Чи гуна системаи маорифи кишвар истеъдодҳоро мекушад

Иҷтимоъ 27.01.2014 11:05

Ё агар Суруш дар олимпиада ширкат мекард, низом ба ҳам мезад, ҷаноби Фақеров?!

faqirovЯнвари соли 2014. Рӯзи сарди зимистонӣ. Дар ин рӯз агар сагро аз хона берун кунӣ, ба қавле убол аст. Барои бачаҳои мактабхон таътилоти зимистонӣ ҷорӣ шудааст. Замони номуносиб барои таътили бачаҳо. Аммо то ҷое бори масъулияти давлатмардонро кам мекунад, лоақал бачаҳо дар хонаҳои сард ҳам бошад, дар назди волидонашон аз хунукӣ меларзанд ва бори масъулияти онҳо кам мешавад. Чунин вазъи изтирорӣ чанд сол ба ин сӯ идома дорад. Аммо аз ин касеро парво нест, ин вазъи изтирорӣ моро, ки бесаранҷом намекунад, албатта ки созмонҳои байналмилалии нозирро ба ҳиҷ ваҷҳ ба ташвиш намеоварад. Охир то тифл гиря накунад, барояш шир намедиҳанд. Ин масъала мавзуъи баҳси дигарест, ки онро барои матлабе дигар мегузорем.

Биёем сари яке аз рӯзҳои сарди моҳи январ, ки бачаҳо бо шарофати таътили иҷборӣ хонанишин шудаанд. Шояд чунин шароити бади номуносиб дар асри технология бархе аз бачаҳои хурдсолро водор кардааст, ки бештар кӯшиш ба харҷ бидиҳанд то илм биомӯзанд. Ин аст, ки бархе аз онҳо дар рӯзҳои таътили маҷбурӣ низ бепарво наменишинанд ва роҳҳои илмомӯзиро ҷустуҷӯ мекунанд. Суруш, писари бузурги мо низ субҳи барвақти рӯзи сарди зимистон аз ҷо баланд шуд ва бидуни он, ки субҳона бихӯрад, либоси мактабӣ ба бар кард ва озими рафтан аз хона шуд. Гуфт, ки бояд зудтар ба маҳалли баргузории озмун-олимпиада бирасад, то берун аз озмун дониши худро бисанҷад. Ин қадар бошитобу бозавқ озими рафтан буд, ки гӯшу ҳушаш ҳич ҳарферо ҷуз завқи ширкат дар олимпиада намешунид. Ӯ рафту пас аз чанде занг зад, ки ҳатто берун аз озмун иҷозаи ширкат дар озмунро дарёфт накард. Аз як сӯ завқи беандозаи Суруш фарзандамон ва аз сӯи дигар дар ин рӯзи сарди зимистон бо сад умед ба сӯи илм шитофтани як навҷавони ошиқи илмро дида, ба ин фикр уфтодам, ки ба Фақеров, мудири маорифи шаҳри Душанбе, ки аз ҷумлаи маорифпарварону донишмандони даврон васфаш мекарданд, тамос бигирам. Суруш дар ҳавои сарди зимистон беруни дари синфхона мунтазири ишораи масъулони маориф буд. Бо раиси маорифи шаҳр телефонӣ гуфтугӯ кардам ва аз мудири маорифи шаҳр хостам то мусоидат намояд, ки берун аз озмун як талабаи мактаби ҳамин маориф, дониши худро бисанҷад. Аммо мудир иддаъо пеш овард, ки тибқи низоми мавҷуд ҳич мумкин нест, ки як талаба то гузаштан аз марҳилаҳои ибтидоӣ ҳатто дар гӯшае аз синфхонаи озмун бинишинад ва дониши худро бисанҷад. Ҳарчанд ба муҳтарам Фақиров, ҳамчун ба як фарди рӯшанфикру босаводи ҷомеъаи имрӯз муроҷиат кардам. Гуфтам, ки аз он ки барои як талабаи иштиёқманд ба таври истисноӣ иҷоза дода бишавад, то дар гӯшае аз синфхона когазу калам гирифта дониши худро бисанҷад, ҳич низоме ба ҳам намехӯрад. Аммо ӯ ҳамоно побанд ба чаҳорҷӯбаи муқаррароти ҷорӣ намехост, ки иштиёқ ва хоҳиши як донишомӯзи мактаби зери тобеъияташро мавриди назар бигирад. Агар Суруш писари ман намебуд ва ӯ як талабаи мактаби ҳамин маориф мебуд, то назди президент шикоят мебурдам, то ба ӯ иҷоза дода мешуд, ки дар озмуни миёни мактабиён дониши худро бисанҷад. Чун Суруш фарзандам буд, идомаи баҳсро бо ҷаноби Фақеров беҳуда донистам, аммо навиштани як мақоларо дар зимни ин амре зарурӣ медонам. Зеро ин мушкил танҳо марбут ба писари мо нест, балки ин низоми шахшуда, ба хусус дар соҳаи маориф боиси ақибмондагии мо барои як садсола аз дунёи муосир шудааст. Ин ҷо ёд овардан аз ин далел ба маврид аст. Як толибаи гимназияи "Ҳотам ва П.В."-ро бинобар сабаби бар тан доштани шим, ки аз меъёри либоси муқарраркардаи маорифи ҶТ, берун будааст, дар озмуни ноҳиявӣ роҳ надодаанд. Дар сурати ғайби ӯ мебоист Суруш дар озмун ширкат мекард, аммо ӯ аз ин қазия дер бохабар шуд. Қазияро бо яке аз мудирони мактаби шаҳр дар миён гузоштааст ва ин мудир гуфтааст, ки раиси маорифи шаҳр дар коллегияи маорифи шаҳр эълом дошт, ки ҳар кӣ мехоҳад дар озмун ширкат кунад, мамониъате вуҷуд надорад. Кӯдаки сода ҳам ба ин ҳарфҳо бовар кардаву озими озмуне шуд, ки ҷаноби Фақеров, мудири маорифи шаҳр орзуҳои бачагии ӯро хафа кард…

Аммо вақте ки истеъдодҳоро мекушанд, вақте як донишомӯз аз чаҳорчӯби қонунҳои ғалату бемантиқ фаротар дониш омӯхта наметавонад, вақте ки қонунҳои мо догма ҳастанд, вақте ки раиси калони маорифи як шаҳр завқи кӯдакро мекушад ва он ҳам танҳо дар доираи танги маърифат, ки низом чунин фармуда, маориф ва ҷомеъа ҳаргиз ислоҳ нахоҳад шуд. Борҳо фикр мекардам, ки чаро мактабҳои зеризаминии динӣ бо вуҷуди маҳдудиятҳо ҳамеша фаъол будаанд, акнун посухашро аз маорифчиёни кишвар дарёфтам. Чунки он ҷо аз хоҳишмандон истиқбол мешавад ва дари он ба рӯи ниёзмандон ҳамеша боз аст (агарчӣ давлатҳо онро бастаанд). Дигар савол нахоҳам кард, ки чӣ боиси ифротӣ шудани бачаҳои тоҷик мешавад?! Посухаш возеҳ аст, маорифи ақибмонда бо муқаррароти пусидаву фартут!

Дарвоқеъ қаблан ҳам "Миллат" дар мавриди побандии вазорати маориф ба масоили саввумдараҷаву охириндараҷа матолиберо мунташир карда буд. Аммо ин воқеа бори дигар моро бар сари ин мавзуъ баргардонид. Дар сархати корҳое, ки бахши омӯзишу парвариш анҷом бояд бидиҳад, аввалтар аз ҳама дониш бояд биистад. Аммо мутаассифона мо ислоҳотро аз масоиле шуруъ кардаем, аз қабили гарданбанду либоси ягона ва ғайра… ва ин аст, ки дар давоми ду даҳа боз ба ҷое намерасем. Ҳамагӣ аз маорифи Тоҷикистон дилсард фарзандони худро ба мактабҳои ғайритоҷикӣ ва хориҷӣ (ҳатто ифротӣ) задаанд. Агар иштибоҳ набошад, вақте ҳам шунидем, ки собиқ вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ҳамзамон бо вазир буданаш литсейи туркиро барои омӯзиши духтараш интихоб кардааст, дуд аз димоғ баромад. Аз Муҳаммадҷон Шакурӣ низ шунида будам, ки наберааш ба литсейи туркӣ меравад, набераи яке аз қаҳрамонони Тоҷикистон низ ҳамчунин. Модоме ки раисону вазиронамон ва фарзандони шахсиятҳои миллии кишвар ба маорифи худӣ эътимод надоранд ва рӯй ба макотиби ғайритоҷикӣ, ба хусус туркӣ меоваранд, пас ин роҳе, ки мо меравем ба куҷост?

Магар намешавад, ки мо маорифи худро ислоҳ бисозем, ва роҳи гурез ба оғуши мактабҳои ғайрро бубандем?!

Вале бо чунин андеша, ки ҷаноби Фақеров, яке аз маорифчиёни кишвар дорад, ки низом ҳатто иҷоза намедиҳад, як донишомӯзи иштиёқманд дар як гӯшае аз синфхонаи озмун дониши худро бисанҷад (шояд барои иҷозаи ин кор порлумон як қонуни дигарро ба тасвиб бирасонад), ҳаргиз маорифи кишвар ислоҳ намешавад ва он рӯз дур нест, ки вазири маорифи Туркияро донишомӯзони тоҷик вазири худ бидонанд.

Ҳамин тавр нест муҳтарам Вазири маорифи Тоҷикистон ҷаноби Саидов???!!!

Адолати Мирзо

P.S.: Қобили ёдоварист, ки дар пайи ба сардӣ гароидани муносиботи Раҷаб Тайиб Эрдуғон, сарвазири Туркия ва Фатҳуллоҳ Гулен, раҳбари бунёди "Хидмат" аз тобистони гузашта то кунун муассисаҳои таълимии вобаста ба Фатҳуллоҳ Гулен ё баста ва ё маҳдуд шудаанд. Мақомоти Туркия дар нооромиҳои тобистону тирамоҳи гузашта дар Истамбул ва дигар шаҳрҳои Туркия донишҷӯёну хонандагони донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимии вобаста ба Гуленро муқассир медонанд. Аз ҷумла дар Истамбул, бузургтарин эътирозҳои зидди ҳукуматиро донишҷӯёни Босфор роҳ андохтанд ва мақомоти Туркия ба ин боваранд, ки ин кор бо ҳидояти Фатҳулло Гулен анҷом шуда ва манфиатдори ин иқдом мақомҳои амрикоӣ ҳастанд, ки мехостанд ба ин васила давлати Эрдуғонро суқут диҳанд.

Акнун ҷолиб ин аст, ки чаро дар сурате, ки худи Туркия аз ин литсейҳои шабакаи Гулен даст бардошта (Узбакистон 20 сол пеш ин корро карда буд) ин муассисаҳо ҳамчунон дар Тоҷикистон фаъол бошанд, муҳтарам вазири маориф? 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97