Табиб ва ҳабиби мардум

Иҷтимоъ 12.01.2015 11:16

(Суҳбати Ҳоҷӣ Баҳриддин Исматуллоҳ- коршиноси масоили илмию динӣ ва Ҳоҷӣ Абудуллоҳ Сафар- коршиноси пешрави риштаи тандурустӣ, номзади илмҳои тиб ва муовини сардухтури беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе)

tabib va habibi mardum- Ҷаноби доктор, назари Шумо дар мавриди бардошти маърифати илм ва самараи он дар ҳисси масъулиятшиносӣ чӣ гуна аст?

- Албатта бе илму дониш ва маърифати комилу фарогирии ҳаёти инсонӣ наметавон ба ҷое расид ё мушкилеро ҳал кард ва ё дарки масъулият дар ин ё он соҳа намуд. Ин масъала худ дар раванди ҳаёт ба субут расидааст. Аслан дар кори ҳамарӯзаи мо табибон ба мушоҳида мерасад, ки бе такмили дониш ва ҷустуҷӯи илмӣ ва боло бурдани маърифати соҳавӣ наметавон пешрафте ҳосил кард. Корҳои мо аз муоинаву муолиҷа то ба ҷарроҳии узвҳои ҳозима ва бемориҳои дигари таъҷилӣ пайваста дар доираи омӯзишу таҷриба ва пешрафтҳои илмӣ сурат мегиранд.

Дар байни кормандони мо табибоне ҳастанд, ки аз ҷиҳати назариявӣ пешрафтаанд ва иддае дигар аз ҷиҳати амалӣ ва боз як гуруҳе ҳастанд, ки ҳам аз ҷиҳати назарӣ ва амалӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон хеле донишу таҷрибаи ғанӣ доранд. Табиби воқеъӣ бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва такмили дониши худ бошад. Шахсе, ки бо мардум сару кор дорад ва беморон ба ӯ эътимод мебанданд, наметавонад бо дониши андак ва ночизе худ иктифоъ кунад. Ин гуна табибон ангуштшуморанд, вале дар байни толибилмони таҷрибаомӯз ба мушоҳида мерасад, ки иддае тасодуфӣ ё бо роҳи шиносбозӣ дохил шудаанд ва шавқу завқи илмомӯзиро надоранд.

- Шумо ҳамзамон бо иҷрои вазифаи муовинӣ, муолиҷаи беморон боз дар ҷустуҷӯ ва пешбурди корҳои илмӣ- тадқиқотӣ саҳм доред. Мешавад, ки роҷеъ ба анҷоми корҳои илмӣ ва аҳамияти онҳо дар пешрафти тибби имрӯза камее тавзеҳ бидиҳед?

-Вобаста ба системаи узвҳои ҳозима ташхису муолиҷа ва усулҳои ҷарроҳии он тайи солҳои охир як силсила корҳоеро ба анҷом расонидем, ки онҳо ба пешрафти усули нави ҷарроҳӣ мусоидат намуданд. Соли 2008 дар мавзуи "Ташхиси бемории шадиди рудаҳо бо усули спектроскопи кори илмӣ- тадқиқотӣ гузаронидем, ки ин ҳамчун рисолаи номзадӣ мавриди ҳимоя қарор гирифт. Феълан аз рӯйи нақшаи кори докторӣ дар мавзӯи "Омӯзиши чигунагии (таҳлилию сифатии) ҳаёти беморони  баъд аз ҷарроҳии санги сафро" кори илмӣ идома дорад. Аҳамияти корҳои илмии ёдшуда пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки онҳо дар раванди омӯзиш ва ҷустуҷӯҳои ҳамарӯза сурат гирифта ва дар ҷараёни амалиёти ҷарроҳӣ вобаста ба ин бемориҳо баҳои мусбат гирифтанд.

Яке аз ҳадафҳои кори илмӣ- тадқиқотӣ ин аст, ки усулҳои таҳлилию назариявӣ бевосита дар амалияи тиббӣ ҷорӣ мешаванд. Вобаста ба хулосаҳои назарию амалӣ на танҳо амалиёти ҷар-роҳӣ сурат мегирад, балки роҳҳои ҷилавгарӣ аз амроз ва муоинаву муолиҷаи ибтидоии он ҷиҳати рафъи ҳар навъи беморӣ муайян карда мешавад. Мо аз хулосаҳои тиббӣ баъди ташхису муоинаи дақиқ ба натиҷа мерасем, ки аксари вақт худи беморон аз сабаби риоя накардани қоидаҳои санитарӣ ва надоштани маърифати тиббӣ мубтало ба бемориҳои системаи ҳозима мешаванд. Онҳо на танҳо аз парҳез кардан худро дур мегиранд, балки боз бештар ба ғизоҳову нушокиҳои зараровар рӯ меоранд.

-Дуруст, аксар афроди сиҳатманд қадри неъмати тандурустиро дарк намекунанд, ба дарки ин танҳо вақте хоҳанд расид, ки дигар онро аз даст додаанд. Дар мавриди хӯрдану ошомидан, бахусус пур хӯрдан ва зарари он бисёр гуфтаанду навиштаанд. Дар ривояте омадааст, ки агар инсон ба хӯрдан рағбати зиёд дошта бошад, пас бояд меъдаи худро се қисмат намояд; қисмати аввал барои таъом, қисмати дуввум барои нӯшоба ва об, қисмати саввумро холӣ нигаҳ дорад барои нафаси озод кашидан. Шайх Саъдӣ мефармояд:

Ба андоза хур, агар мардумӣ

Чунин пуршикам одамӣ ё хумӣ?!

Дарун ҷои зикр асту қуту нафс,

Ту пиндорӣ аз баҳри нон асту бас?

Куҷо зикр ғунҷар, к- аз анбори аз,

Ба сахтӣ нафас мекунад по дароз.

Надоранд танпарварон огаҳӣ,

Ки пурмеъда бошад зи ҳикмат тиҳӣ.

- Бале, ба маврид мисол овардед, ки пурхурӣ боиси бисёр бемориҳост. Бо ин гуфтаҳои шумо панди як ҳакиме ба ёдам расид, ки мегӯяд: "Дар кам хӯрдан манфиати бисёр аст". Зеро ба ин сабаб тандурустӣ, ҳофизаи қавӣ, сайқал додани ақл, хушзеҳнӣ, ҳушёрӣ насиби инсон мегардад. Аммо дар пур хурдан зиёни бисёр аст. Зеро пурхӯрӣ ба кундфаҳмӣ, фаромушхотирӣ, серхобӣ, бепарвоӣ, фарбеҳӣ ва гаронии тану ҷон меорад. Агар беморӣ аз кам хӯрдан пайдо шуда бошад, бо дору ва дармони андак шифо меёбад. Агар беморӣ аз пурхӯрӣ бошад, ба давои зиёд ҳам шифоёбии он мушкил мегардад. Зеро ҳакимон пурхӯриро сари ҳамаи дардҳо ва кам хӯрданро сари ҳамаи дармонҳо мешуморанд. Чунончӣ, гуфтаанд:

Агар сиҳҳати ҷисм хоҳӣ мудом,

Махӯр ҷуз ба қадри зарурат таом.

- Хеле ҳам панди хуб аст. Ҳамон тавре, ки мегӯянд, ҷилавгирӣ аз амроз беҳтар бувад аз муолиҷаи амроз. Бинобар ин маълумоти кофӣ доштани ҳар нафаре оид ба қоидаҳои беҳдоштӣ, дармониҳои клиникию гиёҳӣ, риояи қоидаҳои саломатӣ дар муҳити хонавода ва ҷомеъа зарур ва ногузир аст. Оё чунин фаҳмондадиҳӣ ва тавсеаҳои хоси ҳар бемор барои беҳбуди саломатӣ ва дармонӣ дар шуъбаҳои беморхона сурат мегиранд?

- Бале, чунин суҳбату тавсияҳои хос барои ҳар беморе, ки мавриди муолиҷа ва ҷарроҳӣ қарор мегирад, анҷом дода мешавад. Аммо гуфтан дигару амал кардан дигар аст. Агар беморон бо тавсияҳои табибон амал ва парҳезро риоя кунанд, кор ба мафниати онҳо хоҳад буд, вале ба мушоҳида мерасад, ки аксари онҳое, ки аз беморхона рухсатӣ мешаванд, тавсияҳои табибонро фаромуш мекунанд. Дар ин маврид тамоси доимӣ доштани мариз бо табиби муолиҷакунанда зарур аст ё роҳҳои дигари беҳбуди саломатии мардумро метавон ба роҳ монд. Аз далелҳои ёдшуда метавон ба хулоса омад, ки дар ҷиҳати ҷилавгирӣ ва муолиҷаи амроз ҳамчунин риояи қонунҳои беҳдорию санитарӣ, метавонем аз усулу шаклҳои гуногун истифода бубарем. Аммояк чиз ба исбот расидааст, ки ҳамзамон бо ташхису муолиҷа барои беҳбуди сиҳатмандӣ ва шифои бемор нақши сухани табиб ва донишу заковати ӯ хеле ва хеле ҳам муҳим мебошад. Сухани хирадмандона ва бо таҳаммул худ беҳтарин даво гуфтаанд…

- Аммо ҳастанд чунин табибоне, ки рафтору гуфтор ва муносибати онҳо беҳтарин подоши амали онҳо маҳсуб мешавад. Ин ҷо барои тақвияти ин гуфтаҳо мехоҳам ҳикоятеро баён кунам: Яке аз подшоҳони мулки Аҷам ба бемории фарбеҳӣ гирифтор шуд ва ин буд, ки нафасгирӣ ва нишасту бархост барояш мушкилӣ овард. Табибони ҳозиқро барои илоҷи ин кор даъват карданд. Ҳар кадом табиб бо шеваи худ илоҷе мекард, аммо рӯз ба рӯз фарбеҳии подшоҳ меафзуд.

Рӯзе табиб аз мулки Юнон омад ва гуфт, ки ман илоҷи подшоҳро ба хубӣ метавонам кард, аммо се рӯз муҳлат то дар ин кор хуб мулоҳиза кунам ва илоҷи табобатро ёбам. Подшоҳ хушнуд шуда, ӯро муҳлат дод. Рӯзи саввум он табиб ба ҳузури шоҳ омаду гуфт, ки афсӯс кор аз даст рафт ва дар умри подшоҳ чиҳил рӯз боқӣ намондааст. Пас илоҷ ҳамин аст, ки дар ин муддат ба тавбаву инобат бипардозӣ ва ба васияту хайрот иқдом кунӣ. Ва агар хилофи сухани ман шавад, ба ҳар чи уқубат намоӣ сазоворам.

Подшоҳ дар фикри кори худ афтод ва ҳар рӯз ба ин ғам чун равған аз оташ мегудохт. Чун муддати чиҳил рӯз сипарӣ шуд, подшоҳ бо тани заифу лоғар бар тахт нишаст ва табиби ҳакимро талаб карду гуфт, ки сухани ту хилоф баромад, ҳоло уқубати сахт бар ту раво дорам, ки чаро дар ин муддат маро ба ин ғами ҷонкоҳ гирифтор кардӣ? Табиб арз кард, ки ман илоҷи корро аз роҳи нафсонӣ ва рӯҳонӣ донистам то ба ин шева чарбҳо (равғанҳо) дар бадани ту таҳлил ёфт ва алҳол тандуруст гаштиву аз бемории фарбеҳӣ наҷот ёфтӣ. Подшоҳ аз ин сухан хушнуд гашт ва ҳакимро бо хилъату неъмат сарфарозӣ бахшид.

Манзур аз ин ҳикоят ҳамоно таъсири сухан аст. Таъсири сухан бештар аз таъсироти дигар, аммо гӯяндаву шунаванда ҳар ду бояд мутмаъин бошанду суханро бекор нагузоранд.

Суханам қатра бувад, самъи шарифи ту садаф,

Қатраро давлати дурдона шудан аз садаф аст.

- Оре, сухани хуб, гуфтору бархурди самимии табиб шахси беморро ба по мехезонад, ба ӯ қувваю дармон мебахшад. Дар он мисоле ки шумо овардед, тафоҳум ва якдигарфаҳмӣ байни табиб ва мариз барқарор ва талошу кӯшиши тарафайн мутаваҷҷеҳ ба давои дард бошад, ки ин равиши натиҷаи хуб ба бор хоҳад овард.

Аз назари банда табиби воқеъӣ ва ғамхору меҳрубон ҳамоне аст, ки аз ҳар лиҳоз ороставу пироста бошад. Ҳам аз ҷиҳати ахлоқ, одобу рафтор, гуфтору кирдор ва ҳам аз ҷиҳати тарзи либоспӯшӣ ва шахсияти табиб дар баробари бемор бояд намуна бошад. Бетаваҷҷуҳӣ, худписандӣ, надида гирифтани вазъи бемор ва аз маслиҳату машварат худро канор гирифтан ва амволи ин дигар  падидаҳои нораво хоси табибони воқеъӣ нест. Пеш аз ҳама хоксорӣ, фурутанӣ барин ахлоқи ҳамида ҳар  шахсро боиззат мегардонад.

- Муҳтарам доктор, ин сифати писандида то ҳадде, ки ман дарк намудам боз ба худи шумо бармегардад, зеро қабл аз ин гуфтугӯ суҳбате, ки бо ҳамкорону шогирдонатон доштам, ин матлабро таъкид намуданд. Бешубҳа пеш гирифтани тавозуъ дар баробари ҳар шахс бахусус шахсони заифу дардманд ва хоксорӣ кардан, фурӯтан будан ва диле ба даст овардан беҳтарин сифотест, ки қадру манзалати инсонро боло мебарад. Ҳар фарди ботавозуъ ва хоксору фурутан дар мазҳари  лутфи Офаридгор қарор мегирад ва ин гуна шахс дар миёни ҳамкорон ва умуми мардум низ сазовори обрӯю эътибори баланд аст. Ва метавон гуфт, инсонҳое бо чунин хислатҳо ороста симои афродеро мемонанд, ки ҳисси масъулиятшиносӣ доранд ва воқеъияти ҳаётро дуруст сарфаҳм мераванд.

-Аз масъулиятшиносӣ боз ёдовар шудед ва ман фикр мекунам ин эҳсосоти олӣ, тафаккуру андешаи ҷиддӣ дар баробари ҳар амали анҷомшуда барои роҳбарону мансабдорон, махсусан масъулини муассисоти тиббӣ бештар зарур аст. Зеро ки масъулини ин соҳа гарави саломати мардумро бар душ доранд, онҳо бояд аз ҳар ҷузъиёти ин соҳа бохабар ва дар баробари мардум бетараф набошанд.  Албатта дар ҷое, ки кор аст, камбудӣ низ ҳаст. Аммо табиб ҳолатҳо ва лаҳзаҳои корие дорад, ки дар онҳо набояд ба камбудӣ роҳ диҳад.

Ҳастанд табибоне, ки ин масъулиятро саҳл  мепиндоранд ва нисбат ба бемор хунукназарӣ зоҳир мекунанд. Чунончӣ дар ҳолати ташхиси беморӣ ва ҳатто баъзан ҷарроҳӣ онҳое ҳастанд, ки ҳаёти беморро нодида мегиранд. Эҳсоси масъулият бисёр муҳим аст.

Барои огоҳ сохтани мардум ҷиҳати риояти беҳдоштиву санитарӣ зарур аст, то кормандони тиб ҳамроҳ бо расонаҳои хабарӣ ин масъалаи муҳимро аз тариқи радио ва телевизион, нашрияҳои хусусию давлатӣ бифаҳмонанд. Маърифати тиббии мардум кам аст. Аз рӯйи надонистан, нафаҳмидан ва огоҳӣ надоштан аз қоидаҳои санитарӣ пеш аз ҳама надоштани масъулияти шахсӣ ва хонаводагӣ аз камбудиҳои хеле ҷиддӣ чашм мепушанд, ки ин боиси сар задани нохӯшиҳо ва амрози  мухталиф мегардад. Бешубҳа ин яке аз масъалаҳои доғи рӯз мебошад. Масъалае, ки мо ҳамагӣ аз он худро канор мегирем ва ба он таваҷҷуҳе надорем.

- Бале, банда низ андешахои шуморо ҷонибдорӣ мекунам. Мо бояд ба неъматҳои додаи Офаридгор, ба хусус саломатӣ шукргузор бошем ва қадри ин неъматҳоро бидонем.

- Оре, ҳамин тавр аст. Ба ҳар ҳол дар охири суҳбат мехоҳам ҳамин нуктаро илова кунам, ки суҳбату омӯзишҳои маърифатӣ ба мо ҳушдор медиҳад, ки пойбанди ҳавои нафсу риё набошем, дар сидқи эътиқоди комил ва ихлосмандӣ талош варзем, то дар зиндагӣ ба гумроҳию ғафлат наафтем.

Дар поёни ин суҳбат ин қиссаро барои намуна меоварам: "Дар бемористон дар кишвари Фаронса ду беморе дар бистари марг мехобиданд. Яке аз он ду тан нависандаи машҳури ҷаҳон Волтер буд. Осори вай ҳануз дар бисёре аз донишгоҳҳо тадрис мешавад. Ӯ дар бистари марг қарор дошт ва пизишкон дар атрофаш ҷамъ шуда буданд ва ҳадди аксари талоши худро анҷом медоданд. Ӯ мураттабан фарёд мезад: "Акнун чӣ ба сарам хоҳад омад? Чизе ҷузъ торикӣ дар баробарам намебинам". Ӯ китобҳои зиёде навишта, аммо кучактарин иртиботи холисона ва ошиқонае бо Худо барқарор накарда буд. Дар лаҳзаи марг эҳсоси танҳоӣ кард.

Дар ҳамин бемористон дар утоқи дигар духтари хурдсоле дар бистари марг буд. Ӯ 12 сол дошт ва хушҳолу ором ба назар мерасид. Сурати ӯ пур аз лабханд буд. Пизишкон аз ҳолати ӯ мутааҷҷиб буданд ва ӯро бо марди бузурге, ки дар утоқи дигар буд, муқоиса  мекарданд. Билохира онон ба ӯ мегуфтанд:

"Духтарҷон, медонӣ, ки чанде зинда нахоҳӣ монд, бо ин ҳол лабханд мезанӣ, оё аз марг наметарсӣ?" Духтар бо лаҳни садои кӯдаконааш мегуфт: "Чаро бояд аз марг битарсам? Худованд беҳтар медонад, ки маро ба куҷо бибарад, аз худ дур нахоҳад кард".

Ба ҷойи охирсухан

Ин ҷо буд, ки ногузир суҳбатро бо табиби номӣ, марди шарифу суҳбаторо ҳоҷӣ Абдуллоҳи Сафар ба поён бурдем ва бо ӯ худоҳфизӣ карда аз утоқи кории эшон берун шудем. Дар роҳрави байни ҳуҷраҳо дар девори рӯ ба рӯ лавҳаи бузурге бо навиштаҷот ва аксҳое аз муоина ва муолиҷаи бемориҳои ҷигар, санги талхадон ва ғадуди зери меда маълумот медод. Дар сархатти ин лавҳа ин ду мисра навишта шудааст:

Аз Худованд, ки мо бандаи ӯем ҳама,

Ҷуз таманнои сиҳатмандӣ дигар ҷумла хатост. 

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97