ХАБАР

Бозори асъор: Уфти рубл ва сомонӣ

Иҷтимоъ 21.11.2014 15:58

rubliСуоли рӯз:

- Ба назари шумо уфти рубл дар бозори асъор ба сомонӣ чи таъсир хоҳад гузошт? Ва оё имкони нигаҳ доштани қурби пули миллӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад?

Marat Mamadshoev

 

Марат Мамадшоев, таҳлилгар:

- Аллакай миқдори маблағе, ки муҳоҷирони тоҷик ба ватан мефиристоданд, коҳиш ёфтааст. Зеро муҳочирони кории мо, ки маоши худро бо рубл мегиранд ва баъдан доллар харидорӣ карда ба хона мефиристоданд, акнун рубл мефиристанд. Дар натиҷа ба Тоҷикис-тон доллари камтар ворид мешавад, ки ин албатта ба арзиши сомонӣ ҳам таъсир мерасонад. Арзиши молҳо рӯз ба рӯз гаронтар мешаванд, ба хусус маводи сӯхтӣ (бензин).

Барои он ки баҳои сомониро барои муддате нигаҳ дошт, метавон аз мудо-хилаи арзӣ истифода кард. Вале ба-рои дарозмуддат иқтисоди тавоно ло-зим аст. Чизе, ки ҳоло он дар Тоҷикис-тон нест. Бахши хусусӣ хеле заъиф аст ва корхонаҳои давлатӣ аксарият дарҳоли муфлисшавӣ қарор доранд.

Mirzosaid SultonovМирзосаид Султонов, номзади илмҳои иқтисодӣ, Донишгоҳи Ҷопон:

- Аслан қурби пули миллӣ (рубл ё сомонӣ) нишондиҳандаи вазъи иқтисодӣ мебошад. Пасту баланд гаштани қурби пули миллӣ аз тағирот дар як қатор нишондиҳандаҳои дигари иқтисодӣ вобаста аст. Нишондиҳандаҳои иқтисодие, ки бештар ба қурби пули миллӣ таъсир мерасонанд, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, сармоягузории мустақими хориҷӣ, ҳаҷми савдои хориҷӣ, таносуби байни нархи содироту воридот, афзоиши нархҳо, хароҷоти давлат ва ҳаҷми пули мавриди истифода қарордошта мебошанд. Дар кишварҳое, ки вуруди маблағҳои хусусӣ аз хориҷи кишвар зиёд аст (масалан Тоҷикистон), қурби пули миллӣ аз тағирот дар миқдори ин маблағҳо низ вобаста аст.

Беқурбшавии рубли русӣ вазъи нохуби имрӯзаи иқтисодиёти Русияро нишон дода аз тағирот дар тағирёбандаҳои иқтисодии дар боло номбаршуда дар Русия вобаста мебошад. Чун иқтисодиёти Тоҷикистон аз иқтисодиёти Русия вобастагӣ дорад, ҳолати бади иқтисодӣ дар Русия боиси нисбатан бад гаштани вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва дар натиҷа беқурб гардидани сомонӣ мегардад.

Дар кӯтоҳмуддат сиёсатҳои пулӣ ва молии ҳукумати Тоҷикистон ва дар дарозмуддат бошад сиёсати беҳдошти шароити фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва тадриҷан паст кардани сатҳи вобастагӣ аз иқтисодиёти Русия метавонад боиси беҳтар гаштани вазъи иқтисодӣ ва мустаҳкам гардидани қурби пули миллӣ шавад.

Abdufattoh Shafiev 1Абдулфаттоҳи Шафеъ, рӯзноманигор:

- Аз рубл ҳаёту мамоти Тоҷикистон вобаста аст. Маблағҳои муҳоҷирон, ки танҳо ба ҳисоби расмӣ нисфи ММД-и кишварро ташкил медиҳанд, ҳамагӣ бо рубл пардохта ва ирсол мешаванд. Ҳар чӣ қадар рубл поин равад, ҳамон қадар муҳоҷирон бекортармемонанд, пули камтар мефиристанд, ва иқтисоди Тоҷикистон заифтар мегардад. Бояд сари ин мавзӯъ даҳу понздаҳ сол қабл фикр мешуд, ки рафтуРусия ба рукуд биравад, мо чӣ кор хоҳем кард? Набояд пойи тамоми иқтисоди кишварро ба обилаидастҳои дилҳои шикастаи муҳоҷирон мебастанд. Пуликамтар ва муҳоҷирони бекортар маънои афзоиши фақр ва дар пай ҷинояткориву бесуботиро хоҳад дошт. Вале шояд акнун раҳбарон дар фикри муборизаи ҳақиқӣ бар зидди фасодисаросарӣ хоҳанд шуд, то мардумтавонад озодонатар дар ватани худ ҷойи кор дарёфт намояд! Намедонам, то имрӯз кам касе аз таърихсабақ гирифтааст.

Abdullo AshurovАбдулло Ашуров, шореҳи иқтисодӣ:

- Як пойи сомонӣ ба рубл баста аст. Чунки тибқи оморҳои охир мо то ба ҳол бештарин гардиши молро бо Русия дорем. Аз ин рӯ уфти қурби рубл ба сомонӣ таъсири бевосита дорад. Баъдан мухоҷирони мо, ки даромади асосии кишвар аз онҳост, ба Тоҷикистон рубл мефиристанд. Бонкҳои мо аз доллар дида рубл бештар доранд ва бо рубл доллар мехариданд. Аммо чун қурби рубл афтид, доллар харидан ҳам мушкил мешавад.

Olim SafolovОлим Сафолов, иқтисодшинос:

- Уфти рублтаъсири манфӣ хоҳад гузошт. Чунки ҳамватанони мо дар Русия бо рубл маош мегиранд. Қурби пули миллиро тавассути пешравиҳои иқтисодӣ метавон нигоҳ дошт. То ҷое, ки банда ме-донам, инфилятсия ҳар сол дар доираи 4% ин як чизи муқаррарист.

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97