Муҳаммадқасими Фаҳим кӣ буд?

Иҷтимоъ 31.03.2014 14:48

Fahim-marshalМуҳаммадқасим Фаҳим, ки дар даврони ҳукумати Ҳомиди Карзай, ба олитарин рутбаи низомӣ-маршалӣ-расид, ба дунболи кушта шудани Аҳмадшоҳи Масъуд фармондори аршади ҷабҳаи муттаҳиди зиддитолибон шуҳрати бештаре ёфт.

Фаҳим пас аз он ки Аҳмадшоҳи Масъуд дар як ҳамлаи интиҳорӣ кушта шуд, раҳбарии нерӯҳои муҷоҳидинро дар мубориза алайҳи Толибон ба уҳда гирифт ва нақши муҳимме дар фурӯпошии режими Толибон бо ҳимояти ҳавоии ҷангандаҳои амрикоӣ бозӣ кард.

Муҳаммадқасими Фаҳим пас аз фурӯпошии Толибон низ дар саҳнаи сиёсии Афғонистон ҳамвора ҳузур дошт, ба истиснои панҷ соли аввали раёсати ҷумҳурии Ҳомиди Карзай, ки ба далели ҳузур дар давлат натавонист нақши худро ба шакли фаъол ҳифз кунад.

Қасими Фаҳим, дар соли 1336-и хуршедӣ дар рустои Умрази вилояти Панҷшер ба дунё омад.

Ӯ омӯзишҳои ибтидоиро дар зодгоҳаш фаро гирифт ва барои омӯзиши олӣ ба Кобул рафт ва дар риштаи ҳуқуқи исломӣ дарс хонд.

Маршал Фаҳим пас аз кудатои ҳати саври 1357 ва мухолифат бо ҳукумати таҳти ҳимояти Шӯравии собиқ дар Афғонистон, ба Покистон сафар кард. Пас аз иқомати кӯтоҳмуддатдар Покистон, дубора ба Афғонистон баргашт ва бо гурӯҳҳои муҷоҳидин, бавижа дар канори Аҳмадшоҳ Масъуд, мухолифатҳои мусаллаҳонаи худро алайҳи ҳукумат оғоз кард.

Қасими Фаҳим фармондеҳии бахше аз нерӯҳои муҷоҳидинро ба уҳда гирифт ва дар солҳои баъд низ ҳавзаи фармондеҳии худро густариш дод. Муҳаммадқасими Фаҳим дар ин солҳо нақши муҳимме дар танзими гурӯҳҳои муҷоҳидин дар вилояти Бадахшон, Бағлон, Тахор ва Қундуз бозӣ кард.

Пас аз фурӯпошии ҳукумат ва пирӯзии гурӯҳи муҷоҳидин, Фаҳим ҳамроҳ бо нерӯҳои ҷиҳодӣ дар соли 1371 вориди Кобул шуд. Ӯ дар давлати муҷоҳидин ба раҳбарии Бурҳониддин Раббонӣ уҳдадори вазорати амният шуд.

Ба дунболи тасаллути гурӯҳи Толибон ва тасарруфи пойтахти Афғонистон аз сӯйи ин гурӯҳ, Фаҳим барои муддати кӯтоҳе фармондеҳии гурӯҳҳои ҷиҳодиро дар ҷанг алайҳи Толибон дар шимоли Афғонистон ба уҳда гирифт.

Пас аз марги Масъуд, танзим ва истиҳкоми гурӯҳҳои ҷиҳодӣ дар мубориза алайҳи Толибон ба як чолиши аслӣ барои Фаҳим табдил шуд, аммо ба дунболи фурӯпошии гурӯҳи Толибон ва баргузории иҷлоси Бонн, Фаҳим ба унвони муъовини аввали давлати муваққат ва вазири дифоъи Афғонистон таъйин шуд.

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон дар нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Фаҳимро аз муъовинати худ канор зад ва ба ҷойи ӯ Аҳмадзиё Масъуд, бародари Аҳмадшоҳи Масъудро ба унвони муъовини аввали худ муъаррифӣ кард.

Ин иқдом, ки барои бисёре ғайримунтазира буд, равобити миёни Фаҳим ва раиси ҷумҳури Карзайро тира кард, то ҷое, ки Фаҳим гуфт: "Ҳомиди Карзай дигар ҳаргиз аз муҷоҳидин ҳимоят нахоҳад дид."

Дар панҷ соли раёсати ҷумҳурии Карзай, Маршал Фаҳим гӯшанишинӣ ихтиёр кард, аммо ҳар аз гоҳе аз ҳукумати Карзай ба хотири ончи ки ӯ канор задани муҷоҳидин аз қудрат мехонад, башиддат интиқод мекард.

То ин ки Ҳомиди Карзай дар интихоботи дувуми раёсати ҷумҳурӣ як бори дигар ба суроғи Фаҳим рафт ва ӯро бори дигар ба унвони муъовини худ дар интихобот муъаррифӣ кард.

Ӯ дар панҷ соли гузашта муъовини аввали раёсати ҷумҳурии Афғонистон буд ва рӯзи 9 март аз дунё даргузашт ва дар Кобул ба хок супурда шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97