«Худои мо мудири маориф аст, аз ӯ иҷоза бигиред!»

Иҷтимоъ 11.04.2014 16:34

Maktabi PanjЯк расона ба ҳеч ваҷҳе наметавонад ба масъалаҳое ҳамчун омӯзишу парвариш бетаваҷҷуҳ бошад, вале навиштаҳои ахири «Миллат» боиси ранҷиш ва суи тафоҳум миёни масъулони вазорати маориф шудааст. Инак боз як масъалаи дигар аз ин қабил ба суроғаи идораи нашрияи «Миллат» омадааст, ки наметавон онро нодида гирифт. Ҳадафи мо ба ҳеч ваҷҳ зери суол қарор додани зарфият ва тавонмандии як масъул, як вазир ва як раҳбари муассиса нест. Аз ҷумла, бояд иқрор шуд, ки масъули ҳеч соҳае, хусусан вазири маориф намехоҳад, ки муассисаҳои таҳти назараш ва ё барномаҳои зери раҳбарии ӯ заъиф кор кунанд ва ё ба гунаи шоиста амалӣ нагарданд. Дар ҳақиқат талошу ҳаракати вазири маориф барои ислоҳи мушкилоти мавҷуд ва эҳёи маориф қобили дидан ва дастгирӣ аст. Аммо дар баробари ин бояд гуфт, ки мушкилот ҳамчунон ҷой дорад ва бояд ислоҳ шавад. Ва ҳадафи мо аз гуфтану ифшои ин камбудиҳо ва суҳбат аз мушкилоти мавҷуд фақат ва фақат мусоидат барои рафъи онҳост ва халос. Бо нашри ин матлаб фикр мекунем, ки ҳам барои рафъи мушкили хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон кумак ва ҳам ба вазорати маориф дар роҳи шиносоии мушкилоти мавҷуд ва ҷалби мақомоти дигар барои ҳалли масъалаҳои маориф мусоидат карда бошем.

Нигаронии чанд нафар аз волидайни хонандагони мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 12-и деҳаи Ҳасан Шерови ҷамоати «Озодагон»-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар мавриди шароити нигаронкунандаи мактаб, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, моро ба ин мактаб бурд.

Дар ин мактаб беш аз 800-нафар донишомӯзони ҷамоъати «Озодагон» ҳамарӯза ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, аммо ба гуфти чанде аз волидайн ва омӯзгорони ин мактаб таҳсил дар ин мактаб ба ҷони фарзандони онҳо ва даҳҳо хонандаи дигар хатар доштааст. Гуфта мешавад, ки аммо на масъуле аз ҳукумати маҳаллӣ ва шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ боре ҳам ба дидани онҳо наомадааст ва барои ҳали мушкили онҳо дар ин мактаб, ки ҷони хонандагон дар миён аст, коре анҷом надодааст.

Maktabi Panj-01Мактаб, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ сохта шудааст, ҳоло болопӯш, фарши синфонаҳо ва деворҳояш кам - кам хароб шудааст, ки рафти дарс дар чунин шароит волидайн ва омӯзгоронро нигарон кардааст.

Ба гуфтаи сокинони ҷамоати «Озодагон» як қисмати мактаб комилан хароб шудааст, ки сарвари мактаб ин қисмати мактабро бо пардаҳо бастааст. Ворид шудан ба як қисмате аз мактаб, ки баста шудааст, барои хонандагон иҷоза дода намешавад, чун ба ҷони онҳо хатар доштааст.

Вақте, ки бо волидайни донишомӯзон барои дидани синфхонаҳо роҳӣ шудам, Шарифа Нурова, омӯзгори ҷавони ин мактаб сари роҳи моро гирифта гуфт, ки мо аз ҳолати садамавии мактаб хабар дорем, вале шумо бояд аз мудири маъорифи ноҳияи Панҷ ва раиси ҳукумат иҷоза бигиреду танҳо баъд аз он вориди мактаб шавед.

Шарифа Нурова гуфт, ки «мо ба шароити мактаб ошно ҳастем ва диламон ба хонандагон месӯзад, вале шумо барои ҳамсуҳбат шудан бо мо, бояд аввал аз мудири маъорифи ноҳия иҷозат бигиред, чун вай худои мо омӯзгорон аст, бидуни ризоияти онҳо мо коре карда наметавонем».

Ин омӯзгор, ки зоҳиран хело ба эҳсосот дода шуда буд, гуфт, ки «хоҳиш мекунам, аз инҷо равед». Кӯшиши мо дар мавриди ҳамсуҳбат шудан бо сарвари мактаб бенатиҷа анҷомид.

Ҷӯрабек Носиров, омӯзгори собиқадор, ки як муддат сарвари ҳамин мактаб будааст, гуфт, ки онҳо борҳо ба ҳукумати маҳаллӣ ва идораи маъориф дар мавриди садамавӣ будани мактаб муроҷиат кардаанд, аммо натиҷа надодааст.

Ӯ мегӯяд: «Мактаб бесоҳиб аст, чун як тарафаш вайрон шудааст, вале касе назорат намебарад».

Тоҳир Мусаямов, як сокини деҳаи ба номи Ҳасан Шеров гуфт, ки «писари ман дар синфхонае таҳсил мекунад, ки аз боло ба сараш оби борон мечакад, ва дар ҳоли зиёд шудани боришот ба ҷони фарзандам хатар таҳдид мекунад, зеро рехтани синфхона аз эҳтимол дур нест».

Дар ҳамин ҳол чанде аз волидайне, ки дар ҳамин мактаб фарзандонашон таҳсил мекунанд, мегӯянд, ки онҳо орзу доштаанд, ки фарзандонашон дар шароити хубе таҳсил кунанд.

Бархе аз сокинони рустои ба номи Ҳасан Шерови ҷамоъати Озодагон-и ноҳияи Панҷ мегӯянд, ки онҳо бо пешниҳоди сарвари мактаб соли гузашта ду синфхонаро, ки дар он рафти дарсҳо номумкин буд, бо пули волидайн ба истифода додаанд, аммо онҳо имкони сохтмони мактабро барои зиёда аз 800 хонанда надоштаанд.

Maktabi Panj-02Мақсуд Нуруллоев, як сокини деҳа мегӯяд, ки онҳо интизор ҳастанд, ки ҳукумати ноҳияи Панҷ ва шуъбаи маъориф кумак расонад ва фарзандони онҳоро аз синфхонаҳои вайрон ба синфхонаҳои дигар кӯчонанд, то нигаронии онҳо дар мавриди сарнавишти фарзандонашон ба ҳангоми дарс рафъ шавад.

Чизи дигаре, ки дар ин мактаб мушоҳида кардам, ин тамиз кардани синфхонаҳо аз ҷониби хонандагони мактаб дар вақти танафус буд. Ин дар ҳолест, ки волидайн кӯдаконро ба хотири омӯзиш ба мактаб мефиристанд, аммо кӯдакон баъди дарс кори фаррошҳоро анҷом медиҳанд.

Масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ бояд як маротиба ба қонуни конвенсияи ҳуқуқи кӯдак, ки Тоҷикистон онро пазируфтааст, назар бидузанд ва нисбат ба ин кӯдаконе, ки корҳои фаррошҳоро анҷом медиҳанд, дилсӯз бошанд.

Ясриби Карим, хабарнигор, махсус барои «Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97