НАҚШИ ЯК ХИЁНАТИ БУЗУРГ

Иҷтимоъ 01.02.2014 14:13

Professor KomilzodaАҳмадшоҳ  КОМИЛЗОДА

Ё МУШКИЛИ ЗАБОН БОЯД ҲАМЕША МАВЗӮИ БАҲС БОШАД

(идома)

Дар шумораи гузашта гуфтем, ки воқеият аст, ки мавзӯи мушкили забон дар Тоҷикистон чун мавзӯи доғ ва умедвор ба пуштибониву ислоҳи ҳамешагӣ ҳамвора дар интизори ҳал аст. Рӯиҳамрафта, ба ёд овардани ин ки забони мо дар замони султаи Шӯравӣ вазъи беҳтар дошт, мисолест барои андеша. Он замон забони мо ба ҳадди 20 соли пас аз истиқлолият пешрафт надошт, як забони махлути бегонаавзоъ буд, аммо забони матбуот пурра зери назорат қарор дошт ва аз ҳараҷу мараҷ ҷилавгирӣ карда мешуд. Имрӯз забони мо аз нигоҳи покӣ аз вожаву калимаҳои бегона, инчунин даст кашидан аз қолабҳои бегонаи ифода (то як андоза) пешрафт кардааст. Аммо аз нигоҳи тарзи баён, истифодаи вожа дар ҷумла, истифодаи дурусти вожаҳо аз нигоҳи маъно, сабку услуби баёни андеша бамаротиб ақиб рафтааст, аз ин рӯ тасмим бар ин шуд, ки таҳлили ин мавзуъро идома бидиҳем ва думболи ғалатҳо дар гуфтору навиштор бошем. Инак идомаи мавзуъи мушкили забон пешкаши хонандаи гиромӣ мегардад:

 

Албатта хеле аз донишмандони мо огоҳанд, ки хеле аз мушкилоти забони мо солҳои пешин бар асари қарорҳои махсуси Вазорати маориф ва дигар ташкилотҳои дахлдор дар зеҳну гуфтори мардум ба сурати иҷборӣ ворид карда шудаанд ва дар натиҷа имрӯз аксари мардуми мо ба ин шеваи гуфтору навиштор одат кардаанд. Маълум аст, ки ҳадаф аз қабули чунин қарорҳои душманона бар зидди забони форсии тоҷикӣ ҳадафмандона за сӯйи душманони забон амалӣ мешуд. Ҳадафи ин гурӯҳи одамон, ки дар қудрати давлати онвақтаи Тоҷикистон (агар онро давлат номидан мумкин бошад) дасти боло доштанд, дур кардани мардум аз асолати забон ва ҳарчӣ дуртар кардани забони форсии тоҷикӣ аз асли худ - забони форсӣ будааст.

Мехоҳам аз фармони махсусе, ки ба дасти аҷнабиёни мансабдори РСС Тоҷикистон ба манзури хору залил кардани забони тоҷикӣ қабул ва ҷорӣ кардаанд, чанд мисолро пешкаши шумо кунам. Ин фармон (Дар бораи баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ, Фармони № 1 Комиссариати Халқии Маорифи РСС Тоҷикистон аз 2-июни соли 1939) ном дорад ва дар рӯзномаи "Тоҷикистони Сурх", 25 январи соли 1939 ба нашр расидааст.

Доктор Сайфиддин Назарзода, раиси Пажӯҳишгоҳи забон…. дар мақолае ҳадафи ин фармонро хеле дуруст таъкид кардааст: "Азбаски ин санад дар таърихи забони тоҷикӣ нақши ҳалкунанда бозида, аксари унсурҳои номатлубе, ки имрӯз аз тарафи бархе аз забоншиносон ҳамчун хусусиятҳои хоси забонӣ шумурда мешавад, дар асоси ҳамин санад ба забони мо дохил шудаанд…". (Ин қарор моддаҳои зиёд дорад, вале мо чанд намунаи онро мисол меорем):

- Расмӣ кардани истифодаи пасванди "ангӣ" дар ҷумласозӣ. - Дар мавридҳои муайян кардани замон ва макон дар қатори шаклҳои дигар, истеъмоли абароти сифати феълии суффикси "ангӣ" катӣ сохта шудагӣ ҳам дуруст ҳисоб карда шавад. Одами шабангия (шабангиро) имрӯз боз дидам - одами шаб дидагема имрӯз боз дидам - одамеро, ки шаб дида будам (ки ба вай вохӯрда будам…) имрӯз боз дидам.

Номи шаҳри Горкий зоида шудагӣ Нижный Новгород аст.

- Истифодаи шакли лаҳҷавии сохти "нарафтанба" дар забони адабӣ.

- Аз истифода баровардани шаклҳои адабии пешванди "би" ва феълҳои "метавон гуфт, метавон кард". (…префикси "би" азбаски шакли архаистӣ буда, ба забони зиндаи имрӯзаи тоҷик бегона аст, кор фармуда нашавад.

- Дар навиштани исмҳо ҷорӣ кардани ҷамъбандиҳои шакли ахборотҳо, Мисол: Ташкилот-ташкилотҳо, аъзо-аъзоён-аъзоҳо, ҳуқуқ-ҳуқуқҳо.

- Расмӣ кардани шакли ҳмада китобаш" ва ба ҷои пасванди-ро истифода кардани -а, -я.

- Бо пешояндҳои "то", ҳам суффикси "-а, -я". Мисол: То куҷоя рафтӣ? То Фарғоная рафтам.

- Ба ҷои шумораи тартиби "дувум" ва "севум" доимо "дуйум" ва саййум кор фармуда шавад.

- Шакли "чаҳор", "чаҳордаҳ", "чиҳил" кор фармуда нашаванд, ба ҷои ин шакли "чор, чордаҳ, чил" кор фармуда шаванд.

- Шакли махсуси ҷонишинҳои шахсӣ, ки ба суффиксҳои "ҳо, ён" сохта шуда, ҷамъро ифода мекунанд, қабул карда шавад. Мисол: Моҳо мехонем - моён мехонем.

- Шаклҳои эҳтимолии поёнангӣ ҳам кор фармуда шавад. Мисол: Аҳмад омадагист. Вай ҳам мерафтагист.

- Ба вазифаи гузаштаи мутлақ ин шаклҳои феълӣ ҳам кор фармуда шавад. Ман китоб хондагӣ, Ман то ҳол хондагим не.

- Дар шахси дуйум дар баробари "ед" ҷамъ бо "етон" ҳам сохта шавад.

- Аз истифода хориҷ кардани шаклҳои адабии "бояд кард" ва "хоҳад кард". Шакли "бояд кард" ҳамчун шакли архаистӣ кор фармуда нашавад.

- Калимаҳои интернатсионалӣ ва советизмҳо ба забони тоҷикӣ аз русӣ ва ё ба воситаи забони русӣ даромадагӣ айнан бо ҳарфҳои тоҷикӣ навишта мешаванд. Мисол: Колхоз, комсомол, коллектив, план, аэроплан, кооперация ва монанди инҳо. (Поёни иқтибос)

Ба ҳамин сабаб, агар имрӯз мардуми мо дар сари ҳар гапи худ вай-вайю он-он, анаву мана барин калимаву ибораҳои номафҳум ва даҳҳо пешванду пасвандҳои бегонаро аз қабили ҳолангӣ, рафтагӣ, омадагӣ, мурдагӣ, дар ҳар ҷойи ҳатто нозарур ба кор бурдани пасванди исмсози "ӣ", ҷамъбандиҳои болохонадори "ҳо" истифода мебаранд, решаи ин мушкил дар ҳамон ҳаракати бадхоҳони забону миллат нуҳуфтааст. Дар навиштаи донишманди закӣ ва пуркори мо Зафар Мирзоён ба ин раванд баҳои арзишманд дода шудааст: "Забоншиносони шӯравии яҳудиасл дар ҳамёрӣ бо маҳалгароёни тоҷик (бешак дар миёни онҳо пантуркистон низ ҷой гирифта буданд), дар роҳи харобсозии забони форсии Вароруд ва аз он барсохтани забони аз решаи форсӣ ҷудои тоҷикӣ, бар ҳадафи маккоронаашон расидаанд".

ЗАБОНИ ШИОРУ ОВЕЗАҲО, НОМГУЗОРӢ

Хеле аз истилоҳоти забони мо, бавижа номгузориҳо, истилоҳоти техникӣ, майишӣ, тиббӣ ва монанди инҳо он қадар мушкил, бегонаавзоъ, гоҳе номафҳум ва душворталаффуз ҳастанд, ки гоҳе боиси мушкилоти дарки мафҳум ҳастанд. Табиист, ки ин равиш дар паст шудани сатҳи дониш ва дарки умумии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Рӯшан аст, ки бештарини истилоҳоти мо бо тарҷумаи таҳтуллафзӣ баргирифта аз забони русӣ ҳастанд ва ҳамин гуна корбурд мешаванд. Дар натиҷаи тақлидкорӣ ва тарҷумаи таҳтуллафзӣ аз русӣ вожаву истилоҳоти забони мо гоҳе ба ҳоли бечорагӣ афтодаанд.

"Иттиллоотикунонӣ" - истилоҳи аҷибу ғарибе сохтаанд, сардамдорони забонамон. БДА - "Бехатарии Давлатии Автомобилӣ". Номро бо истифода аз исм мегузоранд, вале дар ин ном се сифатро қатор чинда ном гузоштаанд, ки ҳамеша ноҳинҷор аст ва як исм тақозо дорад. "Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ" - номи тақлидии ғалат аст. (Воқеан, дар "Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ", Д.-2008, саф.794 дуруст тафсир нашудааст). "Меҳнат" дар луғатҳои муътабари мо бештар ба маънии мусибат, бало ва бадбахтӣ тафсир шудааст ва бо ҳамин маънӣ аз заҳмат ва кор тафовут дорад. Ин ҷо манзур вазорати кор аст, ки онро ба "бало" табдил додаанд. Заҳмату кор метавонад ифтихор дошта бошад, вале меҳнат - не. Номи дигар "Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия" тарҷума аз "Агентство по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией РТ" аст. Номи мушкил ва хеле дароз аст ва мардум ҳам онро ба таври худ истифода мебаранд: "Коррупсия омад…" - яъне коррупсионер омад, на касе, ки бар зидди он мубориза мебарад. Нахуст, дар ин тарҷума хеле камбудиҳо мавҷуд аст. Агентӣ не, балки агент гуфтан дуруст аст, зеро ин як агенти давлат аст, назорати давлатии молиявӣ (молия гуфтан беҳтар аст) номи изофӣ аст, зеро мубориза бо коррупсия худ назорат аст, гузашта аз ин ҳама органҳои марбутаи давлат вазифадоранд арсаи молияро назорат кунанд ва гоҳе бештар аз зарурат ҳам онро воқеан тафтиш мекунанд. Ба назари ман, "Агенти мубориза бо коррупсия" гуфтан кифоя аст. Аз ин мушкилтару бадтараш ҳам ҳаст: "Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар соҳаи саноат ва кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргирифта аз "Главное управление по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному делу при Правительстве РТ". Ин гуна номҳои сохтаву бофта бо таассуф дар кишвари мо хеле зиёд аст.

Аслан номгузорӣ бояд бар пояйи фарҳангу дарки миллӣ сурат бигирад ва агар бар тақлиди дигарон бошад, ҳамеша пайомади нохуш медошта бошад. Ва муҳимтарин шарти номгузорӣ кӯтоҳ будани он аст, то мардум номи гузоштаро дуруст истифода кунанд. Ҳич зарарурате нест, ки барои мисол, номи як вазорат мафҳуми тамоми шӯъбаҳо ва ҷузъиёти дигари ин вазоратро дар бар бигирад. Агар "Вазорати об" бигӯем, табъан дигар мелиоратсия, захираҳои обӣ, каналу заҳбур ва чанд сохтори марбут ба он дар назар аст ва мардум ба ин одат мекунанд, ки ҳамон ҷузъиёт ҳам дар ҳамин вазорат ҳастанд. Гузашта аз ин, мардум номи кӯтоҳро зуд ва хуб қабул мекунанд. Мисли: Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Вазорати саноат…

Риояти таносуби сухан ва номсозӣ дар кишвар ба далели бепарвойӣ ва набуди назорат ба ҳадди ифрот расидааст. Ҳар кас ҳар чизе, ки хоҳад менависад ва онро ба дару девори шаҳру деҳоти кишвар меовезад. Шиору овезаҳо, ки намунае аз эҳтирому поси забон ва фарҳанги миллат ҳастанд, ғалату бо иштибоҳот дар пеши чашми мардум овехта шудаанд. Ва ин ғалаткорӣ ба ҳадде расонда шудааст, ки онро ҳамчун амали дуруст мешуморанд ва агар шакли дурустро пешниҳод кунӣ, онро ғалат мепиндоранд. Дар рӯбарӯйи дарвозаи шимолии бозори Шоҳмансури пойтахт, дар кӯчаи Нисор Муҳаммад ва паҳлӯи он чашмам ба се навиштае афтод, ки ҳамагӣ ғалат ва намунае аз иштибоҳоти оммавӣ ҳастанд: "Мағозаи тухми зироатӣ", як метр дуртар аз он боз ҳам "Мағозаи фирмавии тухми зироатӣ", "Мағозаи масолеҳи сохтумонӣ", албатта шакли солими ин номҳо: тухми зироат ва масолеҳи сохтмон аст. Дар пойтахт ва амалан дар ҳама шаҳру деҳоти кишвар мо бо номгузориҳои ғалат чун "Мағозаи китобҳо", "Мағозаи соатҳо", дар паҳлӯи Фурӯшгоҳи марказии пойтахт: "Гулҳои хонагӣ", "Тухмҳои гул", Мағозаи компютерҳо, "Фаршҳои гарм", "Чиптаҳои ҳавопаймоӣ", "Фурӯшгоҳи варзишӣ) - (Магар варзиш фурӯхта мешавад?!)… Бояд гуфт, ки дар номгузории форсии тоҷикӣ ном ба шакли танҳо гузошта мешавад, ки худаш табиатан маънои ҷамъро дорад. Яъне мегӯем "Мағозаи китоб", вале ин ба он маъное нест, ки дар он танҳо як китоб бошад. Аслан дар овеза бояд нахуст ном ва дар зери он ба ҳарфи хурдтар шакли хидматрасонии он навишта шавад. Мисол, Шакаристон дар зераш тарабхона.

(идома дорад)

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97