(Мисле ки бо Бозор Собир рух дод)
Синелников Михаил Исаакович шоир ва тарҷумони рус барои тарҷумаи осори классикони тоҷику порс ва инчунин баргардони шеъри муосири тоҷик ба забони русӣ ва барои саҳмаш дар муаррифии адабиёти тоҷик ба баландарин ҷоизаи миллии адабиёт-Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ шарафёб шуд. Ӯ тайи чанд рӯз дар шаҳри Душанбе ба манзури эҳдои ин ҷоиза даъват шуда буд. Ва дар чанд маҷлиси адабиёт ва шеър низ ширкат намуд. Аз ҷумла ширкати ӯ бо ҳамроҳии Бозор Собир дар маҳфили шеър дар Донишгоҳи омӯзгорӣ ва дар паҳлуи шоирон қарор гирифтани вазири маориф ва президенти Фарҳангистони улум ба сатҳи базмҳои шеъри замони шӯравӣ ба назар мерасид ва шеъру шоирро барои аввалин бор дар чанд соли охир дар минбари воқеъии худ қарор дода буд. Бо истифода аз ин фурсат "Миллат" ба ин таблиғгари адабиёт ва фарҳанги тоҷик суҳбате дошт, ки пешкаши хонандаи азиз мекунем:
- Ҷаноби Михаил Исаакович, замоне буд, ки забони порсӣ нон медод, сармоя дошт ва дар нисфе аз дунё алоқамандони зиёде дошт, вале имрӯз мисли собиқ нест. Имрӯз Шуморо чи чиз алоқаманди шеъри порсӣ- тоҷикӣ кардааст?
- Дар асри 17 дар Руссия сафоратхонаҳои аҷибе буданд, аммо мутлақо ба таври ҷиддӣ бо адабиёти классикии форс дар охирҳои асри 18 шиносоӣ пайдо шуд. Дар ин давр аллакай адабиёти Ғарбро мехонданд, таъсири муаллифони ин адабиёт ба адабиёти рус зиёд буд. Дар асри 19 бошад, баъзе шоирони русе буданд, ки форсиро дар умум медонистанд. Агар Пушкин бо адабиёти форсӣ ба воситаи забони фаронсавӣ шинос шуда бошад, Грибоедов забони порсиро хуб медонист ва ин аст, ки дар ҳаҷвияи нотакрори худ "Дод аз дасти ақл" яке аз ҳикояҳои Саъдиро ворид намудааст. Яке аз шоирони машҳури дигар Полиглот Ознобишен Дмитрий, ки порсиро хуб балад буд, низ бештаре аз эҷодиёти Румӣ, Саъдӣ ва Ҳофизро он замон баргардон намуда буд. Вале як чизро бояд таъкид кард, ки он замон кӯшиш намекарданд, ки шакли аслии матнро тарҷума кунанд. Вақте ки шоири бузурги асри 19-и мо, Афанасий Фет, Ҳофизро баргардон кард, таассуроти хеле аҷибе эҳсос кард. Муҳимтар ин аст, ки Пушкин, Ҳофиз ва Саъдиро хуб медонист ва дарку эҳсос мекард. Ин ҷо метавонам таъкид кунам, ки Пушкин тарҷумони осори Саъдӣ буд. Барои он ки мисраи ӯ аз тақдимоташ ба романи Евгений Онегин "Иных уж нет, а те далече. Как Саади некогда сказал" ин худ мисраъ аст ва ин худ тарҷумаи озод, аммо тарҷумаи Пушкин ва Саъдӣ. Ба ҳамин тарз таъсирот сахт буд ва ин таъсирот яке аз беҳтарин ғояҳои муайяни ҳикмати адабиёти классикии порс буд. Аммо дар давраи асри нуқра ба ин таъсири фонд низ дохил шуд, яъне ғазалҳои русӣ, баъд ҳатто рубоиҳои русӣ низ пайдо шуданд. Аз ҳама муҳимтар ин аст, ки дар асри нуқрагии мо, яъне ҳамин гуна мафҳум ба маънои асри нуқрагии шеъри русӣ, 25 сол қабл аз инқилоб, мавҷуд буд. Он вақт беҳтарин шоирони Питер дар як ҳавза гирд омаданд, аммо ин барои дигарон махфӣ буд, онҳо мавқеи оппозитсиюнӣ надоштанд, ин ҷамъияти махфии ҳаводорони шеъри порсӣ ба ҳисоб мерафт ва онҳо худро пайравони шеъри Ҳофиз медонистанд. Дар байни онҳо шоирҳои пешқадами давр ба мисли Вячеслав Иванов, Михаил Кузмин ва дигарон буданд. Баъдан бисёриҳо дар даврони Шӯравӣ баъди сафар ба Ирон бо шеъри порсӣ шинос шуданд. Медонед, ба ман хеле писанд аст, ки ба ин суол посух гӯям, чунки ман маҷмӯаи Иронро дар навиштаҳои шоирони рус ҷамъоварӣ кардам. Ин бо дархости Ройзании фарҳангии Ирон дар Маскав буд. Ин як маҷмӯаи хеле бузург иборат аз 500 саҳифа аст. Дар он ҷо бисёр ашъори хуб гирд оварда шудаанд, ки аз ҷумла осори 10 шоири рус низ мебошад. Ин ба касоне дахл дорад, ки дар Ирон буданд ва ҳам ба нафароне, ки дар он ҷо набуданд. Барои баъзеҳо Ирон ин як орзу аст. Масалан барои Гумилёв, Есенин. Аммо онҳое, ба мисли Хлебников, ин таъсир ҳама вақт эҳсосшаванда буд. Ман бо камоли майл метавонам бигӯям, ки ин таъсирот хеле манфиатовар буд.
- Ба андешаи Шумо чаро имрӯз шеър ва адабиёт хонанда надорад?
- Дар Шарқ шеърро ҳоло ҳам дӯст медоранд. Воқеан, дар омади гап, ман Шарқро дӯст медорам. Бале, дар Шарқ шеърро ҷавонону пиронсолон дӯст медоранд ва шеър дар забони ҳама ҳаст. Дар Ғарб ин дигар нест. Дар Русия шавқ ба шеър дар солҳои Шӯравӣ дида мешуд, агар воқеиятро бигӯем, на ба тавоноии шеър, балки ба маънои он ки шеър ҷойи чизҳои набударо пур кардааст. Ба воситаи шеър ба омма баъзе чизҳои маҳдуда гуфта мешавад. Ҳоло дар баъзе андешаҳои баҳснок ба таври озод гуфта мешавад, ки дар гузашта мо бештар ҳақиқатро баён мекардем, аммо имрӯз шеър чунин вазоифи хешро аз даст додааст, барои ҳамин теъдоди хонандаи он кам шудааст. Барои баъзе ҳаводорон шеър фақат ба як санъате табдил ёфтааст. Як чиз аст, хонандагони шеър кам шудаанд, аммо нафароне пайдо шудаанд, ки шеърро хуб мефаҳманд ва бештар содиқанд. Ин анъанаро онҳо ба насли баъдӣ ба мерос мегузоранд.
- Аз шоирони тоҷик бештар рӯи ашъори кадоме аз онҳо кор кардаед?
- Он тасавуре ки ман аз шеъри тоҷикӣ дорам, тавре маълум аст, шеъру адабиёти тоҷик аз баданаи асл ҷудо шудааст, яъне тақсимоти ғарби Ирон ва адабиёти тоҷик, ки тақрибан дар асри 16 ҷорӣ шуд. Ин дар давраи Ҷомӣ ва пас аз Ҷомӣ буд. Аммо ҷойи таъкид аст, ки ман дар солҳои қабл низ, яъне дар давраи мактабӣ на танҳо шавқи хондани шеъри порсиро доштам, балки ҳамчунин шавқи хондани шеъри тоҷикиро низ доштам. Баъдан имконият даст дод, ки Сайидои Насафиро баргардон кунам. Ашъори ӯро дигар тарҷумонҳои рус низ баргардон кардаанд. Шоири маъруфи мо Николай Заболотский шеърҳои ба косиб ва косибон бахшидаи Сайидои Насафиро тарҷума кард, чунки мавзӯи ҳунармандӣ ба ӯ наздик буд. Боз як шоири хуби дигарамон Аделина Агалес низ ашъори Сайидоро ба дараҷаи олӣ баргардон кардааст. Хуб медонам, Айнӣ шеърҳои хуб навиштаанд, ҳарчанд чандон зиёд нестанд, дар хотирҳо нақш мебанданд. Дар давраи нав худи Лоҳутӣ ва ман достони машҳури Мирзо Турсунзода "Қиссаи Ҳиндустон" - ро тарҷума кардем, лекин фикр мекунам тарҷумаи беҳтарин, ин тарҷумаи Аделина Агалес мебошад. Баъдан банда ашъори шоирони дараҷаҳои гуногунро тарҷума кардам, аммо бо як эҳсоси хос. Ҳанӯз аз синни кӯдакӣ, то ошноӣ бо Тоҷикистон ба китоби сафарномаи Аҳмади Дониш рағбат доштам ва онҳоро тарҷума мекардам. Як қатор шеърҳои ӯро, ки ба Санкт - Петербург бахшида шудаанд, тарҷума кардаам, ҳамчунин ашъори Аминҷон Шукӯҳӣ ва дигар шоирони тоҷикро баргардон кардаам. Бароям баргаргардон кардани маҷмуъаи пурраи ашъори Бозор Собир бисёр муҳим, дилписанд ва азиз аст. Ду китоби шеърҳои Бозор, шеърҳои Лоиқ, ашъори дӯсти наздикам Ҳабибулло Файзулло ва боз чанд шоири дигари тоҷикро баргардон кардаам. Аз шоирони тоҷик бо Ҳабибулло ошноӣ доштам, ин риштаи дӯстӣ ба ҳангоми ҷавонии мо баста шуд. Ҳабибулло аз ман як сол бузург буд, вале мо ҳамдигарро хеле хуб дарк мекардем. Ва ба тадриҷ ман тарҷумони ашъори ӯ шудам. Ашъори шоирони тоҷикро на танҳо ман,балки дигарон низ тарҷума кардаанд, аммо саҳми бештарро Агалес, шоир ва тарҷумони машҳур Адександр Качетков гузоштаанд. Липкинро дар ин ҷода набояд фаромӯш кард. Шеърро бояд шоир тарҷума кунад, на профессор. Шеърро касе тарҷума карда метавонад, ки онро эҳсос мекунад. Тавре мегӯянд, агар шакли аслии шеър ҳангоми тарҷума ҳосил наояд, ҳангоми тарҷума бояд тавонист шеър тавлид кард. Оне, ки ман фикр мекунам, бояд ба шеъри асл ҳаммонанд бошад.
- Шумо, ки солҳост бо адибони тоҷик ва бо адабиёти тоҷик ошноӣ доред, вазъи кунунии адабиётро чи гуна баҳо медиҳед?
- Бояд бидонед, ки ман хеле хушҳол ҳастам, ки бештари ҳамсолонам ҳанӯз бар ҳаётанд. Хеле шод аз он ҳастам, ки шахсони наҷиб, шоирони бузурги тоҷикро, ки ман мешиносам, имрӯз ҳам ин адабиётро зинда медоранд. Бо Муъминшоҳ, Бозор 40- сол боз ошноӣ дорам, мутаассифона ҷойи Лоиқ, ҷойи Хабибулло дар майдони шеър холӣ аст, аммо дар дилу дидаи мо абадӣ ҷой гирифтаанд. Имрӯз шеър дар Точикистон рушд мекунад ва насли нав пайдо мешавад. Баҳманёр, Фарзона ва дигарон ба таври муайян барои ман чеҳраҳои нав мебошанд. Онҳо қариб имрӯз классик шудаанд. Воқеан, имрӯз баъзе дигаргуниҳои адабиёти русзабон дар ин ҷо вуҷуд дорад. Забон миллиятро ифода мекунад. Шоирони тоҷике ҳастанд, ки ба русӣ менависанд. Агар онҳо бо русӣ менависанд, онҳо бояд шоирони рус бошанд? Ба ҳамин тарз дар ин ҷо вазъи адабиёт бисёр гиреҳ хӯрдааст. Наметавон гуфт, ки ҳама чиз муштарак аст. Бештар миллӣ бояд бошад, навоварандаҳо аз шакли шеъри классикии форсӣ даст кашидаанд. Шахсан ман имрӯз дар шеър ин шаклҳои душвори шеъри классикиро намебинам. Умуман, ба ман ба ин тарз шеър навиштан бисёр хушоянд аст. Ҳамчун тарҷумон бароям хуш аст, ки бар дӯшам чунин масъулияти бузургро мегузорам. Мехоҳам исбот кунам, ки дар шеъри русӣ низ ин гуна шакли навиштани шеъри классикиро метавон инъикос намуд. Барои он ки шеърҳо хуб тарҷума шаванд, кӯшишу заҳмати зиёд лозим аст. Бархе аз адибони тоҷик имрӯз дар хориҷи Тоҷикистон ба сар мебаранд. Мо медонем, ки сарнавишти талхе дар Тоҷикистон иттифоқ уфтод. Боди таърих бархеро ба Маскав ва бархе дигарро ба Аврупо ва ҷойҳои дигар кашонд. Аммо ба ҳар ҳол фикр мекунам, ки тоҷикҳо қодир нестанд худро аз Тоҷикистон канда кунанд. Мисле ки ба Бозор Собир рух дод.
- Вазъи тарҷума дар Русия аз дирӯз то имрӯз чи тафовуте дорад?
- Дар ҳоли ҳозир дар ин самт таназзул дида мешавад. Ин на танҳо ба тарҷумаи осори тоҷикӣ дахл дорад, ба осори дигар забонҳо низ таъсир дорад. Намехостам бигӯям, ки ман имрӯз охирин шахсе дар ин самт, яъне тарҷумаи осори тоҷикӣ мебошам. Фикр мекунам, ки ин ҷараён сол ба сол ҷойи худро мегирад. Шояд ин ба шакли барҷаста наметавонад буруз кунад. Вақте ки китоби ман "Огнение знаки" чоп шуд, расонаҳои хабарӣ навиштанд, ки дар 20 соли охир ин нахустин тарҷумаи ашъори адибони тоҷик аст. Дар ин китоб хотирот ва ҳикояҳо низ гирд оварда шудаанд. Фикр мекунам, ки тарҷума имрӯз воқеан ҳам кам аст. Такрор мекунам, ки тарҷумаҳо ҳамчун талаботи руҳӣ ҳусни худро ҳифз мекунанд. Бештар ман фикр мекунам, ки дар муддати солҳои зиёди фаъолияти тарҷумонӣ, тарҷума на танҳо шиносоист. Умуман, агар тарҷумаро шоир кунад, фикр мекунам, ки ин на танҳо таваҷҷӯҳи шоир ба шеъри дигар миллат аст. Ин таваҷҷӯҳи як адабиёт ба адабиёти дигар аст.
- Барои густариши ҳамкориҳо дар ин маҳдудаи ҷуғрофиёӣ ё ИДМ (СНГ) чӣ корҳоеро бояд сомон дод?
- Қаблан на танҳо шеъри як миллат тарҷума мешуд, балки шеъри дигар миллатҳои Шарқ низ баргардонда мешуд. Яъне таваҷҷӯҳ зиёд буд. Вобаста ба зиёд шудани мушкилот дар ҳамаи кишварҳо ва рахна ворид шудан дар муносибатҳо тарҷума ҳам як муддат ҷойгоҳи худро дар адабиёт аз даст дод. Хушбахтона, имрӯз вазъ рӯ ба беҳбуд аст. Аслан дар гузашта шеърҳои адибони гурҷӣ ва арманиҳоро низ тарҷума мекардам, аммо шеъри порсӣ дар қалбам бештар ҷо гирифта, яъне майл ба шеъри порсӣ дорам. Дар гузашта бештар ашъори гурҷӣ, арманӣ ва дигарон тарҷума мешуданд. Ва ин наметавонад далеле бошад, ки шеърҳои дигар забонҳо бартарӣ надоранд, аслан ин гуна нест, онҳо низ олӣ ҳастанд. Аммо дар мавриди шеъри порсӣ, ё ин ки шеъри порсӣ - тоҷикӣ ҳарф бизанем, метавонем бигӯем, ки он яке аз бузургтарин назми ҷаҳон маҳсуб меёбад. Шояд, ин аз он сабаб аст, ки шеъри порсӣ аз дигар ашъор комилтар ба ҳисоб меравад, он қадар ҷаззоб, рӯҳнавоз, дилкаш, зебо аст шеъри порсӣ- тоҷикӣ, ки рӯҳро навозиш мекунад, дилро таскин мебахшад. То он андоза ҷаззоб аст. Ин ба он маъност, ки шеъри порсӣ ба мисли насри русӣ, санъати рассомии Италия, симфонияи Олмон комил ва ташаккулёфта мебошад.
- Таассуроти шумо аз сафари ахир ба Тоҷикистон чӣ гуна аст?
- Ҳар боре, ки ба Тоҷикистон меоям, онро дигар хел кашф мекунам. Шаҳр хеле обод ва зебо шудааст, биноҳои нав қомат афрохтаанд, мардум ба зиндагӣ, ба рӯзгор нигоҳи нав доранд ва чунон, ки гуфтам, ин навгонӣ на танҳо дар шаҳр ва шаҳрсозӣ, балки дар маданият, рафтор, фарҳанг ва аз ҳама муҳим дар шеъри нави адибони тоҷик эҳсос мешавад. Шод аз он ҳастам, ки мардуми тоҷик, адибони тоҷик маро, ҳунари маро қадр карданд ва дар қатори дигар адибони машҳури тоҷик Ҷоизаи Рӯдакиро ба ман низ лоиқ донистанд.
Суҳбати Мавҷудаи Соҳибназар ва Фирдавси Давлат