«Агар надонӣ, дар ҷаҳл бимонӣ...»

Иҷтимоъ 04.07.2014 15:30

dars umumiИсо ва Ҳусейн ҳамсол, ҳамсинф, дӯст, ва бо ҳам хешанд. Ду моҳи ахир ин ду ҷавони 16-сола аз шаҳри Қурғонтеппа боз як муштаракоти дигар пайдо кардаанд - ҳар ду ҳамроҳ барои омӯзиши забони русӣ, кор бо роёна, ва ҳуқуқ ба дарсҳои ройгони Маркази омӯзишӣ-иттилоотии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мераванд.

Маркази иттилоотӣ-омӯзишии Ҳилоли Аҳмар барои муҳоҷирони корӣ ва аҳли хонадони онҳо, ки ҳаштумин маркази вижаи Ҳилоли Аҳмар барои муҳоҷирон мебошад, ба хоҳишмандон забони русӣ ва кор бо роёнаро меомӯзонад ва ҳамчунин, машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ мерасонад. Ҳамаи ин ҳашт марказ бо талош ва пуштибонии Намояндагии Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дарҳои худро ба рӯи хоҳишмандон боз кардаанд. Ҳама навъи хидматрасониҳои марказҳои мазкур комилан ройгон аст. Марказе, ки дар шаҳри Қурғонтеппа кушода шудааст, бо маблағгузории созмони ҷамъиятии русиягии "СПИДинфосвяз" дар чаҳорчӯбаи барномаи русиягии "Мусоидат ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза бо маризиҳои сироятӣ" фаъолият мекунад. Муҳоҷирони эҳтимолии корӣ, муҳоҷирони бозгашта, ва ҳамчунин, аҳли хонадони онҳо дар ин марказ имкон доранд, ройгон машваратҳо дар мавзӯъи ВИЧ/СПИД ва ҳаққи қонунии дастрасӣ ба хидматгузориҳои тиббӣ дар Русия, ва машваратҳои ҳуқуқӣ бигиранд, ва ҳамчунин, ройгон забони русӣ ва кор бо роёна ва барномаҳои тозатарини фанновариҳои иттилоотӣ барои тамос бо наздиконашонро биомӯзанд.

dars-Исо Саидаҳмадов, қаҳрамони матлаби имрӯзаи мо, барои он ба ин марказ омадааст, ки забони русияшро беҳтар намояд ва ба бародараш, ки хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав мебошад, нишон бидиҳад, ки на танҳо ӯ русиро хуб балад аст. Исо ба ФБҶ СС ва ҲА гуфт: "Бародарам ҳамеша аз он меболад, ки русиро хуб балад аст ва маро накӯҳиш мекунад, ки русиро хуб намедонам. Вале акнун, ман ҳам забони русиро дар ин ҷо меомӯзам, ҳам барномаҳои ҷолибу лозимии компютерро фаро мегирам, ва боз дар мавриди ҳуқуқ ҳам метавонам донишҳои фаровон бигирам".

Донишҳои ҳуқуқӣ яке аз таваҷҷӯҳи асосии Исо ба ин марказ мебошад. Ин ҷавон, ки мехоҳад дар оянда дар Русия ба мактаби пулис дохил бишавад ва таҳсили худро дар он ҷо идома диҳад, мегӯяд, аз ҳоло худро омодаи таҳсилоти олӣ дорад. Аз ӯ мепурсам, аз машваратҳои асосии ҳуқуқие, ки дар ин ҷо дарёфт кард, кадомашро метавонад дар нахустин лаҳза ба ёд биорад? Ба ёдаш ин машваратҳо мерасанд: "Шиносномаро ба ҳеҷ ваҷҳ, ба ҳеҷ ваҷҳ ба касе набояд дод! Ва мушкили дигаре, ки бисёр ҷавонони тоҷик дар он ҷо гирифтор мешаванд, музди маошашонро нагирифтан аст. Аз ин рӯ, дар ин мактаб ба мо мегӯянд, ки ба ҳама наздикони худ расонем, то онҳо ҳангоми кор бо кордиҳандаи худ шартномаи хаттӣ банданд ва ҳамин гуна, имкони ҳуқуқии дарёфти музди худро пайдо кунанд".

Ҳамин суолро ба Ҳусейн Розиқов, амӯписар ва ҳамсинфи Исо медиҳам: "Ба фикри ман бисёре аз мушкилоти ҳуқуқие, ки муҳоҷирони мо дар Русия гирифтор мешаванд, муҷрим худашонанд. Худро сабти ном намекунанд, ба миёнаравҳое, ки сабти номи ғайриқонунӣ мекунанд, бовар мекунанд, дигар санадҳояшон нодуруст аст. Ва чунин аст, ки депорт мешаванд".

Ҳусейн низ мехоҳад ҳуқуқшинос шавад. Вале ба фарқ аз амӯзодааш мехоҳад дар Тоҷикистон таҳсили худро идома диҳад. Андешаҳояш дар бораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба фарқ аз бисёри ҳамсолонаш дигартар аст: "Вақте бачаҳо ба Русия мераванд ва забонро намедонанд, фарҳанги он мардумро намедонанд, қоидаҳоро риоя намекунанд, аз ин корҳояшон албатта мардуми маҳаллиро хуш намеояд".

dars-1Зубайдуллоҳ Холмуродов мушовири ҳуқуқии Маркази омӯзишӣ - иттилоотии Ҳилоли Аҳмар барои муҳоҷирон дар шаҳри Қурғонтеппа мебошад. Бо такя ба таҷрибаи чандинсолаи худ аз ёриҳои расонидааш ба муҳоҷирони дармонда, ҷаноби Холмуродов мегӯяд: "Муҳоҷирини кории мо бештар вақт ба як қатор камбудиҳои ҷиддӣ роҳ медиҳанд, аз ҷумла, дарёфт накардани иҷозатномаи кор, патент, набастани шартномаҳои меҳнатӣ. Дар сурате, ки онҳо имкон доранд, ки дар муҳлати муқарраршуда ин аснодро ба даст оранд. Ба ҳамин иллат, бисёре аз муҳоҷирон аз тарафи мақомоти пулис, марзбонҳо ва мақомоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия боздошт ва депортатсия мешаванд. Баъзеҳо, ҳатто муҳлати буду боши худро дар Русияро намедонанд".

Падари Ҳусейн солҳо боз дар Русия дар сохтмон ризқи фарзандонашро меёбад. Як бародараш низ қаблан мерафт, ҳоло бас кардааст. Ва таъкиди падараш аст, ки ба Ҳусейн гуфтааст: "Бихон, ки корҳои ҷисмонӣ дар ин ҷо бароят мушкиланд ва ту қувваташро надорӣ. Бихон, ки дар сохтмон кор накунӣ".

Маркази омӯзишӣ-иттилоотии Ҳилоли Аҳмар дар шаҳри Қурғонтеппа ройгон ба ҳар нафари хоҳишманд машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳад, забон ва фарҳанги кишвари мизбонатонро меомӯзонад. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97