Аҳмадшоҳ Масъуд: ...Равшанфикрон ҳастанд, ки қавмгароиро доман мезананд

Иҷтимоъ 25.11.2013 15:17

Ahmadshohi Masud  Соли 2013 бо 60 умин соли зодрӯзи қаҳрамон Аҳмадшоҳ Масъуд мусодиф буд

(01.09.1953 - 09.09.2001). Мулоҳизае иҷмолӣ ва хотирае дар ин иртибот, зеро гузашти замон ва ғубори вақт бар афкору ақоиду амалу рафтори шахсиятҳое чун Масъуд корагар буда наметавонад

Аҳмадшоҳ Масъуд соли 2001 пас аз сафари таърихиаш ба Урупо ва суханронии таърихиаш дар парламенти Аврупо ва мулоқот бо иддае  аз роҳбарони кишварҳои урупоӣ, дар роҳи бозгашт ба миҳан, дар Тоҷикистон таваққуф намуда, дар толори Маркази тадқиқоти стратегӣ конфронси матбуотӣ ороста буд ва хотирае аз ин конфронс…

(Зимнан, дар Афғонистон он замон режими қарни вустоии толибон мусаллат буд. Ва аз шимоли кишвар рафтану омадан ба Урупо низ мушкилоте дошт. Ва барои сафари кории  оқои Аҳмадшоҳ Масъуд ба Урупо ва бозгашт ба миҳанаш Аълоҳазрат Оқохони IV ҳавопаймои хусусиашонро дар ихтиёри эшон гузошта буданд)

…Мо иддае аз хабарнигорон ва кормандони радиои тоҷик, албатта, акси Аҳмадшоҳ Масъудро дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва чеҳраашро дар телевизиён борҳо дидаем,  мулоҳизоту мубоҳисаҳои ӯро аз тариқи расонаҳои хабарӣ ва матбуот шунидаву хондаем ва мақолаву тафсирҳоро дар бораи шахсияти ӯ мутолиа кардаем, вале барои аввалин бор дар конфронси матбуотии ӯ дар Душанбешаҳр ширкат мекардем…

… Аҳмадшоҳ Масъуд аз пеллаҳои нишебу чӯбини толор бо гомҳои сариъ ва бо аҷала поин меомад. Гӯӣ медавид ва хеле аҷала дошт. Ва мисли ин ки ҳамин ҳоло аз кӯҳ мефуромад, ё гӯӣ ин ки ҳамин ҳоло аз дараи Панҷшер, аз сангар - аз майдони набард меомаду ба минбар баромад…

Воқеан, ӯ аз майдони набард бозгашта буд. Вале ин дафъа аз майдони сиёсат ва аз саҳнаи дипломатия, аз Урупо бо пирӯзӣ, бо шаҳомату ғурури афғониаш бозмегашт ӯ. Бо ҳамон аҷала пушти миз нишаст ва нигоҳи ҳамагон ба ӯ хира шуд. Дар назари аввал ба кас чунин эҳсос даст медод, ки Аҳмадшоҳ Масъуд бо униформи сарбозии хеш, бо кулоҳи афғонии худ бо соддаву маъмулӣ будани хеш бо муҳити ин толору бо галустукдорон созгор нест. Аммо ҳамин тафовути зоҳирӣ худ баёнгари ин буд, ки дар баробари мо қаҳрамоне, сарбози шуҷое, қаҳрамони миллати ғайюру наҷиби Афғонистон қарор дорад. Шахсе, ки умрашро вақфи хидмат ба миҳану халқаш намуда ва дар ин роҳ ҷонбозиҳо кардааст.

Аҳмадшоҳ Масъуд бо сароҳат ҳарф мезад. Сухани ӯ, бардошти ӯ аз ҳаводис, натиҷагирии ӯ аз масоили мубрами сиёсиву низомӣ ва проблемаҳои печида, ки солҳои тӯлонӣ миҳанашро домангир буд, сариҳ, мантиқӣ, мухтасар, ҷиддӣ, қотеъона ва қонеъкунанда буд.

Борҳо ин натиҷагириро шунида ва хонда будем, ки ҷанги Афғонистон ҷанги таҳмилӣ аст. Вале ин натиҷагирӣ, ин бардошт аз забони Аҳмадшоҳ Масъуд, аз забони қаҳрамони миллӣ, аз забони сарбози миҳан ба куллӣ лаҳни дигар пайдо мекард. Ба куллӣ. Зеро мусалламан, Аҳмадшоҳ Масъуд авомили таҳаввулоти Афғонистон, илали ихтилофот, авзои ин кишвар, фоҷиаву тирождии миллати афғон, ҳассосияти қазияи Афғонистон, воқеъияти Афғонистон, мудохилоти бегонагон ва рӯҳияи мардуми ранҷдидаи афғонро беш аз ҳар шахси дигар хубтару возеҳтар дарк мекард.

Зимнан, Аҳмадшоҳ Масъуд ягона лидери Афғонистони он замон буд, ки дар ҳич шароите, дар сангинтарин рӯзҳо низ он марзу бумро тарк нагуфт ва мардуму миллати худро танҳо нагузошт. Зеро ҳар ваҷаб хоки кӯҳандиёри Афғонистон, ҳар санги дараи Паншер барои ӯ муқаддас буд ва ҳар сокини ин диёри бостонӣ барояш азиз. Ва муттакову илҳомбахшу сарчашмаи нируву шаҳомату ғурури ӯ низ ҳамин марзу буми бостонӣ бо номи Афғонистон ва мардуми он буд.

Мулоҳизоту андешарониаш самимӣ, бо садоқат, орӣ аз шеваҳои хоси дипломатия буд. Дипломатияи ӯ ҳақиқатгӯӣ, воқеъиятро ошкоро ва бериё гуфтан буд.

Дар бораи маҳорату истеъдоду қобилияти фармондеҳ Аҳмадшоҳ Масъуд дар сангар, дар майдони набард матолиби зиёде навишта шуда, вале он рӯз дар ҳузури равшанфикрону муфассирону хабарнигорону рӯзноманигорону соҳибназарони зиёд дидем, ки ӯ маҳорати бо садоқату самимият сухан гуфтану ҳақиқат гуфтану ошкорову бо сароҳат сухан гуфтанро низ дорад.

Равшанфикре дар ҳузури ӯ аз марази қавмгароӣ гила кард.

Аҳмадшоҳ Масъуд бо сароҳат чунин посух дод:

- Дар сутӯҳи поин, дар миёни сарбозони миҳан, дар миёни мардуми оддӣ қавмгароӣ вуҷуд надорад. Бархе аз равшанфикрон ҳастанд, ки қавмгароиро доман мезананд.

Ҳақиқат мегуфт оқои Масъуд. Ҳақиқати талхро. Зеро мо хабарнигорону зиёиён баъзан ба ин нуқс дода мешавем.

Ва тақозояшро аз ҳаммиҳанонаш ва аз қаламбадастон чунин унвон кард:

- Доман задан ба ихтилофоти қавмӣ дар берун бо номи паштун, форс, узбак, ҳазора ҳеҷ як дарди мардуми афғонро даво намекунад. Баръакс ҳар қадар шумо хоҳони таҳаввулоти мусбат дар Афғонистон бошед, доман задан ба ин ихтилофот ба истилоҳ об андохтан ба осиёби душман аст. Тамоми мардуми Афғонистон бародари ҳамдигар буда ва дар пешгоҳи Худо ва қавонини Ислом ҳуқуқи мусовӣ доранд. Ҳич кас ба ҳич касе бартарӣ надорад магар ба тақво ва дониш.

Ва Аҳмадшоҳ Масъуд боз ҳаммиҳанонашро ба ваҳдат даъват кард. Мегуфт:

- Дар тули торих собит шуда, ки фақат ваҳдати миллӣ буда, ки  Афғонистон дар баробари ҳар гуна таҷовуз аз худ дифоъ намояд.

Пешниҳоди Аҳмадшоҳ Масъуд, хосту тақозои ӯ аз ҷавомеи байналмилалӣ низ мушаххас, конкрет ва мухтасару қобили қабул буд:

- Фишори сиёсӣ болои Покистон - кишваре, ки ошкоро дар умури дохилии Афгонистон мудохила мекунад.

- Ҳимоят ва пуштибонӣ аз ҷабҳаи муқовимат.

 - Кӯмаки башарӣ ба мардуми афғон.

Дар посух ба суол дар бораи робитаи Давлати Исломии  Афғонистон бо кишварҳои ҷаҳон Аҳмадшоҳ Масъуд посух дод:

-Мо мехоҳем бо тамоми кишварҳо робитаи хуб дошта бошем. Мо бо ҳамсоягони хеш ҳич гуна даъвои арзӣ надорем ва ба онон низ ҳақ намедиҳем, ки ба баҳонаи таҷонусҳо ва мушорикатҳои забонӣ, мазҳабӣ ва қавмӣ дар умури мо мудохила кунанд.

Дар робита ба риояти ҳуқуқи занон мегуфт:

-Мо хоҳони иъодаи ҳуқуқи инсонӣ ва мадании занон ва ширкати онон дар фаъолиятҳои сиёсӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ ҳастем, зан ҳаққи кор, таҳсил, интихоби ҳамсар ва ҳаққи интихоб кардану интихоб шуданро дорад.

Дар масоили низомӣ - сиёсӣ чунин мулоҳиза мекард:

- Мо хоҳони низоми сиёсие ҳастем, ки аз тариқи интихоботи озод ва бо меъёри нуфус таъсис ёбад, мо хоҳони демукротиза шудани тамоми ниҳодҳои сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар мувофиқ бо рӯҳияи дини мубини Ислом ҳастем.

Посухгӯйии Аҳмадшоҳ Масъуд - ин сарбози қаҳрамони миллати афғон, ки ҳамеша дар майдони ҷангу набард буд, бо токтику стротежии низомӣ сару кор дошт, сароҳати сухани ӯ нишон медод, ки вай дар арсаи сиёсиву дипломатия низ метавонад ҷавомеи байналмилалиро ба дарки воқеъият, ба дарки умқи фоҷеаи Афғонистон мутақоид бисозад ва кишварҳои чаҳонро аз равиши интизоромез дар баробари ҳаводиси Афғонистон бирун кашад.

Суханронии Аҳмадшоҳ Масъуд дар порлумони Иттиҳоди Урупо беҳтарин намунаи гуфтугӯи тамаддуни Шарқу Ғарб буд. Ин қаҳрамони миллати афғон либоси миллӣ ва униформи сарбозӣ бар тан беҳтар аз ҳар шахси дигар Ғарбро, Иттиҳоди Урупоро мутақоид сохт, ки Ислом бо ифротгароиву терроризм созгор нест. Беш аз ҳар каси дигар дар Урупо ба ҳарфи ӯ бовар карданд, ки фарҳангзудоии иддае дар Афғонистон бо рӯҳияву сунану ториху мардуми фарҳангдӯсту ҳунарпарвари афғон муғоират дорад.

Аҳмадшоҳ Масъуд мегуфт:

- Тафсирҳои ифротӣ аз Ислом бо рӯҳу диёнати Ислом, ки дини сулҳу ҳамзистӣ аст, созгорӣ надорад. Исломи  толибӣ на ба ҳақиқати исломӣ созгорӣ дорад, на бо торих ва сунани мардуми Афғонистон.

Ва ниҳоят. Мардуми ранҷдидаи Афғонистон, ин миллати наҷибу дорои фарҳанги боарзиши бостонӣ имрӯз беш аз ҳар халқу миллати дигари ҷаҳон ниёз ба сулҳу оромиш ва эҳтиёҷ ба рафъи мудохилоту ҳузури хориҷӣ ва ифротгароии қуруни вусто ва фарҳангзудоӣ дорад ва ҳич гоҳ ин умедро аз даст надодааст…Ва рӯҳи  Аҳмадшоҳ Масъуд бо онҳост …

Мирзошо ВАТАНШО

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97