Ахиран дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд парчами 55-метрӣ барафрохта шуд. Дарозии баландтарин парчами миллӣ дар вилояти Суғд 12 метр ва бари он 7 метр буда, дар соҳили рӯди Сир ва рӯ ба ҳукумати вилоятӣ дар милаи 55 метра қад барафрохтааст. Бунёди парчампояи Хуҷанд ва ободонии атрофи он бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ ё баробар ба 700 000 доллар анҷом шудааст. Ин иқдом дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси баҳсу баррасиҳои зиёде шуд. Аз ин рӯ мо тасмим гирифтем назари онҳоеро, ки ҷонибдори ин тарҳ ҳастанд ва онро муҳим медонанд ва ҳам назари онҳоеро, ки онро кори аввалиндараҷа намедонанд, бипурсем;
Абдулқодир Талбаков, рӯзноманигор:
- Ин иқдомро дастгирӣ менамоям. Парчам аз зумраи муқаддасоти миллист ва меарзад, ки барояш чунин ва аз ин бештар маблағ масраф кунем.
Заринаи Хушвақт, хабарнигор:
- Ман ин сармояро барои боло бардоштани сатҳи зиндагии қишри осебпазири кишвар, аз ҷумла маълулон, нобиноён ва кӯдакони бесарпараст масраф мекардам. Ҳадди ақал як корхонаи саноъатӣ барои нобиноёни ноҳияи Ҳисор ва ё минтақаи дигаре бунёд мекардам, ки ҳадди ақал 30 ва 50 нафар бо ҷои кори доимӣ фаро гирифта мешуданд.
Абдулқодир Алавӣ, муҳоҷир, ш. Маскав:
- Агар ман дар ҷои масъулини вилояти Суғд мебудам, ин пулҳоро ба мақсади дигар сарф мекардам, аз ҷумла барои беҳбудии зиндагии мардум, барои тармим сохтани тунели «Истиқлол», ки мусофирин ҳангоми аз он ҷо гузаштан ба мушкилиҳои сахте рӯ ба рӯ мешаванд, барои таълимгоҳҳо, барои сохтани ягон корхонае, ки мардум дар он ҷо кор мекарданду дигар дар ҳар кишвари бегона дар ба дар ба хотири пайдо кардани ризқу рӯзӣ намешуданд.
Лола Олимова, таҳлилгари умури байналмилал:
- Ҳафсад ҳазор доллар пули кам нест. Вилояти Суғд, гарчанде ки нисбатан минтақаи пешрафта ҳаст, масъалан дар соҳаи саноат, дар муқоиса ба дигар минтақаҳои кишварамон. Аммо, бисёре аз ин корхонаҳои саноъатӣ ҳоло пурра фаъолият надоранд. Баланд бардоштани ҳисси миллӣ кори хуб аст. Хуб мешуд, ки хисси миллии моро бо нишондиҳандаҳои дигар баланд мекарданд. Масъалан, бо баланд бардоштани маърифатнокии мардумамон. Бо ин маблағ як мактаберо дар минтақаҳои дурдаст сохтан мумкин буд. Ё таъмири роҳе имкон дошт. Фикр мекунам, ки ин қадар хароҷоти калон барои сохтани пояи байрақ... Намедонам... Агар ин дар ихтиёри ман мебуд, беҳтар медонистам, ки маоши муаллимон баланд бардошта шавад. Мисол, дар Русия ҳар як вилоят ҳуқуқ дорад аз ҳисоби будҷаи худ маоши духтурон ва муаллимонро баланд кунад. Мо бошем, нафси худро қаноат медиҳем.
Абубакри Файзалӣ, хабарнигор, ш. Маскав:
- Агар кор дар дасти ман мебуд, онро барои таълими насли наврас, беҳтар кардани вазъи макотиб дар навоҳии кӯҳистон ва барои маоши муаллимон сарф мекардам.
Зебо Тоҷибоева, хабарнигор:
- Бо ин маблағ имкон дошт, корхонаи консерви Конибодомро дубора фаъол сохтан, мактаберо, боғчаи бачагон, бемористон, ё хонаи кӯдакони бепарасторро таъмир кардан. Корҳои зиёдеро метавон бо ин маблағ сомон дод, ҳадди ақал барои таъмири роҳҳо онро сарф кард. Мушкилоти зиёде дорем, ки ба дарбеҳ кардан ниёз доранд.
Мирзосаид Султонов, номзади илми иқтисод, Ҷопон:
- Ҳисси ватандориву ватандӯстдорӣ сифати хуби ҳар як шаҳрванд аст. Аммо чун дар Душанбе парчами кишварамонро хеле ва хеле баланд бардоштаем, ҳоҷат ба такрори он дар ҳар як вилоят нест. Барои самаранок истифода кардани маблағҳои буҷаи давлат, ки аслан аз андози пардохтаи мардум ҷамъ мешаванд, шахсони истифодакунанда бояд дар назди мардум ҷавоб бигӯянд.
Бо 700 000 доллар метавон дар панҷ деҳа мактаби нав бунёд кард ва ё 140 омӯзгорро як сол музди кор дод.
Раҳматуллои Раҷаб, иқтисодшинос:
- Баландтарин парчамро дар пойтахт афрухтем, вале сатҳи зиндагии мардум хуб нашуд, чун мардум аз муҳоҷирати меҳнатӣ барои зиндагии оилаҳояшон маблағ мефиристанд. Ба ҳамин хотир дар Суғд чунин парчамро бо масрафи 3,5 млн.сомонӣ афрухтан иштибоҳи бузург аст. Дар ин миқдор маблағ мебоист корхонаи хурде бунёд мегашт ва чанд нафар соҳиби ҷойи кор мешуд, зиндагии мардум, ки беҳ мебуд, онҳо тасмими бунёди чунин парчамро пешниҳод мекарданд. Инҷо "бо қанд гуфтан даҳон ширин намешавад".
Масалан, бо ин маблағ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ як корхонаи истеҳсоли пашм аз ҳайвоноти хонагӣ, мисли гӯсфанду буз, ё корхонаи дузандагӣ барои занону духтарони бекори ин ноҳия, ки қариб аксарият бекоранд, сохта ба истифода дода мешуд. Ба қарибӣ ман аз ин ноҳия дидан карда будам, ки ҳама дар орзуи онанд, ки чунин корхонаҳои хурд сохта шавад. Яъне бисёре аз мардуми ноҳияҳои дурдаст ба ин ниёз доранд.
Мирҳусейн Назриев, сиёсатшинос:
- Барои сокинони мамлакати мо (аз ҷумла сокинони вилояти Суғд) масъалаи муҳимтарини вақт-ин муҳайё сохтани ҷойҳои нави корист. Зеро аз набудани ҷойҳои корӣ наздикии 2 миллион неруҳои созандаи мамлакат дар шароити экстремалӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, мушкили асосии рӯзгор дар оила бар души модарону хоҳарон аст. Барафрохтани парчами 55 метрӣ ин як чашмбандӣ ва худнамоишдиҳии ҳукумати вилоят аст, ки бинобар ноуҳдабароӣ дар ҳалли масоили иқтисодиву иҷтимоии мамлакат…даст ба чунин иқдом мезананд. Дар кишварҳои муттарақии демократӣ чунин нест. Масалан ИМА ҳақдор аст, ки парчами худро дар сатҳи сайёраи Марс барафрозад. Зеро ин мамлакат бо барафрохтани парчам дар сатҳи Марс ба оламиён оиди рушди техникаю технологияи пешрафтаи худ, метавонад, ҳадс занад. Аммо ИМА инро намекунад. Дастовезҳои илмии олимони ин мамлакат (бурдани тадқиқотҳои илмӣ дар сатҳи Марс) метавонанд ифтихори тамоми сокинони ин мамлакат бошад. Ҳукумат ва сокинони кишварҳои Аврупо низ метавонанд ифтихор аз бунёди калайдери ядроӣ дошта бошанд, ки барои ин эксперименти илмӣ беш аз 12 миллиард евро ҷудо намуда, дастовези илмии ин эксперимент метавонад назарияи зарраҳои бунёдиро такмил диҳад. Дар Тоҷикистон бошад барои рушди илм ҳамагӣ 0,03-0,05% (ин нишондиҳанда дар кулли ДММ 2-4% аст) аз ҳаҷми ММД ҷудо мешавад, ки ин тамоман ночиз аст... Ҳоло он, ки таҷрибаи Ҷопону Сингапур ва СССР бозгӯи он аст, ки танҳо маблағгузории зарурӣ барои илм (бахусус илмҳои дақиқ) метавонад Тоҷикистонро аз буҳрони иқтисодию иҷтимоие, ки таи солҳои соҳибистиқлолӣ инҷониб идома дорад, раҳо намояд. Агар Тоҷикистон аз ҷашнҳои сермасраф даст кашида истифодаи ин маблағҳоро ба камина мегузошт, ман ин маблағҳоро барои ҳалли масъалаҳои илмӣ ва бунёди ҷойҳои корӣ барои тоҷикистониёни азизам сарф мекардам.
Суҳроби Зиё, хабарнигор:
- Маоши муаллимони мактабҳоро зиёд мекардам то ба корашон бештар дилгарм шаванд ва фарзандони мардумро беҳтар таълим бидиҳанд. Намедонам вазъияти соҳаи маориф дар вилояти Суғд чи гуна аст, аммо медонам, ки дар мактабҳои ноҳияҳои атрофи пойтахт садҳо омӯзгори варзида намерасад. Мушкилоти зиндагӣ ҳатто баъзе муаллимони соҳибтаҷрибаро водор ба муҳоҷират кардааст. Бархеҳо рӯ ба бозору тиҷорат ва мардикорӣ овардаанд. Сатҳи таълиму тарбия бисёр поин аст. Хонандагони зиёде ҳастанд, ки ҳатто ному насабашонро беиштибоҳ навишта наметавонанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин вазъият, оё аз насле ки имрӯз дар мактабҳои мо ба ном "дарс"мехонанд, фардо инсонҳое ба камол хоҳанд расид, ки ба қадри парчамҳои дар иртифоъи 55 метр ва 165 метр қарор доштаи мо дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе бирасанд? Умедворам муаллифони ин тарҳҳои пурхарҷро ин мавзӯъ ба андеша меорад ва онҳо маблағҳоеро, ки аз ҳисоби пули молиёт (андоз) диҳандагон ҷамъ мешавад, барои корҳои муфид ва хайр харҷ мекунанд.
Салам Муҳаббат, тоҷир:
- Боз ҳам дар бораи парчам?! Ободонӣ вазифаи масъулин ба ҳисоб меравад, пас чаро аз фурсат истифода набарем баҳри нишон барафрохтан! Масъалаҳои ободонӣ дар ҳама сатҳи роҳбарӣ ва ҳама минтақаҳои кишвар аз нақшаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.