Ба марги ду муҳоҷир кӣ гунаҳкор: пулиси Русия ё мақомоти тоҷик?!

Иҷтимоъ 13.01.2014 14:15

migrant-tajikМанобеъи пулиси Русия аз фавтидани ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ду шӯъбаи пулиси Русия хабар додаанд. Тибқи иттилоъи ин манбаъ, 15-уми декабри соли ҷорӣ як марди 43-солаи Тоҷикистон дар шӯъбаи пулиси шаҳраки Домодедовои вилояти Маскав ҷони худро аз даст додааст.

Гуфта мешавад, ки пулис аз сӯйи пизишкони беморхонаи ин шаҳрак иттилоъ дарёфт кардаанд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон бо иллати мадҳушӣ ворид шудааст. Дар баёния омадааст: "Маъмурини пулис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, даёфтаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон зери таъсири маводи мухаддир қарор дорад ва чизи муайянеро гуфта наметавонад. Ӯ ба шуъбаи пулис оварда шуд ва баногоҳ соати 23:10 дар он ҷо вафот кардааст". Пулис таъкид кардааст, ки дар ҷисми фарди даргузашта осори шиканҷа мушоҳида нашудааст. Вале бо ин вуҷуд, маъмурон тасмим гирифтаанд, ки таҳқиқи ин ҳодисаро анҷом бидиҳанд.

Мавриди дигари ҷон додани шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Воронежи Русия рух додааст. Ба навиштаи хабаргузориҳои маҳаллӣ, ин ҳодиса низ 15-уми декабри соли ҷорӣ рух дод.

Ба иттилоъи ин манобеъ, як шаҳрванди Тоҷикистон ба шӯъбаи 7-уми пулиси Воронеж барои нақзи муқаррароти будубоши муҳоҷирон мунтақил шуда ва ба ҳангоми бозпурсӣ аз ҳуш рафтааст. Маъмурони пулис зимни ироъаи кӯмаки аввалия пизишконро даъват карданд, аммо то расидани пизишкон ба маҳалли ҳодиса, ин фард ҷон додааст. Пулис тасмим гирифта, ки дар пайи ин қазия бозрасие анҷом бидиҳад. Пулиси Русия то ҳоло асомии ин ду фарди фавтидаи тоҷикро эълом накардааст.

Марги мармузи ин ду шаҳрванди Тоҷикистон суолоти зиёдеро халқ мекунад. Агарчӣ дар Тоҷикистон на аз сӯи созмонҳои ҳуқуқи инсон ва муҳоҷирон ва на аз сӯи вакилону аҳзоби сиёсӣ вокунише нашудааст, «Миллат» тасмим гирифт бо ин суол ба суроғи чанде аз ҳамватанон биравад: Ба назари шумо дар марги муҳоҷирон дар милисахонаҳои Русия кӣ муқассир аст: Милисаи рус ё мақомоти тоҷик?

AziziАзизхуҷа Хошоков, таҳлилгар;

-Аввал мақомоти Тоҷикистон аз боло то поин, зеро ки аксарият шахсони тасодуфианд дар ҳукуматдорӣ ва парвои миллат  надоранд,ки фарзандонаш дар куҷо ва дар чӣ ҳоланд, баъд ҳатман давлатдорон ва  пулиси Россия ,зеро ки аксаран миллатгароҳо ва скинхедҳое аз қабили Жириновский ва Рогозин буда, сардору сарвари кушандагони миллатҳои ғайрирусанд.

Rano ZoirdukhtРаънои Зоирдухт, рӯзноманигор:

-Мо шурбахтона он қадар бемеҳр гаштаем,ки мижаамон ҳам хам намешавад аз ҳодисаҳое ки бар сарамон меоянд. Чаро тоҷик ин қадар бетаваҷҷуҳ шуд, ба ҳоли ҳаммиллатҳои  хеш? Чи монеаҳо ҳаст барои меҳрубонӣ ? Чаро дар назди бегонагон ин қадр хору залил гаштанҳо? Чаро бонги изтироб намезанем? Чаро ба доду афиғон ва ашки модарони сарсахти тоҷик гуш намесозем? Чаро??? Чиро мо интизорем ? Танҳо мақомоти пулиси мо гунаҳкор нест. Ҳамаро ба души касе гузоштан ҳам гуноҳ аст. Ҳамаи мо гунаҳкорем. Худи мо магар якдигарро намекушем??? Худи мо банди кадомин фарҳангем ? Рисолатамон чист, медонем ? Ман доғҳои дар ҷомеа будаву марги муҳоҷиронро дар бемасъулиятии ҳамагон мебинам. Фарзандони мо ҳам маърифати дар ҷои бегона буданро низ фаромӯш насозанд ва… Бар ҳар тане офат расад аз шумии кирдорҳо....

KHurshed Gulov-Хуршед Гулов, блогнавис:

- Коррупсияи Тоҷикистон ва иқтисодиёти аз ҳама тараф бо ришвахурон маҳдудшаванда, ки имконияти сибкоронро маҳдуд менамоянд.

 

 

Zebo InoytovaЗебо Иноятова, хабарнигор:

-Ба фикрам пулиси рус бо ҳамроҳии мақомоти тоҷик, агар мақомоти тоҷик аз аҳволи халқаш бохабар шуда истад, ин хел ҳодисаҳо рӯй намедиҳад.

 

 

Abdurahim SafarzodaАбдураҳим Сафарзода, муассиси Радиои Муҳоҷир:

-Имрӯз боз ба ман занг заданд ва гуфтанд, ки муҳоҷире дар идораи пулис фавдидааст. Сипас боз  занг мезаданду саволҳои бисёре медоданд. Ман ба расонаҳои Русия назар меафканам, аммо хабаре нест. Во аҷабо! Ба диаспораҳои тоҷик ва сафортхона занг мезанам, то иттилоъе пайдо кунам.Аммо баьди як рӯз аз сомонаҳои тоҷикӣ аз ин ҳодисаҳо огаҳӣ пайдо кардам. Воқеан худ аз худ суоле ба миён меояд; гунаҳкори ин ҳодиса кист? Мо худ тоҷикон ва сафоратхона, диаспораҳои тоҷик?! Имрӯз мо ҳама муҳоҷиронро гунаҳкор мекунем, ки забонро намедонанд ва тифоқ нестанд.Аммо диаспораҳои тоҷик чи... Валлоҳ қасам чунон ба ягдигар бахилӣ, ҳисси бадбинӣ доранд. Фақат ба зоҳир ва дар сухан ғамхори муҳоҷиронанд. Вақте ки ман ба ин ҷо омадам, эҳсос кардам муҳоҷирони мо ниёз ба ҳарфи хушу пуштибонӣ доранд. Дар садову симои Русия фақат танқиди муҳоҷирон аст. Ва банда тасмим гирифтам, радиое ташкил кунам. Бинобар сабаби шароити кории хубам ман ба ин мақсадам расидам. Мақсади ман машҳур шудан набуд. Барои ҳамин худро фақат ҳамчун як тоҷики одии кӯчаруб ба шунавандагон муаррифӣ мекардам. Бовар мекунед, бисёриҳо ба мо занг мезаданд ва мепурсиданд; спонсори шумо кист? Ҷавоб медодем, ки виждонамон дастгири молиявии мост. Баьд аз он мефаҳмиданд, ки спонсор надорем, ҳатто ба барномаҳоямон даьват мекардем, розӣ намешуданд. Боварӣ дорам, ки дигар радиоҳои Русия даьваташон мекарданд давида мерафтанд.Ё мепурсиданд, ки мо бо кадом диаспораи тоҷик ҳамкорӣ дорем. Мегуфтем: «Ба ҳеч кадоме аз онҳо ҳамкорӣ надорем».Ё мефаҳмиданд, ки боз касе пеш аз онҳо баромад кардааст, умуман розӣ намешуданд...Аҷабо оё ин бахилӣ нест...?

Оё намешавад, ки имрӯз ҳамаи мо якҷоя шавем! Биёед сиёсатро думболагирӣ накунем. Телевизиони «Сафо» бо радиои мо якҷо амал кунанд, диаспораҳои тоҷикӣ хафагии худро як тараф карда, бо як дигар кор бубаранд, бо ҳам муттаҳид шаванд, он гоҳ тоҷики мо ин  қадар беқадр намешавад. Агар ҳамин ҳодисаҳоро симо ва радио пӯшиши хабарӣ дода, садо баланд мекард, баъд медонистанд, тоҷик низ соҳиб дорад.

Имрӯз муҳоҷир худаш соҳиби худаш аст ва диаспораҳои тоҷик фақат ҳаракат мекунанд, ки дар танҳоӣ кор баранд. Фирдавсии бузург хело хуб гуфтааст:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

То он рӯзе ки диаспораҳои тоҷик якҷо набошанд ва ҳамкорӣ накунанд, ин кор идома хоҳад ёфт.

Sadi Mahdi 1Саъди Маҳдӣ, устоди ДМТ:

-Як зарбулмасал аст, ки "агар ҷаҳон ҳама вабо бошад, аҷал расида мемурад". Ман дар Русия будам, милисаҳои Русия ниҳоят ришвахӯранд. Ҳатто дар роҳи оҳан бесаброна поезди Тоҷикистонро мунтазир мешаванд ва тоҷиконро байни худ тақсим мекунанд, то пул гиранд. Аммо дар хусуси дар милисахонаи Русия кушта шудани тоҷикон маълумоти дақиқ надорам. Маргу мири муҳоҷирон дар Русия чандин бор дар рӯзномаҳо баррасӣ шуда буд, ки воқеан як масъалаи муҳим аст. Дар парлумони мо мисли Жириновский як нафар ошкоргӯй намерасад. Агар мо чунин намояндаи нотарсу сахтгӯ медоштем, то ки ҷониби Русияро гоҳ-гоҳ ҳушдор медод, ин қадар муҳоҷирони ғариби сарсахти мо бесоҳиб намемонданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97