"Баробарӣ хуб аст, вале озодӣ ҳамто надорад"

Иҷтимоъ 31.07.2014 13:11

sohibnazarov

Нигоҳи мармузи замон мутаҳайирона ба суфуфи пардаҳои зиндагӣ печида, холатҳои гуногунро ба вуҷуд меорад ва суолҳои зиёдеро дар зеҳни инсон эҳдо мегардад.  Ҳастӣ чист?, ҳақиқат куҷост, аз куҷо сарчашма мегирад ва то куҷо доман паҳн мекунад?,ҷавонмардӣ ва ҷасорат чист?...

Ин суолҳоеанд, ки дар зеҳн ва тафаккури инсон солҳо чарх мезанад ва дар моварои зиндагӣ, то ҳанӯз ҷавобҳои мушаххас пайдо накардааст. Бешубҳа, агар ҳар яке дар ҷои худ бошад, офтоби паси кӯҳ тулуи хоса ва боварибахшу чонбахши худро гарм ва нарм ба сари одамон нисор месозад,  ки баракат ва иқдомаш аз Худованд бузурги ҳарду ҷаҳон аст, ки ҳар яки моро офаридааст ва бозгашти мо ба сӯи ӯ фаро мерасад. Бозгашти холӣ на, балки пур аз кулвори некию некманишӣ ва ҷавонмардию босипосӣ ва якрӯию эътимоднокӣ, ки вақт бо ақрабаки хеле босуръаташ дар ихтиёри ҳар кадоми мо вогузоштааст.

 Рисолати замоне будани мо низ, дар рӯи замин барои сохтану обод намудани зиндагии ботинию маънавии мост, ки танҳо шахсони огоҳу вораста аз занҷирҳои бофтаи зиндагӣ метавонанд рӯ ба сӯи олами нур, олами фазлу камол, оламе, ки рисолаташ инсони вораста ва пурғуруру сарбаланд аст, навобаста аз хисороте, ки дар қалбу ҷони худ мехӯрад биорад

 

Аз ҳамин нуқтаи назар мисле, ки аз дилу ҷон садо берун мегардад ва мехоҳад, ки ба насли имрӯз бирасонад, ки замоне як шахсияти вораста ва равшанфикр, боҷуръату Ватандӯсти асил по ба зиндагӣ оварду бо будани худ тавонист ин олами моро рангу тобиши тозае бубахшад ва дифоъ аз мардуми бедифоъи худ намояд, бо сари баланд ва бо чеҳраи нуронию орифона ва тоҷикона ва содиқонаи худ тавонист, ки сухани худро дар рӯбарӯи ҳамақида ва мухолифони худ, билохира ба халқи худ, ки онро аз дилу ҷонаш зиёдтар дӯст медошт расонад. Кист, ин абармарде, ки мо дар оғози  гуфторамон  аз зиндагиномаи ӯ ёд намудем?

Хонандаи арҷманди ман, ин ливои озодию озодапарастӣ Аслиддин Соҳибназар (Соҳибназаров) аст, ки дарборааш дигарон, балки рӯзноманигорон ва касоне, ки ҳамасрони ӯ буданд, аз мо хубтару беҳтар гуфтаанд. Аммо намедонам, чаро ҳар вақте, ки 11-июл фаро мерасад, маро чун зиёдтар аз рӯзҳои дигар хумори дидори бародари  ҳамақида ва устоди арҷманд, акаи Аслиддин мегирад ва намедонам он дидори беғаш ва ростин ва нурониро аз куҷо биёбаму рози дили чун кӯҳ ғуншударо ба ӯ ифшо созам. Рӯзи "11" ин рӯзе буд, ки марги нобаҳангом  аз миёни мо гули хушбӯю хушнакҳат ва беҳтарин абармарди миллатро рабуд, абадӣ ва беохир…

Нафаси тобистони гарм ба мо, дар он рӯзҳо сардиеро эҳдо кард, ки ҷисму ҷони ҳар фарди фарехта ва оламдӯсту миллатдӯст ва Ватандӯстро бо сардии сард мубтало кард. Бале, ҷои ӯ ҳанӯз холист, холист. Касе чун ӯ ҷуръати сухани ҳақ карданро надорад. Касе дифоъномаи халқро чун ӯ навишта наметавонад, касе бо шонаҳои рустамонаи худ, забардастона такядори ин миллат онзамон будан наметавонист ва хеле мехоҳем, ки чунин саодатмандони мондагор дар таърихи халқ зиёд бошанд.

Солҳо паи ҳам рахти сафар менамоянд. Гузаштаю имрӯзаи мулки мо, ба осорхонаи таърих ворид мегардад, аммо саволи матраҳ ин аст, ки, кӣ имрӯз,  номи онҳоро, кори анҷомдодаи эшонро ба замони худ муарифӣ намуда, воқеънигорона ба таърихи миллат месупорад?. Ин суолест, ки мавқеи хеле муҳимро имрӯз бояд доро бошад. 

Хеле мехоҳам, ки сӯҳбати хаёлие дошта бошам бо устод. Китобҳои ёдгормондаи ӯро рӯи даст мегирам ва хотираҳоро ҷуё мешавам ва бо худ суол медиҳам. Чаро умр вафо надорад? Чаро инсонҳои воло ба зудӣ мераванд ва моро ҷигархун менамоянд ва аз худ мепурсам: Ин чист? Хушбахтона аз китоби "Субҳи ситоракуш"-и устод Аслиддин Соҳибназаров  ба ин савол ва ба саволҳои зиёди дигар посухи худро дарёфт намудам.

Соли 1990, соли бозсозиҳо буд. Ҳамагон насими хушбӯеро ба машом доштанд. Умед мекарданд, ки он чизе, ки мегӯянд, дар амал татбиқ шавад, аммо намедонистанд, ки барои дигар кардани тафаккури одамон заҳматҳои зиёде бояд кашид. Дар ин сол аз тарафи тудаҳои мардум ба ҳайси намояндаи халқ дар Шурои Олӣ А.Соҳибназаров пазируфта шуд. Он сол аз миёни мунавварфикрони ҷомеа, намояндаҳои монанд ба А.Сохибназаров, ки барои беҳбуди ҳаёти кишвар ва халқ кӯшиш менамуданд гуфтан мумкин аст, ки аз 20-фисад зиёд намоянда-депутат интихоб шуданд. Раванди назаррасе  пеши мардум намоён шуда буд, ки агар,  мо бе аҷала пеш мерафтему ин нуқта халалдор намешуд, он ҳодисаҳои то ҷое таҳмилшуда, ба сари мардуми мо намерехт ва гапшунаву бахтбаргашта намегашт.

Ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, бо гуфтаҳои наву замонавӣ, бо як ҷасорати танҳо ба худ хос, аз минбари Шурои Олӣ борҳо баланд шудану ибрози ақида намудани ӯро сахт дар хотир дорам. Ва меафзудам,ана ин аст талошгари озодию ободии мамлакат барои тамоми халқиятҳое, ки дар Тоҷикистон сукунат доранд.

Ҳаёти мардуми ориф бе азоб намешавад.

Супоришгирифтаҳо ва бо фармони дигарон тӯҳматбандон дар ҳаққаш сухан ёфта, дарбеҳи ноуҳдабароёна ба ҷомааш духтанӣ мешуданд, аммо ӯ чун мурғи самандар аз нав эҳё мешуд.

Муҳтавои  як мактуби нафароне, ки  шабеҳи баъзе аз касони имрӯз ҳастанд чунин буд. Мӯҳтарам А.Соҳибназаров, дар яке аз сесияҳои Шӯрои Олӣ ба шири сафеди модар қасам хурда гуфта будед, ки ба ман ягон вазифаи олӣ лозим нест. Аммо барои ба мансаби олӣ, ноиби Раиси ҷумҳурӣ ноил шудан тамоми корҳои аз дастатон меомадагиро кардед. Аз ин маълум мешавад, ки Шумо шири сафеди модаратонро ҳурмат намекунед. (Сафар Талбак, Ҳусайни Ҳисорӣ ва Маликаи Абдулҳай.)

Посухи ӯ: «Ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки бар хилофи гапҳои туҳматангези мансабдорон, ба ман мансабҳои бисёре пешкаш карданд. Аммо ман пеши касе барои мансаб нарафтаам ва намеравам. Агар кадом вазифаеро ба ман халқи азизам муносиб донад, ин гапи дигар аст».

Замони кашмакашиҳои дохилӣ хеле дарк карда буд, ки ин як кори беҳуда ва нолозим аст.

Ман ба ғалабаи ҳарду тараф бовар надорам. Хуб медонам, ки ин ҷанги бемаънӣ оқибат, танҳо тоҷиконро аз байн мебарад, вале ҳич яке аз тарафҳо ғолиб намеояд, Баръакс душманон аз ғалабаи ҳар кадоме аз тарафҳо шод шуда, дар шабҳои хурсандиашоназ кундафаҳмии тоҷик шеърҳои оламгири ӯро дар тарҷумаи русӣ ва ё туркӣ хоҳанд хонд.

«Воқеан, дарёфти ҳақиқати кул ба касе муясар мешавад, ки ҳамроҳи ҳақиқати замони худ азобро меписандад, маҳрумият ва ранҷу озорро зистан меҳисобад ва ҳамаро дар маҷмӯъ мояи ба камол расидани шахсият ва ақлу заковати худ медонад. Табиист, ки ин гуна шахсият гумон, тахмин, шубҳа, ғуруру фиреб ва дигар сифатҳои аҳриманиро санҷида, таҳлил карда метавонад ва ба зудӣ чеҳраи ҳақиқии  дурӯягонро-ошкор месозад. Ва дар симои худ низ қабул надорад. Дурӯяҳо хатарноканд, маро ба дурӯяҳо баробар накунед. Онҳо кайҳо соҳиби мансабҳои баланданд. Ва он чизе, ки ба ман нисбат додаед, ҷомаи ман нест, хоҳиш мекунам ба каси дигар фурушед».

Модом, ки ин тавр бошад, пас вай сухани хато ва зиёновар нахоҳад гуфт, навиштааст дар варақҳои аввали китоби "Субҳи ситоракуш"-и устод муҳарири китоб, ки бе шак дуруст аст.

"Тасвиру инъикоси руйдодҳои мураккаб ва равандҳои пуртазоди ҳаёт дар асарҳои сиёсиву оммавӣ на ҳамеша боварибахшу хонданбоб, муассиру пуртаъсир ва ҳаққонӣ қаламӣ мешаванд. Хосса агар муаллиф дар айёми ба тасвиргирифта, иштирокдори бевоситаи ҳаводису хархашаҳо набошад. Дар чунин асарҳо аксар вакт таҳрифкорӣ ва каҷфаҳмиҳо ба вуқуъ мепайванданд. Муаллифи беирода, ноустувор, дасту дилаш нопок ва манфиатҷӯю оинапараст дар миёни он ҳама гирудор, мубориза ва талошҳо ҳатман шахсияташро сафед мекунад ва имону виҷдонашро фурӯхта, аз ҷаноби хеш қаҳрамони даврону Рустами замон месозад. Барои ин қабил муаллифон фарқ надорад, ки дар асари онҳо як пора симои замон таҷассум меёбад ва симои замон-симои миллату меҳнати эшон аст. Охир, симои замонро бе тасвири чеҳраи одамон, ки табиатан офарандагони замонаанд, чӣ тавр метавон тасаввур кард?. Ин гуна симои гардолудаву зангзада ҳаётӣ намебарояд ва ғайри қабули хотири хонанда мешавад".

Муҳимтарин арзиши Аслиддин Соҳибназар дар он аст, ки вай аз Ватан ва миллати шарифи худ ҳаққонӣ ифтихор мекунад ва симои Ватани зебо ва чеҳраи халқи бегуноҳашро барои оламиён сафед менамояд. Бо дарду алам мегӯяд, Ватани мо ба дасти аҷнабиён ва фарзандони ноқобил ба чархоби фоҷиа афтид, халқи меҳнаткаш, меҳмоннавоз, софдил ва нотакрори ӯ гуноҳе надорад. "Айб"-и асосии халқи ӯ ҳамин аст, ки инсониятро дар зиндагии зебо, осуда ва беолоиш дӯст медорад ва навозиш мекунад.

Барои фарди миллӣ дар дунё миллионҳо одам умр ба сар мебаранд ва ҳар яке ақидаи худро дорад. Ва қаҳрамони мо низ мегӯяд, ки либоси ақидаҳоямро ба қади касе пӯшониданӣ нестам. Бошад, ки зиндагӣ, раванди таърихӣ довари ин навиштаҳо гардад. Худои мутаъол худаш шоҳид аст, ки дар ин роҳ, кӣ хақ асту кӣ ноҳақ. Ва танҳо ӯ метавонад, ки ин айбномаро ба бандагонаш эълон дорад. Як рӯзе…»

Рӯҳи саркаши устод ва дили бузургашон барои баробарӣ ва озодӣ метапид. Роҳи ҳақиқат як роҳи рост аст ва онро касе каҷ карда наметавонад. Ростӣ бузургтарин дастовард аст, ки донишу идрок ва маърифатро меафзояд. Ҳамин нуктаро дар зиндагӣ сармашқ интихоб намуда, дар роҳи ҳақиқат ба ростӣ такя намуда, рост рафт, рост гуфт ва рост, чун қомати баланду муносибаш сухан кард. Дар лаҳзаҳои барои ҷонаш пурхатар ҳам аз ин роҳ нагашт. Касеро санги маломат назад.  Дар вохӯриҳояш ба интихобкунандагон иброз дошта буд. «Баробарӣ хуб аст, вале озодӣ ҳамто надорад». Ҳамин буд, ки амонатро хиёнат накард.

Пайваста барои мулкаш месухт ва таҳлил мекард, ки кадом абармардони Ватан аз марзу бум ҳимоят намуда, барои пешрафти кишвар ҳиссаи беандоза гузоштаанд ва аз онҳо илҳом гирифта, дар зиндагӣ аз китоби пурмаънои онҳо меомӯхт. Дар қатори дигарон Бобоҷон Ғафуровро ситоиш мекард.

"Танҳо пас аз соли 1947, баъди муншии аввали Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон-шоҳи тоҷикон интихоб шудани шодравон Бобоҷон Ғафуров мавқеи тоҷикон дар ҷумҳурӣ устувор гардид ва таваҷҷӯҳ ба мардуми таҳҷоӣ дигар шуд. Ин шахси бузург, олими шинохта ва хушбахтона (арвоҳаш шод бод) нахустин миллатгарои тоҷик дар як муддати ниҳоят кӯтоҳ ба он муваффақ гашт, ки зимоми идораи аксарияти ноҳияҳоро ба дасти тоҷикон диҳад"

Устод яке аз аввалинҳое буд, ки барои гузоштани хишти аввали Ҳизби демократи Тоҷикистон асос гузошт ва то охири умри худ, навобаста аз мушкилиҳои дохилӣ ва берунӣ ва хиёнатҳои зиёде ба ин ҳизб,  дар Тоҷикистон тавонист ба ақидаҳои худ содиқ монад ва маслиҳатҳои зиёди пурмаъноро барои ояндагон ва ҳамхизбиён мерос гузорад, баҳрабардорӣ аз он барои ҳамагон хеле муфид аст.

Замоне, ки мардум ба ду сангар тақсим шуда буданд, ӯ хеле маъюс шуда буд. Мо мегӯянд мухлисону ҳаводоронаш мувофиқи қарордоди пешакӣ соати 8 субҳ ба қароргоҳи Аслиддин Соҳибназаров омада, шоҳиди бевоситаи аз ҷониби намояндагони яке аз майдонҳо кӯшиши ба зӯрӣ гаравгон гирифтани ӯ шудем. Аммо Аслиддин Соҳибназаров ба тамкини ба худ хос истодагарӣ менамуд. Мо инчунин шоҳиди мардонагӣ ва шуҷоати ҳамкорон, дӯстони ӯ шудем, ки намояндагони миллатҳои мухталиф - мебошанд.  Дар гуфтугӯи баъди ин воқеаи нохуш, намояндаи  мардумӣ мехост чизҳои зиёдеро гӯяд. Дар соатҳои кӯтоҳи муқобилат ӯ кӯшиш намуд, ки ҳарду майдонро дарк намояд ва дар айни замон симои худро гум накунад.Ӯ фоҷеаро пешакӣ медид".

"Акнун ман медонам ситорае, ки мо онро дида, роҳи кӯҳро пеш гирифта будем, ситораи субҳ набуд. Ин ситораро  "Ситораи корвонкуш" ном мебаранд ва мисли ситораи субҳ ё ситораи рӯз равшан аст, аммо он дар нимашаб, соатҳои 1-2 пайдо мешавад ва тақрибан ягон соат худнамоӣ карда, пас нопадид мегардад. Дар бисёр ҳолатҳо сайёҳону тоҷирон ва  корафтодагон онро ба ситораи субҳ монанд карда, ба роҳ мебароянд ва аксаран ба фалокат рӯ ба рӯ мешаванд. Ана барои ҳамин онро "Ситораи корвонкуш" мегӯянд. Яъне ситораест, ки инсонро фиреб медиҳад. Оре, айнан мисли  субҳи истиқлол ва озодиҳои айёми нав  дар Тоҷикистон, ки Ватан ва миллати беозори моро ба рӯйдод ва фоҷиаҳои хунин гирифтор кард. Ин ситораи корвонкуш дарвоқеъ оғози субҳи ситоракуш буд".

Оянда-сарнавишти созандаи ҳар қавму миллат аст, ки ҳатман меояд. Ва албатта ҳақро ба ҳақдор мерасонад. Муҳим он аст, ки мо ба вафои худ устувор монда, барои пос доштани ёди гузаштагони худ вазифа ва рисолате дошта бошем.

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97