ХАБАР

Мо кай шаҳрнишин мешавем?!

Иҷтимоъ 09.10.2014 15:23

shahri dushanbeДӯст гӯяд табарвор; дар ҳошияи аз 80 солагӣ то 90 солагии Душанбеи куҳнаву нав

Имрӯзҳо барои дар сатҳи олӣ ҷашн гирифтани 90 - солагии  шаҳри Душанбе дар пойтахт маросимҳои зиёда ба нақша гирифта шудаанд ва дар ин доира барои рафъи мушкилоти гуногуни дар шаҳр ҷой дошта, гурӯҳҳои корӣ  ташкил ҳам шудаанд. Дар ҷаласаҳое, ки дар шаҳрдорӣ оид ба истиқболи ҷашни пуршукӯҳи пойтахт гузаронида мешаванд, аслан атрофи проблемаҳои партов, вазъи хидматрасонии нақлиёт, хидматрасонии коммуналӣ ва дигар масоиле сӯҳбат мекунанд, ки солҳо ҳалли худро намеёбанд ва оид ба ин проблемаҳо аслан бештар вақте сухан меравад, ки Душанбе дар остонаи ҷашн ё маъракае қарор гирифта бошад. Масалан, аз ҷашн гирифтани 80- солагии пойтахт то 90- солагии он дар шаҳр биноҳои гуногуни замонавӣ сохта шуданд ва Душанбе ба куллӣ симои худро тағйир дод, яъне дар ин давр мо қисман аз биноҳои кӯҳна, ки таърихи шаҳри мо буданд, халос шудем ва як Душанбеи замонавӣ сохтем.

 

Мо озодагонем?!

Бояд гуфт, ҳарчанд Душанбеи навро бо таърихи 90- солааш сохтем, проблемаҳое, ки дар шаҳр солҳои охир ба вуҷуд омаданд, ҳалли худро наёфтанд. Чаро? Барои посух ёфтан ба ин суол 10 сол ба қафо бармегардем. Он замон барои дар сатҳи олӣ ҷашн гирифтани 80 - солагии пойтахт низ чорабиниҳои зиёде ба нақша гирифта шуда буданд. Дар ҳама ҷо ҳашари умумихалқӣ буду дангу дави зиёд. Саранҷом дар доираи ин ҷашн супориш шуда буд, ки иншооти ғайриқонунӣ сохташуда, боғча ва полизҳои назди биноҳои сокинон аз беху бунашон решакан карда шавад, чунки намуди зоҳирии биноҳоро вайрон мекунанду ҳусни шаҳрро коста, ба замми ин дар сурати рух задани сӯхтор ё ҳодисаи дигар мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ ба бино наздик шуда наметавонанд. Хуб, супориш шуд, омаданд, канданд, партофтанд, рафтанд. Нагӯед, ки канданд ва ба ҷояш ободкорие карданд, баръакс вайронтар шуд. Ҳол он ки баъзе истиқоматкунандаҳо, онҳое ки хеле барвақт шаҳрнишин шуда буданд, қитаъҳои назди ин биноҳоро ба гулзор табдил дода буданду ҳар бинандаро он мафтун мекард. Бо ҳамин таҷрибаи бобарори шаҳрнишинҳои пешина, ки фарҳанги шаҳрнишиниро дар шинондани дарахт, гулу гулзор кардани гирду атроф, сохтани майдончаи бозӣ барои бачаҳо ва тозагии атрофи биноҳо медонистанд, ба якборагӣ аз байн рафт. Ҷойи ин  таҷрибаро таҷрибаи  шаҳрнишинҳои нав, ки бо худ танӯр ва ҳезум оварданд, гирифт. Акнун, ин шаҳрнишинҳо дар ҳар куҷое рост омад, либос овезон мекунанду ҷойи бозии кӯдаконро ба ҷойи истгоҳи нақлиёти шахсӣ, анбори ҳезум ва дигар лавозимот табдил доданд. Дигар кӯдаки шаҳр, ки бо дамидани субҳи солеҳ ба кӯча сар дода мешавад, намедонад, ки ҳуқуқ ба бозӣ кардан дар майдончаи кӯдаконаи назди бино дорад, на ин ки тамошои мошинҳои гуногунтамға, ки бо наздик шудан ба он аз сад тиреза ҳақорату дашном мешунавад. Дигар кӯдаки шаҳрнишин намедонад, ки аксари биноҳои шаҳр ҳавзи оббозӣ ё басейн доштанд, ки имрӯз бо ахлот пур карда шудаанд. Дигар кӯдаки шаҳр намедонад, ки то ба мактаб ё боғчаи бачагона рафтанаш аз ҳама зебоиҳои атроф бархӯрдор буд, на чун имрӯз ки ҳар як партовгоҳ дар назди боғча ё мактаб ҷой гирифтааст. Ин ҳамаро ки кӯдаки шаҳр намебинад, чи гуна мо метавонем аз шаҳрнишинҳои имрӯза фарҳанги шаҳрдориро талаб кунем? Он шаҳрнишини имрӯза, ки якҷоя бо партов бузург мешаваду бо бузург шуданаш он партовҳо ҳам дар шаҳр бузургтар мешаванд, оё қудрати дар бораи маърифати шаҳрдорӣ фикр карданро дорад?! Ӯ дигар ҳамон танӯрро мебинаду вақти нонпазии занон гирди танӯр парвона шуданро, то луқмаи нонеро соҳиб шаваду рӯзи худро дар кӯча кӯр кунад. Барои он ки ӯро модараш ба кӯча сар додааст, то хонаро чиркин накунад. Модаре, ки аз дари хонаи худ он сӯ масъулиятро ҳис намекунад ва боре андеша намекунад, ки ин ҳама бемории худ ва фарзандашро сабаб чист… Фарҳанги шаҳрнишинӣ ва озодагӣ бояд таблиғ шавад. Ман дар миёни анбуҳи таблуҳои тарғиботӣ ҳеч намебинам, ки фарҳанги шаҳрнишинӣ таблиғ шавад, ҷуз шиорпартоиҳо. Шояд дар остонаи таҷлил аз 90 солагии пойтахт эълон шудани Душанбе ин иқдом гирифта шавад. Ва таблуҳои зебо ҳамшаҳриёнро барои перостагии шаҳри худ-хонаи худ даъват кунанд.

Ҷойи гулҳо хор рӯйид, ҷойи танӯрҳои канда чӣ мерӯяд?

Акнун танӯрҳоро ҳам канда партофтанд ва супориш шуд, ки то ҷашн як дона ҳам хишти ин танӯрҳо дар назди биноҳо набошад, то ҷашн рӯзҳои башумор мондаанд…. 10 сол пеш ҳам гуфта буданд, гулу буттаҳоро решакан мекунем ва ҷойи онро обод мекунем, вале на масъулони ҳукуматҳои ноҳияҳои тобеи  шаҳр инро карданду на сокинон. Ҳоло дар назди биноҳои баландошёна ҷумаки об ҳам нест ва кӯдаке, ки дар берун бозӣ мекунад барои шустани даст бояд ба ошёнаи нуҳум барояд ва боз барои бозӣ кардан пойин фарояд (чун дар аксари баландошёнаҳои мо лифтҳо кор намекунанд). Умуман,  норасоии обро баҳона ва сарфакорона истифода кардани обро талқин мекунанд, аммо дур нарафта маҳаллаҳои "Испечак" ва "Зарафшон"- ро мисол меорем, ки дар ҳар қадам нуқтаҳои мошиншӯи кушода шудаанд. Ҳол он ки барои  шӯстани гилем ва қолин чандин нафарро ҷарима бастанд, вале фаъолияти нуқтаҳои мошиншӯӣ дар гумон аст, назорат шавад, ки партовҳояшон ба куҷо мераванд ва оё ҳолати экологии шаҳрро вайрон намекунанд.

Аз як даст садо намебарояд

Боиси тазаккур аст, ки мақсади ман аз навиштани ин мавод фақат ифшои проблемаҳо ба санги маломат задан ба сари касе ва чизе нест. Барои ин имрӯз гурӯҳҳои фаъоли зиёде вуҷуд доранд, ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои махсусе аз ҳисоби рӯзноманигорон таъсис дода шудаанд, ки ба маҳаллаҳо рафта, проблемаҳоро бо чашми сар мебинанд ва ба шаҳрдорӣ мерасонанд, ҳарчанд ин имрӯз танҳо рисолати рӯзноманигорон нест ва даҳҳо нафар маошхӯр дар ҳукуматҳои маҳаллӣ кор мекунад, ки имрӯз бояд барои ҳалли ин проблемаҳо кӯшиш кунанд. Чаро бояд сари шаҳрдори Душанбе барои партову хидматрасонии нақлиёт ва ғайра дард кунаду сардори шӯъбаи кор бо занони ноҳия (ҳо) сайри толорҳои ороишӣ кунад? Магар вазифаи ин ниҳодҳо танҳо халос кардани ҷанги миёни зану шавҳар аст? Магар онҳо наметавонанд, ки ҳар субҳ маҳалла ба маҳалла гашта бо занон дар масъалаи ободӣ ва тозагӣ сӯҳбат кунанд? Чаро озмунҳои онҳо бояд фақат дар доираи ҷашнҳо сурат бигирад? (Аз 80 солагӣ то 90 солагӣ, тӯли 10 сол онҳо ба чӣ кор машғул буданд?) Чаро сари вақт озмуни маҳаллаи бепартов, роҳрави бехтарин, айвон (балкон)-и беҳтарин ва ғайра.. озмунҳо намегузаронанд? Чаро озмуни лоиҳаи беҳтарин барои ободии як бино, аз мумфарш кардани назди бино, то ҷойи бозии бачаҳо, фавора, сабзаву гулзор кардани як бино эълон намекунанд? Воқеан агар нек нигарем, имрӯз мардум мехоҳанд, аммо ташаббускоре зарур аст. Дар ҷаласаҳои шаҳрдорӣ аз фаъолияти ЖУ - ҳо изҳори нигаронӣ мешавад. Аммо бо изҳори нигаронӣ кардан, масъала ҳал намешавад. Бояд ба ин масъала ҷиддӣ машғул шуд. Чаро фаъолияти чанде аз ин сохторҳо санҷида намешавад? Ҳоло, ки ба ғайр аз хидматҳои коммуналӣ мардум дар алоҳидагӣ барои лифту рӯфтани гирду атрофи бино, таъмири таҳхонаҳо маблағ ҷамъ мекунанд, кормандони ин сохтор ҳоло ҳам аз нафароне, ки ҳуқуқҳои худро намедонанд, маблағҳои иловагӣ меситонанд ва он нафаронеро, ки мехоҳанд фақат пули партовро супоранд, бо он таҳдид мекунанд, ки барояшон маълумонтонам (справка)  намедиҳанд. Дар ин ҷо суоле ба миён меояд, чаро ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ дар самти бештар огоҳ сохтани мардум аз фаъолияти ширкати соҳибмулкони манзил иқдоми ҷидиеро пеш намегирад? Бояд ба аҳолӣ бештар аз таҷрибаи онҳое, ки дар ин самт комёб шудаанд, гӯянд. Фикр мекунам, ки ин имрӯз ягона роҳи ҳал шудани он мушкилоте, ки мегӯем, ҳаст. Барои ин бояд талоши зиёде кард. Бигузор мардум он пулеро, ки ба идораи Хоҷагии коммуналӣ медиҳанд, ҷамъ кунанду дар назди биноҳояшон паркҳои хурд созанд, гулзору чаманзор кунанд, проблемаи партовашонро худашон ҳал кунанд, яъне метавонанд, ки маблағи зиёдтар ҷамъ кунанду партови биноро ҳар рӯз бубаранд. Фақат ин роҳ имкон медиҳад, ки фарҳанги шаҳрнишинии мардум боло бардошта шавад, яъне ба пули додаашон ва меҳнати кардаашон дилашон хоҳад сӯхт ва он гоҳ фарзандонашонро низ намегузоранд, ки ҳамаҷоро ифлос кунанд.

Аз "Иди китоб" "Иди гулҳо"-ро армуғон овардем, аммо…

Чанд сол пеш дар доираи намоиши байналмиллалии "Иди китоб" дар ҳайъате аз рӯзноманигорон ба Ҷумҳурии Исломии Ирон сафар карда будем. Зимни ин сафар сафири вақти Тоҷикистон дар Ирон Давлаталӣ Ҳотамов бо гурӯҳ вохӯрданд ва зимни сӯҳбат аз рӯзноманигорон хоҳиш карданд, ки бештар занонро ба гулкорӣ ва гулпарварӣ талқин кунем, то фарзандони мо низ дар рӯҳияи зебоипарастӣ тарбия ёбанд. Ҳатто ваъда карданд, ки барои ин тухми гул ҳам барои мардум дастрас мекунад. Воқеан, дар Ирон ҷашни гулҳо аз ҳама ҷашни пуршукӯҳ ба ҳисоб меравад. Шояд таъсири ин ҷашнҳо бошад ё баланд будани ҳисси зебоипарастии ин мардум, ки қисми зиёди бомҳо ва айвонҳои мардум бо гулҳо оро дода шудаанд. Дар мо чӣ? Мутаассифона, дар мо кӯдак чун ба олами ҳастӣ по мегузорад, пеш аз ҳама девори баландро мебинад. Чаро ба ғайр аз хиёбонҳо ва боғҳои марказӣ дар назди биноҳои пешина намегӯем, дар назди биноҳои навсохт гулу чаман шинонда намешавад? Чаро боғчаҳо ва мактабҳои мо озмуни ороишоти беҳтарини саҳни ҳавлӣ намегузаронанд?

Шаҳр ва нақлиёт

Умуман, суханро ба дарозо намекашам, мехоҳам, ки дар бораи яке аз проблемаҳои доғи дигари пойтахт, хидматрасонии нақлиёт чанд сухане бигӯям. Албатта, ин проблема дар пойтахт дар ҳар давру замон вуҷуд дошт, яъне нақлиёт намерасид. Аммо ба ин дараҷа паст будани сатҳи хидматрасонӣ дар нақлиёт ҳеч гоҳ ба монанди имрӯз вуҷуд надошт. Дирӯз бо коре ба назди Донишгоҳи омӯзгории пойтахт рафтам. Аз тарафи маҳаллаи 102 - и пойтахт то ин бо маршрути хатсайри рақами 22 рафтан мумкин аст. Ҳоло мо аз нақлиёт пиёда нашуда, нафарони зиёде бо мақсади савор шудан ба тарафи минибус давиданд. Пулчинак ё ҳамон нозир эълон кард, то "Қарияи боло" меравем. Зане норозигӣ баён кард, чаро то "Қараболо" ҳамаатон "Қара- боло" гуфта истодаед, чаро? Пулчинак посух дод, - охир холла, ҳама то 102 мераванд, ин барои мо "невигодный". Онҳое, ки савор шудан мехостанд, ҷумла донишҷӯён буданд ва шояд аксарашон аз навоҳии Ҳисор ва Шаҳринав ҳам буданд ва баъди ин минибус бояд ба як ё дуи дигар савор шаванд, ки ба кисаи донишҷӯ рост намеояд. Тибқи омори Раёсати шаҳрдорӣ дар шаҳри Душанбе ба сокинон ва меҳмонони пойтахт 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ ("Автобус-1", "Автобус-2", "Автобус-3" ва "Троллейбус") ва зиёда аз 20 ҷамъиятҳои шаклҳои гуногун тибқи шартнома бо ронандагони воситаҳои  нақлиёти шахсӣ, ки иҷозатнома доранд, хидмат мерасонанд. Ногуфта намонад, ки кор дар самти хидматрасонии нақлиёт он вақт хуб мешавад, ки байни ҳам рақобати солим дошта бошанд. Бадбахтона, имрӯз ки рақобат нест, проблема ҳалли худро намеёбад. Агар рақобат мебуд, мардум ҳуқуқи интихобро пайдо мекарданд, имрӯз ки интихоб надоранд, дар ҷойи се нафар чор нафар савор мешаванду ба замми ин ронанда бақияпулиро намедиҳад, ҳар гуна ки хост хатсайрашро тағйир медиҳад. Мутаассифона, ҳеч гоҳе корманди бозрасии давлатии автомобилӣ барои ин амалаш ронандаро ҷарима намекунад, ҳеч гоҳе корманди "Тоҷикстандарт" ронандаро манъ намекунад, ки нақлиёташ ҷавобгӯи талабот аст ё не, ҳуқуқи истеъмолгар поймол шудааст ё не. Ҳайҳот, то ба ин дараҷа расидани мо х еле ҳам вақт аст, ҳоло бошад ба ғайр аз ин сохтори дигаре, ки фаъолияти наклиётро танзим бояд кунад бозрасии нақлиёт аст, вале он ҳам ба ғайр аз додани хатсайр ба ронандагон кореро анҷом намедиҳад. Мувофиқи таҷрибаи давлатҳои пешрафта ронандагоне, ки бо нақлиёти ҷамъиятӣ сару кор доранд, ҳаматарафа омӯзонда мешаванд, аз тарафи бозрасии нақлиёт, стандарт ва бозрасии давлатии автомобилӣ сари чанд вақт байни ронандагон озмунҳо доир мекунанд. Имрӯз ҳатто аз байни ин ниҳодҳои бо нақлиёт сару кор дошта, таҳлилгаре пайдо намешавад, ки таҳлил кунад, дар як моҳ як ронандаи микроавтобус як мусофир, гирем як донишҷӯро чӣ қадар фиреб мекунад ва аз ҳисоби надодани бақия ва аз меъёр зиёд бор кардани мусофир чӣ қадар даромад ба даст меорад, дар як сол ин чӣ қадар мешавад. Магар ин фасод нест?! Дар асл марказҳое, ки ба гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ машғул ҳастанд, метавонанд, ин корро анҷом бидиҳанд. Он вақт гунаҳкорони асосӣ, ки ба фиреби мардум машғуланд, муайян хоҳанд шуд.

Орзу

Умуман, дар ҷашни 90 - солагии пойтахт таманнои онро дорам, ки субҳи шаҳриён на бо садои "ширда биё", балки бо садои дастгоҳҳои корхонаҳо шурӯъ шавад, вақте ки корхона кор кард, сафи бекорону талбандаҳо низ худ аз худ кам мешавад, кӯдакон аз субҳ то шом вақти худро дар кӯчаҳо  намегузаронаду ба боғчаҳо ва дигар муассисоти фарҳангӣ- фароғатӣ ва таълимгоҳҳо ҷалб мешаванд. Барои ин бояд корхонаҳои саноатӣ бе танаффус кор кунанд ва мардум сари вақт маош бигиранд. Ва аз ҳама муҳим, фарҳанги шаҳрнишинӣ низ он вақт маънӣ пайдо хоҳад кард.

Мавҷудаи Соҳибназар, сокини ш. Душанбе 

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97