳритарӣ, гӯё таҷрибаи зиндагиат, кордониат бештар ба назар мерасид. Тибқи замона озода ва хуш либос мепӯшидӣ, галстук мебастӣ, дар роҳ рафтан мӯрчаро озор намедодӣ. Кадом равғанро истифода мекардӣ, ки мӯи сарат доим ҷило медод. Баъдтар бо маслиҳати ту ман ҳам мӯи сарамро равған мекардагӣ шудам. Галстукбандиро низ аз ту ёд гирифтам. Дар пахтачинӣ ҳам аз дигарон фарқ мекардӣ ва барои маломату накӯҳиши муаллимонро нашунидан дар ин ҷода низ ба ту тақлид мекардам, аз паят медавидам, ки бештар пахта чинам. Натиҷаи хуб медод. Дар хондан аз аксар ҳамдарсон фарқ доштӣ. Доим дар китобхона ва хона, яъне хобгоҳ бо китоб будӣ, зиёд мутолаа мекардӣ, ҳатто дар хоб ҳам калимаву ибора меҷустӣ ва оқибаташ он шуд, ки имрӯз мебинем ва мегӯянду мешунавем, яъне донишу хираду фазилататро фарҳехтагон хуш қабул доранд, ки муборакат бод! Шаҳбози Кабирро ба хотири илму дониши андӯхтааш ба сифати муаллими забон дар Донишгоҳи ба номи Ленини кабир нигоҳ доштанд, на ба хотири маҳал. Он замон ин падидаи шум, яъне миллатчигӣ ва маҳалгароӣ ё набуд, ё камтар ба назар мерасид ва махлуқе ҳам агар ин амали зиштро дар худ таҷассум мекард, лаънатзадаи ҳама мешуд. Муаллими донишгоҳ шудан он замон ифтихор буд. Ҳар кас орзӯ мекард ва мехост дар ҷои ту устоди донишгоҳ бошад. Акнун чӣ?

Ранҷу заҳмати  кашидаат дар ҷодаи илму дониш бешак бор овард, бори шоистаю пероста ва бибин, ки аҳли фаҳм дар ҳаққи ту чӣ ҳарфҳое гуфтаанд:

"Профессор Шаҳбоз Кабиров дар тӯли умри пурбаракати хеш содиқона фаъолият намуда, назди ҳамкорону шогирдон соҳибэҳтиром гардидааст. Эшон дар навиштани китобҳои дарсӣ, барномаҳо ва воситаҳои таълимӣ саҳми арзанда гузошта, ҳоло низ дар иншои тозатарин дастуру васоити таълимӣ машғул аст. Ба қалами профессор Шаҳбоз Кабиров китобҳои дарсии мактаби миёна ва олӣ, аз ҷумла "Алифбои ниёгон ва матн" (барои синфҳои 4 ва 5) китобу воситаҳои таълимии "Алифбо ва имлои ниёгон", "Луғати омонимҳои забони тоҷикӣ", "Сухан бифканад минбару дорро", "Забон ва адабиёти тоҷик", "Забони тоҷикӣ" (барои гурӯҳҳои русӣ ), "Забони тоҷикӣ" (барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ), "Забони тоҷикӣ" (барои факултетҳои биология ва тиббию фарматсевтӣ), "Вожаномаи мухтасари соҳавии русӣ-тоҷикӣ" ва зиёда аз 300 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ тааллуқ дорад. Ҷойи тазаккур аст, ки профессор Шаҳбоз Кабиров дар таҳияи "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ" ва "Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ" саҳми назаррас гузоштааст" (Назрулло Каримов-дотсент).

"Роҳи тайнамудаи эшон, яъне Шаҳбоз Кабиров, пуршебу фароз буда, намунаи ибрати ҳар як шахси худшинос мебошад. Ӯ муаллифи зиёда аз 300 мақола ва рисолаву дастурҳои илмию методӣ буда, ҳамеша пайи такопӯ ва ҷустуҷӯҳои илмӣ қарор дорад. Фаъолияти илмии ӯ серпаҳлу ва гуногунҷабҳа аст, вай танҳо ба як соҳаи забоншиносӣ маҳдуд нагардидааст. Шаҳбоз Кабиров бештар ба масъалаҳои луғат, таърихи забон, усулҳои таълими қисматҳои гуногуни забони тоҷикӣ мароқ зоҳир намуда, асару мақолаҳои зиёдеро таълиф намудааст" (Ҳомид Маҷидов-доктори илмҳои филология, профессор).

"Шаҳбоз Кабиров ҳамчун омӯзгор ва олим ба ҳурмату эътибори шогирдон ва ҳамкасбон беш аз ҳарвақта сазовор гашт. Дар симои ӯ ду хислати неки инсонӣ, ҳалимию хоксорӣ ва хирадмандӣ тавъам таҷассум ёфтаанд. Гӯё, ки шоир Носири Хусрав байти зеринро дар ҳаққи ҳамин гуна мардони фозил гуфтааст:

Ҷамоли мардумӣ дар илм бошад,

Камоли одамӣ дар илм бошад."

                             (Ғ. Ҷӯраев-профессор)

"Номбурда-яъне Шаҳбоз Кабиров дар радифи ашхосе қарор дорад, ки дар рушду нумӯи илму маориф ва тарбияи ҳазорон мутахассисони болаёқат хизматҳои шоистаеро ба ҷо оварда, маҳз ба туфайли ҷидду ҷаҳд, иродаи қавӣ ва заҳматҳои тӯлонию пайваста худро дар ҷомеа чун муҳаққиқи закитабъ, сарвар ва созмондеҳи тавоно, устод ва мураббии ғамхору инсони комил муаррифӣ кардааст" (Абдуҷамол Ҳасанов - доктори илмҳои филологӣ, профессор ).

"Устод Шаҳбоз Кабиров шахси бисёр дақиқбин буда, аз масъалаҳои рӯзмарра ва ҳақталаби забон ба хубӣ бохабаранд ва ошкорбаёнӣ хислати хоси ӯ мебошад… ҳар мушкилие пеш ояд, ёрие ё раҳнамоие лозим шавад, ҳатман ба устод муроҷиат мекунанд ва аз машваратҳои судманди устод баҳра мегиранд" (Сайфиддин Назарзода-доктори илмҳои филология, профессор).

"Устод Шаҳбоз Кабиров яке аз муҳаққиқони варзида ва хеле дилсӯзи соҳаи забоншиносии тоҷик буда, ҳамеша ва пайваста дар боби илми забоншиносӣ андешаю мулоҳиза ронда, баҳри рушди забони тоҷикӣ ва илми забоншиносии тоҷик кӯшиш мекунад. Ҳоло устод Шаҳбоз Кабиров муаллифи чандин рисолаю дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ мебошад, ки аз онҳо доираи васеи хонандагону донишҷӯён ва дигар ҳаводорон забони ноби тоҷикӣ баҳра мебаранд" ( Ҳоҷӣ Давлатбеки Хоҷа-профессор).

"Устод ҷаҳонро бо чашми ақлу сар диданд, тамиз карданд, аз камбудиҳову норасоиҳо, ҳусну қубҳи ҷомеа хулоса гирифтанд, беҳтарин илми адаб, хирад, дунявияту илоҳият омӯхтанду ба шогирдонашон доданд. Ин ҳама омили пешрафти корҳои шоистаи инсони азиз, мукарраму воломақом, дили пурмеҳри саршор аз муҳаббати ватану ватандорӣ гардид ва имрӯз эшон гули сабади ҷомеа мебошанд…Тозафикру тозагӯ буданашро ҳама таъкид медоранд. ( Туғрал  Шокиров-доктри илмҳои филологӣ, профессор).

"Яке аз савоҳии меҳвари профессор Ш. Кабиров ҷустор, ковишу пажӯҳиш, таҳқиқу тадқиқ аст, ки ӯ дар ин самт миёни доираҳои илмии ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он кайҳо боз эътироф гардидааст.

Фаъолияти профессор Ш. Кабиров дар ҷодаи таҳқиқу пажӯҳиш басо густурдаву серпаҳлу буда, бо манзури теъдод низ сершуморанд". (А.Маҳмадаминов-профессор, М. Солеҳов-дотсент) ва даҳҳо чунин мисолҳо метавон овард.

Шаҳбозҷони азиз, месазад, ки бештар сифатат кунанд. Ҷашни мавлудат муборак ва боз мехоҳаму мегӯям:

Умрат дароз бод, ки бо дониши расо,

Дарёфтӣ муҳаббати дилҳои босафо.

"Худовандо! Моро (Шаҳбозро ва тамоми мардуми Тоҷикистонро) ба роҳи рост ҳидоят кун, роҳи касоне, ки эшонро неъмат додаӣ".               

Ҷӯрабек Назрӣ,  узви вобастаи

Академияи илмҳои ҶТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97