На ғарбгаро, на русиягаро, як ватанпарасти тоҷик

Иҷтимоъ 06.01.2014 16:43

Hamrokhon Zarifi naБидуни шак, Ҳамроҳхон Зарифӣ, аз ҷумлаи маъдуд вазирони ҳукумати 20 соли охир дар Тоҷикистон аст, ки шоистагии худро дар мақомаш собит намуд. Ин гуна ашхос ками каманд. "Миллат" борҳо ва борҳо аз ҷаноби Зарифӣ интиқод карда буд. На ҳама вазири аз мақомаш рафта дар хотираҳо мемонад ва он ҳам ба некӣ. Аммо Зарифӣ ин шоистагиро дорад, ки аз ӯ ёд кард ва ӯро ба 65 -умин соли умраш табрик намуд. Ба самимият бояд гуфт, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ бо дониш, ахлоқ ва фаросат намунаи як вазир буд ва ҳаст.  

Ӯ вақте бештар мардумӣ шуд, ки ба сароҳати калима баён дошт, "замини Тоҷикистон мероси падари вазири хориҷа нест ва як ваҷаби он ройгон дар ихтиёри касе гузошта намешавад. Дар бораи ройгон истифода кардани сарзамини Тоҷикистон ҳоҷати гап нест. Замини Тоҷикистон арзиш дорад". Ин суханон Ҳамроҳхон Зарифиро дар дидаи мардони ватанпараст бисёр арзишманд кард. Ин суханон роҷеъ ба пойгоҳи 201-и Русия гуфта шудаанд. Агарчанд, ин чунин нашуд ва бар ивази гирифтани имтиёзи андак ин пойгоҳ боқӣ монд. Аммо ҳақиқати Зарифӣ ҳамчунон пойбарҷост ва мутмаинан Тоҷикистон чӣ фардо ва чӣ фардоҳои дигар дубора ба ин марҳала бар хоҳад гашт.

Ин матлаб дар ҳудуди дувуним соли пеш иншо шуда ва талоше буд барои чеҳракушоӣ аз Ҳамроҳхон Зарифӣ вазире, ки ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон ғуруру салобат афзуд!

  МАВҚИФИ ТАЪРИХИИ ЗАРИФӢ

Ҳамроҳхон Зарифӣ бо истифодаи ин адабиёт ба марҳилаи дигаре аз тафаккур ва ғурури давлатдорӣ даст ёфтани Тоҷикистонро ба намоиш гузошт. Аммо қабл аз ин суханон ва баъд аз анҷоми сафари Анатолий Сердюков, вазири дифоъи Тоҷикистон ба Душанбе ва мулоқоти ӯ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ин овоза пахш шуд, ки Маскав дар пеши Душанбе зарбулаҷал додааст ва Тоҷикистон ба он, аз ҷумла ба бозгашти марзбонони русӣ, истифодаи ройгони русҳо аз пойгоҳи Айнӣ ва ба ихтиёри Русия додани саҳмияҳои Роғун мувофиқат кардааст. Ва инчунин муддати ҳузури пойгоҳи 201 низ тамдид шудааст.

Аммо Ҳамроҳхон Зарифӣ бо вуҷуде, ки аз сӯи бархе расонаҳои русӣ ба ғарбгароӣ муттаҳам мешавад, ин ҳама ҳадсу гумонро, ки ба бовари баъзеҳо табдил шуда буд, ботил кард. Ӯ ором, аммо бо қотеъият гуфт, замини Тоҷикистон моли падари вазири хориҷа нест, арзиш дорад ва ба касе ҳаққи истифодаи ройгон аз он дода намешавад. Ӯ гуфт: "Агар ягон нафар дар хориҷи кишвар ҳисоб кунанд, ки пойгоҳи низомӣ ва ё элементҳои он бояд дар Тоҷикистон ройгон бошад, мо чунин посух дорем, ки сарзамини Тоҷикистон моликият ё ин, ки сармояи падари вазири корҳои хориҷӣ ва ё вазири дифоъи Тоҷикистон нест. Он арзиш дорад. Аз ин лиҳоз агар он расонаҳо чунин фикр дошта бошанд, ки бояд ройгон бошад ва ҳоҷати сухан нест, пас мо ҳам посух медиҳем, ки дар мавриди бе музд истифода бурдани сарзамини Тоҷикистон низ ҳоҷати гап нест."

МАРҲИЛАИ НАВ ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамроҳхон Зарифӣ дар соли 2006-ум ба думболи интихоби муҷаддади Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ, аз курсии сафорати Тоҷикистон дар ИМА ба мансаби вазири корҳои хориҷӣ расид.

Ва ба назари коршиносон, аз он таърих марҳилаи дигаре дар сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон оғоз шуд. Тоҷикистон дар соли 2002 сиёсати дарҳои бозӣ худро расман эълон карда буд, аммо дар амалкардаҳои худ ҳамчунон таъсирпазируфта аз тафаккури русиягароӣ боқӣ монд. Ба назари коршиносон, баъди соли 2007 сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон вориди марҳилаи дигаре шуд ва бархе даричаҳои равобит бо дунёи Ғарб низ бозтар гашт.

Вазири нави корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷонибдори равобити мутаносиби Тоҷикистон бо ҳамаи ҷаҳон бар асоси манофеи миллии Тоҷикистон шуд. Аммо аз ҳамон ибтидо бархе расонаҳои хабарӣ, хоса матбуоти Маскав тамғаи амрикогароиро ба номи Зарифӣ заданд. Ва хоса расонаҳои Маскав дар таҳлилҳои худ менависанд, ки сиёсати бисёрсамтӣ ё дарҳои бози Зарифӣ бештар ба худ ранги аврупогароӣ ё амрикогароиро касб кардааст.

ЗАРИФӣ ҚОЛАБҲОРО ШИКАСТ

Худойбердӣ Холиқназарзода, вазири корҳои хориҷии пешини Тоҷикистон мегӯяд, ки дар шароите, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ иқдом ба ислоҳоти амалии сиёсати хориҷии Тоҷикистон намуд, ба ғарбгароӣ муттаҳам кардани ӯ як чизи табиӣ буд. Зеро аз маҷрои як биниши хос ва одатшуда фаротар рафтан ҳамеша ҳадсу гумонеро дар пай дорад. Оқои Холиқназарзода мегӯяд, ки Зарифӣ кореро кард, ки вазифааш тақозо мекард ва он ҳам ҷалби таваҷҷӯҳ ва имконоти кишварҳои ғарбӣ ба Тоҷикистон буд ва сафири Тоҷикистон дар тӯлонимуддат дар Амрико ва Аврупо маҳз Зарифӣ буд ва вазифа дошт, ки робитаи он ду қора бо Тоҷикистонро гарм кунад. Аммо боз ҳам суоли аслии мо аз оқои Холиқназарзода, вазири корҳои хориҷии пешин ин аст, ки  чаро вазири нави умури хориҷӣ амрикогаро унвон шуд?

Ӯ мегӯяд: "Вақте, ки амалкарди як фард ба нафъи манофеъи миллии Тоҷикистон бошад, боиси рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрикову Аврупо бошад, кишварҳои абарқудрати дигар мисли Русиву Чину дигар кишварҳо аз ин рашк мебаранд, албатта ин ба маънои мухолифат нест, вале боиси рашк ҳаст. Азбаски Зарифӣ бо кишварҳои аврупоӣ ва Амрико кор мекард ва вазифааш ҳам воқеъан ҳамин буд, ки имконоти ин кишварҳоро бештар ба Тоҷикистон ҷалб кунад ва Тоҷикистонро ба ин кишварҳо бишиносонад. Ва Зарифӣ аз ӯҳдаи ин масъулияти худ бо муваффақият баромад. Ва робитаи хубе, ки бо Аврупо ва Ғарб имрӯз Тоҷикистон дорад, боиси он нашудааст, ки муносибатамон бо Русия ва Чин сард шавад. Аз ин хотир ман ба фикри он коршиносоне, ки мегӯяд сиёсати хориҷии Тоҷикистон бештар тамоюли аврупоӣ ва амрикоӣ пайдо кардааст, мувофиқ нестам. Ин як амри табиӣ аст."   

Ҳамроҳхон Зарифӣ ба кори дипломатӣ аз идораи амниятии шӯравии пешин - КГБ омад. Ӯ дар соли 1992 симати муовини раиси Кумитаи амнияти миллиро бар ӯҳда дошт. Акнун Зарифӣ аврупогаро унвон мешавад, аммо ҳамкоронаш мегӯянд, ки дар замони бозсозӣ, Зарифӣ дар сохтори амниятӣ дар миёни ҳамкоронаш ислоҳталаб ва ё тавре он замон роиҷ буд, демократ унвон мешуд.

Султони Ҳамад, аз ҳамкорони собиқи Ҳамроҳхон Зарифӣ мегӯяд, ки Зарифӣ дар он замон ба нируҳои ҷонибдори ислоҳот дар ҷомеъа хушбин буд ва ҳамчунин яке аз раҳбарони ин идораи амниятӣ буд, ки аз бозсозӣ ва ислоҳоти сохтори хадамоти амниятӣ пуштибонӣ мекард. "Дар ҳақиқат баъди оғози сиёсати бозсозӣ яке аз масъулони камшумори ин хадамот буданд, ки мехостанд, то дар сохторҳои ин идораи амниятӣ низ ислоҳот ва бозсозӣ шавад. Ин гуна фикр он замон на аз ҷониби ҳамаи раҳбарон пуштибонӣ меёфт. Зарифӣ ҳамеша манфиати миллиро, ҳамон замон ҳам ва баъди он ҳам, дар ҳар куҷое ман шоҳиди кораш будам аз манфиатҳои дигар боло мегузорад."

Ба гуфтаи оқои Султони Ҳамад, Ҳамроҳхон Зарифӣ дар ҷараёни сулҳи Тоҷикистон ҳам нақш ифо карда ва борҳо ба Афғонистон зимни маъмуриятҳои хоса ба мулоқоти раҳбарони мухолифин рафта ва паёмҳои президенти Тоҷикистонро ба онҳо расонидааст.

ТАМҒАИ ҒАРБГАРОӢ БАР ПЕШОНИИ ЗАРИФӢ

Онҳое, ки Зарифиро мешиносанд, аз ҷумлаи ҳамкорони собиқаш мегӯянд, ки ғарбгаро ё шарқгаро, амрикогаро ё русиягаро унвон кардани ӯ саҳеҳ нест, балки ӯ қабл аз ин ҳама худро як ватанпарасти тоҷик медонад. Ва ҳадафаш дар моварои сиёсатҳои Шарқу Ғарб ҷой додани як Тоҷикистони боиззат аст.

Ба ҳар ҳол, ба назари таҳлилгарон, сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон ба як ҷараёни бебозгашт ва мусаллам табдил шудааст. Аммо ин сиёсат ҳамчунон дар ҳоли ташаккул аст бо нокомиҳои фаровоне ҳам ҳамроҳ будааст. Ва сабаби ба мушкил дучор шудани ин сиёсат ҳам бар мегардад ба имконоти маҳдуд ва пойбандии Тоҷикистон дар баъзе масоил ба Русия ва аз ҷумла аз назари коммуникатсионӣ ба кишварҳои ҳамсояаш. Таҳти чандин омил ва шароити хос Тоҷикистон то кунун натавонистааст, ки сиёсати дарҳои бозро ба маънои аслияш амалӣ кунад, ки ба ин далел амалкардҳои вазорати корҳои хориҷӣ низ аз сӯи бархе таҳлилгарон ноком унвон мешавад.

СИЁСАТИ ХОРИҶИИ МУТАВОЗИН

Марат Мамадшоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, бо омадани Ҳамроҳхон Зарифӣ ба вазорати корҳои хориҷӣ сиёсати берунии Тоҷикистон бештар мутавозин шуд. Ва Тоҷикистон, ки дар сиёсатҳои худ аслан дар мадори Русия қарор дошт, бо омадани Зарифӣ, дар амалкардҳои сиёсии худ бештар истиқлол касб кард. Ва феълан мешавад гуфт, ки Тоҷикистон авлавияти хоси  геополитикӣ надорад. Ба гуфтаи оқои Мамадшоев, ҳамзамон Зарифӣ ба бархе мушкилоте мувоҷеҳ аст, ки хостгоҳи онҳо на идораи таҳти раҳбарии ӯ, балки ниҳодҳои дигаре ҳастанд. Вале посухашонро бояд Зарифӣ бидиҳад.

Оқои Мамадшоев мегӯяд: "Зарифӣ дар назди ҷомеаи ғарбӣ баъзан барои иқдомҳои содирнамудаи дигарон посухгӯ мебошад. Аз ҷумла, дар бораи боздошти хабарнигори Би-би-сӣ, дар мавриди қабули қонуни масъулияти волидайн, қонун дар бораи дин, ки мавриди интиқоди шадид дар Ғарб қарор гирифт. Ва дар бораи масоили дигаре ҳам ӯ бояд посух бигӯяд. Аммо дар мавриди ин, ки то куҷо дар кори худ муваффақ будааст, мушкил аст қазоват намуд. Вале ба ҳар ҳол, ин ки Тоҷикистон масъалаи пардохт намудани ҳаққи истифодаи пойгоҳҳоро дар пеши Русия матраҳ намудааст, ин ҷо Зарифӣ саҳм ва хидмати муҳим анҷом додааст."

Аммо боз ҳам мунаққидон мегӯянд, сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар тӯли муддате, ки Зарифӣ иблоғгари сиёсати хориҷӣ аст, ба ҳадди зиёде муваффақ набудааст. Чанд мавриди хос, аз ҷумла дар сард шудани муносибот бо шарики роҳбурдии деринаи Тоҷикистон-Русия ва кишварҳои ҳамсоя аз як сӯ ва аз сӯи дигар ҳам бар ивази ин сардии муносибот ҷалб нашудани сармояи ғарбӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро мунаққидони сиёсати Зарифӣ аз нокомиҳои ӯ медонанд.

Аммо ба ҳар ҳол, Ҳамроҳхон Зарифӣ, мансабдоре буд, ки то ҷое худро тавонист бисозад ва дар ин худсозӣ то ҳадди зиёде дар аҳзон ва афкори умумӣ таъсиргузор шуд. Мо низ ки ин ҳарфҳоро мегӯем, тамаъе аз ӯ надорем. Ва ӯ дигар вазир нест.

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97