Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

Мактаб ва зиндон

Иҷтимоъ 14.10.2014 11:12

Maktab va zЧаро Шумо Нуриддин Саидов, вазири муҳтарами маориф шаҳрвандонро дар саҳни кушоди вазорат мулоқот мекунед, вале мудири Гимназияи 74-ро шаҳрвандон имкони дидан надоранд? Ин мардони сияҳпуши даҳани дари мактабхона посбонони мактаб ва танзимгари низом ҳастанд ва ё "телех"-ҳои мудир?

Рӯзи 18.09.2014 ба ҳадафи пайдо кардани мактаби наздиктар ба хона ба роҳ афтодем. Аз чанд бачаи мактабхон, ки ин сӯву он сӯ ба мактаб мешитофтанд, дар бораи мактабҳояшон маълумоти кутоҳе гирифтем. Ҳар яке мактабашро нишон медод, мегуфт, он ҷо мехонам, бад нест. Ду -се талабаро дидем, пурсидем, гуфтанд, дар гимназия мехонем, таъриф ҳам карданд, пул месупорем, дарс мехонем, хуб аст. Савол додем, ҷавоби қаноатбахш нагирифтем. Аммо боз ҳам гуфтем, ки шояд гимназия беҳтар аз мактаби маъмулӣ бошад. Лоақал аз ҳамаи фанҳо муаллим мерасад. Роҳ сӯи мактаб (гимназия)-и 74 гирифтем. Хостем мудири мактабро бубинем. Дар роҳ ду дӯсти журналисти худро дидем, гуфтем, мактаб равонаем. Онҳо низ моро ҳамроҳӣ карданд, гуфтанд, ҳамроҳ биравем, мо ҳам бубинем, мактаби хубро. Нигаҳбон моро дами дар нигаҳ дошт. Пас аз муаррифӣ гуфтем, мехоҳем мудирро бубинем, вале нигаҳбон чунон исрор дошт, ки фикр мекардӣ, ин ҷо калонаи ислоҳотии низомаш пурзӯр аст ва ворид шудан иҷоза нест ва мудири мактабро дидан имкон надорад, ки гӯё ӯ ҳадди ақал шахси дуввум ё севвуми ин мамлакат бошад. Баъди исрор гуфт, ки як нафари шумо вориди мактаб шавад. Гуфтем, мехоҳем як бор бо чашми сар назорат кунем, ки мактаб чи аҳволе дорад ва оё месазад, ки фарзандонамонро ба ин ҷо барои таълим биёварем. Қаровул моро нагузошт. Гуфтем, лоақал ду нафар аз моро иҷозат бидиҳад то дохил шавем. Аммо нагузошт, гуфт, танҳо як нафаратонро иҷоза медиҳам, ворид шавед. Мо ҳам ноилоҷ розӣ шудем. Ба нигаҳбон гуфтем, ки кори дурусте нест, ки раҳбар ё мудир аз мардум фосила бигирад. Мо, ки авбош нестем! Ва бо нияти нек ин ҷо омадаем. Нигаҳбон гуфт, дуруст аст, аммо мо фармонбардорем. Мудир дастур додааст, ки чунин бояд бошад. Хуб гуфтем. Хостем яке аз мо, бираваду бо мудир суҳбат бикунад, ки агар имкон бошад, боқӣ низ наздаш биравем. Ӯ вориди бино шуд. Аммо ҳамин лаҳза буд, ки нигаҳбоне дигар бо униформ аз бинои мактаб ба шаст берун омад ва ба мо ҳаросон дида дӯхта гуфт, ки ин шахс кӣ буд, ки гузоштӣ, ворид шавад. Мудир аз пушти ин моро ҳақорат дорад!

"Худоё мо ба чӣ ҷое уфтодаем!" - садо кардам. Ҳамин лаҳза буд, ки муаллимае  шитобзада аз бино берун ҷаст ва нигаҳбони дуввумро садо кард, ки зудтар боло шавад, ки гуруҳе аз бачаҳо даври ҳам ҷамъ шудаанд ва иттифоқе афтодааст. Ӯ ба дохил давид. Муаллимае дигар омаду нигаҳбони аввалиро садо зад, ки зудтар ба пушти мактаб гузарад ва тӯдаи бачаҳоро аз он ҷо, ки ҷанҷол доранд, пароканда кунад. Намояндаи худро аз бинои ин мактаби ғайриодӣ берун хондем ва бидуни ин ки ҷамоли мудирро бубинем, аз мактаб берун шудем. Бачаҳо тӯда тӯда ҷо ҷое гуфтугӯ доштанд, чанд муаллима ҳам ба ҷамъи тӯдаҳо пайваставу миёни худ масъалаеро баҳс мекарданд. Чун ба онҳо наздик мешудем, бегона гуфта пароканда мешуданд. Дигар чи шуду чи не, мо ҷои ҳодисаро тарк кардем. Ва қарор кардем, ки беҳтараш ҳеч гоҳе фарзанде аз мо ба ин гуна даргоҳ наояд.

Аммо чанд суоле дорам, ки мехоҳам аз вазири муҳтарами маориф Нуриддин Саидов бипурсам:

Мудири мактаб кист ва чаро барои мулоқот бо ӯ волидон бояд "аз девори Чин" убур кунанд?

Шунидам, ки вазири маориф ҳатто корафтодаҳоро дар рӯзҳои пурташвиши имтиҳоноти довталабон раҳораҳ ва дар саҳни вазорат ҳам қабул кардаву арзашонро мешунавад, вале чаро мудири як мактаб то ин ҳад дастнорас аст? Оё беҳтар нест, ки аз ду -се нафар нигаҳбоне, ки мудирро қаровулӣ мекунад, ду се нафар устоди беҳтаринро бо маоши арзанда ба мактаб баргардонид ва умури таълиму тарбиятро бар души онҳо вогузор кард?

Мудирии мактаб вазифа аст ё масъулият?

Солҳо боз, бо ин ки умри азиз пушти сар мешавад, мушоҳида кардаам, ки ҳамеша чи дар даврони шӯравӣ ва чи пас аз он ҳамеша кушиш ба харҷ дода мешуд, ки волидон бештар бо мактаб робита барқарор кунанд. Дар мактабҳои тоҷикӣ ҷалби волидон ба зӯр ҳам имкон надошт, аммо дар синфҳо ва мактабҳои русӣ ин робита қавитар аст. Ҳоло намедонам, ки аз ин раванди фосилагириҳои ахир, агар онҳо ҳам таъсир нагирифта бошанд. Вале ба ҳар сурат дар пушти панҷараи оҳанини мактаб "зиндон" кардани бачаҳо ва фосила эҷод кардан миёни мардум ва мактаб ба ҳеч ваҷҳе ба манфиат нест. Ҳоло ҳар сол мушоҳида мешавад, ки ҳатто Иззатулло Шарифов дари зиндонҳоро барои намояндагони ҷомеаи маданӣ ва журналистон боз гузоштаву ҳар сари чанд муддат гузоришҳо аз раванди будубош дар ин маҳбасхонаҳо дар расонаҳо нашр мешаванд. Аммо рӯз ба рӯз деворҳои оҳанин муассисоти барои мардум ниҳоят муҳимро аз мардум дар фосила қарор медиҳанд. Оё фурсати бардоштани ин садҳо ва деворҳо нест, то мардум ва масъулон чамш ба чашм якдигарро ба роҳатӣ бубинанд ва масъалаҳои муҳимми ҷомеъа, ба вижа тарбияти насли наврасро бо ҳам баррасӣ бикунанд?!

Дарвоқеъ, дар гимназияи №74 он рӯз чи гузашт ва чаро посбонон ва муаллимону талабагон дар таҳлука буданд, суолест, ки аз масъулони ин ниҳоди дарбаста мехоҳем бипурсем, ки оё ҳар рӯз аҳвол ҳамин аст? Агар чунин нест, пас чаро рафтан то пеши мудири мактаб ин қадар сахту сангин аст? Чӣ сирре пушти ин сангари оҳанин ниҳон аст, ки мардум аз он бехабар аст?

Ё шояд ин посухҳо пеши вазири муҳтарами маориф бошанд?!!!

Адолати Мирзо

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97