Исён

Иҷтимоъ 17.11.2014 16:49

 

Ё худкушии арӯс дар Маскав

 

Skoraja-pomoschҶасади Уғулой Юлдошеваи 27-сола, ки ду рӯз қабл худро бо писари дусолааш аз ошёнаи 9 ба поён андохт, субҳи 5-уми август аз Маскав ба Душанбе оварда шуд. Тобути ӯро 5 нафар аз хешовандони шавҳараш ба шаҳри Турсунзода бурдаанд. Тавре Абдураҳим Қудратов, падарарӯсӣ Юлдошева дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфтааст, тобутро Акмал Қудратов, шавҳари Уғулой ба Душанбе барои хоксупорӣ овардааст.

 

Абдураҳим Қудратов, падарарӯсӣ Уғулой ба суоли он ки "Чаро келинатон худкушӣ кардааст?" посух дода, ки сабаби аслии ба худкушӣ даст задани келинашро дақиқан намедонад ва асли қазияро писараш хубтар медонад. Аммо Абдураҳим Қудратов гуфт, аз рӯй шунидааш, келинаш худро аз 9-ум ошёна напартофтааст, балки афтидааст.

 

Вай гуфтааст: "Писарам ҳамроҳи келинам аз соли 2009 инҷониб дар Русия умр ба сар мебурданд. Онҳо соли 2009 хонадор шуда буданд. Пас аз тӯйяшон ба Русия рафтанд. Набераам ҳам дар ҳамон ҷо таваллуд шуда буд. Зиндагии писарам бо келинам бад набуд. Онҳо шикояте намекарданд. Намедонам чаро якбора чунин шудааст. Хайр, ин фалокат аст. Тақдир будааст. Вазъи равонии келинам ҳам хуб буд. Бемории рӯҳӣ ҳам набуд. Ҳоло ду писарам дар Маскав набераамро нигаҳбонӣ мекунанд. Вазъи набераам бад нест. Хуб аст, мегӯянд."

 

Ҳарчанд Абдураҳим Қудратов шарҳи бештари қазияро ба писараш Акмал Қудратов вогузошт, аммо худи Акмал ҳангоми аз фурудгоҳ баровардани тобути Уғулой ҳузур надошт ва ба қавли пайвандонаш, аз толорои интизорӣ рост ба шаҳри Турсунзода рафтааст.

 

Уғулой Юлдошева, ки панҷ соли охир дар Звенигороди вилояти Маскав зиндагӣ мекардааст, шоми 2-юми август худ ва писарчаи дусолаашро аз табақи 9-ум ба берун партофтааст. Уғулой Юлдошева дар макони ҳодиса ба ҳалокат расида, писарчаи дусолаи ӯ зинда мондааст, вале сахт маҷрӯҳ аст. Зан ҳангоми афтодан, кӯдакро сахт дар оғӯш дошта, худ ба пушт афтодааст.

 

Ба ақидаи чанде аз муҳоҷирони тоҷики муқими Маскав, ин зан дар заминаи рашк нисбат ба шавҳараш даст ба худкушӣ задааст. Масъулони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфтаанд, ки ҷасади Уғулой Юлдошева, танҳо пас аз анҷоми экспертиза ё ташхиси тиббӣ - додгоҳӣ ба зодгоҳаш - Тоҷикистон интиқол меёбад. Аммо натиҷаи ин ташхис ҳанӯз расонаӣ нашудааст.

 

Муҳаммади Эгамзод, котиби якуми сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи душанбеи 4-уми август дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфтааст, ҳодисаи худкушии Уғулой Юлдошева, мояи нигаронии амиқи сафорати Тоҷикистон дар Русия ва ҳам ҷомеаи тоҷикон гардид.

 

Расонаҳои хабарӣ ангезаҳои гуногуни худкушии ҷавонзанро матраҳ кардаанд, вале пулис ҳанӯз хулосаи худро баён надоштааст. Аммо Муҳаммади Эгамзод гуфтааст: "Ба худкушӣ даст задани Юлдошева характери иҷтимоӣ надорад. Ин ҳодиса дар пайи мушкили хонаводагӣ ба миён омадааст. Ҳоло ки қазия ҳамаҷониба таҳқиқ нашудааст, чизи дақиқе гуфтан мушкил аст. Ҳоло сафорат талош дорад барои наҷоти тифлаке, ки зинда мондаааст, кумак расонад ва ҳамчунин ҷасади Уғулойро ба Тоҷикистон интиқол бидиҳад."

 

Уғулой Юлдошева наздики се сол ба Русия, назди шавҳараш муҳоҷир шуда буд. Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав мегӯянд, худи Уғулой, шаҳрванди Тоҷикистон буд, аммо шавҳараш Акмал Қудратов шаҳрвандии Русияро доро аст.

 

Дар ҳамин ҳол Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 4-уми июл ба "Озодӣ" гуфтааст, ки вазъи писарчаи дусолаи Уғулой мӯътадил арзёбӣ мешавад: "Кӯдакро сараввал ба беморхонаи Звенигород бурдаанд. Чун аҳволаш вазнин арзёбӣ буд, боз гардонида ба Маскав оварданд. Ҳоло Абӯбакр Қудратови ду сола дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ҷарроҳӣ ва шикастабандии кӯдаконаи Маскав аст."

 

Аксари расонаҳои русӣ навиштаанд, ки модари ҷавон дар заминаи рашк хостааст, худ ва кӯдакшро ба ҳалокат расонад. Як муҳоҷири тоҷик, ки мегӯяд, Акмал Қудратовро мешиносад, ба "Озодӣ" навиштааст, ки Акмал бо тиҷорат машғул аст ва робитаҳои ӯ ҳамсарашро хуш намеомад.

 

Аз сӯи дигар, Олга Врадий, намояндаи расмии Кумитаи тафтишотии Русия хабар додааст, ки ду ҳафта пеш низ Уғулой Юлдошева талош кардааст, худро аз манзилаш дар ошёнаи 9 поён афканад, вале хешовандонаш сари вақт аз ин кор ҷилавгирӣ кардаанд. Акмал Қудратов аз шарҳи воқеа худдорӣ карда, зеро гуфта мешавад, дар ҳолати сахти афсурдагӣ қарор дорад.

 

P.S.: Раванди давомдори муҳоҷират боис шудааст, ки аксари ҷавонони муҳоҷир дар Русия ташкили хонавода медиҳанд ва бо исрори волидон дар Тоҷикистон низ бо духтари маҳаллие оила барпо мекунанд. Волидон талош мекунанд, барои "бегона" нашудани писаронашон арӯсҳои худро пас аз бачадор шудан ё қабл аз он назди фарзанди муҳоҷири худ бифиристанд. Дар ин ҳолат муҳоҷири "бечора" ноилоҷ мемонад ва барои фош нашудани сирраш талош меварзад. Аммо офтобро бо доман пӯшида намешавад, билохира яке аз ҳамсарон аз ҳақиқати ҳол воқиф мешаванд ва дар аксари маврид арӯсони маҳаллӣ ё тоҷик ноилоҷ ба тақдир тан медиҳанд ва ба ин зиндагии дубомаи ҳамсари худ худро мутобиқ месозанд. Дар бархе мавридҳо талошҳои арӯсони боғурур ба пош хурдани хонаводаҳо анҷом мепазирад ва бонувони сабуртар билохира шавҳари худро "соҳиб" мешаванд. Аммо сарнавишти талхи Уғулой аз маҳдуд ҳодисотест, ки расонаӣ шудааст. Ва пас аз ин ҳодисаи ваҳшатнок, ки агар ҳадсу гумонҳо рост воқеъ шуда бошад ва дар заминаи рашк сурат гирифта бошад, бояд волидон дар баробари сарнавишти азизони худ бештар эҳсоси масъулият бикунанд ва нагузоранд, ки азизонашон қурбони хостаҳои онҳо бишаванд. Зеро ҳаёти фарзанд боарзиштар аз ҳар гуна хостаҳои ин дунёист.

 

Мавзуъро ин ҷо боз мегузорем, то равоншиносону коршиносон ва волидони ботаҷриба дар ин робита изҳори назар бикунанд, ва роҳи ҳале барои ин мушкил пайдо бикунанд.

 

Бетараф набошед! То Уғулой охирин қурбонии ин падидаи номатлуб бошад ва исёни ӯ моро бетараф нагузораду сарнавишти ҳазорон наварӯсро ба сӯи хушбахтӣ рақам бизанад.

 

"Миллат"

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97