Кодекси нави андоз чаро ба манфиати ҳамсояҳост?

Иҷтимоъ 22.02.2014 16:49

Баландии андозу фирори соҳибкорон ба манфиати кист?

Voy Dod andozИнак аз қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав зиёда аз як сол гузашт. Ба назар чунин мерасад, ки ин як сол барои бахши хусусӣ соли аз ҳама душвор буд. Бо қабули Кодекси нави андоз ва якбора болоравии меъёри андозбандӣ мушкилоти басо зиёд барои соҳибкорони хурду миёна ба вуҷуд омад, ки боиси эътирозу коршиканиҳои зиёд, даст кашидан аз фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳатто аз фаъолият бозмондани 113 корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ гардид. Ҳатто дар ҷаласаи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи январи соли равон баргузор гардид,  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бештар соҳаи андози кишварро мавриди интиқод қарор дода, ба масъулин супориш дод, ки оид ба беҳтар намудани шароити андозситонӣ ва вазъи андоз дар кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Албатта ин бесабаб нест. Зеро агарчӣ аз амали Кодекси андози нав зиёда аз як сол гузаштааст, аммо ҳанӯз ҳам мушкилоти зиёди ҳалношудае боқӣ мондаанд, ки боиси норозигии андозсупорандагон гардидааст.

Чанде пеш бо соҳибкоре ҳамсӯҳбат шуда, дар бораи суду зиёни соҳибкорӣ, андозҷамъкуниҳои нозирони андоз ва дурнамои он пурсон шудам. Мавсуф оҳи сарде кашида изҳор дошт, ки «Агар дар боло пуштибоне надошта бошед, барои Шумо соҳибкорӣ дар Тоҷикистон на танҳо манфитовар нест, балки хатарнок ҳам мебошад». Номбурда изҳор дошт, ки «андози баланду миёншикан, тафтишоти пайвастаи мақомоти гуногун, фасоду фасодкорӣ имконият намедиҳад, ки соҳибкор мунтазам фаъолият кунад. Агар мухолифат кунӣ, ҳатман ҷаримаҳои миёншикан баста, коре мекунанд, ки дар як мӯҳлати кӯтоҳ муфлис мешавӣ. Агар эътирозе биёрӣ кор то кушодани парвандаву ҳатто то мусодираи молу мулк анҷом меёбад. Номбурда аз тафтишоти пай дар пайи Кумитаи андоз, ҷаримабандиҳои бемавқеъ, пулҷамъкуниҳо шикоят намуда изҳор дошт, ки агар соҳибкор шудан хоҳӣ, беҳтар аст ба ягон кишвари дигар бирав. Агар ба дур рафта натавонӣ аққалан дар Қирғизистон ва ё Қазоқистон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шав. Дар ин кишварҳо андоз нисбат ба Тоҷикистон ҳам хеле кам асту ҳам соҳибкорон аз таъқибот озоданд. Тафтишоте ки имрӯз аз тарафи сохторҳои гуногун аз Кумитаи андоз дар Тоҷикистон анҷом меёбанд, ширкатҳоро на танҳо аз даромад маҳрум, балки ба зону шинонида, ба зудӣ муфлис месозад.

Қатъи фаъолияти 113 корхона дар соли 2013

Тибқи  иттилооти расмӣ дар соли 2013 113 корхона куллан аз фаъолият бозмонда, худро муфлис эълон кардаанд. Шавкат Бобоев, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рӯзи 31 январ дар сӯҳбати рӯбарӯ бо хабарнигорон ин хабарро тасдиқ намуда, дар шарҳи аз кор мондани 113 корхонаи саноатӣ дар соли гузашта гуфт, ки аксарашон ба далели мушкили молӣ фаъолияташонро қатъ кардаанд. «Баъзеҳо аз бонк қарздор буданд ва саривақт натавонистанд, онро баргардонанд. Қисми дигар пойбанди маҳсулоти хориҷӣ шуданд ва бархе бо технологияи кӯҳна фаъолият карда, ба таҷҳизоти муосир дастрасӣ надоштанд». Аммо коршиносон омилҳои қатъ шудани фаъолияти корхонаҳои мазкурро дар баланд будани андоз ва фазои номусоиди соҳибкорӣ марбут дониста маҳз ҳамин ду омилро сабаби ба мушкилоти молӣ гирифтор шудан ва муфлис шудани корхонаҳо медонанд. 

Чанде аз ҳамсӯҳбатони мо низ сабаби асосии муфлисшавиро дар тафтишоти пайвастаи Кумитаи андоз ва ҷаримабандиҳои пайваста шарҳ дода иброз доштанд, ки бархе кураторҳои кумитаи андоз ба ҷойи кумак ба соҳибкорон кӯшиш мекунанд, ки мушкилӣ эҷод намуда, камбудӣ ёбанд ва соҳибкоронро ҷаримабандӣ кунанд. Ҳатто баъзеҳо бар ин андешаанд, ки ширкатҳо ба худиву бегона тақсим шуда, яке аз омили асосии муфлисшавии ширкатҳои бегона маҳз пуштибонӣ наёфтани онҳо аз тарафи давлат аст.

Абдусалим ном соҳибкоре дар бозори «Корвон» гуфт, ки ширкатҳои хусусӣ танҳо дар ҳамон вақт рушд мекунанд, ки агар онҳо воқеан дар боло пуштибоне дошта бошанд. Ҳар ширкати навтаъсисе, ки дар алоҳидагӣ мехоҳад танҳо бо нируи худ кор кунад ва танҳо дар доираи қонун фаъолияташро ба роҳ монад, ҳатман муфлис мешавад. Ин нуктаро Бежан Мирзоев, яке аз собиқ соҳибкори дигар низ дар радиои«Озодӣ» иброз дошта, қайд намудааст, ки ӯ аз ҷумлаи соҳибкоронест, ки 3 соли пеш бо охирин маблағҳои  захиравиаш, корхонаи нӯшокиву шарбати мева таъсис додааст. Бо умеде, ки битавонад як тиҷорати бузургу муваффақеро дар кишвар ба роҳ монад ва бо ин васила  зиндагии худу хонаводаашро пеш бубарад.  Аммо Бежан бо таассуф изҳор доштааст, ки бо гузашти 2 сол аз шурӯи кори худ, ӯ натавонист дар ин самт ба комёбӣ ноил шавад ва билохира аз ин фаъолият даст кашидааст. «Якум ин ки андоз гарон аст ва ба соҳибкоре, ки нав корро шурӯъ мекунад, ягон имтиёз дода намешавад. Дигар ин ки аз мақомот зуд-зуд тафтиш меоянд ва беасос, бо ҳар баҳона пул меситонад. Яъне онҳо одамро пайваста дар ҳолати тарс нигаҳ медоранд ва мегӯянд, агар мо хоҳем камбудии корхонаатро пайдо мекунем ва онро мебандем. Ҳар бор ман кӯшиш мекардам, ки бо онҳо забон ёбам, аммо билохира хаста шудам ва соли пеш корхонаро бастам», гуфтааст ин соҳибкор.

Навобаста ба он ки давлатҳои бузург таваҷҷӯҳи асосиро ба рушди бахши хусусӣ зоҳир менамоянд, вале дар мо ҳанӯз ҳам аз рӯйи сиёсати кӯҳнаи даврони шӯравӣ амал намуда, мансабдорон бештар ба буғӣ кардани бахши хусусӣ даст мезананд. Чӣ омилҳо ба ин сабаб мешаванд?

Фасод дар соҳаи андоз

Раиси агентии  коррупсияи назди Ҳукумати Тоҷикистон Абдулфаттоҳи Ғоиб чанде пеш дар нишасти хабарии худ изҳор дошт, ки танҳо дар ду моҳи охир 5 корманди Кумитаи андоз дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ боздошт шуда, ба фасод гумонбар дониста мешаванд. Аз ҷумла Ҷумъахон Холов яке аз мансабдори Идораи андози шаҳри Душанбе барои тамаъкорӣ боздошт шуда, ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Тибқи ин хабар Ҷумъахон Холов баъд аз 6 моҳи санҷишу гирифтани 50 ҳазор сомонӣ «пора» аз соҳибкор Мирзокаримов, аввали соли ҷорӣ дигарбора аз ӯ 5 000 доллар талаб намуда ва шарт гузоштааст, ки дар акси ҳол фаъолияташро аз санҷиш хоҳад гузаронд.  4 феврали соли 2014 тахминан соати 13, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-тафтишотӣ дар ҳудуди кӯчаи Маяковскийи шаҳри Душанбе Ҷумъахон Холов ҳангоми аз Р. Мирзокаримов гирифтани пора ба ҳисоби 4000 доллар дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуд». Танҳо дар ду моҳи охир аз тарафи Агентии мубориза бо коррусия боздошт шудани 5 нафар кормандони Кумитаи андоз бо гуноҳи порагирӣ худ далел бар он аст, ки дар ин ниҳод низ фасод ба авҷи аъло баромадааст ва ба саволи аз куҷо пайдо шудани қасрҳо ва мошинҳои гаронбаҳо посух мегӯяд. Танҳо тафтишоти мақомоти коррупсионӣ  метавонанд ба ин савол ҷиддитар посух гӯянд.

Эътирозҳо алайҳи андози баланд ҳанӯз идома доранд?

Агарчӣ тибқи моддаи 18 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозсупоранда ҳуқуқ дорад аз мақомоти андоз доир ба андозҳои амалкунанда ва тағйирот дар қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот, инчунин оид ба тартиби ҳисоб кардан ва пардохтани андозҳо ва пур кардани шаклҳои хисоботи андоз шарҳу эзоҳ гирад, вале чунин ба назар мерасад, ки навобаста ба гузаштани як сол ҳанӯз бинобар ношаффофӣ ва сари вақт набурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ соҳибкорон аз он огоҳ нестанду алайҳи Кодекси андоз ва баландии он эътироз мекунанд. Масалан моҳи гузашта соҳибкорони ноҳияи Ёвон, аз андозбандии мақомот изҳори норозигӣ карда, даъво карданд, ки низоми нави андозситонӣ дар роҳи фаъолияти онҳо мушкили зиёд пеш овардааст.

Норозигии соҳибкорони ноҳияи Ёвон, ҳатто боиси он шуд, ки рӯзи 30-юми январ намоянда аз Кумитаи андози ҷумҳурӣ, намояндаи ҳукумати вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Ёвон бо соҳибкорон вохӯрӣ гузаронданд. Дар вохӯрии мақомот бо соҳибкорон ҳудуди 300 соҳибкор ва намояндаи мақомоти ҳукумати ноҳияву вилоят ва кумитаи андоз иштирок доштанд. 

Чаро Президент соҳаи андозро танқид кард?

Ба фикри баъзе аз корафтодагон сабаби асосии дар ҷаласаи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери тозиёнаи танқид гирифтани соҳаи андоз он аст, ки вақтҳои охир алайҳи тафтишоти бемавқеъ ва ҷаримабандиҳои Кумитаи андоз дар матбуот шикоятҳои зиёде мавриди чоп қарор мегиранд. Боздошт намудани якчанд корманди ин мақомот бо ҷурми гирифтани пора бошад ба ин навиштаҳо таккон дод.

Соҳибкоре, ки аз овардани номаш худдорӣ кард иброз медорад, ки тибқи овозаҳо вақтҳои охир Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Далатов ба табобат ва сафарҳои хидматӣ машғул буда, ҳама корҳои ташкилиро дар ин ниход Карим Партоев анҷом медиҳад ва тафтишу ҷаримабандиҳои бесобиқа асосан бо дастури ӯ анҷом мепазирад. Ҳатто лоиҳаҳои зиёде дар ин кумита маҳз бо дастгирии Партоев амалӣ мешавад, ки норозигии соҳибкоронро афзун намудааст. Вале ин ки дар ҳақиқат баровардани қарорҳои гуногун ва ташаббусҳо ба Карим Пратоев мансубанд ё не, мо то чопи маводи мазкур тасдиқи онро пайдо карда натавонистем. Дар шумораҳои наздик ҳатман ба Кумитаи андоз роҷеъ ба ин масъала муроҷиат хоҳем кард ва ба ин мавзӯъ бар хоҳем гашт.

Кодекси нави андоз чаро ба манфиати ҳамсояҳост?

Ба назар чунин мерасад,ки воқеан кодекси нави андоз ба фоидаи кишварҳои ҳамсоя кор карда истодааст. Масалан, имрӯз агар ба бозорҳои кишвар рӯ биоварем баъд аз Чин ҷойи дуюмро маҳсулоти гуногуни трикотажӣ ва хӯроквории Узбакистону Қирғизистон ишғол менамояд. Маҳсулоти мазкур нисбат ба маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ хеле арзонтар аст. Сабаби асосӣ он аст, ки агар дар Тоҷикистон ду баробар арзиши андози иловашуда (НДС) супоранд, дар Қирғизистон як боробар аст ва  ҳамагӣ 12 дарсадро ташкил медиҳад. Ин омил сабаб шудааст,ки Қирғизистон дар баробари пур кардани бозорҳои мо бо маҳсулоти истеҳсолии худ, инчуни соҳибкоронамонро низ ба бозорҳои кишвари худ ҷалб менамояд.

Чунин воридшавии маҳсулоти берунаро дида, бархе сохибназарон мегуянд, гумон мекуни, ки дар таҳияи Кодекси нав мушовирон аз ҳамсоякишварҳо иштирок кардаанд, ки дар ташкили он ба ҷойи дастгирии соҳибкорони дохилӣ, манфиати соҳибкорони ҳамсоя дар мадди аввал гузошта шудааст. Ба қавли шоҳидон ҳеҷ кадом идораи давлатӣ дар Қирғизистону Қазоқистон соҳибкоронро таҳдид намекунанд ва кор дар ин кишварҳо нисбат ба Тоҷикистон ҳудуди 20-30 дарсад аз ҳисоби андоз фарқ мекунад. Як нафар ҳатто изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон аз дасти андозситонҳо ва андозҳои беандоза намедонӣ додатро ба кӣ гӯӣ. Дар мулоқоти Президент бо соҳибкорон маро роҳ надоданд. Вагарна ман танҳо дар бораи бедодии ситемаи андози Тоҷикистон гап мезадам». Ба ақидаи ин соҳибкор агар чунин шакли андозситонӣ идома ёбад, хубтараш ки соҳибкорон рӯ ба Русия ва ё дигар кишварҳо оранд.

Агар чунин фирор афзоиш ёбад, Тоҷикистонро чӣ интизор хоҳад шуд? Зеро мо бо чунин монеаэҷодкуниҳо на танҳо ба воридшавии сармояи хориҷӣ сад эҷод мекунем, балки барои берун бурдани сармояи соҳибкорони худ низ ба хориҷ роҳ кушода истодаем.

Одинаи Олиназар

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97