Шаҳрдорӣ ҳам ҳунар аст

Иҷтимоъ 12.05.2014 15:19

Khisrav abdunazarovВуҷуди расонаҳои гурӯҳии озод ва мустақил яке аз нишонаҳои муҳимми демократия дар ҷомеа маҳсуб мешавад. Ва муҷиби хушнудист, ки дар Тоҷикистони мо низ чандин расонаҳои гуруҳии озод, аз ҷумла ҳафтаномаҳои ҷолибе мунташир мегарданд, ки бо доштани мавзеъгирии вижа ва инъикоси дақиқу амиқи падидаҳои ҳаёти ҷомеа нақши равшангарӣ ифоъ мекунанд ва барои рушди ҷаҳонбинии мардум кунанд.

Вале бояд мутазаккир шуд, ки ингуна расонаҳо дар аксари маворид ба кашфи ҷанбаҳои манфӣ дар ҳаёти ҷомеъа пардохта, падидаҳои мусбатро камтар мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳанд. Дар ҳоле ки бо таваҷҷуҳ ба он ҳусни нияте, ки мардум нисбат ба расонаҳои гурӯҳии мустақил доранд, метавон аз ин расонаҳо ба унвони василаи тавоною муассире ҷиҳати таблиғи падидаҳои мусбат ва барои ҷомеа арзишманд истифода ба амал овард.

Маҳз дар ҳамин росто мехостам мушаххасан нуктае чанд роҷеъ ба шаҳр ва шаҳрдорӣ иброз намоям. Дақиқтар бигӯем, манзурам инҷо шаҳрдорест, ки ӯро метавон ба унвони ҳомили суннатҳои қадимии шаҳрдории тоҷикӣ муаррифӣ кард.

Оре! Шаҳрдори яке аз шаҳрҳои бостонии тоҷикон шаҳри Панҷакент, Хисрав Абдунназаров, ки ҷоиз медонам, мулоҳизоте чанд пиромуни фаъолияташ закр намоям, чунин як фардест. Худо шоҳид, дар ин суханон заррае тамаллуқ нест, ва ман  ба унвони як тоҷик воқеан аз он хушҳолам ва ба таври воқеӣ ифтихор дорам, ки роҳбарии шаҳри Панҷакент ва ноҳияи ҳамномро чунин як тоҷики фарҳехта, фозил, қавмдӯст ва шахсе бо фарҳанги волои шаҳрдорӣ бар уҳда дорад. Рафтору гуфтор ва кирдори ин шаҳрдорро аксари мардуми соҳибфарҳанги Панҷакент писандида ва ба ӯ ба таври самимӣ эҳтиром қоиланд.

Тайи чанд соли ахир симои шаҳри Панҷакент ва ноҳияи ҳамном ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст. Масалан, ҳамин маҳаллаи Дарвозаи Бухор, ки чанд сол қабл вайронаеро мемонд, имрӯз бо биноҳои зебо, растаҳои назаррабо ва хиёбонҳои тозаву гуворо музайян гардида, бо ободию маъмурии худ қалби ҳар касеро, ки бар он қадам мениҳад, тасхир мекунад. Ҳамин матлаб нисбат ба тамоми дигар маҳаллаҷоти шаҳр ва рустоҳои тобеи он низ сидқ мекунад. Бозорҳои шаҳр бо фаровонию маъмурӣ ва назму низоми худ муҷиби шодмонию фараҳи ҳар бинанда мешаванд. Мактабҳо, муассисоти фарҳангӣ  ва ҳифзи саломатии шаҳр низ ба талаботи даврони муосир комилан посухгӯ мебошанд.

Оё зиёданд дар кишвари мо шаҳрдороне, ки мисли Хисрав Абдунназаров  ба таври муназзам пас аз анҷоми рӯзи корӣ ва ҳатто дар рӯзҳои истироҳатӣ низ шаҳрвандонро бипазиранд, аз ҳоли онҳо хабар бигиранд ва ба таври самимӣ ёвару ғамхорашон бошанд? Охир, бидуни муболиға, ҳар шаҳрванд ҳамарӯза метавонад ба ҳузури ин шаҳрдор биравад, барои ҳалли мушкилаш аз ӯ ёрӣ ҷӯяд ва аз ӯ дастгирӣ бубинад.

Ҳамин аст, ки имрӯз Панҷакент зеботарин ва маъмуртарин шаҳр дар саросари вилояти Суғд маҳсуб мешавад.

Гузашта аз он, ҳар фарде, ки ақаллан боре бо ин шаҳрдор мусоҳиб шудааст, аз сатҳи баланди донишу фазилат, биниш ва ахлоқи ҳамидаи ӯ эҳсоси масаррат мекунад. Воқеан, муҷиби ифтихор аст, ки шаҳрдории Панҷакент ва раисии ноҳияи ҳамномро, ки шомили оромгоҳи одамушшуарои назми порсӣ Абуабдуллоҳи Рӯдаки низ ҳаст, шахсе бо чунин фарҳанги воло ва вижагиҳои комилан тоҷикии  шаҳрдорӣ, тоҷики сарбаланду сарафроз ва ҳамрозу ҳамдами мардум мисли Хисрав Абдунназаров ба зима дорад.

Инҷо манзур ин аст, ки расонаҳои гурӯҳии мустақилро мебояд, ки дар ҷодаи омӯзиш, таҳлил ва таблиғу густариши фаъолият ва тарзи амали чунин шаҳрдороне бештар ҳиммат гуморанд. Охир, шаҳдорӣ худ яке аз суннатҳои қадимии тоҷикон аст, ки дигар ақвоми муҷовир аз он ба таври фаровон баҳра бурдаанд. Мо ақвоми кучиро шаҳрнишин кардем ва ба онҳо шаҳрнишинӣ омӯхтем. Ва вақт аст, ки худ низ дар ростои эҳё ва равнақи ин ҳунари аҷдодӣ бештар саъю талош намоем ва афроди наҷиби қавми худро дар ин росто беҳтар бишносем ва таҷирибаю дастовардҳояшонро таблиғ намоем. Яъне тоҷиконро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми васоил ва қабл аз ҳама аз расонаҳои гурӯҳӣ ҷиҳати равнақи фарҳанги шаҳрдорию шаҳрнишинӣ ҳиммат гуморанд.

Мо қавме шаҳрнишин будем ва моро боястӣ, ки ин хислати ҳамидаи аҷдодиро гиромӣ бидорем! 

Бо арзи эҳтиром ва орзуи тавфиқи бештари ҳамқавмон, - Рухшона Аминзода    

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97