Писари Фаҳим медонад падарашро чи гуна куштанд

Иҷтимоъ 03.04.2014 15:17

Pisari FahimБа нақл аз шоҳидони айнӣ, ки дар ҳавлии Муҳаммад Қасим Фаҳим, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон дар рӯзи якшанбе ҳузур доштанд, Ақил Фаҳим, писари дуввуми маршал Фаҳим зимни ба хонаи маршал ба нияти таъзия ворид шудани Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон бо ӯ тундрафторӣ намуда, суханони нораво гуфта ва ба гирифтани интиқоми хуни падараш таҳдид кардааст.

Наворбардори телевизони Ховар низ ин лаҳзаҳоро сабт кардааст. Раззоқи Маъмун, нависанда ва рӯзноманигори Афғонистон менависад, ки танҳо мудохилаи доктор Абдулло, ки дасти Ақилро ба тарафи худ кашидааст, аз расвоии бештар ва расонаӣ шудани ин моҷаро ҷилавгирӣ кардааст.

Ақил Фаҳим, ки дар рӯзе пеш аз даргузашти падараш ҳамроҳи ӯ дар зиёфате дар хонаи Ҳомид Карзай ҳузур доштааст, зоҳиран ба ин бовар аст, ки падараш дар ин зиёфат масмум ё заҳролуд шудааст.

Ақил гуфтааст, ки ду рӯз қабл аз маргаш падараш дар зиёфате, ки аз тарафи Ҳомид Карзай ба хотири ба зодрӯзи духтараш Мирво Баҳор баргузор шуда буд, ширкат доштааст. Дар он зиёфат меҳмонони зиёде даъват шуда буданд, аз ҷумла баъзе аз номзадҳои Раёсати Ҷумҳурии Афғонистон.

Баъд аз сарфи ғизо Карзай, маршали фақид, Зулмай Расул, Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва генерал Вардак ва Карим Хуррам баъд аз ғизохӯрӣ ба тарафи утоқи хосе рафтанд. Чанд соат тул кашид, баъд аз бозгашт аз утоқ ҳоли тамомии онҳо ошуфта ба назар мерасид ва зоҳиран дар кадом масъалае байни ҳам баҳси тунде карда буданд. Ҳангоми бозгашт ба тарафи хона дар дохили мутар (мошин) падарам фақат чанд ҷумла дар забони худ истифода кард. Яке ин ки Ман намегузорам, дуввум Бисёр паст ҳастанд ва саввум ҳам ин ки Магар ман набошам! Замоне, ки ман мехостам бештар бидонам, аммо ишон чизе бар забон наёвард ва ҳатто ба ман амр дод, ки дахолат накун.

Баъди чанд соат Маршал Фаҳим аз ноҳияи шикам шикоятро оғоз карда то наздики субҳ аз ин дард ранҷ кашидааст. Сипас Ақил Фаҳим, маршалро ба бемористони Чаҳорсадбистар интиқол медиҳад, ки дар роҳ ҳатто хун боло меоварад.

Ҳамчунин гузориш шудаст, ки сарони Ҷамъияти исломӣ низ дар маҳофили хусусӣ ба нияти эълони ҷойгузини маршал Фаҳим ба ин шаку гумон пардохтаанд, вале эълони мавзеъи худро дар ин маврид ба баъди таҳқиқ ва анҷоми ҷанозаву фотеҳаи марлаш Фаҳим мавқул кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз касоне, ки гуфта мешавад дар он зиёфати машкук ширкат дошта, Карими Хуррам, раиси дафтари Ҳомиди Карзай дар ҳамсоягии маршал Фаҳим зиндагӣ мекардааст ва баъди он зиёфат ба таври пинҳонӣ аз хонаи худ кӯч баста аст. Дар саҳифаи фейсбукии Фаҳими Даштӣ, раиси Иттиҳодияи журналистони Афғонистон навишта шудааст, ба ҳадде Карим Хуррам зуд ва шитобзада кӯч бастааст, ки ҳамосояҳо мутаваҷҷеҳи кори кранҳои борбардорӣ дар хонаи ӯ нашудаанд.

Раззоқи Маъмун навиштааст, ки кӯчкашии ногаҳонии Карим Хуррам мумкин аст ба ҷараёноте, ки тавассути Ақил ифшо шуд, сурат гирифта бошад. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97