Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

"Чид"

Иҷтимоъ 16.12.2013 16:40

Боз ҳам дар ҳошияи "Орёл и решка"

Traditional roof in pamir houseБарои муаллифони ин навор хонаи бобоии ман маъқул нашудааст, аммо аҷобат (парадокс) ин аст, ки барои ман на танҳо маъқул, балки мояи ифтихори ман аст ин ёдгории ниёгонам, ки таърихи беш аз 4 ҳазор сола дорад ва гумон намекунам, ки дар Киев чунин ёдгории меъмории таърихии беш аз ҳазорсола ва чунин пайванду садоқату ифтихори мардум аз гузаштаи худ ҷо  дошта бошад…

Хонаи кӯҳнасабки бобоӣ,

сиришташ бувад зи сангу гил,

Ба ман аз кӯдакист ҳамтақдир,

Маншаи шеъраму таронаи дил.

                                           (М. Ҳайдаршо)

"Чид" манзили Бадахшониён аст.

Таҳқиқгарони меъмории мардуми Бадахшон; аз ҷумла донишмандон А. Грюнберг, В. Воронина ва А. Стейн бар онанд, ки манзили Бадахшониён як падидаи ҷолиби меъмории тоҷикони кӯҳистон ва ёдгори беназир аз меъмории бостонии мардуми ориёист.

Гузашта аз ин, хонаи бадахшониён ақоиди ориёиёни бостонӣ, фалсафаи ислом, ба хусус ҷараёни исмоилияро таҷассум сохтааст. "Чид" барои Бадахшониён ҳама чиз аст. Ҳам манзилу сарпаноҳ ва ҳам масҷиду муқаддасгоҳ.

Зимнан, дар бораи шакли меъмории "чид" ва вижагиҳои сохтмонии чорхона олими риштаи меъмории тоҷик Мамадназаров М.Х. низ таҳқиқоте анҷом додааст. Дар ин замина ба хусус, таҳқиқоти илмии олими фақиди тоҷик, шодравон Абӯсаиди Шоҳхумор хеле ҷолиб аст. Дар ин мақола таҳқиқоти ин олим мавриди истифода қарор гирифт.

Тибқи ақоиди ориёиёни бостонӣ пайдоиш ва танзими ҳаёт дар рӯи Замин бо фаъолияти панҷ Фариштаи пок, ки дастёрони Яздонанд, марбут аст. Панҷ оини ориёӣ инҳоянд:

Суруш, Меҳр, Анаҳито, Замёд ва Озар. Манзили бадахшониён низ вобаста ба ин ақоид панҷ сутун дорад ва дар гузаштаи дур 5 сутун мазҳари ин панҷ Фариштаи пок будаанд. Баъдан, дар даврони ислом ин панҷ фариштаи ориёӣ ба Панҷ тани поки ислом тағйири ном карданд ва имрӯз панҷ сутуни "Чид" ҳар кадом мазҳари Ҳазрати Муҳаммад (с), Ҳазрати Алӣ (р), Бибӣ Фотимаи Заҳро ва фарзандони Алӣ (р) -Ҳасану Ҳусейнанд.

Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки тамоми қисмҳои таркибии хонаро бо чор даста ҷудо кардан мумкин аст:

I. Ду "вус"-ду тирчӯби асосӣ, ки ҳама ҷузъҳои боқимонда ба онҳо вобастаанд, дар аҳди ислом ба ду мабдаи рӯҳонӣ Ақли Кулл ва Нафси Кулл табдил дода шуданд.

II. Унсури дуввум ва асосии меъмории чид панҷ сутун аст, ки сақфи хона ба онҳо устувор мегардад. Тавре ки зикр шуд, ин сутунҳо таҷассуми Панҷ тани пок дар исломанд:

1. "Хъаситан"- Шоҳсутун, рамзи Муҳаммад  алайҳиссалом (с).

Он дар маркази хона қарор дорад ва чун сутуни асосии хона ба номи Паёмбари ислом иртибот дорад. Зеро Ҳазрати Муҳаммад пояи асосӣ ва Шаҳсутуни Ислом аст.

Дар назди Шаҳсутун маросими бори нахуст ба гаҳвора даровардани кӯдаки навзод анҷом мегирад. Вақте ки кӯдак ба балоғат мерасад, дар назди ҳамин сутун дар рӯзи сур - тӯй мард ҷомаи домодӣ дар бар карда, кадхудо номида мешавад.

2. "Вогзнех"-ситан - сутуни дуввум, рамзи Мавлоно Алӣ (р). Ин сутун дар аҳди Ориё рамзи Фариштаи дӯстдорию муҳаббат ва аҳду паймон - яъне Меҳр будааст. Дар давраи ислом рамзи Имом Алӣ - писараму ва домоди Паёмбар(С) ва таҷассуми дӯстдорию садоқат ба Пайғамбари ислом (С) ва аҳли хонаводаи Ҳазрати Муҳаммад (С) аст.

3. "Кицор-ситан"-сутуни севвум, рамзи Бибӣ Фотимаи Заҳро аст. Дар Шуғнонзамин арӯс ҳангоми иҷрои маросими никоҳ ва сур дар назди ҳамин сутун ороиш дода мешавад ва ҷой мегирад. Ин сутун ифодакунандаи рамзи нахустин зани покдоман дар ислом - духтари Пайғамбар ва ҳамсари Имом Алӣ (р) - Бибӣ Фотимаи Заҳро ва рамзи иффату покизагии зан аст.

4. "Пойга-ситан" - сутуни чаҳорум, рамзи Имом Ҳасан аст. Ин сутун нисбат ба сутунҳои дигар дарозтар аст, то ки ҳатман дар пойгаҳ шинонда шуда, ба замин, ба хок бевосита пайванд бошад. Он рамзи писари калонии Ҳазрати Алӣ (р) Ҳасан аст ва аз он сабаб, ки аз вай насле боқӣ намонда ва мартабаи имомат ба Ҳусейн интиқол гардид, Ҳаса, яъне ин сутун  барои иҷрои амри ӯ дар баробараш "истодааст".

5. Барнех - ситан" - сутуни панҷум, рамзи Имом Ҳусейн аст. Иҷрои расми ақди никоҳ, хондани намоз ва ҳама гуна дуоҳои динӣ ва билохира, бузургтарин амри мазҳабии исмоилиёни Бадахшон - чароғравшанкунӣ дар пояи ҳамин сутун иҷро карда мешавад.

Он рамзи бақои ҷовидонии мазҳаб ва пойдории силсилаи имомони исмоилист.

6. "Дароз - сипохчен" - тирчӯбҳои дароз. Онҳо ҳамагӣ 13 тоанд,, ки 6 дона дар болои оташдон, 7 тои дигар дар болои "барнех" (суфаи болоӣ) насб карда мешаванд. Дар замони ислом шаш "дарозсипохч" - и аввал рамзи пайғамбарони таърих гардиданд, ки аз миёни қавмҳои яҳудиву араб бархостаанд, яъне 1) Одам, 2) Иброҳим, 3) Нӯҳ, 4) Мӯсо, 5) Исо, 6) Мухаммад(С). Ҳафт тирчӯбҳои  боло нишонаи ҳафт Имоми авваланд, ки инҳоянд: 1) Алӣ, 2) Ҳасан, 3) Ҳусейн, 4) Зайнулобиддин, 5) Муҳаммади Боқир, 6) Ҷаъфари Содиқ, 7) Исмоил.

Аз тарафи "вогзнех" (суфаи дароз) 18 "кут-сипохч" (тирчӯби кӯтоҳ) ва аз тарафи дупеча 17-тои дигар васл карда мешаванд. Инҳо рамзи ёрони Ҳазрати Муҳаммад(С) ва Ҳазрати Алӣ(А) ҳастанд, ки дар сафарҳояшон онҳоро ҳамроҳӣ ва дастёрӣ кардаанд.

IV. Чорхона

Дар болои тирчӯбҳои фавқулзикр яке аз ҷузъҳои муҳимтарини чид - чорхона сохта мешавад, ки он рамзи чор унсури нахустини табиат: Хок, Об, Оташ, Бод мебошад. Яъне хонаи якум хонаи Хок, хонаи дуввум-хонаи Об, саввум - хонаи Бод, чорум хонаи - Оташ аст. Тартиби ин хонаҳо мувофиқи тартиби ҷойгиршавии аносури чоргона аст, ки болои ҳам қарор мегиранд.

V. Се "санҷ"

Дар зери панҷ сутуни номбурда се "санҷ" - нишастангоҳ гузошта  мешаванд, ки рамзи се қисми таркибии олами моддӣ ҳастанд, яъне санҷи якум, ки дар пеши оташдон насб карда мешавад (чалак - санҷ) таҷассуми олами ҷамодот аст. Санҷи дуввум - "вогзнехсанҷ"- таҷассуми  олами наботот ва саввумаш - "барнех - санҷ" - рамзи олами ҳайвоноту инсон маҳсуб мегардад. Аз он сабаб, ки санҷи аввал рамзи олами ғайризинда аст, бинобар ин он ду санҷи дигар поёнтар насб карда мешавад.

(Зимнан, калимаи "санҷ" - ро Устод Айнӣ ба маънои нишастангоҳ кор фармудаанд М.В). 

VI. "Кицор" - оташдон

Оташдон унсури марказии чид аст, ки бе он сохтани хона ҳаргиз роиҷ нест. Кицор дар гузашта чун хонаи оташи муқаддас парастиш мешуд ва имрӯз низ дар баъзе мавридҳо мо ин чизро мушоҳида мекунем. Чунончи, ҳар бадахшӣ ҳангоми иҷрои маросими сур ё ба сафар баромадан ҳатман оташдонро зиёрат мекунад ва ин амр ба гузаштаҳои дури оташпарастӣ ва зардуштия марбут мешавад. Ҳамчунон сари оташдон дар рӯзҳои муайян ва инчунин ҳангоми иҷрои ин ё он маросими мардумӣ ё динию мазҳабӣ ситирахм (сипанддона) дуд дода мешавад, то фариштагони ҷовидон дуои хайр кунанд ва нияти соҳибони хонаро бароварда созанд.

VII. "Бучкагиҷ"

Бучкагиҷ як тахтачаи мунаққаши миёни ду сутун аст. Дар давраи ориён дар рӯи он Хуршеду Моҳ ва ҳафт ситораи мунаввар - рамзи фариштаҳои ҷовидон ва чароғдон кандакорӣ карда мешуд ва ҳоло ҳам гоҳе ин нақшҳо тарсим карда мешаванд. Вале имрӯз ғолибан он бо нақшу нигори мухталифи холӣ аз маънои динӣ оро дода мешавад. Дар байни мардум бучкагиҷ ҳамчун рамзи дастҳои бародарон Ҳасан ва Ҳусейн низ маънидод карда мешавад.

Албатта, таҳқиқоти боарзиши шодравон Абӯсаид ҳоизи аҳамияти зиёд аст. Вале аз сӯи дигар, фикр мекунам, ки ҷанбаҳои равонӣ, маънавӣ ва бадеии чид, ки ифодагару таҷассуми ҳазорсолаҳо таҷрубаи зиндагии кӯҳистониён аст ва бо назардошти шароити хоси ҷуғрофиёӣ ва иқлими сахту қаҳратуни ин сарзамин эъмор мегардад, ҳанӯз мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба  қарор нагирифтааст.

Чид як санъат, як зебоӣ, зебоии хоси ин сарзамин низ аст. Он ҳамчунон қалъаро мемонад. Қалъае, ки бояд кӯҳистониро аз ҳама чиз муҳофизат кунад.

Расмест миёни кӯҳистониён, ки ҳатто ҳангоми заминҷунбӣ хонаро тарк намекунанд. Вақти рӯй додани заминҷунбӣ падарам баъд аз зикр ба Парвардигор оромона мегуфт:

- Аз ҷоятон нахезед.

Ва худ бармехост Шоҳсутунро, ки дар миёни панҷ сутун мазҳари Ҳазрати Пайғамбар (с) аст, бо ду даст медошт. Ва маъмулан, як шахси калонсоли дигар мехест дарро кушода мемонд ва бо ҳамин тамом, интизор мешудем. Он тараф дигар коре аз бандаи Худо сохта нест. Воқеан, дар вақти заминҷунбӣ ҳар гуна саросемагӣ ва дастпочагӣ фақат зиён доштааст. Тибқи таҳқиқоти таърихи меъморӣ сохтмони ба худ хоси чорхона имкон медиҳад, ки вазни боми хеле сангини чид ба сурати баробар тақсим шавад. Он чунон бомаҳорат, чунон устодона ихтироъ шудааст, ки вазнро тавассути ду ғулачуби калони болор - "вус" ба таври хеле муносиб ба панҷ сутуни чид тақсим менамояд, ки ин сутунҳо дар навбати худ рӯи ғӯлачубҳои чортароши суфа - "санҷ" карор доранд. Ҳамаи ин низоми мутаносиби сохтмонӣ бо якдигар пайванди ногусастанӣ дошта ва як қолиби мустаҳками чӯбин аст, қолиби муқовим ва устувор дар баробари заминларзаи шадид. Дар заминларзаи шадид (худое накарда) ҳатто агар деворҳо афтанд ҳам, худи қолиби чӯбин бар ҷой мемонад.

Як чизи ҷолиби дигар ин аст, ки равзан - "рӯз" дар баробари иҷрои вазифаи аслиаш, яъне маҳалли даромадгоҳи рӯшноӣ ва ҳаво, инчунин вазифаи тақвими сол ва соати офтобиро низ иҷро мекунад.

Шуои офтоб аз равзани чаҳоркунҷа дохили хона мешавад ва бо тағйири кунҷи афтиши шуъо ва вобаста ба фасли сол аз ҷои махсуси девор мегузарад. Соҳиби чид рӯзҳои  даркории солро дар ҷои даврзании шуъои офтоб дар девор аломатгузорӣ мекунад ва тақвими бехатою содда тайёр. Соли дигар шуъои офтоб дар ҳамон рӯз ва дар ҳамон фасл ҳатман аз ҳамин ҷои девор мегузарад.

Ҳамин тавр, метавон аз хона набаромада вақти рӯзро аз рӯи ҳаракати шуъои офтоб бехато муайян кард…

Як нуктаи дигар. Чид ҳеҷ гоҳ якка - танҳо сохта намешавад. Пеш аз даромадгоҳи чид ҳатман ва ҳатман айвон ("пехвоз") - даҳлези берун, ки дар он фасли тобистон хоб мераванд, даҳлези дарун сохта мешвад, ки он ҳам мисли як хонаи истиқоматӣ аст. Ғайр аз ин, дар як паҳлуи чид ҳатман як хонаи алоҳида сохта мешавад, ки онро "қӯшхона" меноманд, ки чун меҳмонхона хизмат мекунад. Ҳамчунин хоначае бо номи "ҳуҷра" дар беруни чид бунёд мешавад, ки чун ошпазхона хизмат мекунад…

Хулоса, сухану гуфтанӣ дар ин бора бисёр аст, вале бо назардошти имконоти рӯзнома, дар инҷо иктифо мекунам…

Мирзошо ВАТАНШО

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97