Фарёдҳои бефарёдрас?

Иҷтимоъ 11.07.2014 11:11

Ё роҷеъ ба зарурати таъмини адолати иҷтимоӣ ва нақши он дар таҳкими Ваҳдати миллӣ

NalogБа таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун кафили сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон 17 Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки рӯзи имзои Созишномаи сулҳ ва расидан ба Сулҳу суботи саросарӣ ва ваҳдати миллӣ аст, таҷлил мекунанд. Месазад, ки ин рӯзро ба ҳамаи сокинони кишвар ва ба сурати хос ба раҳбари давлат ва кишвар, ки пештар аз дигарон ин рӯз ба номи онҳо рақам хурдааст, табрик гуфт. 

Аммо мавзӯъи ин мақола масъалаи иҷтимоиест, ки пардохтан ба ҳалли он то ҳадди зиёде ба таҳкими ваҳдат кумак мекунад ва ҳамчунон нодида гирифтани он метавонад пайомадҳои ногувор дошта бошад. Бояд гуфт, ки номукаммалӣ дар қонунгузориҳои гуногун, аз ҷумла дар Кодекси андоз, татбиқи яктарафа ва нодурусти қонун, хомӯшии масъулин ба матолиби таҳлиливу танқидӣ аз омилҳоеянд, ки агар бартараф карда нашаванд, метавонанд вазъи пояҳои субот ва Ваҳдати миллиро дар кишвар дар марҳилаи кунунӣ ва минбаъда осебпазир кунанд.

Набзи ҷомеа ва камбудиҳои дар он ҷой доштаро бо гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ, иҷтимоӣ, омӯзиши афкори омма ва ҳамзамон омӯзиши ҳолати инъикоси он дар ВАУ метавон мавриди назар қарор дод ва дарёфт, ки дар кишвар кадом мушкилиҳо ҷой доранд, онҳо ифодаашонро дар чӣ меёбанд ва дар сатҳи Ҳукумати кишвар барои бартараф намудани онҳо чӣ чораҳо андешида шудаанд ва чи чораҳо бояд андешида шаванд.

Омӯзиши мақолаҳои таҳлилии аз ҷониби соҳибкорон, рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон ва намояндагони дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар рӯзномаҳо нашр гардида, нишон медиҳад, ки аксари ҷомеаро маҳз номукамалии бархе аз қонунгузориҳои кишвар, аз ҷумла Кодекси андоз сахт ба ташвиш овардааст. Маҳз ҳамин масъала онҳоро водор намудааст, барои баратараф кардани он ба воситаи васоити ахбори умум ба масъулини мақомоти дахлдори давлатӣ муроҷиат намоянд. Омӯзишҳо нишон медиҳад, ки ҷомеаи фаъоли Тоҷикистон барои бартараф намудани номукаммалиҳои Кодекси андоз аз саҳифаҳои ВАУ-и давлативу ғайридавлатӣ фаъолона истифода бурда, бо таҳлилҳои ҷолибу асоснок ва ба манфиати миллату давлат нигораронидашуда, назари худро оид ба мушкилоти дар соҳаи ҳуқуқи андоз, масоили андозбандиву андозситонӣ ҷой дошта баён намуда, роҳҳои ҳалли онҳоро  пешниҳодҳо кардаанд.

Ин маънои онро дорад, ки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ камбудиҳоро на ба хотири бадном кардани ин ё он мақомот, нафари мансабдори мушаххас ва ё Ҳукумати кишвар таҳия кардаанд, балки ба давлат ва Роҳбари кишвар эътимод карда, ба воситаи матбуот таваҷҷӯҳи сарвари давлатро ба  мушкилоти дар ин соҳа ҷой дошта, ҷалб карда, аз ӯ даъват намудаанд, ки ҳамчун кафили сулҳу суботи кишвар, ваҳдати миллӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, барои аз байн бурдани камбудиҳои мавҷуда, ба мақомоти дахлдори давлатӣ дастур дода, иҷроишашро аз онҳо талаб намоянд.

Аз қабили чунин мақолаҳо матлабҳое дар ҳафтаномаи "Нигоҳ": "Кодекси мухолиф" (№49, аз 05.03.2014), "Кодекси андоз ба манфиати кишвари  ҳамсоя аст, ё Тоҷикистон"; ҳафтаномаи  "Фараж": "Омилҳои мушкилзо" (№12, аз 19.032014), "Баҳона чист, номи халқ" (№12, аз 19.03.2014), "Ё чаро ихтиёрдорӣ намудани молу амволро барои соҳибмулк маҳдуд ва ҳатто манъ мекунанд" (№21, аз 21.05.2014), "Андоз аз даромад ва андоз аз фоида" (№19, аз 07.05.2014); ҳафтаномаи "Озодагон": "Кодекси андоз ба таҷдид ниёз дорад" (№17, аз 06.05.2014), "Аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ, вазифаҳо ва дурнамои он" (№20, аз  28.05.2014 с.); ҳафтномаи "Имрӯз Нюс": "Қонуни мо ҳатто ба генофонди миллӣ хатар дорад" (№56, аз 31.03.2014), "Қарорҳои иҷронашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон водорам кард, ки гӯям" (№63, аз 09.04.2014), "Кумитаи андоз 121,9 миллион сомониро ҷамъ накард. Асоситарин сарчашмаи даромади буҷет, далел меҷӯяд, то камбудии андозро нишон диҳад" №18(783) аз 29.01.2014, "Фоизҳои баланд ва муфлискунии сунъӣ"  (№27 (7892) аз 11.02.2014), "Саноати Тоҷикистонро ки монополия мекунад? Муҳити печидаи сармоягузорӣ ҷойи нигаронӣ дорад" (№60 (825) аз 15.052014); ҳафтаномаи "Миллат": "Андоз чаро ба манфиати ҳамсояҳост?" (№06 (441) аз 12.02.2014); "Азия Плюс", мақолаҳо зери сарлавҳаҳои  "Спи спокойно, дорогой товарищ" (№41  аз 29.05.2014),  "Ты  виноват лишь в том, что хочется  мне кушать" (№45 аз  12.06.2014), "Налоги как сущие наказание" (№44 аз  08.062014) ва даҳхо матолиби дигарро номбар кардан мукин аст, ки муаллифон бо овардани факту далелҳои раднашаванда, даҳҳо мухолифатҳои дар Кодекси андоз мавҷудбуда ва ҳатто татбиқи нодурусти андозро нисбат ба андозсупорандагони алоҳида мисол овардаанд. Вале дар ягон ҳафтанома мо надидем, ки масъулин ягон вокуниши радкунандае оварда, собит сохта бошанд, ки муаллифон беҳуда ташвиш мекашанд.

Омӯзиши мақолаҳои марбута нишон медиҳад, ки нигорандагони онҳоро маҳз ин ҳолат ба ташвиш овардааст, ки масъулини андози кишвар айни замон роҳеро пеш гирифтаанд, ки ба манфиати суботи кишвар набуда, метавонанд, агар ба он тартибе, ки оғоз шуд идома ёбад, оқибатҳои ногуворӣ иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсиро ба бор оварад ва ҳисси яъсу ноумедӣ ва нобовариро зиёд намояд. Коршикании соҳибкорони ду бозори калони кишвар дар ҷануб ва шимолро маҳз норозигӣ ба Кодекси андози нав ба он сабаб шуда буд.

Чаро мақомоти андоз "мӯҳлати даъво"-ро сарфи назар мекунанд?

Аз мазмуни мақолаву таҳлилҳо бармеояд, ки масъулини мақомоти андоз бовар доранд, ки онҳо метавонанд ба хотири "ғанигардонии буҷети кишвар", "беҳтар нишон додани натиҷаҳои фаъолияти худ", муқаррароти қонунгузор, ҳатто Сарқонуни кишварро ба инобат нагиранд, сарфи назар намоянд, ба мавҷудияти институти ҳуқуқии  мӯҳлати даъво, ки бо онҳо баъди гузаштани мӯҳлати муқаргардида ҳуқуқи дахолат карданро бо масоили андозбандиву андозситонӣ намедиҳад, эътибори  хоса надиҳанд. Бо ба инобат нагирифтани мӯҳлати даъво ғайриқонунӣ фаъолияти даҳҳо субъекти хоҷагидори андозсупорандаи фаъол маҳсубшавандаро санҷида, ба зиммаашон пардохтани маблағу андозу ҷаримаву фоизҳои барзиёд ва аз ҳама ташвишовар нодуруст ҳисоб кардаашонро гузоранд. Парвои онро надоранд, ки субъекти хоҷагидор қудрат, қобилият ва имконияти пардохт намудани ӯҳдадориҳои нодуруст ба зима гузоштаро надорад.

Набояд мо таҷрибаи давлатдории худи тоҷикон ва дигар давлатҳои ҷаҳонро фаромӯш кунем, ки маҳз андозбандии ғайриқонуниву аз меъёр зиёд як зумра оқибатҳои гаронро барои давлат ба бор овардааст. Набояд ба хотири манфиати ҳамин давра ва ҳамин марҳила, заминаи ба муфлисшавӣ гирифтор шудани як зумра субъектҳои хоҷагидори амалкунандаро гузорем.

Бояд дарк кард, ки ба инобат нагирифтан ва сарфи назар намудани талаботи қонунгузории амалкунандаи кишвар, вазъи ногувореро метавонад ба вуҷуд оварад, ки раванди эътидол дар кишвар халалдор шавад.

Дар рӯзномаҳо таҳлилу мақолаҳои мухталиф вобаста ба мушкилоти  байни субъектҳои хоҷагидору мақомоти андози кишвар дар масоили андозбандиву андозситонӣ ҷой дошта ба табъ расида бошанд ҳам, вале мавзӯъҳои дар онҳо дарҷ гардида, мавриди таваҷҷӯҳи хосаи мақомоти дахлдори давлатӣ қарор нагирифт. Танҳо оид ба баъзе мақолаву таҳлилҳои дар ҳафтаномаҳои "Нигоҳ" ва "Озодагон" нашр шуда, Кумитаи андоз ҷавоб гардонида, бе овардани далелҳои мушаххас таъкид кардааст, ки мақомот фаъолияташро дар доираи  қонун ба роҳ мондааст, нафарони оид ба ин мавзӯъ назарашонро пешниҳод намуда, "ба моҳият ва мазмуни қонунҳои амалкунанда сарфаҳм намераванд", "мушкилоти ҷой доштаро дуруст дарк намекунанд", "бинобар ин ба хонанда маълумоти дурусту саҳеҳ пешниҳод намекунанд".

Вале собит насохтаанд, ки муаллифон "ба кадом моҳият ва мазмуни қонунҳои амалкунанда сарфаҳм намераванд?", "мушкилоти ҷой доштаро чӣ гуна нодуруст шарҳ додаанд, ба хонанда кадом маълумоти пешниҳоднамудаи онҳо "дуруст ва саҳеҳ" нест?

Аммо омӯзиши таҳлилу мақолаҳои дар рӯзномаҳои мухталиф дарҷ гардида нишон медиҳанд, ки рӯзноманигорону соҳибкорон,  коршиносон доир ба паҳлӯҳои мухталифи масоили андозбандиву  андозситонӣ назарҳояшонро баён намуда, беғаразонаву холисона мавзӯъҳоеро фаро гирифтаанд, ки заминаҳои воқеӣ доранд ва ба пешрафт ва рушди иқтисодиёти кишвар, амалисозии вазифаҳои барои дурнамои кишвар эълон доштаи Президенти мамлакат, ки ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ, таъмин намудани ҳуқуқу  манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ба вуҷуд овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар, ба кишвари истеҳсолокунанда табдил додани Тоҷикистон нигаронида шудаанд, халал эҷод мекунанд.

Аз масъалагузориҳои дар ин мақолаву таҳлилҳо дарҷгардида бармеояд, ки бархе аз меъёрҳои ҳуқуқии дар Кодекси андози амалкунандаи кишвар дарҷ гардида, ки асос, тартиб, мӯҳлати гузаронидани санҷишҳои андозро бо масоили гузаронидани санҷиши такрории маҷмӯии ҳуҷҷатии андоз, бастани суратҳисобҳои бонкии субъектҳои хоҷагидор, тарҳи хароҷот аз даромад, муқаррар намудани нархи бозорӣ, мӯҳлати даъворо ба танзим медароранд:

- аз  сабаби мутобиқат накардан ба муқаррароти Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои байналмилалии эътироф кардаи кишвар, қонунҳои конститутсионӣ, дигар қонунҳо, заминаи ба вуҷуд омадани омилҳои коррупсиониро дар масоили андозбандиву андозситонӣ гузоштаанд;

- инчунин ба масъулини мақомоти андоз салоҳияти беандоза зиёди тибқи хости худ, ба ҳар баҳона ва асос гузаронидани ҳама намуди санҷишҳои андозро доданд;

- дар масоили андозбандӣ ва андозситонӣ бо муқарррар намудани меъёрҳои ҳаволакунанда, ҳар гуна "истисноҳо аз қоидаҳои умумӣ", бартариятҳо, афзалиятҳо, ба масъулини мақомоти андоз додани   ҳуқуқҳои баръало васеъ дар мавриди андозбандӣ, муқаррар намудани  манбаъҳо, объектҳо, сарчашмаҳои андоз, ҳангоми аз нав ҳисоб кардани  андозҳо, фоизҳо, ҷаримаҳо, дар вазъи ҳуқуқии "вобаста будан", "дар тобеият қарор доштан", "вазифдор", "ӯҳдадор", "қарздор"  нигоҳ доштани андозсупоранда;

- андозсупорандаро "водор ва вазифадор" менамояд, ки ба хулосаи дар санади санҷиши андоз дарҷ намудаи санҷишгари мақомоти андоз розӣ шуда, дар мӯҳлати аз даҳ то сӣ рӯз маблағи андози азнавҳисобшуда, ислоҳ кардашуда, андоз ва ҷаримаҳоро супорад. Агар андозсупоранда ин корро накунад, ҳато агар масъулини мақомоти андоз қонунро нодуруст татбиқ карда бошанд ҳам, мақомоти ҳифзи ҳуқук метавонанд нисбати андозсупоранда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, масъалаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ба ҳабс гирифтан, мусодираи молу амволро роҳандозӣ намоянд, андозсупоранда дар ин ҳолат воқеан дар  вазъи ногувору нобаробару риққатовар қарор дорад".

Дахолати аз ҳад зиёди қонунии мақомоти андоз ба субъекти хоҷагидор

Аз мӯҳтавои мақолаву таҳлилҳо бармеояд, ки бархе аз меъёрҳои   Кодекси амалкунанда на танҳо ба меъёрҳои Конститутсия кишвар ва ҳатто ба талабот ва қонунҳои иқтисоди бозаргонӣ мутобиқат накарда, ба он мухолифат мекунанд, инчунин сарфи назар шудааст, ки дар иқтисоди бозаргонӣ нархро на мақомоти давлатӣ тибқи қарори худ, балки аз рӯи пешниҳод ва талаботи бозор муқаррар мекунанд, нархҳои бозорӣ низоми тағйирёбанда доранд ва арзиши онҳо бо назардошти талаботи бозор боло ва ё поён меравад.

Бархе аз меъёрҳои Кодекси андози амалкунандаи кишвар бошад ба ин  талабот мутобиқат намекунанд, зеро ба баъзе аз масоил субъекти хоҷагидорро "аз ҳуқуқи аз даромади худ тарҳ намудани ин ва ё он намунаи хароҷоташ" маҳрум менамояд, баъзе хароҷотҳои воқеӣ ва лозимаро "манбаъ ва объекти андозбандӣ" маҳсуб медонад, ё ки субъекторо водор менамоянд, ки мол, кор ва хидматрасонии ба истеъмолкунандагон пешниҳод кардаашро на аз рӯи нархи бозорӣ, балки бо он нархе ба муомилот бароварад, ки имкони ҳарчи бештар  андозбандӣ намудани субекти андозсупорандаро диҳад.

Яъне, Кодекси андози амалкунанда ба масъулини мақомоти андоз заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст, ки аз ҳад зиёд ба фаъолияти молияву хоҷагидории субъекти андозсупоранда дахолат намоянд ва ҳар вақте, ки хостанд ва ба ҳар тарзе, ки метавонанд, субъекти хоҷагидорро зери фишанги фишори худ қарор диҳанд ва дилхоҳ субъекти хоҷагидорро аз натиҷаи санҷиши андоз, ҳамчун субъекти ҳуқуқвайронкунандаи қонунгузории андоз арзёбӣ карда, бо ин "асос" масъулияти иҷро намудани ӯҳдадориҳои иловагии андозро ба дӯшаш бор кунанд. Агар эҳсос намоянд, ки субъект ҳамчунин имкони моддӣ ва молиявӣ надорад, ӯро ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупоранд.

Кодекси андози амалкунанда ба санҷишгарони мақомоти андоз имкон медиҳад, ки ҳатто меъёрҳои мукаммалу мушахаси онро ба инобат нагиранд, онро на он тавре, ки аз муқаррароти қонун, балки ба он мазмуне, ки барои онҳо лозим аст, шарҳ додаву татбиқ намоянд.

Аз мақолаву гузоришҳо бармеояд, ки санҷишгарони мақомоти андоз тайи давраи сипаришудаи соли 2014 бо "баҳонаи ғанигардонидани буҷети кишвар", "иҷро кардани супоришҳои боло", ки ҳатто баъди гузаштани мӯҳлати даъво ва мӯҳлати ба ҷавобгарӣ кашидани андозсупоранда, ҳатто давраҳои андози борҳо ва борҳо мавриди санҷиши мутахассисони ин мақомот ва дигар мақомоти давлатӣ қарор гирифтаро, бе ягон маҳдудият мавриди санҷиши такрории андоз қарор  медиҳанд.

Дар кадом ҳолатҳо ӯҳдадории андоз қатъ гардида ва қарзи андоз пардохташуда ҳисобида мешавад?

Мисолҳои овардашуда аз он шаҳодат медиҳад, ки бархе аз масъулини мақомоти андоз ба инобат намегиранд ва гирифтан ҳам намехоҳанд, қи қонунгузор  мӯҳлати даъворо ба хотири таъмин намудани устуворӣ ва пайдарҳамии муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ ва роҳандозии низоми муназзаму босамари ҳимояи ҳуқуқӣ, аз байн бурдани имконияти пас аз гузаштани мӯҳлатҳои тӯлонӣ нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда татбиқ намудани чораи таъсиррасонии маҷбуркунии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда, дар баробари дигар қонунҳо, дар Кодекси андози қаблӣ ва амалкунанда, мутаносибан, алалхусус  моддаҳои  66, 105 Кодекси андози то 1 январи соли 2013  пешбинӣ карда шудааст: "… мақомоти андоз маблағҳои андози шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро метавонанд дар давоми  3 соли баъди ба охир расидани давраи андоз ҳисоб намоянд ва маблағи  андози ҳисобшударо аз нав дида бароянд…",  "Шахсро  барои содир намудани ҳуқукйронкунии андоз ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин  нест, агар аз рӯзи содир намудан ё аз рӯзи дигар баъди ба охир расидани давраи андоз, ки дар давоми он чунин ҳуқуқвайронкунии андоз  содир шуда буд, се сол гузошта бошад (мӯҳлати даъво); ба ин тартиб  дар моддаҳои 64, 66, 80 ва  Кодекси андози аз  1 январи соли 2013 низ омадааст: "Дар ҳолатҳои зерин ӯҳдадории андоз қатъ гардида ва қарзи андоз пардохташуда ҳисобида мешавад… гузаштани муҳлати даъво аз рӯи  ӯҳдадории андоз, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст", "Мақомоти андоз метавонад маблағи андози андозсупорандаро ҳисоб намояд (иловагӣ ҳисоб намояд), аз нав баррасӣ намояд (ислоҳ намояд ва (ё) маблағи  андози  ҳисобшударо ( иловаги ҳисобшударо, ислоҳшударо) дар давоми 5 соли баъди ба охир расидани соли тақвимӣ ситонад", ".. ҳангоми мавҷуд будани ҳадди акал яке аз ҳолатҳои  зерин  шахсро "барои содир кардани  ҳуқуқвайронкунии андоз" ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин нест… гузаштани муҳлати  ба ҷавобгарӣ кашидан барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии  андоз", инчунин  аз муқаррароти моддаи 78 ин Кодекс бармеояд, ки "қарзҳое, ки бо онҳо мӯҳлати даъво гузаштааст, қарзҳои беэътимод" маҳсуб меёбанд.

Қобили тазаккур аст, ки меъёрҳои мавриди назари дар Кодексҳои андоз пешбинигарида, ҷиҳати амалӣ кардани меъёри дар моддаи 45 Сарқонуни  кишвар пешбинӣ гардида, ки ба таври возеҳу равшан муқаррар кардааст: "Қонунҳое, ки андози нав муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд".

Меъёрҳои ҳуқуқии мавриди назар бешак нишон медиҳанд, ки  қонунгузор мӯҳлати даъворо ба он хотир пешбинӣ кардааст, ки гузашти вақти зиёд метавонад боиси аз байн рафтани далелҳои дахлдор гардад,  аз байн рафтани далелҳо дар навбати худ  эҳтимол боиси муҳлатҳои тулонӣ ҳалли худро наёфтани ин ё ва он баҳси байни субектони муносибатҳои гражданӣ ва ё субъекти хоҷагидору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла андоз гардад.

Аз ин лиҳоз, қонунгузор мӯҳлати даъворо ба хотири аз байн бурдани ҳамагуна кашолкориву бенизомӣ дар рафти ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ, муқаррар кардааст.

Мавҷудияти меъёри ҳуқуқии мӯҳлати даъво тақозо менамояд ва ҳушдор медиҳад, ки оид ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ бепарво набошанд, ҳалли онро ба таъхир нагузоранд, дар мӯҳлати  муқаррарнамудаи қонунгузор барои таъмини ҳуқуқҳои поймолшудаи худ чора андешанд.

Бо муқаррар намудани институти мӯҳлати даъво, қонунгузор ба самъи субъектҳои дахлдор мерасонад, ки бо гузаронидани он, онҳо аз як зумра ҳуқуқҳо маҳрум мешаванд.

Гузаштан ва гузаронидани мӯҳлати даъво, маънои аз байн рафтани он  оқибатҳои ҳуқуқиеро дорад, ки дигар шахсро (субъектро) наметавон ба ҷавобгарӣ кашид ва ё аз ӯ барқарор намудани товони зарари  расонидашударо талаб кард.

Аз ин бармеояд, ки мақсади институти мӯҳлати даъво муқаррар намудани мӯҳлати ҳалли баҳсҳо ба роҳи ҳуқуқӣ, таъмин намудани  суботи устувору бонизом дар мавриди ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ, ба вуҷуд овардани интизоми мутақобила ва судманд байни субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ва аз байн бурдани ҳама гуна номуайяниву кашолкориҳои дарозо ва муносибатҳои нораво миёни субъекти хоҷагидор ва масъулини мақомоти андоз ба ҳисоб меравад.

Институти мӯҳлати даъво,тарафҳои муносибатҳои ҳуқуқиро аз "пешниҳоди даъвоҳои нораво, баъди гузаштани мӯҳлат" озод карда, ҳамзамон онҳоро водор менамояд, ки раванди иҷрои ӯҳдадориҳои   ҳуқукии тарафайнро зери назорат гирифта, сари вақт барои таъмини   ҳуқуқу манфиатҳои хуқуқии худ аз воситаҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ  истифода намоянд ва ба тарафҳо имкон медиҳад, ки дар доираи мӯҳлати даъво ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худро амалӣ намоянд.

Боиси зикр аст, агар дар Кодекси андоз институти мӯҳлати даъворо қонунгузор пешбинӣ карда, муқаррар намекард (дар баробари дигар соҳаҳои  ҳуқуқи гражданӣ) дар он маврид тарафи ҳақдор" метавонист, имкон дошт, ҳар вақте ки ба ӯ лозим аст, тарафи дигарро ба баҳонаи ба ҷавобгарӣ кашидан ва ба суд додан зери фишори доимӣ қарор дода, дар   муомилот ва муносибатҳои  ҳуқуқӣ заминаи ба вуҷуд омадани баҳсҳои тулониеро, ки ҳич вақт ҳали ҳуқуқии худро нахоҳанд ёфт, гузорад.

Институти муҳлати даъво, таносуб ва тавозуни муносибатҳои ҳуқуқиро,  ки дар асл раванди орому бонизоми созандаи муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад,  мабодо агар ба инобат гирифта нашавад, метавонад оқибатҳои ногувори дигареро дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ ба миён оварад.

Қобили тазаккур аст, мӯҳлати даъво ба тарафи "ҳақдор" имкон намедиҳад, ки баъди беасос гузаронидани муҳлати даъво аз ҳуқуқаш суистифода намояд.

Институти муҳлати даъво, на танҳо хоси муомилот ва муносибатҳои   гражданӣ мебошад, балки хусусияти байнисоҳавӣ дошта, ба ҳуқуқи андоз низ дахлдошта, бе ягон истисно нисбат ба ҳамаи муносибатҳои  ҳуқуқии байни субъектҳои хоҷагидору мақомоти андоз ба масоили андозбандиву андозситони ба миён меомада  низ татбиқ карда мешавад.

Пас аз ин бармеояд, ки мақомоти андоз бо гузаронидани мӯҳлати даъво, на танҳо ҳуқуқи ба ҷавобгарӣ кашидани андозсупорандаро барои ҳуқуқвайронкуниҳои андоз аз даст медиҳанд, балки наметавонанд   барои давраи андози мӯҳлати даъвояш гузашта, санҷиши андозро     роҳандозӣ  намуда, тибқи он масъулияти пардохтани маблағи андозҳои бар илова ҳисобкардашуда, фоизҳо, ҷаримаҳо ва ё иҷрои дигар   уҳдадориҳои андозро аз андозсупоранда талаб намоянд.

Агар масъулини мақомоти андоз барои кирдори баъди январи соли 2013 содиршуда пас аз гузаштани мӯҳлати даъво ба ҳамчун амалҳое  роҳ дода  бошанд, ин маънои аз ҷониби онҳо риоя накардан ва ба инобат нагирифтани муқаррароти қисми 1 моддаи 66, зербанди 4 қисми  2 моддаи 80 Кодекси андози амалкунанда ва барои кирдорҳои то 1 январи соли 2013 содиршуда бошад, риоя накардани  қисми 1 моддаи 86, қисмҳои 1, 2, 3 моддаи 105 Кодекси андози аз эътибор соқит карда шударо дорад.

Сарфи назар кардан ва нодуруст тадбиқ намудани қонун чӣ оқибатҳо дорад?

Далелҳои дар  мақолаву таҳлилҳои дар рӯзномаҳо дарҷгардида нишон медиҳанд, ки як зумра  нуқсонҳо, номутобақитиҳо, носаҳеҳиҳо дар Кодекси андози амалкунандаи кишвар ҷой доранд, ки агар сари вақт ошкору бартараф карда нашаванд, метавонанд на танҳо ҳамчун омили ба вуҷуд оварандаи ҳолатҳои коррупсионӣ, халалдор кунандаи пешрафти иқтисодиёти кишвар, инчунин ҳамчун омили таҳдидкунанда ба субот ва авзоъи иҷтимоӣ шуда, фазои носолими маблағгузорию андозбандиро дар кишвар ба миён оварад.

Аз ин лиҳоз аз Маркази қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазоратҳои адлия, молия, иқтисод ва савдо даъват ба амал оварда мешавад, ки бо дарназрдошти ваҷҳҳо ва далелҳои дар мақолаву таҳлилҳои дар рӯзномаҳо нашр намудаи намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мутобиқати меъёрҳои баҳсноки мавриди назари Кодекси андози амалкунандаи кишварро аз лиҳози мутобиқат ба талаботи   Сарқонуни кишвар, қонунҳои конститутсионӣ, дигар қонунҳо,  созишномаҳои эътироф кардаи кишвар, мавҷудияти меъёрҳои коррупсионӣ аз экспертизаҳои ҳуқуқӣ, зиддикоррупсионӣ ва иқтисодӣ гузаронида, ҷиҳати бартараф  намудани норасоиву носаҳеҳиҳо ва номутобиқатиҳои ҷойдошта ва такмили он, ба мақомоти дахлдори қонунгузор ва ВАУ таклиф пешниҳод намоянд.

Бинобар ин зарур аст, ки кумитаи андози кишвар барои аз байн бурдани санҷишҳои бемаврид ва ба зиммаи андозсупорандагон бор кардани ӯҳдадориҳои бар илова ҳисобкардашудаи андоз иқдом кунад.

Идомаи ин усуле, ки бархе масъулини мақомоти андоз бо сарфи назар намудан ва ба инобат нагирифтани муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳлати даъвои пешниҳод намудаи Кодекси андоз пеш гирифтаанд, метавонад боиси аз фаъолият бозмондан ва  муфлис шудани як зумра андозсупорандагон, аз кори доимӣ маҳрум  шудани садҳо нафар шаҳрвандони кишвар, афзудани шумораи бекорон, муҳоҷирати иҷбории меҳнатӣ, аз манбаи доимии даромад маҳрум  шудани буҷетҳои ҳамаи сатҳҳои кишвар, ба миён омадани фазои носолими сармоягузорӣ ва аз кишвар берун рафтани маблағҳои   ҳангуфт ва ҳатто осебпазирии иҷтимоӣ ва норозигӣ гардад. Ин воқеиятест, ки онро наметавон нодида гирифт, зеро ба таъмини амнияти кишвар иртиботи бевосита ва пайваста дорад.

Сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бо роҳи таъмин намудани волоияти   қонун,  ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои конститутсионии шаҳрвандон, баробарии ҳама дар назди қонун, аз байн бурдани бартариятҳо, афзалиятҳо, маҳдудиятҳо, ҳимояи судии ҳуқуқҳои поймолшуда ва барқарор намудани товони зарари расонидашуда, татбиқи якхела ва дурусти қонунҳо, ошкор ва бартараф намудани меъёрҳои коррупсионии дар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар Кодекси андози амалкунанда ва дигар қонунҳо ҷой дошта, ба роҳ мондану фаъол кардани назорати ҷамъиятӣ ба раванди амалисозии сиёсати расмии давлатӣ ва санадҳои  барномавии кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмуддати умумимиллӣ таъмин карда метавонем, на бо роҳи ба таври маҷбурӣ ситондани андозу ҷаримаву фоизҳои барилова ва барзиёд ҳисобкардашуда.

Агар қонун амал накунад, ба инобат гирифта нашавад, манфиатҳои   гурӯҳиву соҳавӣ ва идоравӣ аз қонун боло ҳисобида шавад, ин ба манфиати  миллат, давлат, Ҳукумати кишвар нест. Аз ин лиҳоз месазад, ки бори дигар таваҷҷӯҳи  масъулини мақомоти дахлдори давлатиро ба масъалаи мазкур ва ислоҳи он ба нафъи мардум ва давлат ҷалб намуд. Зеро ин ҳама фарёдҳои бефарёдрас метавонанд дар дарозмудат ба зарраи иқтисод бошад ва оқибатҳои нохушоянди иҷтимоӣ низ дошта бошад. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97