Чаро президент Каримов духтараш Гулнораро лату кӯб кард?

Иҷтимоъ 23.11.2013 14:23

Islam Karimov va gulyПешакӣ, берун аз тартиби замонии воқеаҳои дар ин мақола ҷойдошта бароятон мегӯем, ки масдуд кардани шабакаҳои телевизионии "TV Markaz", "Forum TV", "NTT", "СофтС", ҳамчунин шабакаҳои радиоии "Zamin FM", "A'lo FM" и "Terra FM", ки ба низоми тиҷорати Гулнора Каримова марбут буданд, мувофиқи нақшаи тарҳрезикардаи падараш Ислом Каримов сурат гирифтааст. Билохира сабаби ҳуҷуми ғайримунтазираи пурхашми Каримов ва сохторҳои давлатӣ нисбат ба шоҳаншоҳии тиҷоратии духтари президенти узбак чист? Ва ҳамаро ба тартиб мегӯем. Ва инак…

Дар миёнаҳои моҳи сентябри соли 2013 ниҳодҳои амниятии узбак далелҳои фошкунандаи иродаи сиёсии Акбаралӣ Абдуллоев - писари Тамара Собироваро, ки хоҳарзани президенти Узбакистон Татяна Каримова мебошад, ба даст оварданд. Асли ин далел аз он иборат аст, ки дар маводди видеоие, ки ҳангоми чанд маросиму нишастҳои гурӯҳҳои худӣ бардошта шудааст, Акбаралӣ Абдуллоев чанд бор ин ибораро такрор кардааст, ки: "Агар Гулнора Исломовна нахоҳад, ки вазифаи Ислом Абдуғаниевич (масъулияти раҳбарии давлат,- У.Ҳ.)-ро идома бидиҳад, ӯ омодааст, ки ин корро ба уҳдаи ман бигузорад".

Ин далели Акбаралӣ Абдуллоев дар асоси гуфтаҳои Гулнора Каримова пайдо шуда буд. Воқеан, Гулнора Каримова, духтари бузурги президенти узбак, бо доштани равобити наздик бо писархолааш ҳамчунин дар нишастҳои хурд борҳо гуфта буд: "Агар ман ногаҳон нахоҳам, ки ҷои падарамро ишғол кунам, он гоҳ ба ин ҷойгоҳ танҳо Акбаралиро меорам".

Дар бораи ин гуфторҳои Гулнора Каримова роҳбарони Шӯрои Амнияти Миллӣ (ШАМ)-и Узбакистон огоҳӣ доштанд, ки навори ин далелҳоро чун маводди тафтишотӣ ба парвандаи бознамудаашон барои духтари калонии президенти Узбакистон ҳамроҳ карда буданд. Аммо роҳбари раиси хадамоти махсус ин далелҳоро зуд ба Ислом Каримов пешниҳод намекард.

Дар ҳамин ҳол, раиси ШАМ Рустам Иноятов дар мавзӯи пешниҳоди парвандаи омодакардааш дар мавриди Акбаралӣ Абдуллоев "ба маълумоти президенти кишвар" қобилияти фаврӣ нишон дод. Дар даҳаи охири моҳи сентябри соли равон раиси хадамоти махсус ба назди президент даромад ва "дар бораи ғурури сиёсӣ"-и Акбаралӣ Абдуллоев гузориш дод. Ислом Каримови хашмгирифта супориш дод, ки бар зидди хоҳарзодаи занаш парвандаи ҷиноӣ боз кунанд ва "ӯро ба дохил бикашанд" (ҳабс кунанд). Рустам Иноятов, ки ин иттилоъро махсус барои дарёфти чунин супориш аз сӯйи президент пешниҳод карда буд, зуд ба тартиб додани парвандаи ҷиноӣ ва ҳабси Акбаралӣ Абдуллоев пардохт.

Парванди ҷиноӣ бар зидди ҳокими ғайрирасмии водии Фарғона дар чанд соат таҳия шуд, аммо барои боздошти ӯ ним моҳ сарф шуд. Гап дар сари он аст, ки дар ин давра, яъне дар охири моҳи сентябри соли равон Акбаралӣ Абдуллоев дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ буд. Аз ин рӯ, дар назди раҳбарони ниҳодҳои амниятии узбак вазифае меистод, ки ба ҳар қимате бозгашти А. Абдуллоев ба ватанро "таъмин" кунанд.

Gulnara Karimova vaДар навбати аввал раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ба таври мустақим бо телефон ба Абдуллоев гуфтугӯ ва хоҳиш карданд, ки "барои ошкор кардани баъзе ҳолатҳо дар як парванда ҳарчӣ зудтар ба Тошканд баргардад". Вале Акбаралӣ Абдуллоев аз нохуб будани чунин "даъват" пай бурда, аз бозгашт сар печида гуфт, ки "ман дар бораи ҳолати кадом як парванда ҳеч тасаввурот надорам".

Бо чунин ранг гирифтани масъала раиси ШАМ хост аз ёрии Гулнора Каримова истифода кунад. Аз ӯ хоҳиш кард, ки маҳз худаш Акбаралӣ Абдуллоевро ба Тошканд даъват кунад. Ҳамзамон раиси ШАМ чандин бор духтари калони президентро бовар кунонд, ки "дар иртибот ба Акбаралӣ ҳеч гуна боздошт, ҳабс ё боз кардани парвандаи ҷиноӣ ба амал намеояд".

Гулнора Каримова ба суханҳои Рустам Иноятов бовар кард ва ба телефони ҳамроҳи Акбаралӣ Абдуллоев занг зада, ӯро ба Тошканд "барои шоҳидӣ ба як парвандаи ба ӯ ва фаъолияташ рабт надошта" даъват кард. Ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ Гулнора ба Акбаралӣ гуфт, ки "ШАМ ҳеч гуна кори бад намекунад".

Акбаралӣ Абдуллоев бо бовар ба кафолати додаи Гулнора рӯзи 10 сентябр аз Дубай ба Тошканд баргашт. Ҳамон рӯз ӯро кормандони дастгоҳи марказии ШАМ боздошт ва дар боздоштгоҳашон дар Тошканд зиндонӣ карданд. А. Абдуллоев, ки аз чунин ранг гирифтани воқеа ба ғазаб омада буд, ба Гулнора занг зада гуфт, ки амниятиҳо бо зерипо задани ваъдаҳои Р. Иноятов ва Гулнора Каримова ӯро зиндонӣ карданд.

Ин хабар Гулнора Каримоваро ба ғазаб овард. Махсусан ӯ аз он хашми зиёд гирифта буд, ки Иноятов ӯро фиреб дод ва ба сардори амниятиҳои узбак занг зада, ба дашном оғоз кард: "Ту мард ҳастӣ ё не? Беҳтараш нишемангоҳи ғафси худро бо домани занона бипӯшон! Фаҳмидӣ?!" - ҳамин гуна алфози қабеҳ ва дашноми модар аз забони Гулнора ба сӯи Р. Иноятов шурӯъ шуд. Г. Каримова аз сари ғазаб чанд бор ба утоқи кории ӯ даромада, дару девор ва курсиву ҷевони сардори амниятиҳои узбакро лагадборон кард. Гулнора ҳар бор талаб мекард, ки Акбаралӣ Абдуллоевро озод кунад. Аммо Иноятов аз ҳуҷуму дашноми Гулнора тарс надошт. Ба "дарди" Г. Каримова ҳатто муроҷиати чандинкарата ба Шуҳрат Ғуломов - муовини аввали раиси ШАМ дармон набахшид. Муборизаи Гулнорабегим то 20 октябр давом кард. Аммо…

Иноятов аз болои Гулнора Каримова шикоят бурд

20-уми октябри соли равон раиси Шӯрои Амнияти Миллии Узбакистон Рустам Иноятов, ки косаи сабраш аз таҳқиру дашноми Гулнора Каримова лабрез шуда буд, аз президенти ин кишвар хоҳиш кард, ки ӯро "барои як масъалаи фавқулода муҳим ва таъхирнопазир ба ҳузураш бипазирад".

gulnara Karimova va jangДар ин навбати вохӯрӣ Р. Иноятов ба Ислом Каримов дар бораи рафтори авбошонаи Г. Каримова сухан гуфт. "Духтари шумо, бо дашному ҳақорат аз ман талаб дорад, ки Акбаралӣ Абдуллоевро аз боздошт озод кунам. Ӯ ҳатто чанд бор ба утоқи кории ман даромада, дар ҳузури кормандон модари маро дашном дод". Р. Иноятов дар баробари ин сабти видеоии ин ҳодисаҳоро ба президент пешниҳод кард. Ӯ ҳамчунин парвандаи ба номи Г. Каримова ҷамъовардаашро низ ба президент пешниҳод кард, ки дар он сохтакориҳои ҷиноятии пуливу молии духтари калонии президент фош мешуд. Аз ҷумла хабар дода мешуд, ки "Корхонаи коркарди нафт", "Симонзаводи Қуввасой", "Бофандаи Фарғона", "Кварс", "Фабрикаи бофандагии "Silver Silk", меҳмонсарои "Asia" ва боз чанд корхонаву тавлидгоҳҳои водии Фарғона, ки дар зери итоати Тамара Собирова ва писараш Акбаралӣ Абдуллоев ҳастанд, ҳар моҳ аз 50 то 70 миллион доллари нақд ба Гулнора Каримова "ҳақ" медиҳанд.

Рустам Иноятов ба президент гуфт, ки Гулнора Каримова ҳамасола бо роҳи таҳдиду фишор аз хазинаи давлат барои баргузор кардани тадбирҳои тирамоҳии "Art Week Style", "Золотой Гепард" ва монанди ин беш аз 16 миллион доллар мегирад. "Чекист"-и калони узбак ҳамчунин ёдовар шуд, ки духтари калони президент намояндагони ташкилотҳои калон, тиҷорати хурду миёнаи кишварро маҷбур мекунад, ки чорабиниҳои бунёди "Форум"-ро сармоягузорӣ кунанд.

Ғайр аз ин, ба президенти кишвар иттилоъ дода шуд, ки шабакаҳои телевизионии "TV Markaz", "Forum TV", "NTT", "СофтС", ҳамчунин шабакаҳои радиоии "Zamin FM", "A'lo FM" и "Terra FM", ки марбут ба империяи тиҷорати Г. Каримова ҳастанд, ба давлат ҳеч гуна молиёт намесупоранд. "Ин воситаҳои ахбори умум танҳо фаъолияти бунёди "Форум" ва таронаҳои духтари шуморо пахш мекунанд" - гуфт Р. Иноятов.

Раиси ШАМ-и Узбакистон ба президент иттилоъ дод, ки ба маъракаи Гулнора Каримова бо ташаббуси худ Акбаралӣ Абдуллоев ҳамроҳ шуда ва ба ҳамаи шабакаҳои радио телевизиони водии Фарғона супориш дод, ки танҳо сурудҳои Гулнора Каримоваро пахш кунанд. "Дар рӯзҳои ахир бо супориши А. Абдуллоев дар ин водӣ рейдҳои нақлиётӣ баргузор шуда, нозирони роҳ ба ронандагон супориш медиҳанд, ки ба воситаи магнитофону радиоҳояшон танҳо таронаҳои Г. Каримова ва шабакаҳои радиоии "Zamin FM" и "A'lo FM"-ро гӯш кунанд", - гуфт Р. Иноятов.

Ӯ ба президент хабар дод, ки Ислом Каримов - фарзанди Г. Каримова дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳо бо мошинҳои сиёҳшиша ва бо суръати даҳшатнок мошин меронад.

Дар поёни гузориши худ, сардори амниятии Узбакистон ба масъалаи фаъол шудани духтарони президент дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАУ-и хориҷӣ гузашт. "Дар аввал Лола ба хабарнигорон гуфт, ки беш аз 12 сол аст бо Гулнора гап намезанад. Гулнора дар посух ба мусоҳибаи ӯ ба тамоми ҷаҳон гуфт, ки Лола ва Татяна Акбаровна ба шаманизм шавқ доранд ва ба назди ҷодугарон мераванд", - хабар дод Р. Иноятов.

Ба пурсиши таъҷилии Ислом Каримов: "Оё ин рост аст? Пас ба назди кадом ҷодугарон мераванд?" - раиси ШАМ-и Узбакистон гуфт, ки Лола ва Татяна Каримова бештар аз хидмати соҳир ва ҳунарманди Қазоқистон Атҳамбек Юлдошев истифода мебаранд. "Ба нишони подош зану духтари шумо ба ӯ пули нақд медиҳанд ё консертҳои эстрадии ин ҷодугарро дар Узбакистону Қазоқистон созмон медиҳанд", - хабар дод Р. Иноятов.

Ислом Каримов аз шунидани ин ҳарфҳо гиҷу гаранг шуд. Аммо бо дидани аксҳои бараҳнаи Гулнора Каримова дар маҷаллаҳои ғарбӣ, кайфияти президент батамом шикаст. Каримови хашмгирифта сараввал ба модари Иноятов дашном равон кард, ки сардори нируҳои амниятӣ хеле дер ӯро аз найрангҳои Гулнора ва атрофиёнаш огоҳ кардааст. Ба пурсишҳои оддии Каримов: "Ту чаро ин чизҳоро аз ман пинҳон кардӣ? Чаро сари вақт ба ман хабар надодӣ?" - Иноятов танҳо бо ду ибора посух гуфт: "Ислом-ака, ман намехостам шуморо нороҳат кунам, ман бовар доштам, ки Гулнора ба ҳуш меояд ва ислоҳ мешавад".

Аммо ба рӯйи Иноятов аз мизи президент Каримов телефони мобилӣ, хокистардон, париданд. Президенти хашмгирифта фармон дод, ки ҷаласаи фавқулодаи ҳокимони болоиро даъват кунанд. Ва инак…

Ҷаласаи фавқулода дар Оқсарой

Дар ҷаласаи фавқулодае, ки 20-уми октябр дар қароргоҳи Оқсарои президент Каримов баргузор шуд, ба мақоми Додситони кул - Р. Қодиров, ба вазифаи вазири дохила - Б. Матлубов, ба вазифаи сарвазир - Ш. Мирзиёев, вазири молия - Р. Азимов муовини вазири молия - Т.Гускова ва чанд тани тани дигар ба унвони мушовир таъйин шуданд. Ислом Каримов аз раиси ШАМ Рустам Иноятов талаб кард, ки дар назди ҳозирин парвандаи омода кардааш дар бораи Гулнора Каримоваро бихонад. "Ва шумо хуб гӯш кунед!" - таъкид кард И. Каримов ба нишастагон.

Р. Иноятов, ҳамин ки маълумоти ҷамъовардаашро қироат кард, дарзамон ба вазири молия Р. Азимов дарафтод. Ӯро бо он айбдор кард, ки дар тӯли ин солҳо идораи ӯ бе огоҳии президент сармояи зиёдеро ба чорабиниҳои Гулнора Каримова ҷудо кардааст. Дар ҷавоби ҳуҷуми Каримов Рустам Азимов гуфт, ки "Гулнора Исломовна доир ба ин масъалаҳо на бо ман, балки ба таври мустақим бо Татяна Николаевна кор мекунад", вай бо маҳорат равиши ғазаби президентро ба сӯи муовинаш Татяна Гускова баргардонд. "Чаро ту бе огоҳии ман барои фестивалҳои Гулӣ пул додӣ?" Ҳар вақте ман барои маориф, тандурустӣ ва варзиш пул талаб мекунам, башараатро пурчин мекунӣ. Аммо вақте ки Гуля пул мепурсад, ту даррав ба ӯ пул медиҳӣ. Дуруст аст?!" - ба модари Т. Гускова дашноме фиристод И. Каримов. Муовини вазорати молия, ки аз ҷояш хеста буд, натавонист дар ҷавоби ғазаби президент чизе бигӯяд, натавонист бигӯяд, ки маҳз ӯ фармони ҷудо кардани пул барои чорабиниҳои Гулнорабегимро имзо кардааст. Президенти Узбакистон, ки аз хомӯшии Татяна Гускова ба сурати ваҳшиёна хашмгин шуда буд, ба рӯйи муовини вазири молия шалоқе зад.

Пас аз ин президент бо ҳақорат ба модари додситони кул Рашид Қодиров ҳуҷум кард, ки ӯ ҳам найрангҳои молӣ ва иқтисоди Гулнораро пинҳон доштааст. Вале дашноми "гулчанбардори" модар ба вазири дохила Матлубов, ки ӯ низ ба пинҳон доштани хилофкориҳои Гулнора гунаҳкор мешуд, расид.

Каримови хашмгирифта фармон дод, ки Иноятов ва Матлубов фавран аз вазифа озод карда шаванд ва ҳамаи раҳбарони саридораҳои Шӯрои Амнияти Миллӣ ва Вазорати Умури Дохила, ки бар зидди корупсия ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мубориза мебаранд, ба ҳабс гирифта шаванд. "Ҳамин ҳозир дар ҳузури ман дар бораи аз кор озод кардан ва ба ҳабс гирфтани зертобеъонатон, ки аз ин воқеаҳо хабар доштанд, вале чорае наҷустанд, фармон бинависед ва имзо бигузоред!" - талаб кард бо хашму ғазаб Каримов.  

Вазири дохила ва раиси ШАМ зуд фармонҳои мавриди ниёзи президентро навишта имзо карданд. Дар рӯзи дигар - 21 октябр дар идораҳои ШАМ ва ВКД 18 тан аз мансабдорони сатҳи боло аз кор озод ва баъзеҳо ба ҳабс гирифта шуданд. Ҳоло аз хашми Каримов муовини аввали ШАМ Шуҳрат Ғуломов, ки чун саробон ё "криша"-и империяи бизнеси Гулнорабегим шинохта мешавад, эмин мондааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки абрҳои тира аз сари ин генерали ҷавони ШАМ дуранд. Каримов ҳар лаҳза метавонад супориш бидиҳад, ки "ӯро ба дарун бикашанд".

Каримов ба Р. Иноятов супориш дод, ки ҳамаи наздикони Гулнора Каримоваро зиндонӣ кунад. Ҳамин ки "идора"-и Иноятов ба зиндонӣ кардани ҳампешагону наздикони Гулнора оғоз кард, баъзеи онҳо маҷбур шуданд, ба хориҷа дум хода кунанд.

Дар ин ҷаласа Каримов талаб кард, ки фаъолияти шабакаҳои телевизионии "TV Markaz", "Forum TV", "СофтС" ва шабакаҳоирадиоии "Zamin FM", "A'lo FM", ҳамчунин Бунёди "Forum", ки марбут ба Гулнора Каримова буданд, қатъ ва тафтиши онҳо оғоз карда шавад. Субҳи рӯзи 21-уми октябр пахши барномаҳои номбурда қатъ карда шуда ва ҳамзамон тафтишоти сарсарии ин шабакаҳо аз тарафи Додситонии кул, Кумитаи давлатии андоз ва дигар сохторҳои давлат оғоз шуд. Ва ҳамин тариқ, дар болои сари Фирдавс Абдухолиқов - сардори шабакаи телевизионии "NTT", котиби шахсии матбуотии Гулнорабегим Каримова низ абрҳои тира ба гардиш даромаданд.

Гузашта аз ин, дар ҳамин рӯз "идора"-и Р.Иноятов пахши барнома дар бораи чорабиниҳои "Art Week Style"-ро, ки бо ташабуси Гулнора Каримова ба роҳ монда шуда буд, баро тамоми ВАУ манъ кард. ШАМ ҳамчунин дар тамоми ВАУ-и узбак нишон додани чеҳраи Гулнора Каримоваро низ манъ кард.

Дар ҷаласае, ки рӯзи 20-уми октябр баргузор шуд, Ислом Каримови хашмгирифта баргузории чорабинии "Art Week Style"-ро манъ карда, ворид шудани меҳмонони ба ин фестивал даъватшударо ба хоки Узбакистон мамнӯъ эълон кард. Аммо Р.Иноятов ба Каримов маслиҳат дод, ки аз ин андеша даст бикашад, зеро манъи фестивал ва омадани меҳмонон метавонад овозаҳои гуногунро дар дохил ва хориҷи Узбакистон ба бор биоварад.

Ғайр аз ин, Ислом Каримов ба Иноятов ва Матлубов супориш дод, ки ҳамаи мошинҳои марбут ба наберааш Ислом Каримови хурдӣ (писари Гулнорабегим Каримова)-ро боздошт кунанд. Ӯ фармон дод, ки аз тарафи ШАМ-и Узбакистон ба ин ҷавони "камарбаста" нозири шахсӣ муқаррар карда шавад. 21-уми октябр кормандони ШАМ ва баталиони махсуси ШКД-и шаҳри Тошканд фармони президенти кишварашонро ба иҷро расонда, ҳамаи мошинҳои марбут ба Ислом Каримови хурдиро боздошт ва дар таваққуфгоҳи ШАМ маҳкам карданд.

Дар анҷоми ҷаласаи номбурда Ислом Каримов дубора ба дашноми модари Иноятов шурӯъ кард, ки ӯ аз президент ҳақиқатро дар бораи Гулнора Кармова пинҳон кардааст. Ғайр аз ин президент Иноятовро таҳдид кард, ки вобаста ба баъзе гуфтаҳои хадамоти махсуси узбак ӯро ҷазо хоҳад дод. "Маълум шудааст, ки ту дар бораи ман ҳам парвандаи пурра таҳия кардаӣ. Ман дар интернет хондам, ки ту ҳатто гуфтугӯҳо дар хонаи хоби маро гӯш мекунӣ. Ту ба бемории диабети қанд гирифтор ҳастӣ, дуруст аст? Пойҳоят дард мекунанд, ҳамин тавр нест? Гӯш кун, пеш аз он ки ту аз кор биравӣ, ман пойҳои бемори туро мебурам, фарзандонатро, ҳамаи аҳли авлодатро саросар нест мекунам. Фаҳмидӣ? Ту худат кӣ ҳастӣ? Мехоҳӣ, ки ман ҳозир туро бипаронам?! Ҳозир дар ҳузури одамон туро мепаронам, мехоҳӣ?! Мехоҳӣ, ки худи ҳозир ман мили туфангчаро ба даҳонат бидарорам, ончуноне, ки мили туфангчаро ба даҳони Алматов дароварда будам?! Мехоҳӣ?! - хитоб кард Ислом Каримов ба Иноятови аз тарс шахшуда.

Каримови хашмгирифта пас аз анҷоми ҷаласа низ хунук нашуд. Пеш аз баромаданаш аз Кохи Оқсарой, президент ба духтари калониаш занг зада гуфт, ки ба Кохи Дурмен биёяд. Каримов дар тамоми роҳи аз Оқсарой то Дурмен ба модари духтаронаш ва зану хешовандонаш дашном фиристод.

Ва ҳамин тавр…

Лату кӯби Гулнорабегим дар Кохи Дурмен

Gulnara Karimova va inoytovКаримови ваҳшиёна бахашмомада якбора ба духтараш Гулнора, ки аз мошин фуромада ӯро интизор буд, дарафтод. Аз гиребони болопӯши Гулнора дошта, Каримов аввал ба рӯи ӯ шаппотӣ зад ва пас ба лату кӯби ҷиддии ӯ оғоз кард. "Ту маро дар тамоми дунё шарманда кардӣ! Ин чӣ аксе ҳаст?! Ту дар назди камераву дурбинҳои журналистон нимбараҳна баромада, фикр накардӣ, ки на танҳо худатро, балки маро, модаратро, тамоми хонаводаи моро шармсор мекунӣ?! - бо тамоми овоз фарёд зад Каримов.

Муҳофизонаш хостанд қаҳ-ру ғазаби Ислом Каримовро паст кунанд ва гуфтанд: "Ислом-ака, ором шавед! Ҳар чӣ ҳам бошад, ӯ духтари шумост! Охир ӯ зан аст".

Пас аз ин президент аз ҳамаи муҳофизон ва хидматгоронаш талаб кард, ки ӯро танҳо бигузоранд. Ӯ ба бинои қароргоҳаш надаромад ва хост ба танҳоӣ дар боғи қароргоҳ сайр кунад. Пас аз каме гардиш дар боғ, Ислом-ака дар яке аз айвончаҳо нишаст. Вай, ки сарашро ба поён афканда буд, дар бораи чизе дурудароз андеша кард. Шабона ғазабаш паст ва худаш ором шуд. Ва ҳангоме ки ба бинои қароргоҳ ворид мешуд, бархе аз муҳофизон дар чашмони Ислом Каримов ашкро мушоҳида карданд. Ва инак…

Дар охир

Бале, аз фоҷиаи хонаводаи Каримов ҷомеи дохиливу хориҷӣ огоҳ шуданд. Акнун барои ҳеч кас пӯшида нест, ки Лола ва Гулнора Каримоваҳо беш аз 10 сол бо ҳам гап намезаданд. Ҳамчунин бисёриҳо медонанд, ки ҳамсарон Ислом ва Татяна беш аз даҳ сол аст, ки бо ҳам гап намезананд. Аммо танҳо баъзеҳо медонанд, ки Лола Каримова ба Кохи Дурмен дар ҳолатҳои махсус ва пинҳонӣ аз падараш меомад. Рӯйиҳамрафта, танҳо баъзеҳо медонанд, ки хонаводаи Каримов муддати даҳ сол аст, ки ба ду "лагер" ҷудо шудааст: президент Каримов ва Гулнора Каримова аз як сӯ, Лола ва Татяна Каримова аз тарафи дигар. Аз рӯйи тахмини мо, воқеаҳои дар хонаводаи Каримов ба вуҷудомада натиҷаи фаъолияти ҷиддӣ ва чандинсолаи "идора"-и таҳти раҳбарии Рустам Иноятов аст. Раиси хадамоти махсуси узбак ба ҳадафаш расид; ӯ тавонист дар хонаводаи Каримов бесарусомониро ба вуҷуд биоварад, волидон ва фарзандонро душмани ҷони ҳам бисозад. Чунин вазъи ҳоли хонаводаи Каримов ба манфиати танҳо Иноятов аст, ки мехоҳад ба ҷойи президенти феълӣ шахсеро аз қавму қабилаи худаш ба сари қудрат биёварад.

Аз тарафи дигар, хонаводае, ки зиндагии ҳазорон хонаводаи дигарро барбод додааст, наметавонад якпорчаву осуда бошад. Президент ва хонаводааш, ки мехоҳанд саъодати худро аз ҳисоби хушбахтии дигарон барпо нигаҳ бидоранд, наметавонанд хушбахт бошанд. Аз ин рӯ, ҳолати имрӯзаи хонаводаи Каримов - посухи қонунӣ ва барҳақи Созмондиҳанда бар диктатураи чандинсолаи Каримов мебошад.

Усмон ҲАҚНАЗАРОВ, сиёсатшинос

http://uzxalqharakati.com/ 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97