Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

Бозгашти дубораи генерал Зоҳир

Иҷтимоъ 30.12.2014 11:42

Zohir zohir generalГенерал Зоҳир Зоҳир, фармондеҳи пулиси Кобул барои дуввумин бор дар 6 моҳи охир аз мақомаш барканор ва дубора ба вазифааш барқарор мешавад. Генерал Зоҳир, ки рӯзи чоршанбе ба ТВ Тулуъ суҳбат мекард, роҷеъ ба ҷузъиёти барканорияш гуфт, ки раиси ҷумҳур Ғанӣ дастури барканории ӯро ба Умари Довудзай, вазири дохила додааст. Вазири дохила бо назди худ хондани ӯ аз генерал Зоҳир мехоҳад, ки аз вазифа канор биравад ва ба ҷои ӯ генерал Раҳимӣ таъин мешавад.

Генерал Зоҳир мегӯяд, ба вазири дохила гуфтааст, ки розӣ аст аз мақомаш барканор шавад, ба шарте, ки ба як мақоми баробар ба ин ва ё фармондеҳи пулиси шаҳри дигаре таъин шавад. Генерал Зоҳир мегӯяд, наметавонад хонанишин шавад, зеро ба ҷони ӯ ва хонаводааш хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад. Генерал Зоҳир бо таъин шудани худ ба унвони фармондеҳи пулиси Кобул мисли ситораи рахшон дурахшид ва аз 1 солу 3 моҳ ба ин ҷониб даҳҳо гуруҳи ҷинояткор, одамрабо, ихтитофгар ва ахиран як гуруҳи таҷовузкорро боздошт намуд, ки ҳамагӣ ба ҳукми қатл маҳкум шуданд. Генерал Зоҳир ҳамчунин дар ду моҳи пеш раҳбари як гуруҳи минтақаии одамрабо ва қочоқбарро ба исми Ҳабиби Истолиф ва шахси дигареро бо номи раис Худойдод, боздошт кард, ки гуфта мешавад раҳбари як гуруҳи ҷиноии минтақаӣ мебошад ва аз суи мақомоти Тоҷикистон ҳам таҳти пайгард будааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин собиқаи корӣ генерал Зоҳир мегӯяд, ки хатаре ба ҷони худ ва хонаводааш эҳсос мекунад ва аз вазири дохила хостааст, ки то нашри фармони барканории ӯ масъулияти тозаашро муқаррар кунанд. Вале вазири пешини дохила, ки се рӯз пеш худаш низ ба истеъфо рафт, ин пешниҳоди ӯро бе посух гузоштааст.

Бо барканории Довудзай аз мақоми вазорати дохила ва ба ҷои ӯ таъйин шудани Аюби Солангӣ ба унвони сарпарасти вазорати дохила, аввалин коре, ки оқои Солангӣ кард, генерал Зоҳир Зоҳирро ба мақоми фармондеҳии пулиси Кобул боз гардонид. Аюби Солангӣ аз муҷоҳидини пешини Аҳмадшоҳи Масъуд ва муовини вазири умури дохила ва фармондеҳи пешини Горди раёсати ҷумҳурӣ буд.

Генерал Зоҳир Зоҳир аз 1 солу се моҳи пеш фармондеҳи пулиси Кобул таъин шуд, вале вақте номаш сари забонҳо шуд, ки дар интихоботи даври дуввум дар рӯзи 14 июн Зиёулҳақ Амархел, раиси дафтари Камисиюни интихоботиро бо 1 миллион баргаи холии раъй боздошт намуд, ки мехост ба Сурубӣ барои ба нафъи Ашрафғани пур намудан интиқол диҳад.

Генерал Зоҳир мегӯяд, як бахше аз қазияи барканории ӯ заминаи сиёсӣ дорад ва бахши дигаре ҳам ба қасди ҳамон қазияи рӯзи интихобот бар мегардад. Генерал Зоҳир гуфт, ки намехоҳад ҳоло ҳамаи қазияро ошкор кунад, вале ба хотири он ки миёни раҳбарони ҳукумати Ваҳдати миллӣ ихтилоф бар сари ӯ пеш наояд, розӣ шуда буд аз мақоми худ канор биравад. Аммо ҳоло бо хоҳиши сарпарасти нави вазорати дохила ба вазифаи худ бар гаштааст ва интизори фармон мебошад.

Расонаҳои Кобул мегӯянд, дар як ҳафтаи ахир дар ин шаҳр 11 ҳамлаи террористӣ ба вуқуъ пайвастааст, ки ҳадафи якеи он шахси худи генерал Зоҳир буд. Як интиҳоркунанда худро ба наздикии утоқи кори генерал дар дохили раёсати пулиси Кобул расонид ва хост ӯро ҳадаф қарор диҳад, ки бар асари таркиш раиси дафтари генерал Зоҳир кушта шуд ва ба ӯ осебе нарасид.

Расонаҳои иҷтимоии Афғонистон ва сайтҳои интернетӣ як ҳадафи афзоиши ҳамлаҳои террористӣ дар Кобулро фишор барои барканории генерал Зоҳир Зоҳир унвон намудаанд ва мегӯянд, бо ин роҳ ҳукумати Ғанӣ ва қавмгароёни атрофии ӯ мехоҳанд, кадрҳои дигареро аз қабили генерал Зоҳир канор бигузоранд.

Гуфтанист, дар шаш моҳи ахир ин бори дуввум аст, ки генерал Зоҳир аз мақомаш барканор ва дубора мукаррар мешавад. Бори аввал ӯ дар рӯзи 16 июн бо дастури Карзай, раиси ҷумҳури собиқ ва фармони ҳамин Умари Довудзай, собиқ вазири дохила барканор шуда буд. Аммо ба гуфтаи расонаҳои Кобул бо қулдурии хоси Муҳаммади Бисмилоҳхон, вазири дифоъ дубора ба ҷои худ боз гардонида шуд. Яъне ҳам Карзай ва ҳам вазири дохилаи ӯ орзуи барканорӣ ва ҳамин тавр муҷозоти генерал Зоҳирро бо худ ба истеъфо бурданд.

Генерал Зоҳир Зоҳир як пулиси ҳирфаист ва дар макотиби Кобул ва инчунин дар мактабҳои махсуси Шӯравии пешин дарс хондааст.  Ӯ аз аҳли Кобул буда ва ба табор аз тоҷикони Парвон ва Панҷшер мебошад.

Бархе аз ҳамдарсон ва ҳамкорони генерал Зоҳир аз ҷумлаи афсарони собиқи шӯравӣ ва Тоҷикистон ба иродат, кордонӣ ва ахлоқу шоистагии ӯ таъкид мекунанд. 

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97