Тафриқа дар матбуот

Иҷтимоъ 12.02.2014 18:56

Sayfi Mizrob SSSRПо зи ҳад берун ниҳодан, қатъи пайванди худ аст,

Дасткутаҳ мекунад нохундарозӣ токро...

Усулан, мониторинг ё назархоҳии ахире, ки ниҳоде бо номи Шӯрои ВАО роҳандозӣ кардааст намеарзид, ҳарфе сараш зад. Зеро таври маълуму маъруф газетаи СССР чунин ниҳодро на ба расмият мешиносад ва на шомили он ҳаст. Зеро ягон назарсанҷӣ ва баррасии ин Шӯроро мо ҷиддӣ намегирифтем, зеро аз ҳамаи онҳо бӯи ғараз меомад!

Ва инак охири ҳафтаи пор, ин Шӯро даст ба тафриқаи умқӣ дар матбуоти даврӣ зад. Ин бор, Қироншоҳ Шарифзода ва 2 эксперти вай-Мухтор Боқизода ва Абдувоҳид Маликов (чаро аз вай? Зеро маълум гардид, ки аз ин назархоҳӣ ва раддабандии таҳқиромези матбуоти даврӣ дигар аъзои Шӯрои ВАО хабар ҳам надоштаанд!) гулмехи бузурге миёни Иттифоқи журналистони кишвар кӯфтанд. Сухан сари он аст, ки замони ахир, ки 2 шохаи матбуот-ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ ба ҳам наздик мешуданд ва табиист, ки чунин иттиҳод ба чашми нафароне чун хор мехалид. Ва ин аст, ки ин 3 тан кӯшиданд, ки ин иттифоқ пареш ва нифоқ миёни матбуоти фаоли кишвар аланга гирад.

Инҳо матбуоти давриро ба 3 гурӯҳ (мо умедворем, ки қабл аз баррасиҳои додгоҳӣ ин 3 тан критерие ё худ омилҳои ин раддабандиро дар ҳузури сардабирони газетаҳои маъруфтарини кишвар муаррифӣ мекунанд!) тақсим карданд:

Солим, Калаванда ва Носолим…

Роҷеъ ба раддаи Солим ҳоҷати ҳарфе задан ҳам нест. Зеро бар тибқи мантиқи "Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон", ки Шӯро сармашқи кораш қарор додааст, ба гунаи мисол, Говно хондани зиёиёни Тоҷик ва туф андохтан сари даҳҳо ҳазор олиму шоиру нависанда…аз солимияти муаллиф ва газета гувоҳӣ медодааст, ки онҳо ана ҳамон газетаеро, ки мардумро наҷосат хондааст, Солим ҳукм карданд! Дальше-больше; маҷаллаҳое, ки аз худашон аст… ва ҳатто нашрияеро, ки Наврӯзи моро "наҷосати шайтон" мехонд, низ Солим ҳукм кардаанд. Аз рӯи ин раддабандӣ, барои ба гурӯҳи Солими Қироншоҳ&Со шомил шудан, бояд касеро шояд г…хонд?

Вале сухан сари ин гурӯҳ нест. Сӯҳбат сари гурӯҳи Калаванда ҳам нест, ки дастпарварони комсомоли ленинӣ, шояд бо такя ба съезди болшевикон ин термини бобояшон (ботлоқ ва калаванда)-ро корбаст кардаву СССР, Имрӯз Нюс, Миллат ва аксарияти ҳафтаномаҳои расмии давлатиро ба он дохил кардаанд…

Гап сари гурӯҳи 3 ва таҳқиру дашноми Газетаи №1 дар ҶТ аст. Ин гурӯҳи 3-нафара (тройка?) газетаи Ҷумҳурият-нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро чунин муаррифӣ кардаанд:

-ВАО-и носолим, ки ғутавари фисқу фуҷур, фаҳш ва пастзанандаи шаъну шараф ва ҳайсиятанд (аз қабили рӯзномаи "Ҷумҳурият", ҳафтаномаҳои "Оила", "Муҳаббат ва оила", "Зан ва мард" ва амсоли инҳо.

Ман 3 дигар аз ин газетаҳоро намехонам ва намедонам ҳол дар онҳо чист. Аммо чун гражданине, ки мехоҳад аз навигариҳои давлатӣ ва қавонини ҷадид огаҳ бошад, Ҷумҳуриятро мехонам, вале дар ягон шумораи он бо фисқу фуҷур, фаҳшо…дучор наомадаам.

Ба пиндори сирф фардии ман "гуноҳ"-и Ҷумҳурият ин аст, ки нашрияи расмист ва танҳо ба хотири нифоқу низоъ андохтан миёни матбуоти давлативу ғайриҳукуматӣ инҳо ба ҳамин таҳқирнома даст задаанд…

Бо ин ҳама, газетаи мардумии СССР аз аъзои Шӯрои ВАО ва спонсорҳои он ва дастандаркоронаш расман дархост дорад, ки барои таҳқири журналистика ва дашноми ҳамкасбон ва талоши низоъандозӣ дар миёни журналистикаи миллӣ расман узр хоҳанд ва масъалаи лағви ин ниҳод ба баррасӣ гузошта шавад!

Мо метавонем!

Сайёфи Мизроб,  сардабири газетаи СССР

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97