Мушкили забон бояд ҳамеша мавзӯи баҳс бошад

Иҷтимоъ 28.01.2014 09:57

Professor KomilzodaАҳмадшоҳ  КОМИЛЗОДА

Рӯзи 24-уми декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нишасте дар мавриди мушкилоти забон баргузор шуд, ки чунин тасмими мақомоти кишвар боиси пуштибонӣ ва ғамхории ҷиддӣ мебошад. Намояндагони Ҳукумат, адибон, мақомоти Китобхонаи миллӣ ва донишмандону хабарнигорон дар ин ҳамоиш ширкат доштанд, вале дар мавзӯи мушкилоти забон баҳси доманадоре сурат нагирифт. Касоне сухан гуфтанд, бештар масъулони идораҳои давлат буданд, вале ба ҳар сурат, хеле аз мушкилоти забони миллат номбар ва чанд пешниҳоде барои ислоҳи ҳараҷу мараҷ дар ин нишаст баён шуд.

Барои ман, ки аз баргузории чунин як ҳамоиш ба манзури баҳси забон хеле хушнуд будам, аз лаҳзаи нахуст сатҳу салиқаи баъзе аз нотиқон хуш наомад. Зеро онҳо ба унвони масъулони Ҳукумат ва соҳиби унвонҳои баланди соҳаи филологӣ зоҳиран мехоҳанд дар бартараф кардани мушкилиҳои забони имрӯзии гуфтору навиштори кишварамон саҳм дошта бошанд, аммо матнро аз рӯйи навиштаи коғаз мехонданд ва якеашон ҳар замон ибораи "забони тоҷиконаамон"-ро такрор мекард, ки аз он дуруст мафҳуми "забони мо ба тоҷикӣ монанд" бармеомад. Ин ва нуқсонҳои дигари аз забони онҳо буруномада чун вожаҳои "пурғалат" - ба ҷойи "ғалат", "воқе" - ба ҷойи "воқеан", "навиштаҷотҳо", чанд ҷамъбандии нолозим ва ҷумлаҳои носаҳеҳ худ гувоҳи мушкилоти ҷиддии забони мо буд.

Аммо гуфтори нависандаи хушбаён Саттор Турсун ҷараёни суҳбатро гармтар кард. Ӯ дар оғоз аз ғалатгуфторӣ дар забони баёни радио ва телевизион, ки дар чанд рӯзи охир ба мушоҳида гирифтааст, шурӯъ кард. Роҳ ёфтани ибораҳои ғалат чун "дар ҳар ҷойе набошад", "ҳамоно" ба маънои "ҳоло ҳам", ноҷо истифода кардани калимаҳои "намудан", "гардидан", "кӯмак", "утоқ", "барасӣ", "хӯрока", "пӯшока", "либоса", "мевагӣ", пасванди -ро, ҷамъбандиҳои изофӣ, аз ҷумла дар паҳлӯи шумораҳои ададӣ (11 корхонаҳо), ҷумлаҳои ғалат - ба хусус дар забони радио ва телевизион, ба гуфтаи ин адиб, ба меъёри забон табдил шудааст.

Дар суханони шоир Аскар Ҳаким, донишмандон Кароматулло Олимов, профессорони ДМТ Хуҷамов ва Камолиддинов низ мушоҳидаҳои дуруст ва пешниҳодҳои қобили мулоҳиза баён шуд.

Интизор мерафт, ки ин мавзӯи доғ ба баҳси озод ва пурмуҳтавое табдил мешавад, вале хосияти расмияти бештари он маҷоли сурат гирифтани чунин имконро аз байн бурд. Воқеият аст, ки мавзӯи мушкили забон дар Тоҷикистон чун мавзӯи доғ ва умедвор ба пуштибониву ислоҳи ҳамешагӣ ҳамвора дар интизори ҳал аст. Рӯиҳамрафта, ба ёд овардани ин ки забони мо дар замони султаи Шӯравӣ вазъи беҳтар дошт, мисолест барои андеша. Он замон забони мо ба ҳадди 20 соли пас аз истиқлолият пешрафт надошт, як забони махлути бегонаавзоъ буд, аммо забони матбуот пурра зери назорат қарор дошт ва аз ҳараҷу мараҷ ҷилавгирӣ карда мешуд. Имрӯз забони мо аз нигоҳи покӣ аз вожаву калимаҳои бегона, инчунин даст кашидан аз қолабҳои бегонаи ифода (то як андоза) пешрафт кардааст. Аммо аз нигоҳи тарзи баён, истифодаи вожа дар ҷумла, истифодаи дурусти вожаҳо аз нигоҳи маъно, сабку услуби баёни андеша бамаротиб ақиб рафтааст, ки чунин далел дорад:

1. Сабаби нахусти ин мушкил дар таҳрир ва ислоҳ нашудани матни матбуоти гуфториву навишторӣ ва маводди нашаротӣ мебошад.

2. Ба назар мерасад, ки дар миёни кадрҳои солҳои охир, ки дар матбуот фаъолият мекунанд, шумораи касони донишманд ва соҳиби саводи болои забоншиносӣ ва журналистӣ кам аст. Матнҳо аз забонҳои ғайр ба сурати таҳтуллафзӣ ва ғалат тарҷума мешаванд, ки фаҳмиши маънии дурусти онҳо аз байн меравад.

3. Сохторҳои Ҳукумат ба вазъи мушкили забон таваҷҷуҳи чандон зоҳир намекунанд. Матни қарору фармонҳои ҳукумат аз нигоҳи қоидаи забон ва услуби баён ба паймонаи зиёд мушкил доранд ва фаҳму дарки онҳо дар хеле маврид аз имкон берун аст.

ХАТ ҒАЛАТ, ИМЛО ҒАЛАТ, ИНШО ҒАЛАТ

Дар натиҷаи мавҷудияти чунин сабабҳо, дар матбуоти имрӯзи мо навъҳои гуногуни камбуду ғалат дар гуфтору навиштор, сабку услуб ба паймонаи зиёд ривоҷ ёфтааст. Роҳи ислоҳи чунин камбудиҳо амалан вуҷуд дорад ва усули аввали он масъулияти бештари роҳбарон ва журналистони манбаъҳои хабаргузорист. Ҷавонмардона қабул бояд кард, ки раисони ширкатҳои радио ва телевизион, манбаъҳои хабаргузорӣ, ки амалан масъулияти покӣ ва ҳифзу рушди забони миллиро ба дӯш доранд, рисолати худро ба андозаи имкон иҷро намекунанд. Матни гузоришҳо, хабар ва иттилоъ таҳрир ва пешниҳод намешавад, матни навиштору гуфтор ва камбуди гӯяндагонро дар радио ва телевизион ислоҳ намекунанд. Ба назар мерасад, ки хеле аз гӯяндагони радио ва телевизион, хабаргузориҳои навишторӣ аз Қонуни забон, қоидаҳои имло ва нозукиҳои забони миллӣ огоҳии дуруст надоранд. Дар паҳлӯи ин масъулони давлат, ки масъулияти ҳифзу покиза нигоҳ доштани забони миллиро бар уҳда доранд, то ҳол натавонистаанд барномаҳои мукаммал ва ислоҳотро пешкаши ҷомеа кунанд. Ба ҳамин асос имрӯз мо шоҳиди ғалатгӯӣ, ғалатнависӣ ва ғалатбаёнии фаровон ҳастем, ки ислоҳи он ба мушкили калони ҷомеа табдил шудааст.

Ман ба унвони як фарди ин сарзамин аз ҳамаи масъулони шабакаҳои хабаргузории кишвар хоҳиш мекунам, ки дар ислоҳи камбудиҳои зер талош кунанд, зеро забони мо пур аз ғалати ом шудааст. Ин камбудиҳоро ҳама донишмандон, адибон ва журналистон медонанд ва дар навбати аввал барои ислоҳи онҳо пули зиёд лозим нест, танҳо ғамхории шумо ва таваҷҷуҳи бештаратон метавонад хеле аз онҳоро бартараф бикунад.

1. Истифодаи ноҷо ва ғалати калимаву ибора: Пеш аз ҳама феълҳои "гардидан" ва "намудан" ба ҳадде сермасраф шудаанд, ки ҷойи вожаҳои аслии забон "кардан" ва "шудан"-ро ишғол кардаанд. Дар ҳоле ки ҳарду вожаи номбурда дар забони форсии тоҷикӣ амалан маънӣ ва вазифаи дигар доранд. Кор ба ҷойе кашидааст, ки мегӯянд: "ин кор иҷро гардид", меъёри ифодаи он - "иҷро шуд" аст; "корро иҷро намуд" - иҷро кард.

Истифодаи муқалидонаи вожаву ибора: Феъли шахси дувуми танҳо ва ҷамъ бе истифодаи пешванди "би" ғализу гӯшхарош аст: "кун" ба ҷойи "бикун", "хӯр" ба ҷойи "бихӯр", "баҳри" ба ҷойи "барои", "агар хато накунам", "хуш монед", "гапаш нест", "суханаш нест", "дар ҳар ҷое набошад", "ташриф овардан", "сар деҳ" - ба ҷойи "раҳо кун"; истифодаи вожаҳои "купрӯк", "қулай", "тинҷӣ", "кӯмак", "утоқ", "барасӣ".

Ҷамъбандиҳои ғалат: "маводҳо", "навиштаҷотҳо", "таҷҳизотҳо"; мағозаи: китобҳо, соатҳо, асбобҳо ва монанди ин. Шакли дигари ғалатҳои маъруф ибораҳои: 150 нафар одамон, 15 адад китобҳо ва мисли ин аст. Таваҷҷуҳ шавад, ки вақте шумораи ҷамъ аст, бояд исми пас аз он омада ба шакли танҳо ифода шавад: 150 нафар одам, 15 китоб.

2. Истифодаи ғалат аз маънои вожаҳо: "ҳамоно" ба маънои "ҳоло ҳам", "бурдборӣ" - ба маънои пирӯзӣ, "сохтан" - ба маънои "кардан" (амалӣ созед), "будан" ба маънои "шудан" (машғул бошед - шавед), "тамошобин" - ба маънои бинанда ё шунаванда; омехта кардани ҷойи феълҳои "мебошад" ва "аст".

3. Шикастани қолабҳои меъёри забон: Иваз кардани ҷойи мубтадо, хабар ва аъзои ҷумла: "бишнавед хабарҳои моро", "дӯст медорам туро ман", "ин кор ба амал омадааст дар хонаи мо", "мо омода кардаем ин барномаро барои шумо", "ҳоло ман омадам ба дидани шумо".

4. Истифодаи бемавриди калимаҳо: "вай", "ана", "мана", "дигар", "хайр", "як", "набошад", "бошад" - (Рафтем, сигоркашӣ. Дигарҳо бошанд, даҳ маротиба гирди майдон медаванд): "Китоб хондан як кори хуб аст" - дурусташ: "Китоб хондан кори хуб аст". "Мо чӣ гуноҳ намуда бошем, ки ба ин рӯз расидем?" - дурусташ: "Мо чӣ гуноҳ кардем, ки ба ин рӯз расидем?"

5. Истифодаи бемавриди пасванд ва ҳарфҳои зиёдатӣ: "боварӣ" ба ҷойи "бовар", "хӯрока", "пӯшока", "либоса", "чаҳорчӯба", "мевагӣ", "гирифтагӣ", "хӯрдагӣ", "бурдагӣ"; пасванди "ӣ" - шабакаи телевизионӣ, синфхонаи имтиҳонотӣ, (шабакаи телевизион), равобити байналмилалӣ, шарбати мевагӣ, сулҳу осоиштагӣ, гӯшвора (гӯшвор); исмҳои хос: Шаҳноза, Дилноза, Парвина, Маҳина, Дилшода, Баҳора, Хуршеда…; пасванди "-ро" "Ҷойҳои нави кориро ташкил кардем".

6. Ҷумлаҳои ғалат ва бетаҳрир: "Боре, ҳангоми дар синфи 6-ум хонданаш, Алла-хола, ки дар ҳамсоягӣ мезисту гирифтори бемории диабети қанд буд, хоҳиш намуд, ки сӯзандоруяшро гузаронад". Ин ҷумла мушкили зиёде аз қабили офариниш ва истифодаи нодурусти ҷойи калима дар ҷумла дорад, ки фаҳмиданаш душвор шудааст. Ва чунин ислоҳ мехоҳад: "Боре, ҳангоми дар синфи 6-ум хонданаш, Алла-холаи ҳамсояашон, ки гирифтори бемории диабети қанд буд, аз ӯ хоҳиш кард, ки ба баданаш сӯзандору гузаронад". "Ҳамчунин ин дӯстам нақл кард, ки дар Эрон мошинҳои бори моро, ки ба воситаи он мегузаранд, аз 24 тона зиёд агар бор дошта бошанд, гумрукчиёни иронӣ намегузоранд, то вориди роҳҳои Ирон шаванд". Ба чунин таҳрир ниёз дорад: "Ҳамчунин ин дӯстам нақл кард, ки мошинҳои моро, агар аз 24 тона зиёд бор дошта бошанд, гумрукчиёни эронӣ намегузоранд, то вориди роҳҳои ин кишвар шаванд";  "ҳоло дигар тадқиқот аз рафти баррасии парвандаҳо гузаронида мешавад" (дар ин ҷумла маънӣ гум шудааст).

Ҳамин гуна ҷумлаҳои бетаҳрир, ки фаҳмидани маънии онҳо хеле мушкил аст, дар ҳама нашрияҳои мо ба назар мерасад, ки ҳоло чанд мисоли дигар пешкашатон мешавад: "Ягона монеа дар роҳи комёбиҳо барои шумо нотобӣ шуда метавонад", "Боварии комил дорем, ки натоиҷи вохӯрии намояндагони болоии Душанбеву Бишкек ба ин ҳама мавқеи тоза мебахшад", "мо ба равобити дӯстонаи суннатии мардуми тоҷику қирғиз, ки умри чандинасра дошта, барои рушди равобити ду кишвар мусоидат мекунад, арҷ мегузорем".

7. Риоя накардани қоидаҳои имло: Аломати вергул дар миёни пайвандакҳои таркибӣ: вақте, ки; ҳангоме, ки; замоне, ки; дар сурате, ки; бо ӯ-и дароз навиштани гурӯҳи калимаҳои ӯҳтарам", "мӯҳр", "мӯҳра", "мӯҳлат", "мӯътабар", "мӯъҷиза", "мӯътадил", "таваҷҷӯҳ", "тавозӯъ", "ӯҳда" ва амсоли инҳо, ки мутобиқи Қонуни забон ва навишти алифбойи аслии мо - форсӣ бо у-йи кӯтоҳ навишта мешаванд.

8. Забони овезаҳо: Овезаҳо ҷузъи муҳими вожаҳои забон ва мубаллиғи покӣ, зебойӣ ва номгузории лоиқ аз тарафи масъулон ва соҳибони ватану забони онҳост. Овезаҳои кишвари мо ба мушкили ҷиддии забонамон табдил шудаанд, ки дар ин бора дар поён сухан мегӯем.

Маълум аст, ки пас аз пош хӯрдани Шӯравии собиқ дар ҳама арсаҳои зиндагии кишвари мо таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал омадааст. Ҳамчунон ки сиёсат, иқтисод ва зиндагии иҷтимоии мо ба навсозиву бозсозӣ рӯбарӯ шудааст, забони миллат низ дар ҳоли дигаргуншавӣ ва бозсозӣ қарор дорад. Дигаргуниҳои умдае, ки мо дар соҳаи забон бо онҳо имрӯз рӯбарӯ ҳастем, инҳоянд:

1. Таҳаввулоти бузурги луғавӣ. Дар тӯли 25-30 соли охир дар забони кишвари мо аз нигоҳи табдили вожаҳои бегона ба калимаҳои худӣ, ворид шудани калимаву истилоҳоти нав таҳаввулоти ҷиддӣ рух додааст. Ҳамин дигаргунӣ боиси норизоияти баъзе аз мардум, бавижа насли бузургсол, ки ба забони махлути пешина одат кардаанд, шудааст. Вале забони мо дар ҳоли таҳавввулот қарор дорад ва нав шудан фонди луғавӣ ва таркиби луғавии он ба нафъи забон ва фарҳанги миллат аст.

2. Беэҳтиромӣ ба забони адабии миллӣ ва надонистани забони меъёр. Бисёре аз мардуми мо ба далели ноогоҳӣ аз қудрати бузурги забон, мавҷудияти вожаву истилоҳот огоҳӣ надоранд. Бештарини намояндагони насли бузургсол ба забонҳои бегона дарс омӯхта, забони миллиро намедонанд ва бархе ҳам ба лаҳҷа сухан мекунанд. Хеле аз намояндагони насли ҷавон ҳам ба омӯзиши забонҳои бегона пардохта, аз бетаваҷҷуҳии роҳбарон ва волидон забони миллиро то ҳадди лозим намедонанд. Воқеият ин аст, ки дар кишвар заминаҳои рушду густариши забони миллӣ то ҳадди лозим муҳаё карда нашудааст, балки омӯзиши забонҳои бегона бештар тарвиҷ мешавад. Ҳамаи ин боис шудааст, ки масъалаи омӯзиши забони миллӣ камранг ва гӯяндагон аз донистани он то андозае дур мешаванд. Нишасту ҷаласаҳои гуногун дар дохили кишвар ба забонҳои ғайр баргузор мешаванд.

3. Куҳнапарастӣ ва ақибгаройӣ дар рӯбарӯи пешрафту такомули забон. Бархе аз одамони куҳнапараст ва ақибгаро ба аксари пешрафтҳои таркиби луғавӣ ва таҳаввулоти забон мухолифат нишон медиҳанд. Ба шаклҳои нави вожаву истилоҳот (албатта гоҳе дар матбуот ғалату ноҷо истифода мешаванд) мухолифат нишон медиҳанд. Гоҳе бо дастдарозии ин қабил одамон фармонҳои ноҷои Ҳукумат ҳам содир мешавад. Намунаи онро дар истифодаи истилоҳоти "қушун", "купрук", "прократура", "суд", табдили ноҷои баъзе номҳои ҷуғрофӣ аз қабили Кофарниҳон, Дарбанд, Ғарм ба номҳои дигари номавзун метавон мушоҳида кард.

4. Фаъолияти густурдаи забонҳои бегона дар бистари забони миллӣ. Кишвари хурди мо, ки рисолати бузурги пок нигаҳ доштан ва рушди забони форсии тоҷикиро дар паҳнои ҳавзаи Варорӯд бар уҳда дорад, зери фишори забонҳои бегона, пеш аз ҳама русӣ ва англисӣ қарор гирифтааст. Ҳомиёни ин забонҳо дар кишвари мо заминаҳои фаровонеро эҷод кардаанд: мактабҳо, донишгоҳҳо, радио ва телевизион, рӯзномаву маҷалла, курсҳои забономӯзӣ, ҷашну маросим ва тадбирҳои дигаре барои забономӯзӣ доир мекунанд, ки дар онҳо на аз забони давлатӣ ё миллӣ, балки аз забонҳои бегона кор мегиранд. Забони миллии мо танҳо дар сатҳи расмиёти Ҳукумати худамон истифода мешаваду бас.

МУШКИЛОТИ БУНЁДӢ

Мушкили забони мо решаи чуқуртар дорад. Дар замони Шӯравӣ барои камранг кардан ва аз байн бурдани забонҳои миллӣ, аз ҷумла забони форсии тоҷикӣ барномаҳои ҷиддие амал мекард. Табдили алифбои форсӣ ба лотиниву сирилик оғози он буд. Ҷудоӣ аз алифбои аслӣ мардуми моро ба тифле монанд кардааст, ки танҳо ғизои сунъӣ мехӯрад ва аз таровату заруратҳои биюлужӣ, кимиёӣ ва физикии шири модар, ки манбаъи хеле устувори рушд ҳастанд, дар канор бимонад. Акнун мардуми мо вожаву истилоҳотро ба гӯйиши бегона талафуз мекунанд, чунки аз талафузи аслии забони модарӣ дур шудаанд ва тавре ки имрӯз мебинем, талафузи бештарин вожаҳо ба забони модарӣ барои хелеҳо бегона шудааст ва ҳатто ба тарзи дурусти талафуз муқовимат нишон медиҳанд. Сохтори илмҳое чун овошиносӣ-фонетика, сарф-морфология ва ҷумла-граматика бар асари канда шудан аз асли забон - алифбои модарӣ (алифбои форсӣ) боиси пайдоиши як забони махлут шудааст. Ва мардуме, ки ба зӯр ин забонро меомӯзад, ҳамчунон ба зӯр сухан мегӯяд. Далелаш ин аст, ки аввалан ба сохтори забони бегона андеша мекунад, дувум ба сохтори забоне бояд суҳбат кунад, ки махлут бо вожаҳои бегона аст, тарзи ҷумла ғалат, ифода ғалат ва истифодаи ноҷои калимаҳо дар ин тарзи баён хеле зиёд ба назар мерасад. Мардуми мо ҳангоми суҳбат калима меҷӯянд, то фикрашонро баён кунанд. Шунаванда аз шунидани ҷумлаҳои ғалат, маънии ғалат ва истифодаи ноҷои калимаҳо дар ҷумла ба умқи гуфта намерасад. Аз ғалати фаровон матни матбуоти гуфториву навишторӣ дар хотир намемонад. Ҷудоӣ аз алифбои модарӣ аз як сӯ ва хориҷ шудани забон аз доираи истифодаи умумӣ (дар даврони Шӯравӣ) забони форсии тоҷикиро то ҷое аз маҷрои рушд ақиб партофт. Ин вазъи ноҳамвор барои гӯяндагони забони модарии мо фазои бегонаро ба вуҷуд овард, ки имрӯз мо шоҳиди ин мушкилот ҳастем.

МУШКИЛОТИ АЛИФБО

Алифбои сирилики тоҷикӣ мушкилоти сахт дорад. Ноҳамгунии талафузи садоҳо бар асари таъсири забони русӣ, мавҷуд набудани ҳарфҳое барои ифодаи дурусти садоҳо: мисли йотбарсари ЙӢ, ЙЕ, истифодаи нодурусти овоз ва ҳарфи Ӯ, яъне вови маҷҳул (ӯ-йи дароз), ноҷо истифода кардани ҳарфҳои Э ва Е, Ъ ва боз чанде дигар дар алифбои имрӯзӣ мушкилоти забонро ҳар рӯз бештар мекунад. Ҷабран ҳарфи Е-ро йотбарсар ном гузоштаанд, ки амалан вазифаи йотбарсарро ифода намекунад, балки дар забони мо чун дар забони русӣ барои ифодаи овойи Е (дар форсӣ ? ?) корбурд дорад. Барои мисол, мо дар ифодаи калимаҳои (мегӯйем, мегирйем, меойем) йотбарсари ЙЕ надорем.

Мо йотбарсари ЙИ низ надорем, ки ин нуқс воқеан забони гуфтори мардуми моро хеле ғализ кардааст. Борҳо бо таъкид аз гӯяндагони радио ва телевизион дархост мекунем, ки масалан ба ҷойи "хонаи мо" "хонайи мо" бигӯянд, вале чун дар навиштор вуҷуд надорад, боз ҳамон камбуд рух медиҳад ва имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки ин мушкил ба як ғалати омм ва ҳамагир табдил шудааст. Албатта, мутахассисини мо медонанд, ки манзури ман ҳамон йотбарсари ЙИ мебошад, ки амалан дар охири калимаҳо ва пас аз овозҳои садодор ифода мешавад. Ин камбудиҳои алифбо сабаби пайдо шудани нуқсони зиёд дар гуфтори мардум шудааст.

Сохтори тасвирӣ, яъне ҳарфи сирилики русӣ савтиёт ё овози алифбои моро тағир додааст. Имрӯз мардуми мо садоҳои "о", "а", "и", "э" ва мисли инҳоро ба тарзи алифбои русӣ талафуз мекунанд. Хеле аз калимаҳо, исмҳои хос ва номҳои ҷуғрофӣ ба таъсири забони русӣ ғалат навишта ва гуфта мешаванд. Ҷудойӣ аз алифбои бунёдӣ сабаби он шудааст, ки мардум асл ва решаи навишору гуфтори калимаҳоро намедонанд.

МУШКИЛИ НАВИШТОР

Воқеият ин аст, ки имрӯз забони матбуоти мо дар маҷмӯъ ба мушкили ҷиддие рӯбарӯст. Дар матбуоти навиштории мо ғалати имло, аз нигоҳи маънӣ истифодаи барғалати калима, ҷумлаҳои шикаста, пуриштибоҳ, бемаънӣ, гоҳе бе истифодаи хабар дар он, башиддат риоя нашудани аломатҳои китобатӣ ва чанд камбуди дигар ба дараҷае зиёд шудааст, ки дар маҷмӯъ ин хатокориҳоро метавон вазъияти фавқулода номид. Ман бо матбуоти расмии ҳукуматӣ (нашрияҳои чопӣ) ошноийи чандоне надорам, аммо бархе аз ҳафтаномаву рӯзнома ва нашрияҳои чопии мустақилро аз нигоҳи забониву хабарнигорӣ қалами таҳрир задам, ки дар натиҷа сафҳаҳои онҳо манзараи ҳузнангезе гирифт.

Як воқеият ин аст, ки имрӯз забони форсии тоҷикӣ бар асари таҳаввулоти сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷомеа дар ҳоли диграгуншавӣ ва тағйирот қарор дорад, биноан то ҳол натавонистааст шакли нормативии баён ва истифодаро касб кунад, яъне ҳанӯз забони меъёр (манзури ман забони матбуот аст) ба сурати меъёр шакл нагирифтааст. Забони меъёр маънои онро дорад, ки дар истифодаи луғату вожаҳо, истилоҳоту ибораҳо ҳамгунӣ ба вуҷуд меояд ва дар тамоми воситаҳои ахбор амалан аз онҳо истифодаи якранг мешавад. Барои мисол, мо ин гуна меъёри истифодаро дар забони русӣ ва дар забони форсӣ дар Ирон мушоҳида мекунем. Вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки забони меъёри форсии тоҷикӣ вуҷуд надорад. Баръакс, забони меъёрии мо хеле устувор ва побарҷост. Яъне забони адабиёти классикии мо, ки бештарин унсурҳои граматикии он дар забони имрӯзии мо (дар се кишвари форсизабон) побарҷо ва устувор ҳастанд, яке аз забонҳои пурғановати дунё мебошад ва дар дарозои торих ба ҳадди лозим суфтаву коро шудааст. Гуфтанист, ки бо ин забон осори оламшумули илмиву адабӣ иҷод шудааст ва ҳар касе, ки аз сайри торихии ин забони бузург огоҳӣ дорад, бемуҳобо мегӯяд, ки ин забон барои ифодаи пурраи андешаҳои илмӣ, фаннӣ, умури давлатдорӣ ва ҳама арсаҳойи зиндагии як миллат иқтидори шигифтангез дорад. Вале тавре дар боло ёдовар шудем, забони мо дар садсолаи ахир ба далели зери фишор қарор гирифтани мардум ва давлатдориамон ба чунин мушкил рӯбарӯ шудааст. Агар дақиқтар бигӯйем, мушкил дар он аст, ки мо ворисони забон ба далелҳои номбурда аз имконот ва тавонмандиҳои забонамон огоҳии кам дорем.

МУШКИЛОТИ ГУФТОР

Амалан мушкили баёну гуфтор ва навиштор дар забони форсии тоҷикӣ боз ҳам ба мушкили сад соли ахир бармегардад. Пас аз ташкили Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон, Ҳукумати Шӯравӣ барои иҷоди як давлати воҳиди Шӯравӣ, халқи ягонаи советӣ ва забони ягонаи советӣ (табъан забони русӣ) барномаи мушаххасеро рӯйи даст гирифт. Мутобиқи ин барнома барои амалӣ кардани се аҳдофи муҳими он, ба истилоҳ мутахассисини ба гуфтаи худашон, варзидаеро вориди ҷумҳуриҳои миллӣ (амалан мустамликаҳо) карданд. Ба бадбахтии мо, бо дастгирии ҳамсояҳои ғаразхоҳ ба ҷумҳурии мо сели ҳамин гуна "мутахассисон" аз ҷумлаи турктаборони шӯравӣ аз самбӯсафурӯшу куҳнадуз то галлабону подабон рехтанд. Ин қавмҳои кӯчитабор тамоми умури давлатро дар Тоҷикистон ба даст гирифтанд. Русҳо дар ғами иҷоди ҳукумату забони муттаҳиди шӯравӣ буданд ва умури аслии идораи давлатро дар даст доштанд. Аммо ҳама боқимонда турктаборон, ки умури фарҳангу маънавиёт ва ҳамзамон раҳбарии сатҳи дуввумро дар даст доштанд, ҳадафҳои хоси худро дар миёни ин мардуми бечора пиёда мекарданд. Агар имрӯз забони модарии мо дар гуфтору навиштор ба ин кӯчаҳои дарҳаму барҳам ворид шудааст, дар навбати аввал заминаи ин мушкилро ҳамон "мутахассисин" гузоштаанд. Онҳо, ки зимоми давлатро дар даст доштанд, хиёнатҳои бузургеро дар баробари шикастану пора кардани забони мардуми мо анҷом доданд. "Ба забони омма наздик кардани "забони адабии ҳозираи тоҷик", "истифодаи калимаҳои забони мардум дар забони адабии ҳозираи тоҷик" мисли ин шиорҳоеро ба зеҳни мардум ворид карда, сипас ба шикастани забони навишторӣ ва гуфтори мардум даст заданд. Онон дар ин росто то ҷойе муваффақ шуданд. Натиҷааш ин шуд, ки имрӯз забони гуфтори мо олуда ва ба як забони махлуту пур аз вожаҳои номафҳуми бегона табдил шудааст.

Ва аммо забони навишторамон тақрибан ба забони кӯчаву бозор баробар шуда ва аз пойгоҳи аслии худ забони ноби форсии тоҷикӣ (ончуноне ки мебоист буд) хеле канор рафтааст. Ва ин амалро ворисони он сиёсат, ки ҳанӯз дасти болое дар ин кишвар доранд, ҳамчун як бозёфти нодир, қаҳрамонии касоне ҷилва медиҳанд. Кор ба ҷойе кашидааст, ки гоҳе мо маҷбур мешавем сӯҳбати як ҳамдиёрамонро барои як форсизабони дигар тарҷума кунем. Бояд иқрор кард, ки кишвари мо Тоҷикистон дар ин раҳгузар аз ҳама ҷумҳуриҳои дигар зарари бештар дидааст.

Вале пештар аз ин тарҳ ё плони барномаҳои омӯзишии забони модарӣ ва фанҳои дигар хеле "моҳирона" роҳандозӣ шуда буданд. Грамматикаи забон ва барномаи ҳамаи фанҳои дигар то сатҳи мушаххас дар асоси барономаҳои мактабҳои русӣ сохта ва барномаҳои Вазорати маориф амалан аз онҳо рӯйбардор шуда буданд. Барои омӯзиши забони тоҷикӣ он қадар қоидаҳои гуногун ва мушкилро эҷод кардаанд, ки хонандагони мактабҳои мо то охири умр онҳоро аз бар карда наметавонистанд. Бадтар аз ин, омӯзиш дар мактабҳои мо тарзе буд, ки шогирдон амалан ба қоидаазёдкунӣ мепардохтанд, вале аз тафаккури худӣ ё андешаи шахсӣ, баёни андешаи худ, баёни ҳатто гуфтори оддӣ дар ҳузури дигарон ва ба хусус мақомдорон комилан ва ба таври шигифтангез дур нигоҳ дошта мешуданд. Ҳатто дар миёни мардум ба дараҷае тарс ворид карда буданд, ки дар ҳузури мақомдорон ҳеч гуна сухане набояд гуфта шавад. Ҳоло мо ҳамагӣ медонем, ки бештарини мо ҷуръат надорем, ки дар ҳузури як мақомдор ё як фарди баландмартаба бигӯем, ки "Ман мехоҳам бо Шумо сӯҳбат кунам!" Таъсири он сиёсат, ки муттассифона, ҳанӯз ҳам идома дорад, ба зеҳни устодони маҳаллии мо ҳам комилан асар гузошта буд. Ба ёд биёрем, ки омӯзгорону устодони мо дар мактабу донишгоҳҳо дар бештар маврид ба мо иҷозат намедодаанд, ки суханамонро озоду ошкор бигӯем, вале барои гуфтани сухани ҳаққ ва андешаи худ шояд борҳо гирифтори маломату сарзаниш шудаем. Яъне дар даргоҳҳои омӯзишу парвариши кишвари мо ҷуръати баёни андешаи худӣ ва дархости хоҳиши шахсӣ амалан саркӯб мешуд. Борҳо дар кишварҳои Русия, Афғонистон ва Ирон бо хоҳиши худ дар дарсҳо ширкат кардам. Чун далерона ва бо ҷуръат сухан гуфтани шогирдони мактабҳо ва пуртоқату солорона гӯш додани устодони мактабҳои ин кишврҳоро медидам, ҳамеша орзӯ мекардам, ки дар ватани ман ҳам чунин бошад.

Агар як далели ҳараҷу мараҷи имрӯзии забон дар табдили иҷбории алифбо аз сӯйи ҳукуматдорони Шӯравӣ бошад, далели дигари ба ҳадди лозим рушд наёфтани забони имрӯзии мо боз дубора ба сиёсати ҳамон ҳукумат марбут аст. Чунки забонҳо, назар ба табиату ҳамрангӣ, решаҳои торихӣ, ҳамзистии минтақавӣ ба ҳамдигар хеле таъсиргузор мебошанд. Табиист, ки забони форсии тоҷикӣ бояд аз кишварҳои Ирон ва Афғонистон, ки ҳамин забон дар онҳо роиҷ аст, луғату истилоҳот, вожаву номҳои навро мавриди истифода қарор дода, бо онҳо рушди мураттаб меёфт. Ончуноне ки имрӯз ворисони забони форсӣ ҳам дар Ирон ва ҳам дар Афғонистон аз нигоҳи истифодаи васеъи забони муштараки форсӣ иртиботи ногусастанӣ доранд ва ҳамгун ҳастанд ва ҳамдигарро ёриву пуштибонӣ ва рушду нумӯъ мебахшанд. Аммо, мутаассифона, забони форсии Вароруд ба далелҳои дар боло номбурда аз ин раванди пешрафт ва меъёрӣ шудан дар канор мондааст.

Гуфтанист, ки шурӯъ аз оғози даҳаи 80-и садаи гузашта таъсири забони форсӣ аз Ирону Афғонистон ба форсии мо, яъне форсии тоҷикӣ, хеле чашмрас будааст. Аз сӯйи дигар вожаҳои хоси забони имрӯзии мо на танҳо ба Ирону Афғонистон, балки ба забонҳои дигари минтақа ҳам ворид ва мавриди истифода қарор гирифтааст. Албата ин мавзӯъ қобили таҳлил ва барасии хос аст, ки маҷоли ин навишта нест.

Васоити Ахбори Омма (таҳтуллафз аз русӣ. Дурусташ-расонаҳо) масъулияти бузургеро дар баробари ҷомеа ба уҳда доранд. Ҳоло мардум ба нашрияҳои мустақил ва радиову телевизион дастрасии бештар доранд ва табиист, ки дар поксозии забону баён, истифодаи дурусти вожаву истилоҳот ва бештар аз ин, сохти дурусти ҷумларо мардум аз матбуот меомӯзанд. Аммо тавре дида мешавад, ин гуна камбудиҳо дар матбуоти даврии мо хеле зиёд ва ба сурати фоҳиш пешкаши хонандаҳо мешавад.

(идома дорад)

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97