Муаллими 84 сола дар Язғулом дарс мегӯяд

Иҷтимоъ 09.12.2013 17:23

Ё дарси озод

muallimi 84 solaЧун дигар сокинони шаҳри Душанбе бо пайдо шудани фурсат ё ягон маросими дигар, соле як маротиба ба зодгоҳ меравам.

Рӯзе аз чунин рӯзҳо ҳини дар зодгоҳ будан шиносоии ғайричашмдоште рӯй дод. Дар ҳавлии бародарам менишастем. Дидам, ки аз роҳи на он қадар дур аз ҳавлӣ муйсафеде дар даст китобу дафтар бошитоб мерафт. Чун ба ӯ салом додам ба саломам алейк гирифта, аз роҳ баргашта, ба назди мо омада ҳолпурсӣ намуда, каме нишасту дар рафти сӯҳбат гуфт:

"Синну солам ба 84 расидааст, аммо чунон ки мебинед дар дастам китобу дафтар ба мактаб меравам. Ҳоло ҳам омӯзгорӣ мекунам. Ҳоло вақт кам мондааст, дарс дорам, агар имконият дошта бошед, метавонед дар дарсам ширкат кунед, пас аз он сӯҳбат мекунем. Чун мактаб дар наздикии хонаи бародарам буд ва коре ҳам надоштам, ҳамроҳи пирамард ба дарс рафтем. Барои мани дар донишгоҳ таҳсил карда ва аз тарзу шеваи кори муаллимии бисёр устодон огоҳ ширкат дар дарси ӯ, беандоза шавқангез буд. Ба дил гуфтам "Аҷабо, дар ин синну сол чунин ҳавсалаю услуби дарсдиҳӣ".

Лозим донистам аз ҳаёту зиндагони ин устоди куҳансол маълумоти бештаре пайдо намоям. Аз ҳамин хотир бо ӯ сӯҳбати тулонӣ кардам. Санавбаров Ҳиматшо омӯзгори фанни кимиёву биология буда, дар деҳаи Жамаги водии Язғулом ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар ҳамин деҳа гирифтааст. Пас аз он ба омӯзишгоҳи муаллимтайёркунии шаҳри Хоруғ дохил мешавад. Он солҳо омӯзишгоҳ 2-сола будааст. Баъди хатми омӯзишгоҳ ба деҳаи Будуни водии Язғуломи ноҳияи Ванҷ фиристода мешавад. Дар ин деҳа 7-сол омӯзгорӣ карда, сипас ҳамроҳи чанд тан шиносҳояш ба шаҳри Самарқанд рафта, Омӯзишгоҳи омӯзгории он ҷойро низ ба итмом мерасонад. Омӯзишгоҳи шаҳри Самарқанд низ дар он солҳо 2 сола будааст. Ба зодгоҳ баргашта чун сарвари мактабу омӯзгор фаъолият менамояд. Солҳо омӯзгорӣ мекунад, аммо боз шавқу рағбати омӯзиш боло гирифта, ба пойтахт шаҳри Душанбе раҳсипор мешавад. Ин навбат ҳуҷҷатҳоро ба донишгоҳи омӯзгорӣ супорида, онро ҳам бомуваффақият ба поён мерасонад. Бо ҳамин дили пурҷӯшу хурӯши ташнаи илму донишашро таскин бахшида, ба зодгоҳ бармегардад. 45 соли пурра чун омӯзгор кор карда ба нафақа мебарояд. Ҳамкасбони ин омӯзгори пуртаҷриба ӯро ором намегузоранд. Ин сабаб гашта боз ба пешаи интихоб намудааш омӯзгорӣ бармегардад. "Ҳоло 63 сол мешавад ки ман омӯзгорӣ карда истодаам"- мегӯяд ӯ.

Чун солҳо аз паси касби пуршарафи омӯзгорӣ ранҷ кашида фарзандони ҳамдиёрашро дарс дод, кӯшиш намуданд, ки аз ӯ тақдир кунанд. Ин буд, ки шуъбаи маъорифи ноҳияи Ванҷ ӯро бо мукофоту нишони фахрии аълочии маъорифи ноҳия ва вилоят сарфароз гардонид.

Дар ҳаёти оилавӣ низ Ҳиматшо Санавбаров намунаи ибрати дигарон аст, аз тӯи арусии ӯ бо ҳамсари меҳрубонаш холаи Моҳдавлат 63 баҳор гузаштааст. Онҳо соҳиби 12 фарзанду 92 набера ва 33 абера мебошад. Бобои Ҳиматшо мегӯяд: "Албатта ин хушбахтиест, ки ин қадар набераю абера доштану бо онҳо якҷоя зиндагӣ кардан, Худованд чунин неъматро ба ҳар кас раво намебинад. Аз ин рӯ, аз зиндагӣ шукрона мекунам.

Аз фарзандон се нафар аз паи падар рафта пешаи омӯзгориро интихоб намудаанд. Яке аз фарзандонам олими дин аст. Аксари набераҳоям омӯзгориро интихоб намудаанд. Ҳаминро ҳам бояд бигӯям, ки соли 2005-ум яке аз аркони дину мубини ислом- ҳаҷро ба ҷо овардам. Боз ният дорам, ки бори дигар ба зиёрати Каъба биравам".

Омӯзгори пуртаҷрибаи сину солаш ба ҷое расида баробари ин касб дар деҳқонӣ ҳам номдор аст. Ниҳол шинонию пайвандкунии ниҳолҳо киштукору сабзавотпарварӣ аз машғулиятҳои дӯстдоштааш буда, аз ҳосили кораш деҳқонони касбӣ дар ҳайрат мемонанд. Аз ӯ пурсидам: -Чӣ асроре доред, ки ҳам дар пешаи интихобнамуда ва ҳам дар деҳқонӣ мувафффақ шудаед? Гуфт, ки дар касби омӯзгорӣ аз бисёр омӯхтан пеш рафтам, дар деҳқонӣ бошад аз бисёр меҳнат кардан ҳосили фаровон ба даст овардаам. Беҳуда ҳам нагуфтаанд:

Илм агар мебоядат такрор кун,

Нон агар мебоядат шудгор кун.

Устод Ҳиматшо бо як хушҳолӣ аз давраи бачагиаш ёд мекунад: "Дар урфият ҳам мегӯянд; "бо дуо сабз шуд", худораҳматии падарам ҳамеша ҳангоми ин ё он кори фармудаашро хубу босифат иҷро мекардам, чунин дуо медод :"Илоҳо хокро гирӣ зар шавд". Аксар вақт чун муваффақ мешавам, ҳамин дуои падар ба ёдам мерасад. Ҷояшон ҷаннату руҳашон шод бод! Дар бораи ҳаёту фаъолият, саргузашту шунидаю дидаҳои ин марди нуронии 84 солаи бардаму нируманд чӣ қадар нависем, ба гумонам боз кам аст. Шукр аз зиндагониаш дораду аз ободиб осудагии ватанамон Тоҷикистони азиз мекунад. Танҳо ҳаминро таманно дорем: "Дар сари шогирдон ва пайвандон сиҳату саломат бошед устоди гиромӣ ва пири кор!

Зокир Алии Муродӣ, сокини пойтахт,  махсус барои "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97